Хабари рӯз

Дар ғиёби ҷабҳаҳои муқовимати зидди Толибон, гурӯҳи Давлати исломӣ ба танҳо мухолифи Толибон дар Афғонистон табдил шуда ва дар ояндаи наздик ба таҳдиди №1 барои амнияти минтақа ва ҷаҳон табдил хоҳад шуд.

Нависанда: Фарид Аҳмад, узви Шӯрои машвараи “Сангар”

Расонаҳои ҷаҳонӣ, ба вежа Русия, гузориши фошшудаи мақомоти Толибон мабнӣ бар эҳтимоли интиқоли 7 ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ (гуруҳи мамнуъа дар аксар кишварҳои ҷаҳон) аз Покистон ба шимоли Афғонистон, марзҳои Осиёи Марказиро зери савол бурда ва онро талоше барои ҷалби ҳимоят кишварҳои зидди ДОИШ медонанд.

Ин иддаои расонаҳо то ҳудуде дуруст аст, аммо баъид аст, ки худи хабар ҷаълӣ бошад. Дар гузориши Мавлавӣ Муҳаммад Осиф Зокир, фармондеҳи ливои дувуми марзии сипоҳи 203 Мансурии вазорати дифоъи Толибон, бо унвони “Иттилоот ва фармони иттилоотии фармондеҳи ливои дувуми марзӣ ба тамоми фармондеҳони марзбонӣ” ду нукта қобил таваҷҷуҳ аст:

1) Дар наздикии марзи Афғонистону Покистон дар рустоҳои ҷангалпӯши Кукухел, Гундағарӣ, Баҷар ва дараи Миршолу дар минтақаи Тираришгал (агентии Хайбар Пахтунхваи Покистон) марокизи омӯзишӣ барои се гурӯҳи шабҳи низомӣ вуҷуд дорад. Ду гуруҳи онҳо нерӯҳои команду бо парчамҳои сиёҳу сурх ҳастанд ва севумӣ доишиҳо бо парчами сиёҳ ба раҳбарии Муслим Кутвол.

2) Теъдод ин се гурӯҳ ҳафт ҳазор нафар аст, ки қасд доранд ба сурати гурӯҳӣ ва инфиродӣ вориди Афғонистон шуда, дар вулусволиҳои Азра (вилояти Лугар), Зозай Арюб (Пактиё) ва Испина Шука (Нангарҳор) мустақар шаванд ва аз тариқи вулусволии Алишинг (Лағмон) ба вилоёти шимолӣ бираванд.

Теъдоди ҷангиён, номи маконҳо ва соири ҷузъиётро метавон зери савол бурд, аммо ҳузури ин нерӯҳо аслан қобили тардид нест. Бахусус ҷолиб аст, ки ду гурӯҳ аз онҳо "парчамҳои сиёҳу сурх" доранд. Парчам сурхи тира парчами нерӯҳои командуи давлати қаблии Афғонистон буд.

Манотиқ ва вилоёти фавқуззикр пойгоҳҳои суннатии ДОИШ дар Афғонистон ҳастанд ва созмонҳои террористӣ дақиқан аз масирҳои мушобеҳе барои рафтуомад байни Афғонистон ва Покистон истифода мекунанд. Вулусволии Алишинг дар вилояти Лағмон, ки бо вилоятҳои шарқиву марказӣ - Кописо, Парвон ва Нуристон ҳаммарз аст, ҳамеша масири ҳаракати ҷангиёни террорист ба Шимол буд.

Агар бигӯем, ин гузориш ва иғроқи нерӯҳои ДОИШ корбурди хориҷӣ дорад ва Толибон бо зикри “вилоёти шимолӣ” ба Русияву кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон паём мефиристанд, иштибоҳ нахоҳем кард, аммо ин иттилоот фақат нӯги кӯҳи ях аст.

