Мусоҳибаи ихтисосии Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон бо Андрей Серенко аз рӯзномаи "Независимая газета" (Русия)
Нависанда: Андрей Серенко, “Независимая газета” (Русия)
Амруллоҳ Солеҳ дар ин мусоҳиба барои аввалин бор дар мавриди эпизодҳои номаълуми равобити Афғонистону Амрико сӯҳбат кард, ки билофосила қабл аз суқути ҳукумати ҷумҳурӣ дар Кобул ва ба қудрат расидани ҳаракати Толибон (як созмони террористии мамнуъшуда дар Федератсия Русия) иттифоқ афтода буданд. Амруллоҳ Солеҳ сиёсати Вашингтон дар қиболи муттаҳиди афғони худро хоинона мехонад ва мутаасиф аст, ки тими раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ, ки ба гаравгони дасисаҳои амрикоӣ табдил шуда буд, бо имтиноъ аз ҳимоят аз тарҳҳои Русия дар заминаи ҳаллу фасли сулҳи Афғонистон, фурсати наҷоти кишварро аз даст дод.
- Оқои Солеҳ, шояд яке аз розҳои аслии таърихи муосири Афғонистон суқути сареъи режими ҷумҳурӣ дар моҳи августи соли 2021 мелодӣ ва интиқоли қудрат дар ин кишвар ба дасти Толибон бошад. Чаро чунин чизе имконпазир шуд? Чаро режими ҷумҳурият, ки ҳудуди бист сол дар Афғонистон вуҷуд дошт, ҳамонанди як хонаи коғазӣ фурӯ рехт? Ба маънои воқеии калима агар дар чанд соат на, балки дар чанд рӯз?
- Оқои Серенко, ман мехоҳам баъзе аз достонҳоеро барои шумо бозгӯ кунам, ки кӯмак мекунад дақиқтар қазоват кунед, ки дар августи соли 2021 мелодӣ дар Афғонистон чӣ иттифоқе афтодааст. Аммо ман билофосила мувофиқ нестам, ки системи ҷумҳурият ногаҳон, якшаба ва мисли як хонаи коғазӣ фурӯ рехт. На хайр, ин як раванд бисёр тӯлонӣ буд, агарчи ҳамеша барои таҳлилгарон аз берун қобил фаҳм нест.
Ин дар баҳори соли 2011 мелодӣ оғоз шуд. Тақрибан билофосила пас аз ин ки амрикоиҳо Усома ибни Лодан, раҳбари Алқоида (ин созмон дар Федератсияи Русия мамнуъ аст – “НГ”)-ро дар Покистон куштанд. Дар он замон буд, ки Иёлоти Муттаҳида вориди аввалин музокирот бо Толибон шуд, ки дар ниҳоят дар феврали соли 2020 мелодӣ бо имзои тавофуқи Амрикову Толибон дар Доҳа ба поён расид ва тақрибан даҳ сол ин раванд бисёр мулоим ва тадриҷӣ ҷараён дошт.
Ин ҷараён пас аз ҳаводиси Қрим (ҷумҳурии Қрими марбути Федератсияи Русия) дар соли 2014 мелодӣ шитоби бештаре дарёфт кард. Ман метавонам фарз кунам, ки Толибон ва амрикоиҳо ҳар ҳафта баъд аз он шурӯъ ба мулоқот карданд ва дар ниҳоят Амрико тасмим гирифт аз Афғонистон хориҷ шавад. Вақоеъ Қрим нақши бисёр муҳимме дар ин қасди Вашингтон ифо кард. Ба ҳар ҳол, амрикоиҳо акнун комилан ошкоро дар мавриди ин мавзӯъ сӯҳбат мекунанд ва тавтеаҳои Афғонистону Украинаро ба ҳам пайванд медиҳанд.
Он вақт, дар ҳамон ибтидои раванди музокира бо Толибон, Иёлоти Муттаҳида ду гузина барои такмили маъмурияти тӯлонимуддати Афғонистони худ дошт. Гузинаи аввал ҳифзи низоми ҷумҳурият ва дифоъ аз давлати касратгаро дар Афғонистон аст. Аммо ин гузина ба манобеъи фаровон аз Вашингтон ниёз дошт ва бояд барои ин тасмим қимати нисбатан болое пардохт мешуд. Амрикоиҳо намехостанд ин корро анҷом диҳанд.
Гузинаи дувум фаромӯш кардани таҷрибаи ҷумҳурият, плюрализми сиёсӣ ва супурдани қудрат дар Афғонистон ба дасти як гурӯҳи мусаллаҳ ва хашини истибдодӣ, яъне Толибон буд. Ин сенария комилан бо "доктринаи Киссинҷер", ки қаблан тавассути Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон таҷвиз шуда буд, созгор аст.
- Манзуратон стратегияест, ки Ҳенри Киссинҷер дар даҳаи 80 тадвин кард?
