Стратегияи ҷангиёни ДОЪИШ* дар Осиёи Марказӣ ба унвони эҷоди бесуботии геополитикӣ дар минтақа
Манбаъ: Канали телеграми “Рибар”, Русия
Дар моҳҳои ахир, ҷангиёни ДОЪИШ-и "Вилояти Хуросон"-и шохаи Афғонистон фаъолияти худро афзоиш додаанд. Онҳо бо ҷасорати бештар ба мавозеъи Толибон ҳамла мекунанд ва истихбороти онҳо ба забонҳои мухталиф таблиғ ва узвгирӣ мекунад. Дар як моҳи гузашта, ДОЪИШ ҳузури худро аз 6 вилоят ба 11 вилоят дар Афғонистон афзоиш додааст.
Дар қаламрави ин кишвар, ифротгароёни ДОЪИШ таваҷҷуҳи худро бар шимоли Афғонистон мутамаркиз кардаанд. Ва ин иттифоқ тасодуфӣ набуд: тазодҳои мавҷуд ва даргирии мусаллаҳонаи Толибон бо Муқовамат ва соири ақаллиятҳои қавмӣ, заминаи мусоиде барои густариши идеологияи онҳо ва ҷазби афроди ҷадид аст.
Ва мавқеияти арзии мусоиди Афғонистон дар оянда мумкин аст ба ҷангиёни ДОЪИШ иҷоза диҳад, то на танҳо дар Эрон, Покистон ё Ҳинд, балки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ бо ҳадаф баландмуддати бесубот кардани авзоъ дар Русия фаъолият кунанд.
🔻 Тарҳи раҳбарии ДОЪИШ чист?
Сиёсати нодурусти дохилӣ, фишори иқтисодӣ, буҳрони инсонӣ ва саркӯби ақаллиятҳои қавмӣ тавассути Толибон танҳо ба нафъи ДОЪИШ дар тақвияти мавқеият худ буд. Раҳбарии “Вилояти Хуросон” акнун бар асоси як стратегияи собит амал мекунад ва ба тадриҷ ҳавзаи ҳузури худро ба вежа дар шимоли ноамншудаи кишвар густариш медиҳад.
Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба далели нигаронӣ аз амнияти марзҳои ҷануби худ, бо Толибон равобит барқарор мекунанд. ДОЪИШ дар талош аст то ҳар навъ робитаи байни давлатҳои фазои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва Толибонро чӣ дар ҳавзаи сиёсӣ ва чӣ дар ҳавзаи иқтисодӣ хароб кунад.
Ҳамалоти мушакӣ ба хоки кишварҳои ҳамсоя ба таври фазояндае вуҷуд дорад, ки нишондиҳандаи тавоноии “Вилояти Хуросон” барои фаъолият дар хориҷ аз Афғонистон аст.
Аз ин хотир, аз баҳор, ҷангиёни ДОЪИШ се бор ба самти Тирмизи Ӯзбекистон мушакҳои худсохтро шиллик карданд ва дар моҳи май ҳамлаи мушобеҳе ба Тоҷикистон анҷом доданд. Раҳбарии Ӯзбекистон билофосила воқеияти ҳамалот ба Ӯзбекистонро такзиб кард, аммо тасовир ва видеоҳои мавҷуд хилофи ин иддаоро нишон медиҳад.
Террористҳои “Вилояти Хуросон” ҳамакнун бо итминон дар вилоёти Балх, Кундуз ва Тахор ҳузур доранд ва заъфи Толибонро дар таъмини амният дар кишвар нишон медиҳанд. Ин рӯйдодҳо ҳамчунин адами имкони иҷрои тааҳҳудоти Толибон барои мубориза бо густариши терроризм алайҳи ҳамсоягони худро нишон медиҳад.
🔻 “Вилояти Хуросон” чигуна мардумро ҷазб мекунад?
Дастгоҳҳои иттилоотии ДОЪИШ фаъолона фаъолиятҳои худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таблиғ мекунанд. Равиши аслии анҷоми ҷанг иттилоотӣ каналҳои телеграми вобаста ба ин гурӯҳи мамнуъа аст. Онҳо баррасиҳои дақиқи ҳама рӯйдодҳоро ба забонҳои пашту, дарӣ, арабӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва ахиран ба забони ҳиндӣ мунташир мекунанд.
Дар пасзаминаи даргириҳои байниқавмӣ, талоши вежае бар ҷазби ақаллиятҳои қавмии Афғонистон - тоҷикҳо, ӯзбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва ҳамчунин аъзои дигар ташаккулҳои радикал дар суфуфи онҳо шудааст.
Яке дигар аз авомили ҳамроҳ дар вахомати авзоъ, буҳрони шадид ва фуқдони сиёсати шоиста аз сӯи раҳбарии Толибон аст, ки ҷангиёни ДОЪИШ аз он истифода мекунанд. Онҳо иқдомоти Толибонро беэътибор месозанд ва онҳоро дастнишондаҳои бекифояти Ғарб меноманд.
🔻 Аҳдофи “Вилояти Хуросон”
ДОЪИШ ба як Афғонистони босубот алоқае надорад ва як ҳадафро думбол мекунад: эҷоди хилофати исломӣ бо эҷоди ҳараҷу мараҷ ва вайронӣ.
Вахомати авзоъи сиёси дохилӣ ба нафъи “Вилояти Хуросон” аст. Тамоми талошҳои онҳо дар кӯтоҳмуддат барои барҳам задани тамоми проектҳо ё тавофуқҳои имзошуда тавассути Толибон бо тамоми кишварҳо ба манзури ҳазфи имкони ба расмият шинохтани "Иморати исломӣ" хоҳад буд. Дар ин масир, ҷазби афрод, аз ҷумла аз ИДМ - кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (рӯйдодҳои Қароқалпоқистон ё Тоҷикистон, бо ҳадафи баландмуддат нуфуз ба кишварҳои дигари минтақа) идома хоҳад ёфт.
*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.