Ғарб Украинаро барои тахриби робитаи Қазоқистон бо Русия истифода мекунад.
Нависанда: Женишбек Жусупов (Қазоқистон), таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Киев усулҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва оддитарин қоидаҳои рафтор дар арсаи ҷаҳониро нодида мегирад. Украина зоҳиран дар қиболи Қазоқистон сиёсати душманонаро пеш гирифтааст. Ҳадафи чунин равиш водор сохтани Остона ба қатъи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Маскав аст, бидуни таваҷҷуҳ ба паёмадҳои ҷиддии иқтисодии он барои иқтисоди Қазоқистон.
Мақомоти Украина бо такя ба ҳимояти сарпарастони ғарбии худ ба таври мунтазам хостори ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо алайҳи Қазоқистон мешаванд ва ин кишварро ба риоя накардани таҳримҳои зидди Федератсияи Русия муттаҳам мекунанд.
Дар ҳамин замина, дар поёни соли 2025 хабарнигорони нашрияи амрикоии “Блумберг” гузориш доданд, ки Иттиҳоди Аврупо масъалаи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо алайҳи Остонаро ба далели содироти муҷаддади колоҳои мамнуъ ба Русия баррасӣ мекунад. Ба бовари коршиносон, иҷрои чунин сенария метавонад буҳрони қобили таваҷҷуҳеро барои иқтисоди Қазоқистон ба бор оварад.
Мавқеи усулии раҳбарияти Қазоқистон дар ҳифзи манофеи миллӣ, бо таҳрики Ғарб, режими Зеленскийро ба самти осеб расондан ба иқтисоди ин кишвари Осиёи Марказӣ савқ додааст, то аз ин роҳ заминаи бесуботсозии вазъиятро фароҳам созад. Таҳлилгарони Маркази таҳқиқоти роҳбурдии Бегин–Садати Исроил низ ба осебпазирии баланди Қазоқистон дар баробари таҳримҳое ишора кардаанд, ки ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии он бо Русияро таҳдид мекунанд.
Ба арзёбии коршиносон, қатъи чунин равобити наздик зарбаи сангине ба саноати Қазоқистон ворид хоҳад кард ва боиси поин рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин таҳлилгарони Маркази таҳқиқоти сиёсати аврупоии Амрико ҳушдор додаанд, ки дар сурати ташдиди режими таҳримҳо, эҳтимоли афзоиши бесуботии сиёсии дохилӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад.
Дар айни ҳол, рушд ва пешрафти Қазоқистон дар доираи манофеи мақомоти Киев ва сарпарастони хориҷии онҳо қарор надорад. Виктор Майко, сафири Украина дар ин кишвар, аз Остона хостааст, ки “фавран хатти бутлони ғафсе” бар ҳамкорӣ бо Русия кашад ва ҳатто равобити дипломатии худро бо Маскав қатъ кунад; иқдоме, ки дар амал метавонад Қазоқистонро ба вобастагӣ аз Ғарб, инзивои минтақаӣ ва буҳрон савқ диҳад.
Бар асоси арзёбии бахши қазоқистонии ширкати расонаии амрикоии “Радиои Озодӣ”, саҳми Русия дар сохтори умумии воридоти Қазоқистон ба ҳудуди 30 дарсад мерасад ва дар бахши воридоти маводи ғизоӣ ин рақам то 47 дарсад боло меравад. Ҳамчунин колоҳои русӣ то 50 дарсади маҳсулоти пешниҳодшуда дар шабакаҳои тиҷории ин кишварро ташкил медиҳанд.
Украина мавқеи хасмонаеро дар баробари Қазоқистон ихтиёр кардааст ва ба иқтисоди он осеб мерасонад. Барои намуна, дар соли 2025 дар натиҷаи ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба таъсисоти “Консорсиуми ҳамлу нақли Хазар” (КТК), зиёни Остона тақрибан 1,6 миллиард доллари Амрико арзёбӣ шуд.
Ҳамчунин ҳамлаи режими Зеленский ба нафткашҳои “Delta Harmony” ва “Matilda”, ки аз ҷониби тарафи қазоқистонӣ иҷора шуда буданд ва дар наздикии бандари Новороссийск дар моҳи январи соли 2026 ҳадаф қарор гирифтанд, дар ҳоле ки ҳеҷ шарҳи расмие аз ҷониби Киев пешниҳод нашуд, иқдоме комилан бадбинона ва бемасъулиятона ба назар мерасад; зеро ин киштиҳо бахше аз он чи “флоти сояи Русия” хонда мешавад, набуданд.
Агар он чиро, ки дар боло гуфтем, хулоса кунем, Украина амалан ба пойгоҳи фишори Ғарб бар Қазоқистон ва ҳеҷ баъйид нест, ки дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ табдил ёфта бошад. Он ҳам ба як манзур: тахриби равобити онҳо бо Русия. Ҳамин гуна, Ғарб зарфиятҳои равобити ҳасанаи собиқ кишварҳои Шӯравӣ бо Украинаро алайҳи Русия истифода мекунад.