- Бале, дар ҳамон авоили даҳаи 80 ва қабли он Ҳенри Киссинҷер, Збигнев Бзежинский ва дигар стратегистҳои амрикоӣ ба ин фикр мекарданд, ки Иёлоти Муттаҳида бояд дар Афғонистон чӣ стратегияро думбол кунад. Ҷое, ки нерӯҳои Шӯравӣ тоза ворид шуда буданд. Ӯ мӯътақид буд, ки на давлати плюралистӣ, балки баръакс бо моҳияти радикал дар Афғонистон ба манофеъи амнияти Иёлоти Муттаҳида хидмат хоҳад кард ва сипас навишт, ки чаро кӯмак ба муҷоҳидини опозисиони мусаллаҳи Афғонистон зарурӣ аст: барои Амрико ғайримумкин буд, ки ошкоро бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ биҷангад, зеро ин мунтаҷ ба Ҷанги Ҷаҳонии Севум мешавад. Аммо агар Иёлоти Муттаҳида мехост Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро шикаст диҳад, пас барои расидан ба ин ҳадаф "беҳтар аст аз ҳаёти хилват убур кунанд." “Ҳаёти хилват” истилоҳе буд, ки ба сарҳадоти ҷанубӣ ва нуфузи Русия дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз хитоб мешавад.
Амрикоиҳо ба таври суннатӣ Авруосиё ва Осиёи Марказиро ба унвони чунин "ҳаёти хилват"-и геополитикии Русия мебинанд. Бинобарин онҳо гузинаи дувумро дар даҳаи 80 интихоб карда ва баъдан ин интихобро дар соли 2020 такрор намуданд.
Пас аз ҳаводисе, ки дар ҷазираи Қрим иттифоқ афтод, Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифт, ки бояд барои як даргирии бузурги эҳтимолӣ бо Маскав омода шавад ва барои ин кор бояд маъмурияти Афғонистон худро маҳдуд кунад. Илова бар ин, дар он замон аз аҳамияти Афғонистон ба Вашингтон коста шуда буд.
- Ба назари Шумо, чаро тавофуқи дуҷонибаи амниятии Амрикову Афғонистон нақз шуд?
- Воқеан давлати ҷумҳурии Афғонистон ва Вашингтон як санади муштараки тавофуқи амниятии дуҷониба доштанд. Ба асоси он, Амрико бояд як сол қабл аз тасмимгирӣ дар бораи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, Кобулро мутталеъ мекард. Бо ин ҳол, дар ниҳоят онҳо ин модаи тавофуқномаро, ки худашон имзо карда буданд, зери по карданд.
Дар даврони раёсатиҷумҳурии Барак Обама, гуфтугӯ миёни Кобул ва Вашингтон ҳудуди чаҳор сол тӯл кашид то санади ниҳоӣ имзо шавад. Ин кор бидуни аҷала анҷом шуд. Ман намедонам, ки чаро амрикоиҳо тавофуқномаро нақз карданд. Шояд ба ин далел, ки онҳо ҳамеша Афғонистонро як шарики заиф мепиндоштанд, ки бидуни кӯмаки Иёлоти Муттаҳида наметавонист кори худро анҷом диҳад ва ниёз намедиданд, ки нуқтаи назароти моро ҷиддӣ бигиранд.
Дар июни 2021 ва камтар аз ду моҳ қабл аз фурӯпошии ҷумҳурӣ, як ҳайати кӯчак аз давлати ҷумҳурии Афғонистон ба Вашингтон сафар кард. Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, мушовири амнияти миллӣ Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва ман шомил будем. Ман ба шакли расмӣ даъват нашуда будам, аммо раисҷумҳур Ғанӣ бо таъкид аз ман хост, ки бо ӯ биравам ва дар сӯҳбатҳо бо ман ишора кард, ки ба ин сафар эътимод надорад.
Дар Вашингтон мо дар чанд нишаст ширкат кардем. Ибтидо дар 23 июни 2021 нони шаби муштарак бо як гурӯҳи бузург аз афроди бонуфуз баргузор шуд – дар миёни онҳо Девид Петреус, раиси собиқи СиАйЭй, се сафири собиқи Амрико дар Афғонистон ва чандин генерал буданд. Танҳо як нафар аз раёсати ҷумҳурии Амрико вуҷуд дошт - Том Вест, ки имрӯз намояндаи вежаи Амрико барои Афғонистон аст.
Дар маҷмӯъ 50 ило 60 нафар аз афроди бонуфуз дар Вашингтон дар ин нишаст ширкат доштанд. Ашраф Ғанӣ қабл аз нишаст ва дар ҷараёни нишаст ба ман гуфт, ки намехоҳад дар чунин ҷаласае аз раисҷумҳур Байден интиқод кунад, зеро фардо мо як ҷаласаи вежа дар Кохи Сафед хоҳем дошт, бинобарин арзиш дорад, ки тими раёсатиҷумҳурӣ аз фурсати шом барои интиқоли як паёми мусбат истифода кунад.
- Ашраф Ғанӣ дар он замон дар бора чӣ чизе сӯҳбат кард ва чӣ навъ посухе аз амрикоиҳо дарёфт кард?
- Ашраф Ғанӣ дар иртибот бо нияти амрикоиҳо барои хурӯҷ аз Афғонистон мавзеъи худро барои ҳозирон тавзеҳ дод. Бо ҳавсала ба ӯ гӯш дода шуд. Баъдаш табодули назар сурат гирифта ва охирин суханрон дар ин шоми муштарак генерал Петреус буд. Раиси собиқи СиАйЭй гуфт: “Давлати Амрико тасмим гирифтааст тавре рафтор кунад, ки гӯӣ дар як ҷинояти бузург даст доштааст”. Генерал Петреус ба Ашраф Ғанӣ гуфт: “Иттилооти сиёсӣ ва низомии Иёлоти Муттаҳида қарор аст бо муҷримин дар кишвари шумо муомила кунад ва онҳоро таъмини молӣ кунад. Агар шуҷоати амал дар чунин шароитеро доред, ба шумо табрик мегӯям, аммо иқдомоти мо шабеҳи рафтори ҷинояткорон хоҳад буд”.