Бар асоси иттилооти мувассақе, ки “Сангар” аз истихбороти Толибон ба даст овард, то кунун ҳудуди 300 доишӣ ба вулусволии Сурубии вилояти Кобул мунтақил шудаанд, ки 30 тан аз онон мусаллаҳ ба силоҳ ва камарбанди интиҳорӣ вориди шаҳри Кобул шудаанд. Рӯзи ҷумъа, 20 январ, раёсати 091-и нерӯҳои вежаи Толибон тайи амалиёте дар дараи Ӯзбини вулусволии Сурубӣ, ду доиширо, ки маблағи 300 ҳазор риёли саудиро ба яке аз саркардагони ин гурӯҳ интиқол медоданд, дастгир карданд. Рӯзи панҷшанбе, 19 январ, дар вулусволии Чаҳоросиёби вилояти Кобул, кормандони раёсати 091 Ҷаннатшоҳ, писари Ҳакимшоҳ, бошандаи вилояти Пактиёро боздошт карданд, ки дар "ренҷер"-и вай 6 мил Калашников пайдо шуд ва вай дар ҷараёни таҳқиқоти аввалия эътироф кард, ки узви ДОИШ аст.

Манобеъ рад намекунанд, ки ин боздоштҳо марбут ба иттилооте бошад, ки дар боло зикр кардем.

 

"ДУГОНИКҲОИ ХАТАРНОК"

То ба ҳол ин ақида дар Афғонистон ва минтақа роиҷ шудааст, ки Толибону ДОИШ ду номи як созмон ҳастанд, ду рӯйи як сикка, фақат парчамҳои мутафовите доранд - яке сафед, дигаре сиёҳ - ва ДОИШ барги барандаи таблиғоти Толибон аст, ки ба лутфи он худро "қурбонии терроризм" муаррифӣ мекунад, то аз сӯи кишварҳои минтақаву ҷаҳон ба расмият шинохта шавад.

Ин тасаввур иштибоҳ нест. Он чӣ то кунун дар корномаи ДОИШ дар Афғонистон сабт шудааст, аз ҷумла ҳамалоти террористӣ ба масоҷиди шиаён ва савмааҳои сӯфия, таъсисоти хориҷӣ (сафорати Русия, меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул), куштори аъзои Толибон ва ғайра, ҳама чиз ба нафъи Толибон буд, ки ҳанӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба таври расмӣ як созмони террористӣ эътироф мешавад.

Куштор, сарбурӣ, инфиҷор, таҷовуз ва ғайра ҳамон корҳоеанд, ки ҳам ДОИШ ва ҳам Толибон анҷом медиҳанд. Ҳеҷ ҷинояте тавассути Доъиш анҷом нашудааст, ки тавассути Толибон анҷом нашуда бошад. Нақши даст, равиш ва ҳатто чеҳраи яксоне доранд.

Аз манзари эътиқодӣ, агарчи Толибон худро “ҳанафӣ” ва ДОИШ-ро “салафӣ” медонанд, аммо дар амал ҷиноёте, ки муртакиб мешаванд, бавежа эъдом ва сар буридани афрод бидуни муҳокима ё таҳқиқ, ки фиқҳи ҳанафӣ онро рад мекунад, хоси салафиҳо, ҳамон ДОИШ аст. Толибон ба ном “ҳанафӣ”, дар амал салафиянд.

Мубориза бо ДОИШ заминаи аслии ҳамкории Русия ва Эрон бо Толибон буду ҳаст. Ин ду кишвар ҳатто дар замони ҷумҳурӣ ҳам ин мавзӯъро инкор накарданд ва қотеъона эълом карданд, ки ҳамкории онҳо бо Толибон фақат барои мубориза бо ДОИШ будааст. Толибон ба қудрат расиданд, ДОИШ низ боқӣ монд ва ҳамкории Маскаву Теҳрон бо Толибон идома дорад. Зоҳиран ба далели ДОИШ, Русия ва Эрон низ аз ҳимояти муқовимати зидди Толибон худдорӣ мекунанд. Фуқдони ин ҳимоятҳо боис шуд, ки пас аз як солу ними ҳукумати Толибон, мавқеияти ДОИШ тақвият шавад ва фаъолияти ҷабҳаҳои муқовимат, дар дараҷаи аввал Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, камранг шавад.

