Русияву Чин чӣ гуна дар ғафлати стратегӣ хоҳанд монд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: طالبان در مسیر دستیابی به بمب هستهای
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ҷаҳон шоҳиди тағйири моҳияти таҳдидоти амниятӣ буд. Дар ҳоле ки хатари ҷанги ҳастаии классик фурӯкаш карда буд, зуҳури бозигарони ғайридавлатӣ ва давлатҳои тундрав абъоди тозае аз рақобатҳои геополитикиро рақам зад. Дар ин миён, Толибон ба унвони як режими исломгаро ва ҳомии терроризм, пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон дар соли 2021 дар талош аст, то аз халъҳои амниятӣ ва рақобат миёни меҳвари Шарқ (Чин, Русия ва Эрон) ва Ғарб (Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш) баҳрабардорӣ кунад. Гузоришҳои истихборотӣ ва шавоҳиди майдонӣ ҳокӣ аз он аст, ки Толибон ва шабакаҳои муттаҳидаш ба думболи дастрасӣ ба силоҳҳои ҳастаии тактикӣ ва биологӣ ҳастанд. Амре, ки агар таҳаққуқ ёбад, паёмадҳои амниятӣ ва геополитикии густурдае ба думбол хоҳад дошт (Нурзод, 2023).
Улгуҳои пешин: аз Кореяи Шимолӣ то Эрону Покистон
Баррасии татбиқӣ нишон медиҳад, ки Толибон дар масири худ улгуҳое ҳамчун Кореяи Шимолӣ, Эрон ва Покистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст:
- Кореяи Шимолӣ пас аз ҷанги сард ба як аҳроми фишор алайҳи Амрико бадал шуд. Бо вуҷуди шадидтарин таҳримҳо ин кишвар тавонист бо ҳимояти пинҳони Чин ва истифодаи абзории Русия, ба мавқеияти боздорандаи ҳастаӣ бирасад (Brzezinski, 1997; Haggard & Noland, 2017).
- Эрон баъд аз Инқилоби исломии соли 1979 ба як конуни мунозеаи геополитикӣ миёни Шарқу Ғарб мубаддал шуд. Ҳарчанд ҳеҷ гоҳ ба таври комил дар ихтиёри Ғарб набуд, аммо пешравии ҳастаии он ҳамвора боиси эъмоли фишорҳои роҳбурдӣ аз сӯи Амрико ва Исроил гардид (Cordesman, 2014).
- Покистон бо вуҷуди шарокати стратегӣ бо Амрико амалан шарики роҳбурдии Чин боқӣ монд. Бомби ҳастаии Покистон беш аз он ки боздорандае алайҳи Ҳинд бошад, як абзори геополитикӣ дар муодилоти калони қудрат ба ҳисоб омад (Khan, 2012).
Толибон бо огоҳӣ аз ин улгуҳо дар пайи он аст, ки аз тариқи дастрасӣ ба фановариҳои ҳастаӣ ва биологӣ, мавқеияти худро тасбит ва ба як бозигари ғайриқобили маҳор дар минтақа табдил кунад.
Додаҳои истихборотӣ ва таҳаррукоти Толибон
Бар асоси иттилооти мунташиршуда, ҳайатҳои вобаста ба истихбороти Толибон тайи солҳои ахир сафарҳои мутааддиде ба Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон доштаанд. Ҳадафи ин сафарҳо ройзанӣ барои дастрасӣ ба таҷҳизот ва маводи ҳассоси ҳастаӣ ва биологӣ будааст. Аз сӯи дигар, Шабакаи Ҳаққонӣ бо ҳамкории мутахассисини созмони Алқоида аз соли 2021 озмоишҳои маҳдуд рӯи силоҳҳои биологӣ ва кимиёиро дар манотиқи кӯҳистонии Тура Бура оғоз кардаанд. Натоиҷи ин озмоишҳо умдатан рӯи ҳайвонот (гӯсфанду буз) имтиҳон шудааст (Giustozzi, 2018; Byman, 2021).
Иттилооти мувассақ низ ҳокӣ аз интиқоли бархе маводи тактикии ҳассос аз Қазоқистон ба Кобул таҳти пӯшиши ширкатҳои тиҷорӣ аст, ки бо шабакаҳои истихборотии Толибон пайванд доранд. Ин раванд нишон медиҳад, ки проекти дастрасӣ ба силоҳҳои ғайримутаориф на як шоеа, балки як дастури кори воқеӣ ва дар ҳоли пайгирӣ аст.
Ангезаҳои Толибон барои дастрасӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ ва биологӣ
Ин талошҳоро метавон дар чанд меҳвари роҳбурдӣ табйин кард:
1 - Боздорандагии мутлақ: Толибон ба думболи он аст, ки ҳамонанди Кореяи Шимолӣ бо доштани силоҳи ҳастаии тактикӣ бақои худро дар баробари таҳдидоти низомии меҳвари Шарқ ё Ғарб тазмин кунад.