Рӯзи баъд дар Кохи Сафед ҷаласоте баргузор шуд, ки қарор шуд Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ мустақиман дар он ширкат кунанд. Ба асоси тафоҳуми қаблӣ қарор буд ман дар утоқи дигаре мунтазир бошам. Бо ин ҳол ва дар охирин лаҳза онҳо маро даъват карданд то дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ширкат кунам.
- Шахсан бо Ҷо Байден дар бораи чӣ сӯҳбат кардед?
- Байден ба ман салом карду гуфт, ки аз кори душвори муовини раисҷумҳур огоҳ аст. Зеро қаблан худ чунин симматеро бар ӯҳда доштааст. Ман аз ӯ ташаккур кардам ва иҷозаи пурсидани се саволро хостам.
Аввал: ин ки оё раванди музокираи Доҳа байни Амрикову Толибон як раванди сулҳ аст ё омодагӣ барои тағйири режим дар Афғонистон?
Дувум: оё ҳимояти лужистикӣ, молӣ ва низомии шумо пас аз хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон идома хоҳад ёфт ё хайр?
Ва севум: агар Толибон Кобулро муҳосира кунанд, оё шумо дар шароити изтирорӣ "гузинаи дувум" доред ва чӣ гуна метавонем аз фурӯпошии ҷумҳурият ҷилавгирӣ кунем? Пас аз хурӯҷи нерӯҳои шумо, оё механизме барои кори муштарак бо мо (аз тариқи сафорат, сохтори атташеи низомӣ ва ғайра) эҷод хоҳад шуд? Ҳолати мавриди писанди шумо дар иртибот ба ҳузури Амрико дар Афғонистон чӣ гуна аст?
Байден дар посух гуфт: “Ин саволот асоси хубе ҳастанд, аммо вазири дифоъ генерал Лойд Остин бояд дар мавриди онҳо тавзеҳ диҳад”. Худи раисҷумҳури Амрико аз посух додан туфра рафт.
- Бо генерал "Остин" тавонистед сӯҳбат кунед? Баъд аз гуфтугӯ чӣ натиҷае барои худ гирифтед?
- Бале, мо дидор доштем. Баъд аз сӯҳбат бо Байден, мулоқоти тӯлонӣ бо генерал Остин доштем. Вай гуфт, ки амрикоиҳо ба кӯмаки низомӣ ба Кобул идома хоҳанд дод. Ман пурсидам, агар шумо ба кӯмаки низомӣ барои ҷумҳурият идома медиҳед, пас чаро қарордодҳои тадорукотӣ ҳама ва ҳама дар таърихи 1 сентябри 2021 ба поён мерасад ва ҳеҷ қарордоди дигаре пас аз он таърих идома нахоҳад дошт ва баҳс рӯи тамдиди қарордодҳо низ вуҷуд надорад.
Остин посух дод, ки як генерали дигар ба номи "Базер" ба Афғонистон хоҳад омад ва тамоми ҷузъиёт ва чигунагии идомаи кӯмаки низомии Иёлоти Муттаҳида ба давлати ҷумҳурият дар Кобулро тавзеҳ хоҳад дод. Ман пурсидам, ки оё "гузинаи дувум" вуҷуд дорад дар сурате, ки Кобул тавассути Толибон муҳосира шуда бошад. Раиси Пентагон посух дод: “Бале, кӯмакҳои ҳавоии Амрико идома хоҳад дошт”. Ва дубора гуфт, ки генерал "Базер" ҳама чизро дар сафараш ба Афғонистон ба шумо тавзеҳ хоҳад дод.
Ба ибораи дигар, мо дар он сафар ҳеҷ посухи хосе аз шарикони амрикоии худ дарёфт накардем. Аммо онҳо ба мо қавл доданд, ки Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз ба низоми ҷумҳурият дар Афғонистон хиёнат нахоҳад кард. Музокироти Доҳа як раванди тағйири режим нест ва таъкид карданд, ки онҳо аз ҳайсияти худ муҳофизат хоҳанд кард ва ваъдаҳои худро нақз нахоҳанд намуд. Ба таври хулоса, онҳо фақат моро ба хоб бо як суханронии сиёсии бузург ва ширин барои як муддат ором сохтанд.
Бояд изофа кунам, ки дар он замон севумин ҷаласа дар Вашингтон бо раиси умумии Созмони иттилооти марказии Амрико ё СиАйЭй Вилям Бернс ҳам доштем. Ғанӣ, Абдуллоҳ ва ман дар он ширкат кардем ва тӯлонитарин ҷаласаи мо буд. Се соат тӯл кашид.
Дар тамоми ин 180 дақиқа, оқои Бернс тавзеҳ дод, ки Иёлоти Муттаҳида шӯҳрату ҳайсияти худро ба унвони як муттаҳиди қобили эътимод ҳифз хоҳад кард ва муроқиб хоҳад буд. Ӯ изофа кард: "Мо Толибонро мутаваққиф хоҳем кард агар онҳо Кобулро муҳосира кунанд, мо ба фишори низомӣ бар онҳо идома хоҳем дод." Дар айни ҳол оқои Бернс гуфт, ки давлати баъдӣ дар Афғонистон бояд аз тариқи тавофуқи сулҳ бо Толибон ташкил шавад ва Иёлоти Муттаҳида мухолифи ҳар навъ гузинаи дигар хоҳад буд.