Пӯёии физояндаи фаъолияти ДОИШ-ро метавон ҳам бар асоси теъдод ва ҳам кайфияти ҳамалоти он қазоват кард: беш аз 30 ҳамла дар нимаи аввал ва тақрибан 50 ҳамла дар нимаи дувуми соли 2022, ба иддаои худи ин гурӯҳи террористӣ, 181 ҳамла дар як соли ахир, ки дар натиҷа 1188 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Барои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ 2022 сахттарин сол дар таърихи он буд: ҷабҳа ҳудуди 300 ҷанговари тавоно ва обдидаи худро аз даст дод ва маҷбур шуд ба таври муваққат амалиёт дар қаламравҳои худ, ба вежа дар Ҳиндукушро мутаваққиф созад.

ДОИШ-е, ки дар замони ҷумҳурӣ тавассути давлати Афғонистон ва Амрико саркӯб мешуд, ҳамон ДОИШ-и зиддиамрикоии сохти Покистон буд. Покистон аз иттиҳоди ДОИШ бо Толибон алайҳи Амрико ва НАТО истифода кард. Дар поён Исломобод қудратро ба Толибон вогузар кард ва ДОИШ дар "курсии захира" боқӣ монд.

Имрӯз вазъият комилан дар ҳоли тағйир аст. Далоили мутааддиде вуҷуд дорад, ки метавон гуфт, мудирони ҷанги Афғонистон акнун мехоҳанд “бозигари захира” - ДОИШ-и воқеӣ ва эҳтимолан боз чанд нерӯи дигарро зидди Толибон вориди саҳна кунанд. Ба ҳамин далел, нигаронии Толибон беасос нест.

 

МУТТАҲИДИ ҒАЙРИ ҚОБИЛИ ЭЪТИМОД 

Истихбороти Покистон (ISI) дар эҷоди гурӯҳҳои террористии вайронгари исломӣ, ба вежа аз бақоёи муҷиҳидини қадимиву ҷадид, ба хубӣ дасти боло дорад. Исломобод дар пайи "умқи стратегӣ" як бор гурӯҳҳои муҷоҳидинро алайҳи Шӯравӣ эҷод кард, сипас Толибонро, ки ҳамон муҷоҳидин, фақат бо номи дигаре буданд, ба ҷони онҳо андохт ва акнун ДОИШ, навъе махлути муҷоҳидин ва Толибонро алайҳи Толибон ҳидоят мекунад. Дар як калом, Исломобод ба роҳатӣ маҳсули худро, ки интизороташро бароварда намекунад, нобуд ва ҷойгузини онро тавлид мекунад.

Ҳоло чӣ гуна метавон эҷоди як ДОИШ-и воқеии мушобеҳи ДОИШ-и Ховари Миёнаро тавҷеҳ кард?

НАХУСТ, толибони Афғонистон ва Покистон ба Ҳинд, рақиби стратегии аслии Покистон наздиктар шудаанд. Ба гуфтаи манобеъи мувассақ, Ҳинд дар моҳҳои ахир барои тақвияти фаъолиятҳои зиддипокистонӣ ва кор бо толибони Покистон теъдоди кормандони сафорати худ дар Кобулро ба ҳудуди 200 нафар афзоиш додааст.

Сиёсати Ҳинд дар Афғонистон ҳамеша ҳамкорӣ бо ҳар давлати ҳозир дар Кобул аст. Толибон дар даври аввал (1996-2001) комилан таҳти контроли Покистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буданд, ба ҳамин далел Деҳлӣ аз Ҷабҳаи муқовимати Аҳмадшоҳ Масъуд ҳимоят мекард.

Дар даври дувум (аз август 2022 то кунун) Толибон, ба вежа қандаҳориҳое, ки аз замони Ҳинди Бритониё равобити наздике бо Деҳлӣ доштанд, бо Ҳинд муттаҳид шуданд ва ба Таҳрики Толибони Покистон (TTП) дар Қандаҳор, Ҳилманд ва Кобул паноҳандагиву пойгоҳ доданд. Исломобод чандин бор аз Толибони Афғонистон хостааст, ки аз онҳо ҳимоят накунанд, аммо зуҳури Таҳрики Толибони Покистон дар Хайбар Пахтунхво ва дигар манотиқи Покистон нишон медиҳад, ки Толибон бо холиқи худ бар табли душманӣ мекӯбанд. Зоҳиран пешбинии Аҳмадшоҳ Масъуд мабнӣ бар ин ки Покистон рӯзе дар оташе, ки худаш равшан карда, хоҳад сӯхт, ба ҳақиқат пайваст.