2 - Абзори фишори геополитикӣ: Як иморати муҷаҳҳаз ба силоҳи ҳастаӣ метавонад ба нуқтаи озори доимӣ барои меҳвари Шарқ бадал шавад ва ҳазинаҳои амниятии Чин ва Русияро афзоиш диҳад (Brzezinski, 1997).
3 - Судури терроризми фаромиллӣ: Бо такя бар боздорандагии ҳастаӣ Толибон метавонад бидуни нигаронӣ аз вокуниши низомии мустақим, фаъолиятҳои террористии худро ба хориҷ аз марзҳо густариш диҳад (Gopal, 2021).
4 - Касби машрӯъият ва бартарии стратегӣ: Толибон талош дорад дар миёни гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва давлатҳои минтақа худро ба унвони қудратмандтарин ҷараёни исломгаро муаррифӣ кунад.
5 - Абзори боҷгирии сиёсӣ ва иқтисодӣ: Дастёбӣ ба тавони боздоранда дасти Толибонро барои муомила бо ҳамсоягон ва ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ боз мегузорад.
Паёмадҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ
Дастёбии Толибон ба силоҳҳои тактикӣ ё биологӣ мӯҷиби тағйири ҷиддӣ дар муодилоти амниятии минтақа хоҳад шуд:
- Меҳвари Шарқ (Чин, Русия, Эрон), ки то кунун дар таомули тактикӣ бо Толибон будаанд, дар сурати муваффақияти ин проект дучори ғафлати роҳбурдӣ мешаванд. Толибон дигар ниёзе ба ин таомулот нахоҳад дошт ва метавонад ба як Кореяи Шимолии ҷадид дар қалби Осиё бадал шавад.
- Амнияти Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна башиддат осебпазир мегардад, зеро Толибон бо бархурдорӣ аз боздорандагии ҳастаӣ қодир ба густариши нуфузи террористӣ ва қочоқи таслиҳот хоҳад буд.
- Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб мумкин аст дар кӯтоҳмуддат аз Толибон ба унвони абзоре барои маҳори Чин ва Русия баҳрабардорӣ кунанд, аммо дар баландмуддат бо таҳдиди ғайриқобили маҳор мувоҷеҳ хоҳанд шуд (Coll, 2004; Barfield, 2012).
Натиҷагирӣ
Талоши Толибон барои дастрасӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ ва биологӣ бахше аз як муҳосибаи калон дар рақобатҳои геополитикии ҷаҳонӣ аст. Ин раванд, агар нодида гирифта шавад, Афғонистонро тайи панҷ соли оянда ба як нусхаи осиёие аз Кореяи Шимолӣ бадал хоҳад кард. Режиме, ки бо такя бар боздорандагии мутлақ таҳдиди ғайриқобили контрол барои меҳвари Шарқ ва амнияти минтақаӣ хоҳад буд. Ғафлати роҳбурдӣ дар қиболи ин раванд метавонад Афғонистонро ба конуни як буҳрони ҳастаии навин дар қарни бисту якум табдил кунад.
Феҳристи манобеъ
- Борфилд, Томас. (2012). Таърихи фарҳангӣ ва сиёсии Афғонистон. Интишороти Донишгоҳ Принстон.
- Бжезински, Збигнев (1997). Сафҳаи шатранҷи бузург: бартарии Амрико ва илзомоти геостратегии он. Ню-Йорк: Бисик букс.
- Бойман, Данил. (2021). Терроризм дар Афғонистон: бозхезии Алқоида ва Толибон. Брукингз.
- Колл, Истив (2004). Ҷангҳои шабаҳ: таърихи сареъи СиАйЭй, Афғонистон ва Бин Лодан аз таҳоҷуми Шӯравӣ то 11 сентябр. Пингвин.
- Курдсмен, Антони (2014). Афғонистони дар гузор: дарсҳое аз тӯлонитарин ҷанг. Маркази мутолиоти стратегӣ ва байналмилалӣ.
- Ҷюстузи, Антонио (2018). Толибон дар ҷанг: 2001–2018. Интишороти Ҳарст.
- Гопол, Ананд (2021). Ҳеҷ марди хубе дар миёни зиндагон: Амрико, Толибон ва ҷанг аз нигоҳи афғонҳо. Метрополитан букз.
- Хон, Ф. (2012). Покистон ва бомби ҳастаӣ: боздорандагӣ ва геополитика. Интишорои Ротлҷ.
- Нурзод, Абдуносир (2023). Буҳрони амниятии Афғонистон ва гусасти амниятӣ пас аз НАТО. Мақолаи мунташиршуда.