Пас аз гуфтугӯ бо раиси СиАйЭй ба Кобул баргаштем ва ихтилоф байни ваъдаҳо ва аъмоли амрикоиҳо билофосила ошкор шуд. Дар Вашингтон ба мо қавли ҳимояти ҳавоӣ дар набард бо Толибон дода шуд, аммо дарвоқеъ ҳеҷ навъ ҳимояте вуҷуд надошт. Вақте Толибон чанд ҳафта баъд Кобулро муҳосира карданд, мо ҳеҷ кӯмаки ваъда додашудае аз Иёлоти Муттаҳида дарёфт накардем.
- Генерал Базер, ки он мавқеъ ба Кобул расид, оё тавзеҳоте ба шумо дод?
- Ӯ гуфт, ки омодагӣ барои тахлияи сафорати Амрико аз майдони ҳавоӣ гирифта шудааст, аммо итминон дод, ки "ин як раванди маъмул ва одӣ аст" ва "ҳама чиз хуб хоҳад буд". Ман сабри худро аз даст додам, ҳатто фарёд задам ва гуфтам, ки амрикоиҳо кишвар моро тарк мекунанд, моро фиреб медиҳанд ва дурӯғ мегӯянд.
Ба муддати бист сол шиорҳои Амрико дар Афғонистон ибтидо мубориза бо терроризми ҷаҳонӣ буд, сипас ҳифзи оромиш дар сарҳадоти Афғонистон ва Покистон, сипас ҳифозат аз шаҳрҳову манотиқ пурнуфус, сипас раванди сулҳ, сипас тааҳҳуд бар ин ки сафорати Амрико ҳамеша боз хоҳад буд. Дар ниҳоят онҳо мегӯянд, ки тахлия як равиши одӣ аст. Ин дар ҳақиқат як дурӯғи силсиладор аст, ки ба поёни худ наздик шудааст.
Аммо достонҳои ҷолиби дигар низ вуҷуд дорад. Масалан, яке дар феврали 2020 иттифоқ афтод. Дар он замон ман ва раисҷумҳур Ғанӣ ҷиҳати иштирок дар як конфронси амниятӣ ба Олмон сафар карда будем. Дар он ҷо Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико, Ҳайку Мас, вазири умури хориҷаи Олмон ва Йенс Истолтенберг, дабири кулли НАТО бо мо дидори якҷоӣ доштанд.
Пампео, одами мудаммиғ ва мутакаббир дар давлати Доналд Трамп буд. Ба чашмони Ашраф Ғанӣ нигоҳ карду гуфт: “Ман мехоҳам шумо дар ин ҷо дар Олмон баёнияе бидиҳед, ки шумову давлати шумо аз тавофуқи Амрико бо Толибон дар Доҳа ҳимоят мекунед”. Ин як диктаи комилан мустақим буд. Ғанӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил карда ва ба англисӣ хуб балад буд, гуфт: “Ин ғайримумкин аст” ва аз ман хост, ки тавзеҳ диҳам, ки чаро мо наметавонем чунин иқдомеро анҷом диҳем.
- Ва Шумо ба вазири хориҷаи Амрико чӣ гуфтед?
- Ман ҳақиқатро гуфтам: “Оқои вазир, мо ин ҷо гаравгону зиндонии шумо нестем. Агар мо ҳимояти худро аз тавофуқи Доҳа эълом кунем, санаде, ки ҳаргиз надидаем, мардуми Афғонистон фикр хоҳанд кард, ки мо хоин ҳастем. Ман омодаи пардохти чунин қимате нестам ва омодаи ширкат дар ин намоиш ҳам нестем. Агар баъд аз чунин эътирофе ба Кобул баргардем, кудато хоҳад шуд. Фурудгоҳи Кобул дигар таҳти контроли мо нахоҳад буд ва мо намедонем, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони амрикоӣ дар ин ҳодиса кушта хоҳанд шуд”.
Баъд аз ин калимот, бахусус, куштори шаҳрвандони амрикоӣ Пампео назарашро иваз кард ва пурсид: “Чӣ чизе метавонад ҷойгузини беҳтар бошад?”. Ғанӣ посух дод, ки мо ба замон ниёз дорем, ба Афғонистон бармегардем ва бояд бо намояндагони мардум машварат намоем ва тасмими боҳамӣ бигирем то мавқифи моро дар иртибот ба Доҳа вазоҳат бидиҳем. Ғанӣ гуфт, ки омодаи ҳимоят аз санаде нест, ки онро нахондааст ва ҳам надидааст.
Ин мисол возеҳу ошкор буд, ки Иёлоти Муттаҳида мехост аз мо ба унвони лӯхтак истифода кунад, аммо мо омода набудем, ки тамкин кунем.
Вақте ба Кобул баргаштем, омодагӣ барои тадвири Луи ҷирга (Шӯрои мардумии Афғонистон (“НГ”)-ро, ки дар августи 2020 баргузор шуд, оғоз кардем. Дар он ҷирга мо тааҳҳуд ва ҳимояти сиёсии ҷадид аз бузургони кишвари худ дарёфт кардем, аммо дар айни ҳол мавозеъи сиёсии мо дар ин ҷирга натанҳо тақвият нашуд, балки баракс тазъиф гардид.