ТТП, ба унвони таҳдиди амниятии №1 барои Покистон, ба таври муассир тавассути Ҳинд аз тариқи Афғонистон таҷҳиз ва тақвият мешавад. Исломобод маҷбур аст подзаҳри худро барои ин заҳр эҷод кунад.

Ба назар мерасад, Исломобод мехоҳад аз ДОИШ ва нерӯҳои муқовимат алайҳи Толибон истифода кунад. Агар гузориши Мавлавӣ Зокир дуруст бошад, ба зудӣ як гурӯҳ бо парчами "сурхи тира" зоҳир мешавад. Мумкин аст инҳо ҳамон командуҳои давраи ҷумҳурӣ бошанд, ки ба Покистон, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои ҷаҳон фирор карданд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд ва соири ҷабҳаҳо, бар асоси иттилооти пароканда, ба далели душмани таърихии худ бо Покистон аз ҳамкорӣ дар ин замина худдорӣ карданд. Ба назар мерасад, ДОИШ танҳо гузина дар баробари Толибон хоҳад буд.

ДУВУМ: эҳтимолан Иёлоти Муттаҳида низ ба зуҳури як ДОИШ-и воқеӣ алоқа дорад. Дар Покистон, пас аз давлати Имронхони тарафдори Чину Русия, як давлати тарафдори Ғарб рӯи кор омад. Покистон фарзанди истеъмори Инглис аст, ки акнун ҷои худро ба Амрико додааст. Ҳеҷ кас бачаашро намекушад. Суқути Покистон баробар бо суқути Исроил аст. Ва поёни кори Иёлоти Муттаҳида дар Осиё, ҳадди ақал дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ аст.

Фарз кардем, Таҳрики Толибони Покистон дар хидмати Ҳинд, Чин ва Русия аст, вазифаи он сарнагунии давлати тарафдори Амрикои Шаҳбоз Шариф ва ба қудрат расондани Имронхон ё дигаре монанди ӯст (вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии Покистон низ ба тарзи ғайриқобили тасаввуре муташанниҷ аст ва Имронхон низ дар саҳна ҳузур дорад). Зеро Покистон яке аз аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой аст, аммо як Покистони тарафдори Амрико метавонад ба мушкили бузурги ин созмон ба раҳбарии Русия ва Чин табдил ёбад. Ин вазъият мавзӯъи ҳифзи “Покистони худ”-ро ҳам барои Амрикову Ғарб ва ҳам барои Созмони ҳамкории Шонгҳой ҳаётӣ мекунад. Ва ДОИШ-и воқеӣ бояд дақиқан дар хидмати ин тарҳ бошад - ҷойгузинии Толибон ва маҳори Созмони ҳамкории Шонгҳой.

Аз сӯи дигар, набояд фаромӯш кард, ки Покистон як қудрати ҳастаӣ аст. Агар таслиҳоти ҳастаӣ ба дасти Толибон ё ДОИШ биафтад, метавон мизони авоқиби ин хатарро тасаввур кард. Ин яке аз аҳдофи аслии вуруди Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон дар соли 2001 буд. Русияву Чин низ намехоҳанд созмонҳои террористӣ силоҳи ҳастаӣ дошта бошанд.

СЕВУМ: далели дигаре вуҷуд дорад, ки ин фарзро дар мавриди зуҳури як ДОИШ-и воқеӣ тақвият мекунад - худи Толибон. Онҳо дар Доҳа бо Иёлоти Муттаҳида тавофуқ карданд, ки бар хилофи манофеъи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш амал накунанд ва зоҳиран дар ин тавофуқи маҳрамона тасреҳ шуда буд, ки вақте Иёлоти Муттаҳида ақибнишинӣ кард, Толибон силоҳҳои худро ба самти Осиёи Марказӣ нишона меравад. Шояд манзур гушудани як “ҷабҳаи ҷанубӣ” алайҳи Русия буд. Аммо ин иттифоқ науфтод, баракс, оташ ба самти ҷануб, ба самти Покистон, шарики стратегӣ ва муттаҳиди Амрико хазид.

