Террори раҳбари мухолиф дар Машҳад, ҷоҳталабиҳои фаромиллии ин гурӯҳро нишон медиҳад.
Нависанда: Сайидаҳмад Мӯсавии Мубаллиғ, ххабаргузории “Садои Афғонистон”
Нерӯи интизомии Эрон эълон кардааст, ки омилони террори Маъруф Ғуломӣ дар Машҳад боздошт шудааст. Маруф Ғуломӣ, раиси Шӯрои қумондонҳо (фармондеҳон)-и ҷиҳодии ғарби Афғонистон ва аз афроди наздик ба Исмоилхон буд, ки чанд рӯз пеш дар як манзили маскунӣ ҳадаф қарор гирифт.
Бархе манобеи огоҳ муддаӣ ҳастанд, зорибон вобаста ба гурӯҳи Толибон ҳастанд. Собиқаи таҳдидҳои роҳбарони Толибон алайҳи мухолифони сиёсӣ чунин эҳтимолро тақвият мекунад. Иқдоми Толибон ба ҳазфи физикии мухолифон дар хориҷ аз Афғонистон, пеш аз ин ҳам дорои собиқа аст. Барои мисол соли гузашта, Толибон иқдом ба рабудани Қорӣ Исо Муҳаммадӣ дар фурудгоҳи Машҳад карданд, амалиёте, ки дар ниҳоят ноком монд. Акнун Толибон бо анҷоми ин амалиёти террор дар дувумин калоншаҳри Эрон, дар садади маҳак задани вазъияти амниятии ин кишвар ва низ авоқиби чунин иқдомоте ҳастанд, то мутаносиб бо натиҷаи ҳосила, иқдомоти баъдии худро тарҳрезӣ кунанд.
Се нукта ҳоизи аҳамият аст:
1 - Чанд тан аз роҳбарони Толибон, аз ҷумла Нидо Муҳаммад Надим, вазири таҳсилоти олии идораи Толибон, борҳо таҳдид карда буданд, ки мухолифони худро дар ҳар куҷо ҳадаф қарор хоҳанд дод. Бо террори Маруф Ғуломӣ дар Машҳад тавассути Толибон, иқдомоти террористии ин гурӯҳ, абъоди фаросарзаминӣ ба худ гирифта ва маънояш ин аст, ки ин гурӯҳ, ҳамон сиёсате, ки Исроил барои ҳазфи мухолифон дар ҳар нуқтаи ҷаҳон дунбол мекунад, пайравӣ менамояд. Шабоҳатҳои Толибон ба Исроил, аз марҳилаи шабоҳатҳои моҳиятӣ ба марҳилаи ҷиноятҳои фаросарзаминӣ расидааст. Ҳам Толибон ва ҳам Исроил, бақои худро бар ноамнсозии пиромуни худ устувор кардаанд. Террорҳои фаросарзаминӣ барои идорае, ки бо буҳрони машрӯият мувоҷеҳ аст, метавонад бар умқи буҳронҳои минтақавӣ биафзояд.
2 - Маруф Ғуломӣ, ҳарчанд ки асаргузории қобили мулоҳизае бар бахшҳое аз ҳавзаи ҷанубу ғарб дошт, аммо дар қиёс бо соири мақомҳои мухолифи Толибон, ки дар Эрон ҳастанд, чеҳраи донадаруште ба ҳисоб намеомад. Ин иқдоми Толибон як таҳқири ошкор ба Эрон аст, ки дар тӯли чаҳор соли гузашта, як раванди таъамулӣ бо Толибонро дар пеш гирифта буд ва иҷозаи ҳеҷ фаъолиятеро ба мухолифони Толибон намедод.
3 - Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Туркия нишон дод, ки агар кишваре, ки барои иқтидор ва ҳокимияти худ аҳамият қоил бошад, чи гуна метавонад аз ҷинояте, ки дар хоки он рӯй дода, барои эъмоли фишори байналмилалӣ истифода кунад.
Иқдоми Толибон ба қатли як мухолиф дар сарзамини Эрон, ба маънои таҷовузи мустақим ба ҳарими амниятии Эрон аст. Бе посух гузоштани чунин таҷовузе қатъан ба ҷасуртар шудани Толибон дар такрори ҷиноятҳои шабеҳ анҷомида ва чунин вазъияте амнияти миллии Эронро бо мухотироти ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад кард.
Албатта, суръати амали неруи интизомии Эрон дар дастгирии омилони ин ҳодиса қобили қадр аст, аммо интизор меравад, ки ниҳодҳои зирабт бо шаффофсозии парванда ва додани посухи мутаносиб ба омилон ва омили эҳтимолӣ, паёми рӯшане дар дифоъ аз амнияти миллӣ ва тамомияти арзии худ ирсол кунанд.