- Далели тазъифи сиёсии давлати Ғаниро чӣ медонед?
- Амрикоиҳо хостори раҳоии панҷ ҳазор зиндонии Толибон аз зиндонҳои Афғонистон буданд. Касоне, ки ба далели иртикоби ҷиноёти хатарнок ва золимона ва даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ зиндонӣ шуда буданд. Бинобарин, Вашингтон исрор дошт, ки мо барои як сулҳи фарзӣ бо озод кардани чанд ҳазор муҷрими воқеӣ ҳазина пардохт кунем.
Мо ба амрикоиҳо гуфтем, ки наметавонем ин корро бикунем. Пас аз он Иёлоти Муттаҳида ба таври мустақим ба мо гуфт, ки давлати баъдӣ дар Афғонистон як "давлати сулҳ" хоҳад буд, ки "бо таваҷҷуҳ ба танаввӯъи ҷомеаи Афғонистон" ва бо мушорикати Толибон ташкил хоҳад шуд. Ин ваъдаро катбӣ ба мо доданд.
Дар айни ҳол намояндагони амрикоӣ ба Кобул итминон доданд, ки ҳадаф аз раванди сулҳи Доҳа тағйири режими ҷумҳурӣ нест. Иёлоти Муттаҳида аз плюрализм ё касратгароии сиёсӣ ҳимоят мекунад ва аз Ғанӣ барои машваратҳои ӯ бо мардуми Афғонистон сипосгузор ва мадюнанд ва аз натоиҷи Луи Ҷирга истиқбол карданд.
Дар натиҷа, мо тарғиб шудем, ки панҷ ҳазор ҷинояткори Толибонро ба хотири сулҳ озод кунем, ки билофосила силоҳ гирифтанд ва ба набард алайҳи давлати ҷумҳурияти Афғонистон пайвастанд. Дар айни ҳол давлати Афғонистон ҳеҷ кӯмаки низомиву фаннӣ аз Иёлоти Муттаҳида дарёфт намекард. Ҳамзамон амрикоиҳо шурӯъ ба ханҷар задан аз пушт карданд ва тамоми абзорҳои "қудрати нарм"-и худро алайҳи тими Ашраф Ғанӣ ба кор гирифтанд.
- Оё Иёлоти Муттаҳида "ҷабҳаи дувум"-ро алайҳи давлати Афғонистон боз кард?
- Дарвоқеъ, бале, онҳо аз "қудрати нарм"-и худ алайҳи ҷумҳурӣ истифода карданд. Расонаҳои таҳти контроли Вашингтон дар Афғонистон шурӯъ ба муттаҳам кардани раисҷумҳур Ғанӣ ба ҷунуни қудрат ва фасод карданд. Як корзори густурда шурӯъ ба беэътиборсозии давлати ҷумҳурият ва тазъифи мавқеияти он дар кишвар кард.
Ба ҳар ҳол, ин қаблан ҳам иттифоқ афтода буд. Пас аз соли 2015 Иёлоти Муттаҳида борҳо ва борҳо аз "қудрати нарм" алайҳи ҷумҳурият истифода кард. Дар он замон 250 истгоҳи радиоӣ, даҳҳо канали телевизионӣ ва бисёре аз рӯзномаҳо дар Афғонистон вуҷуд дошт, ки аз сафорати Амрико кӯмаки молӣ дарёфт мекарданд. Мо фақат як канали телевизиони давлатӣ таҳти контроли худ доштем, ки он қадар ҳам маҳбуб набуд.
Аз соли 2018 ин абзорҳои "қудрати нарм" тақрибан ошкоро алайҳи ҷумҳурият кор мекарданд. Расонаҳои афғони таҳти контроли амрикоиҳо мегуфтанд, ки "Толибон"-и навин рӯи саҳна омадаанд, тағйир карда ва мухолифи ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон нестанд. Акнун ба танаввӯъи қавмӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии Афғонистон ва ғайра эҳтиром мегузоранд. Дар айни ҳол, намояндагони Толибон худашон чизе дар бораи ин мавзӯъот ҳаргиз намегуфтанд, зоҳиран ба ин ки чӣ гуна расонаҳои Амрико хаёлпардозиҳое дар бораи Толибон эҷод карда буданд, механдиданд.
Ҳангоме, ки давлати Афғонистон омодаи эҷоди як давлати муштараки муваққат бо Толибон буд, амрикоиҳо дигар ҳарфи моро нашуниданд, зеро онҳо гузинаи дувуми ҳузур пас аз Афғонистонро иттихоз карданд – интиқоли тамоми қудрат дар Афғонистон ба дасти як ҷунбиши ифротии мутеъ, ки манофеъи Иёлоти Муттаҳидаро бидуни ҳазинаҳои боло аз Вашингтон муҳофизат мекунад.
- Бузургтарин иштибоҳи давлати ҷумҳурии Афғонистон дар солҳои поёнӣ вуҷудашро чӣ меномед?
- Бузургтарин иштибоҳи мо эътимоди чашмбаста ба Амрико ва ваъдаҳои кишварҳои ғарбӣ буд. Иштибоҳи бузурги дигари мо ин буд, ки кишварҳои минтақа, бавежа, Русия, як раванди сулҳи мувозиро эҷод намуд, ки Амрико аз он ҳимоят накард ва ибтикороти Маскавро саботаж кард, дар ҳоле, ки Кобул дар канори амрикоиҳо буд ва ин проектҳои ҷойгузини минтақавиро нодида гирифт.
