Чаро қалъаи муқовимат алайҳи терроризм ба урдугоҳи бузурги террористӣ табдил ёфт?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: پنجشیر — پناهگاه جدید برای «القاعده»
Аз замони таҳвили қудрат ба Толибон ин гурӯҳ Афғонистонро ба маъмани амне барои гурӯҳҳои террористии чандмиллиятӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Алқоида ва ДОИШ табдил кардааст. Афзоиши ҳушдорҳо дар бораи тақвияти ин гурӯҳҳо дар нуқоти мухталифи кишвар аз сӯи бархе қудратҳо нигарониҳо нисбат ба рушди таҳдидоти амниятии минтақаиро ташдид кардааст. Дар ин миён, фаъолитҳои рӯ ба густариши шохаи Хуросони ДОИШ ва шабака Алқоида беш аз пеш дар конуни таҳлилҳои амнияти қарор гирифтааст.
Гузоришҳо нишон медиҳад, Алқоида дар ҳоли бозсозии тавони амалиётии худ дар Афғонистон аст. Ҳарчанд Толибон ва ҳатто бисёре аз қудратҳои истеъморӣ амдона аз ҳузури ин шабака дар Афғонистон чашм мепӯшанд, воқеият он аст, ки Алқоида бо ҳамкории наздики Толибон дар ҳоли эҷоди пойгоҳҳои ҷадид дар манотиқи кӯҳистонӣ ва стратегӣ, ба вежа дар вилояти Панҷшер аст. Ин таҳаррукот баёнгари вуҷуди тарҳҳои амниятии пинҳонест, ки ҳадафи аслии онҳо даргир сохтани қудратҳои осиёӣ бо гунае тоза аз терроризми чандмиллиятӣ хоҳад буд.
Манобеъи маҳаллӣ дар Панҷшер гузориш додаанд, ки Алқоида ҳудуди 500 нерӯи тозаҷазбшуда, умдатан аз кишварҳои арабӣ ва шуморе низ аз Сомалиро дар ин вилоят таҳти омӯзиши низомӣ ва ақидатӣ қарор додааст. Ин нерӯҳо ба забонҳои арабӣ ва англисӣ сухан мегӯянд ва кампҳои ихтисосии омӯзиши террористӣ барои онон эҷод шудааст.
Имрӯз Алқоида на танҳо дар ҳавзаи низомӣ, балки дар ҷанги расонаӣ ва равонӣ низ ба авҷи тавони худ расида ва ҳатто тимҳои таблиғотии зану мардро барои ҳифзи рӯҳияи ҷангҷӯёни Толибон омӯзиш медиҳад. Бисёре аз нерӯҳои Толибон ва гурӯҳҳои ифротии ҳампаймон бо сиёсати таомули Толибон бо ҷаҳон мухолифанд. Алқоида бо дарки ин норизоиятиҳо аз тариқи таблиғоти динӣ ва ҷанги равонӣ, монеъ аз шикоф дар суфуфи нерӯҳои ифротӣ мешавад; Ҳамон гуна, ки дар музокироти Давҳа низ нақшофаринӣ кард. Истифода аз оёти Қуръон барои ривоятсозӣ, тарвиҷи “сабри стратегӣ” ва бакоргирии роботҳои онлайн барои инҳирофи афкори умумӣ ва фиреби сервисҳои иттилоотии хориҷӣ, бахше аз тактикаҳои ин шабака аст.
Аммо пурсиши калидӣ ин аст, ки чаро Толибон ва Алқоида Панҷшер - намоди дерини муқовимати зиддитерроризмро ба мақарри ҷадиди худ баргузидаанд? Посух дар таркиби аз авомили ҷуғрофиёӣ, амниятӣ ва роҳбурдӣ нуҳуфтааст. Ҷуғрофияи кӯҳистонии Панҷшер бо дараҳои амиқ ва саъбулубур, паноҳгоҳи табиӣ ва амн дар баробари ҳамалоти заминӣ ва ҳавоӣ фароҳам меоварад. Душвории дастрасӣ ба умқи манотиқ, имкони эҷоди тунелҳо ва мавозеъи дифоъии мустаҳкам ва пӯшиши табиӣ дар баробари ҳамалоти паҳподӣ ва рокетӣ, ин вилоятро ба сангари мустаҳкам бадал кардааст.
Пешинаи таърихии муқовимат дар баробари артиши Шӯравӣ ва Толибон фарҳанги дифоъӣ ва зарфияти басиҷи маҳаллиро тақвият кардааст. Наздикӣ ба марзҳои шимолӣ ва гузаргоҳҳои кӯҳистонӣ масирҳои фирор ва таъмини нерӯро барои Алқоида муҳайё мекунад ва сохтори бастаи иҷтимоии он нуфузи иттилоотиро душвор месозад. Вуҷуди захоири силоҳи баҷомонда аз даврони ҷиҳод, масирҳои қочоқ барои таҷҳизи гурӯҳҳои террористӣ, мавқеияти савқулҷайшӣ дар муҷовирати Бадахшон, Соланг, Нуристон ва Парвон ва тавоноии ҷилавгирӣ аз шаклгирии Ҷабҳаи муқовимат аз тариқи эҳдоси кампҳо ва паноҳгоҳҳои амн аз дигар авомили аҳамияти ин минтақа барои Толибон ва Алқоида аст.
Интихоби Панҷшер танҳо бӯъди тактикӣ надорад, балки ба ду ҳадафи роҳбурдии аслӣ низ гиреҳ хӯрдааст: нахуст, роҳбурди бесуботсозии минтақа ба суди ҷараёнҳои террористӣ ва ҳомиёни фаромитақаии онҳо; Ва дувум, стратегияи “бозмувозана” барои эъмоли фишор бар қудратҳои минтақаӣ, чун Русия ва Чин, аз тариқи истиқрор дар наздиктарин фосилаи ҷуғрофиёӣ бо ҳавзаи нуфузи онҳо. Ин стратегия бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи қудратҳои фароминтақаӣ дар ҷанубшарқи Осиё, шарқи Аврупо ва Ховари Миёна, тактикҳои иғфолкунанда ва даргиркунандаро дар шимоли Афғонистон пайгирӣ мекунад.
Ин иқдоми Толибон ва Алқоида дар Панҷшер аз манзари геополитика, метавонад заминасози мудохила ё фишори бештари бозигарони хориҷӣ ҳамчун Эрон, Русия ва Чин дар масъалаи Афғонистон шавад. Ҳамчунин аз бӯъди ҷанги иттилоотӣ истифодаи Алқоида аз ҷуғрофияи бастаи Панҷшер барои озмоиши равишҳои навини пинҳонкорӣ ва ҷанги сайберӣ, намои тоза аз тарфандҳои ҷанги таркибӣ дар қолаби бозигарони ғайридавлатиро нишон медиҳад.
Дар бӯъди маҳори муқовимати дохилӣ нигаронии физояндаи Толибон аз авҷгирии ҷараёнҳои мухолиф, ононро водоштааст то бо истиқрори Алқоида дар Панҷшер амнияти стратегии Кобул ва гузаргоҳи Солангро дар баробари ҳар гуна ҳаракати муқовиматӣ тазмин кунанд.
Ба ин тартиб, Панҷшер аз намоди муқовимат ба саҳнаи бозии печидае табдил шуда, ки дар он Толибон, Алқоида ва шарикони байналмилалиашон, на танҳо аз зарфияти ҷуғрофия баҳра мебаранд, балки онро ба сипар ва сакуи партобе барои таҳаққуқи аҳдофи роҳбурдии худ бадал сохтаанд.