Хабари рӯз

Шоҳзода Ҳарри оё ҷинояткори ҷангӣ нест?

Нависанда: Маҳфуз

Ифшогариҳои шоҳзода Ҳарри ба ҷилвае аз фашизми Бритониё табдил ёфт. Вориси тоҷу тахти Инглис китоби хотироте ба нашр расонд, ки дар он аз хидмати низомии худ дар Афғонистон сӯҳбат мекунад.

Ҳарри дар давоми хидмати низомии худ, шахсан 25 афғонро куштааст. Аммо бо ин ҳама аз коре, ки карда, пушаймон нест ва эътиқод бар ин дорад, ки кори дурусте анҷом додааст. Ҷони занону кӯдакони Афғонистон ҳаргиз барои сарбозони инглисӣ аҳамияте надоштааст. Инро таърих собит кардааст.

Яку ним сол пеш ҷанги бистсолаи НАТО дар Афғонистон поён ёфт. Дар давоми ин солҳо 150 ҳазор нафар дар Афғонистон кушта шуданд, ки аз ин 48 ҳазор ғайринизомӣ ҳастанд. Илова бар ин, ба теъдоди 75 ҳазор сокини Афғонистон маҷрӯҳу маълул шуданд ва ё садамаи руҳиву  ҷисмонӣ диданд. Ин ҷанг зоҳиран наслкушӣ метавон номид, ки вориси тоҷу тахт Инглис низ дар он ширкат дошт.

Шоҳзода Ҳарри, бино ба эътирофоте, ки худ кардааст, бояд як ҷинояткори ҷангӣ хонда ва дар як додгоҳи байнулмилалӣ муҳокима шавад. Ин маҳз чизе аст, ки дар зеҳни ҳазорон афғоне, ки азизон худро аз даст додаанд, мечархад. Эътилофи ғарбӣ ҳамаи онҳоро ба мотам нишонд ва ранҷу андӯҳро ба хонаҳои онҳо овард. Ҷанги бистсола ба ҳеҷ як хонаводаи Афғонистонро бетаъсир набуд.

Шоҳзода Ҳарри ба ҷои тавба, китобҳое менависад, ки дар онҳо ба "қаҳрамониву шоҳкорҳо"-и худ меболад ва фахр мекунад. Дурӯягии сиёсати Ғарб чунин аст ва ин як шохиси таърихии он аст. Англосаксонҳо ғами бузурги Афғонистон ҳастанд.

Дар қарни нуздаҳум ва авоили қарни бистум, Бритониё се бор талош кард то Афғонистонро ба мустамлика табдил диҳад. Инглисҳо чандин даҳа ҷангеро ба роҳ андохтанд, ки ҳадафаш нобудӣ ва ғулом кардани мардуми маҳаллӣ буд. Аз ин хотир, онҳо қавонини худро таҳмил ва суннатҳоро решакан карданд ва онҳоеро ҳам, ки саркашӣ карданд, куштанд. Дар оғоз қарни бисту якум он таърих такрор шуд.

Шоҳзода Ҳарри аввалин ва охирин фашисти императории Бритониё нест. Ҳамкорони ӯ дар пеши мардуми Афғонистон ва худи таърихи башар масъулияти камтар аз инро надоранд.

Ҷанги бистсола ба поён расид. Даҳҳо ҳазор сарбози Инглис ба хона бозгаштанд. Онҳо имрӯз дар канори хонаводаи худ ҳастанд, машғули кори худ ҳастанд. Мисли ҳар инсон фарзандонашонро дӯст медоранд, онҳоро тарбия ва бузург мекунанд. Аммо теъдоди қобили мулоҳазаи кӯдакони Афғонистон ятиму бепарастор ва дар ба дар ҳастанд, дар кӯчаҳо сақич мефурӯшанд ё гадойгарӣ мекунанд. Ин ҳама барои инглисҳо аҳамияте надорад ва аслан нигарон ҳам нестанд.

Эътилоф ғарбӣ ба баҳонаи ҷанг бо терроризм вориди хоки Афғонистон шуд. Аммо бо гузашти бист сол инглисҳо, амрикоиҳо, фаронсавиҳо ва муттаҳидонашон ин кишварро ба дасти Толибон ва террористон супурданд, ҳамонҳое, ки хонаҳо, мадорис, масоҷид ва бемористонҳоро инфиҷор медоданд. Агар аз нигоҳи воқеият бингарем, ин ҳама вайронаҳо меросест, ки онҳо гузошта рафтанд.

Дар хотираҳо ҳамон маросимҳои арӯсӣ ва идҳои мардумӣ монданд, ки тавассути ҳавопаймоҳои НАТО мураттабан бомбаборон мешуданд. Мардуми Афғонистон фақат ба ин далел кушта шуданд, ки хонаву кошонаи худ, кишвар ва таърихи худро дӯст медоштанд ва ҳеҷ гоҳ омода набуданд, ки ватани вайронаи худро тарк кунанд.

Шоҳзода Ҳарри дар хотироти худ дар мавриди истифодаи маводи мухаддир ва кайфу ҳаловат ва таваҳҳумот марбут ба он сӯҳбат мекунад. Ин то ҳудуде нафрату бадбинии ӯро ба афғонҳо нишон медиҳад. Афроде бо сари бемор ва тахайюлоти абрӣ ҳаргиз хайру оромишро ба армуғон намеоваранд. Онҳо хатарнок ва ғайриқобили пешбинӣ ҳастанд.

Аммо решаҳои шарри англосаксонӣ бисёр амиқтар аст. Наберагони истеъморгарони бритониёӣ ҳатто дар як зеҳну ҳолати ҳушёр низ қодир ба шафқат нестанд. Дар мубориза бо терроризм, англисҳо терроре аз навъу сохти худро эҷод карданд, ки ҳеҷ тавҷеҳе барои он вуҷуд надорад. Дар ин маврид, Шоҳзода Ҳарри ҳаргиз дар хотироти худ нахоҳад навишт.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!