Мавқифи Кобул бисёр заиф шуда буд. Оқои Ғанӣ беш аз ҳад ба Вашингтон эътимод кард. Шояд худи раисҷумҳур Ғанӣ амиқан мутаваҷҷеҳи тавтеаи Ғарб алайҳи кишвари мо нашуда буд ва ё ҳам шуда буд. Дар натиҷа ӯ алайҳи ҳамон раванди сулҳи Русия қарор гирифт. Билохира танҳо як раванд дар Доҳа таҳти контроли Иёлоти Муттаҳида дар дастури кори сиёсӣ боқӣ монд.
Дарвоқеъ тавофуқи Доҳа як тавтеа алайҳи Кобул буд. Дар натиҷаи талошҳои Вашингтон ҳеҷ муттаҳид дар минтақа барои мо боқӣ намонд. Вақте мо воқеан заиф шудем, Иёлоти Муттаҳида шурӯъ ба истифодаҷӯии бераҳмона аз нуқоти заъфи ҷумҳурият кард.
Агар мо дар он замон аз раванди сулҳи Русия ва ибтикороти Маскав дар мавриди Афғонистон ҳимоят мекардем, мо ба Вашингтон аз диди раванд иттикои мутлақ намедоштем. Суқути ҷумҳурият ҳамонанди сенарияи фурӯпошии хонаи коғазӣ рух намедод. Фикр кунам, ин бузургтарин иштибоҳи мо буд.
- Шумо бо бисёре аз сиёсатмадорони амрикоӣ, персонали низомӣ ва афсарони иттилоотӣ мулоқот ва кор кардаед. Чӣ навъ афроде буданд ва чӣ навъ равобите байни муттаҳидони амрикоӣ ва афғон дар ҳоли тавсеа буд? Оё метавонем бигӯем, ки дақиқан робитаи муттаҳидон ва дӯстоне, ки дар ҳама чиз ба якдигар эътимоди комил доштанд? Ва агар чунин аст, пас чаро ба низоми ҷумҳурияти Афғонистон дар ниҳоят тавассути амрикоиҳо хиёнат шуд? Дақиқан чӣ касе пушти ин хиёнат аст? Давлати ҷумҳурихоҳи Трамп ё давлати демократи Байден ба таври ҷамъӣ ба бозгашти Толибон ба қудрат ва суқути Афғонистон кӯмак карданд...
- Ман фикр намекунам ин тасмими ҳизби ҷумҳурихоҳ ё демократи Иёлоти Муттаҳида буд. Ин тасмими “идораи чуқур” ё ба истилоҳ, “давлати амиқ” дар Амрико буд. Иҷоза бидиҳед ба шумо ёдоварӣ кунам, ки ин раванд барои аввалин бор тавассути Обама оғоз шуд, ки билофосила пас аз марги ибни Лодан музокира бо Толибонро оғоз кард. Сипас Трамп буд, ки аз Кобул хост аз тавофуқ бо Толибон дар Доҳа ҳимоят кунад. Сипас Байден, ки Трампро ба хотири таҳияи тавофуқи Доҳа муқассир донист, аммо бо ин вуҷуд онро лағв накард ва бештар тақвият дод.
Ба назари ман, хиёнат ба Афғонистон гуноҳи “давлати амиқ” дар Иёлоти Муттаҳида аст ва на ба таври хос аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ё демократ. "Давлати амиқ"-и Амрико як шабакаи идорот ва афроди бонуфуз аст, ки чунин стратегияҳоеро тадвин мекунанд, роҳҳои ояндаро интихоб мекунанд – онҳо тасмим гирифтанд, ки Афғонистон дигар арзиши ҳимояти қаблӣ бо тамоми авоқиби ношӣ аз онро надорад.
- "Давлати амиқ" дар Иёлоти Муттаҳида кист?
- Технократҳое, ки на Шумо ва на ман онҳоро мешиносем, онҳо бо васфи ҳар тағйир дар кори хеш ибқо мешаванд. Барои СиАйЭй, Пентагон, гурӯҳҳои лобии қавии зиёде дар он ҷо вуҷуд дорад, ки кор мекунанд ва онҳо талош мекунанд, ки зоҳири хориҷии давлати Иёлоти Муттаҳида бояд либерал ба намоиш гузошта шавад, аммо қудрати воқеии Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз либерал нест, ҳамеша тасмимгирӣ шакли амудиро дорад.
Барои мисол, ман бовар надорам, ки вазифаҳои раиси СиАйЭй ё раиси Пентагон гоҳе ва ё ҳаргиз дар ихтиёри трансгендер қарор бигирад. Асли тасаллути нухбагони восп (сафедпӯстони англосаксони протестант) дар воқеият вуҷуд дорад ва ин фарзия шӯхӣ нест. Ҳангоме, ки ниҳодҳои амрикоӣ ва мақомоти онҳо бояд аз мавозеъи гегемонии Иёлоти Муттаҳида дар ҷаҳон дифоъ кунанд, онҳо монанди диктаториҳои мунзабит ва сахт амал мекунанд. Агарчи аз назари зоҳири онҳо намои тақрибан либералнамунаро ба намоиш мегузоранд.