Зоҳиран ин рози бағалкашиҳои Русияву Чин бо Толибон аст. Аммо Толибон низ аз пахол ришта нашудаанд. Онҳо барои ҷалби ризояти Амрикову Покистон, соири созмонҳои террористиро дар марзҳои Осиёи Марказӣ таҳти контроли худ нигаҳ медоранд. Бар асоси охирин иттилооти дарёфтӣ, чанд рӯз пеш 300 покистонӣ аз созмонҳои террористии Сипоҳи Саҳоба ва Лашкари ҷангавӣ ба Шимол мунтақил шуданд.

 

БАҲОР МЕОЯД...

Дар як калом, гурӯҳи ниёбатии ДОИШ ба танҳо нерӯи ҳозир дар саҳна дар баробари як гурӯҳи ниёбатии дигар, яъне Толибон дар саҳнаи Афғонистон табдил шуда ва дар ояндаи наздик ба таҳдиди шумораи як барои амнияти минтақа ва ҷаҳон табдил хоҳад шуд, агар даст рӯи даст гузошта биншинанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Чин ва Эрон бояд дар робитаи худ бо Толибон, ки ҳам бо онҳо ва ҳам бо Амрико ва Покистон муошиқа мекунанд ва дар ин миён даст ба ҳар коре мезананд то ДОИШ-ро рӯи хати оҳан бигузоранд, таҷдиди назар кунанд. Аз сӯи дигар, иҷрои тарҳи ҷойгузинии онҳо бо ДОИШ ё ҳар нерӯи дигаре, ки маъмурияти он маҳдуд ба Афғонистон нахоҳад буд, амре бадеҳӣ аст. Агар ҷабҳаҳои зидди Толибон, дар дараҷаи аввал Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки воқеан манофеъи мардуми Афғонистонро намояндагӣ мекунад, тақвият нашавад, пойгоҳҳои мардуми онҳо (тоҷикҳо ва ӯзбекҳои шимоли Афғонистон) дар хидмати ДОИШ қарор хоҳанд гирифт. Ин мумкин аст дар баҳору тобистони оянда иттифоқ биафтад, замоне, ки билохира мардум аз муқовимати зидди Толибон ноумед шаванд.

Дар як солу ними ҳукумати Толибон, Афғонистон ба як кишвари террористӣ табдил шуд, ҷое, ки террористҳо озодона ба куштор ва таҷовуз ба мардум, қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир ва "содирот"-и хушунат ва терроризм ба минтақа ва ҷаҳон машғул ҳастанд (ҳамлаи мушакӣ ба марзҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ҳамлаҳо ба посгоҳҳои марзии Эрону Покистон, тарҳу иҷрои ҳамалоти террористии ДОИШ-и Афғонистон дар Эрону Туркия...). Афғонистон ба биҳишти воқеӣ барои террористҳо ва ҷаҳаннам барои сокинони он табдил шудааст. Дастоварди онҳо норизоиятӣ, беэътимодӣ ва бесуботӣ дар ҷомеаи Афғонистон ва минтақа аст.

Ҷудо аз мардуми Афғонистон, ҳамсоягони онҳо ва ҷомеа ҷаҳонӣ, Толибон интизороти ҳомиёни худро низ бароварда накарданд. Онҳо ҳозир нестанд бо мухолифони худ бар сари мизи музокира бинишинанд, қудратро ба иштирок бигузоранд ва дар сулҳу ҳамоҳангӣ бо ҳамсоягони худу ҷаҳон зиндагӣ кунанд. Онҳо мехоҳанд ҳамон тавр, ки ҳастанд - душмани тамаддуну амнияти ҷаҳонӣ - пазируфта шаванд! Бинобарин, ба назар мерасад, ки ҳама ба фикри як ҷойгузини судовари ҷадиде барои худ ҳастанд. Яке ба ДОИШ фикр мекунад ва дигаре ба иттиҳоди ҷадиди зидди Толибон.

Дар як калом, “Бозии бузург”-и Афғонистон обистани сурпризҳои навест, ки дар баҳори оянда дида хоҳад шуд...


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!