- Пас фикр мекунед, либерализм нақши воқеиро дар созмондеҳии қудрат дар Иёлоти Муттаҳида ифо намекунад?
- Бубинед, агар либерализм ба унвони як арзиш барои системи сиёсии Амрико муҳим аст, пас чаро Иёлоти Муттаҳида аз оташбас дар Фаластин ҳимоят намекунад? Миллионҳо нафар хостори оташбасанд. Бар зидди ҷанг эътироз мекунанд, миллиардҳо нафар аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои ибрози эҳсосоти худ истифода мекунанд, аммо давлати либерали Амрико онҳоро намешунавад. Аввал аз ҳама садои ҳамватанони худро намешунавад. Чун садои онҳо ва эътирозашон барои "давлати амиқ" дар Иёлоти Муттаҳида судманд нест, дар хатти манофеъ чуқури Амрико нест.
Либерализми амрикоӣ бисёр пешбинишуда амал мекунад. Агар як нафар бо постер барои эътироз дар Маскав берун биравад, ё чанд нафар дар Теҳрон шурӯъ ба эътироз кунад, пас ин тақрибан ба таври қатъ ба титри бузурги хабарӣ дар Иёлоти Муттаҳида табдил мешавад. Аммо вақте ҳазорон амрикоӣ Кохи Сафед дар Вашингтонро бо шиорҳои эътирозӣ муҳосира кунанд ё ҳазорон бритониёӣ ҷодаҳоро дар Лондон масдуд кунанд, ҳама талошҳо меварзанд, ки аз ин ки ин хабар дар фазои расонаии Иёлоти Муттаҳида ҷилавгирӣ шавад ва ё беаҳамият ҷилва дода шавад. Кушта шудани чанд украинӣ як фоҷиаи ваҳшатнок барои либерализми амрикоӣ аст ва марги даҳҳо ҳазор фаластинӣ фақат қурбонии иҷтинобнопазири ҷанг маҳсуб мегардад. Фикр мекунам, низоми амрикоӣ аз либерализм истифодаи интихобӣ ва салиқавӣ мекунад, ки дар хатти манофеъашон бошад ва вақте судовар набошад, онро нодида мегирад. Мақомоти амрикоӣ бозигарони хубе ҳастанд. Ман муддатҳост, ки мутаваҷҷеҳ шудам, ки як шаҳрванди одии амрикоӣ ва як мақоми амрикоӣ афроди комилан мутафовите ҳастанд. Амрикоиҳо одамҳои хубе ҳастанд, дуруст мисли намояндагони ҳама миллатҳои дигар. Бо ин ҳол, як мақоми амрикоӣ фардест, ки мустақиман ба чашмон шумо нигоҳ мекунад ва дар айни ҳол бешармона дурӯғ мегӯяд.
- Дар сиёсат, ҳадафи ағлаб василаро тавҷеҳ мекунад...
- Иёлоти Муттаҳида аз ҳар абзоре барои муҳофизат аз гегемония ва мавқеияти худ дар ҷаҳон истифода мекунад. Барои маъмурият ва асли манофеъи худи онҳо масоили ахлоқӣ ва ҳар усулеро нақз мекунанд. Ҳангоме, ки Иёлоти Муттаҳида дар мавриди як маъмурияти вежа дар хориҷ аз кишвар тасмим мегирад, аз тамоми имконоте, ки таҳти контроли онҳо аст, истифода мекунад.
Охирин сӯҳбатҳои ман бо мақомоти амрикоӣ аз тариқи телефон бо вазири умури хориҷа Антони Блинкен дар августи 2021 буд. Баъд ману раисҷумҳур Ғанӣ ба ӯ гуфтем, ки Толибон Кобулро муҳосира мекунанд, мо як тавофуқи амниятӣ бо Иёлоти Муттаҳида доштем, ки бар асоси он амрикоиҳо бояд аз низоми ҷумҳурият ҳимоят кунанд.
Дар посух Блинкен гуфт, ки шумо дар Афғонистон Қонуни Асосӣ доред, аммо ин як санади роҳгушо нест. Пеш аз он намояндагони Амрико мудом мегуфтанд, ки дастоварди аслии 20 соли ҳузурашон дар Афғонистон, Қонуни Асосии Афғонистон ва низоми мубтанӣ бар Қонуни Асосӣ аст. Дар августи соли 2021 мелодӣ яке аз мақомоти аршади Иёлоти Муттаҳида ошкоро гуфт, ки ин Қонуни Асосӣ як санади нодаркор аст.
Барои ҳама мақомоти амрикоӣ, ки оқои Блинкен яке аз онҳост, механизми тасмимгирӣ уфуқӣ нест, балки амудӣ аст. Ҳарфи баъди ӯ барои мо дарвоқеъ таъкид буд, ки бо ҳар қимате тасмими тарки Афғонистонро гирифтаанд. Ҳар чӣ дар бист сол гуфта буданд, аз ҳофизаҳояшон ҳазф шуда буд.
- Аз иттифоқоте, ки дар Афғонистон рух дод, чӣ дарсе гирифтед?
- Ман ба ҳама наслҳои ҷадиди Афғонистон тавсия мекунам, ки ин дарсро ба хотир бисупоранд. Ин дарс ба шарҳи зер аст: шумо дар ҳоли ҳозир ва дар оянда бисёре аз калимоти ширинро аз хориҷиҳо ва хосатан аз амрикоиҳо мешунавед, аммо бисёр муроқиб бошед.
Ба ин ҳарфҳо эътимод накунед. Ҳаргиз ба хотири ин калимот равобити худро бо кишварҳои ҳамсоя қатъ накунед. Фикр накунед, он чи аз амрикоиҳо мешунавед, дуруст аст. Ин мумкин тасвире бошад аз воқеият, ки бист, панҷоҳ ё ҳафтод дарсад росту воқеӣ бошад, аммо ҳеҷ гоҳе сад дарсад дуруст нахоҳад буд.
- Бисёре аз сиёсатмадорон, коршиносон ва рӯзноманигорони амрикоӣ ҳанӯз иддао мекунанд, ки иллати суқути ҷумҳурӣ дар Афғонистон фасоди бузурги давлат буд ва на хиёнати "давлати амиқ" дар Иёлоти Муттаҳида...
- Пас аз августи 2021 ман ба озодии расонаҳои ғарбӣ эътиқоди қаблиро надорам. Онҳо воқеан иддао мекунанд, ки далели аслии фурӯпошии низоми ҷумҳурият дар Афғонистон фасод буд. Фасод дарвоқеъ вуҷуд дошт, аммо аслан аз он навъ, ки расонаҳои амрикоӣ дӯст доранд дар мавридаш ҳарф бизананд, вуҷуд надошт.
Мехоҳам мавзӯъро бо як мисол тавзеҳ диҳам. Дар замони ҳузури Амрико дар Афғонистон, мутарҳои кӯчаки низомӣ ба исми “Ренҷер” ва “Пикап” ба кишвари мо таҳвил дода шуд, ки ҳар кадом 22-23 ҳазор доллар қимат доштанд. Дар айни ҳол будҷаи таъмир барои ҳар мутар низ бисту ду ҳазор доллар таъйин шуд. Механикҳое, ки кори тармимро анҷом медоданд, афғон буданд, аммо мудирияти онҳо ва қарордод дар дасти амрикоиҳо буд. Ҷузъиёти ин қарордодҳо ҳеҷ гоҳе дар ихтиёри давлати Афғонистон қарор намегирифт ва ин ширкати амрикоӣ "Нео Лемон (Neo Lemon)" ном дошт.
Ман, масалан, пурсидам, ки чаро муодили қимати як мутари пикапи низомӣ барои тармими солонаи он тахсис меёбад ва ҳеҷ гоҳе дар пои чунин қародод имзо накардам. Дар посух ба ман гуфта шуд, ки бархе аз афроди бисёр олирутба ин қарордодҳоро дар Амрико ҳимоят ва имзо мекунанд. Ин пули худи мост.
Вақте амрикоиҳо тасмим гирифтанд Афғонистонро тарк кунанд, мудири ширкати "Нео Лемон" ба Кобул омад ва гуфт, ки қарордодаш бо давлати Амрико солона ду миллиард доллар будааст. Сипас илова кард, ки омода аст то ҳамон қарордодро бо давлати Афғонистон ба маблағи дусад миллион доллар дар сол идома диҳад.
Вақте намояндагони Амрико аз пешниҳоди “Нео Лемон” воқиф шуданд, хеле хашмгин шуданд ва нигарон буданд, ки агар давлати Афғонистон битавонад айни қарордодро бо ҳазинаи кам татбиқ кунад, маълум хоҳад шуд, ки амрикоиҳо дуздоне ҳастанд, ки солона як миллиарду ҳаштсад миллион долларро зери номи Афғонистон ба кисаҳои худ мебурданд ва ин фақат як мисол аз бахши тармими мутарҳои пикап буд, яъне мутарҳои кӯчаки низомӣ.
Ҷулиан Ассанж боре бисёр дақиқ ва баҷо навишта ва сӯҳбат карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида барои дувумин бор аз Афғонистон хориҷ хоҳад шуд ва қудратро ба Толибон таҳвил хоҳад дод, зеро мақомоти амрикоӣ намехоҳанд мардуми кишварашон бифаҳманд контрактерҳо, ки чӣ миқдор пули ҳангуфт аз номи Афғонистон дуздидаанд. Ассанж гуфт, ки ин афрод мехоҳанд гуноҳону ҷиноёти худро бо кӯмак ба баргашти Толибон дафн кунанд. Гуфтаҳои ӯ рост аз об бадар омад.
Суқути ҷумҳурият дар Афғонистон ба далели фасод набуд, аммо фасод вуҷуд дошт. Иллати асосӣ фурӯпошӣ ва таҷзияи режими навъи низом, яъне ҷумҳурият набуд. Далели аслии фурӯпошӣ тағайюри онӣ дар таодули қудрат буд, ки реша дар тасмими "давлати амиқ"-и Амрико дошт. Онҳо дарвоқеъ доктринаи геополитикии бисёр қадимӣ аз даҳаҳои шасту ҳафтоди қарни бистумро гузина қарор доданд. Дар дидгоҳи ҷадиди Вашингтон кишварҳое чун Русияву Чин руқабо ва мухолифини воқеианд ва ҳар тасмим дар ин минтақа дар меҳвари ин дид мечархад. Амрикоиҳо дар ҳоли омодасозии нерӯҳои худ, сохтори иттилоотӣ ва фишору нуфузи худ барои як ҷанги бузурги дубӯъдӣ ё ҳибрид ҳастанд, ки қатъан дар оянда иттифоқ хоҳад афтод.