Нависанда: Муҳаммадусмон Наҷиб, генерали мустафъии артиши Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Вазъияти Осиёи Миёна бо тасомими эҳтимолии Путин ва Русия барои шиносоии расмии Толибон ва ҳазфшон аз феҳристи созмонҳои террористии таҳти пайгарди Русия нигаронкунанда аст. Ин нигарониро мо солҳои пеш матраҳ кардем. Магар мебинем, ки ғайр аз Тоҷикистон ҳама кишварҳои Осиёи Миёна дар хатти иштибоҳи Русияву Чин ва Эрон равонанд.
Толиби террорист дӯсти ҳеҷ касе намешавад ва мушкил аст, ки аз ҷангидани ниёбатӣ барои Амрико сарфи назар кунад, гарчанд кунун дар бозии дугона бо ҷаҳони Ғарбу Шарқ чанд соле ба умри ҳокимияти худ меафзояд. Ин нигарониҳо назди соҳибназарони сиёсӣ ва геополитикии минтақа ва Осиёи Миёна ба шиддат дида мешаванд. Чуноне, ки ахиран оқои Эргашев дар мавриди сареҳан мавзеи зидди бовар ба Толибон гирифта ва ононро ислоҳнопазир дониста ва тасмимҳои наздикии кишварҳоро бо Толибон хатои ҷиддии роҳбурдӣ медонад.
Бахтиёр Эргашев, мудири Марказ таҳқиқотии "Маъно» дар Ӯзбекистон гуфтааст, ки ба гузоришҳои Толибон дар бораи мубориза бо ДОИШ эътиқоде надорад. Оқои Эргашев гуфтааст, Толибон дӯст доранд гузориш диҳанд, ки бо ДОИШ-и Хуросон бо муваффақият меҷанганд, аммо ман чунин чизеро бовар намекунам.
Ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории “Красная весна”, ки рӯзи чаҳоршанбе, 3 апрел (15 ҳамал) мунташир шуда, гуфтааст: “Иттилоот аз Афғонистон ва манобеи мувассақи дигар ҳокӣ аз он аст, ки ДОИШ дар ҳоли густариш аст”.
Мудири Маркази таҳқиқотии “Маъно” дар Ӯзбекистон тавзеҳ додааст: “Ман шахсан интизори муваффақияти чандоне барои Толибон дар мубориза бо ДОИШ-и Хуросон ва соири созмонҳои террористӣ, монанди Алқоида ва Ҳизби исломии Туркистони Шарқии уйғурҳо надорам.”
Бахтиёр Эргашев мегӯяд, бархе кишварҳои Шӯравии собиқ [ба иштибоҳ] тасаввур мекунанд, ки метавон бо Толибон ҳамкорӣ кард ва бояд ба ин гурӯҳ имтиёзоте чун ҳазф аз феҳристи созмонҳои террористӣ дода шавад.
Ӯ тавзеҳ додааст: “Бархе ҷараёнҳои сиёсӣ ба ин назаранд, ки ҳамкорӣ бо ҷунбиши Толибон мумкин ва зарурӣ аст. Ин ҷараёнҳо бар ин боваранд, ки Толибон рӯзе ба афроди хуб, сулҳҷӯ ва мутамаддин табдил хоҳанд шуд. Ба занон тавҳин нахоҳанд кард, духтарон иҷозаи таҳсил хоҳанд дошт ва рӯзе қонуни асосии одиро иттихоз хоҳанд кард. Ин афрод мӯътақиданд, ки метавон бо Толибон роҳи оҳан сохт. Аммо ман фикр кунам ин кор иштибоҳӣ аст.”
Ин пажӯҳишгари ӯзбекистонӣ афзудааст: “Арзёбии ин, ки чӣ гуна ҳазфи Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ бар вазъияти кишварҳои Осиёи Миёна таъсир мегузорад, душвор аст.”
Бо ин ҳол ӯ таъкид кардааст: “Бо ҳазфи Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ ва ба расмият шинохтани эҳтимолии ин гурӯҳ, Толибон абзорҳо ва фурсатҳои бештаре барои кор дар кишварҳои дигар ва тарвиҷи идеологияи худ дар кишварҳои Осиёи Миёна пайдо хоҳанд кард.”
Мудири Маркази таҳқиқотии "Маъно" дар Ӯзбекистон бо ишора ба сиёсати Толибон дар мавриди эҷоди як ҳукумати шаръӣ, канор гузоштани як давлати секулор ва хонанишинии духтарон афзуд: “Дар ҳар кишваре аз Осиёи Миёна гурӯҳҳои хоссе вуҷуд доранд, ки нусхаҳое аз системаи ҳукуматиро, ки акнун Толибон дар Афғонистон ташкил медиҳанд, тақрибан идеали худ медонанд ва ҳозиранд, ҳатто фардо бо режимҳои секулор дар кишварҳои Осиёи Миёна мубориза кунанд.”
Оқои Эргашев ҳушдор додааст: “Ин силулҳои хуфта ҳанӯз вуҷуд доранд ва ҳарчанд сервисҳои иттилоотӣ ва созмонҳои муҷрии қонуни кишварҳои Осиёи Миёна бо муваффақият алайҳ онҳо меҷанганд. Аммо наметавонам бигӯям, ки ин кор мунҷар ба коҳиши хатари ҳамалоти террористӣ аз ин силулҳои хобида мешавад”.
Аз сӯи дигар феҳристи ҷиноёти Толибон ҳаррӯза дар дохили кишвари мо тавил шуда мераванд ва бештарин мардумони шимолӣ, Кобул, Шимолии Бузург ва тамоми кишварро бидуни назардошти ҳисси тааллуқи қавмӣ шиканҷаву зиндагиашонро тороҷ мекунанд. Кофист, ки касе барояшон бигӯяд, фулон касе мухолифи шумост. Бетафовут аст, ки паштун аст ё тоҷик ё ҳазора ё ӯзбек ё дигар ақвоми кишвар. Ҳамаро мебанданд ва мекашанд чунончи рӯзи гузашта як ҷавони панҷшериро тирборон карданд.
Гуфтанист, ки толибони террорист Афғонистонро ба пойгоҳи террористон табдил кардааст. Толибони террорист ба гувоҳии огоҳон аз беш аз бисту як гурӯҳи террористӣ мизбонӣ ва ҳимоят мекунанд. Аз сӯи дигар, тасфияи корӣ барои қудратгирии маҳаллӣ дар байни Толибон шурӯъ шуда, то ба ҳамаашон вазифа дода шавад. Ҳоло ҳар вазир, муовин, қумандон ва волӣ ба ақориби худ авроқи ҷаълии толибонӣ месозанд. Ахбори таъйиднашуда мерасонанд, ки то кунун дар маҷмӯъ ҳаштсад ҳазор толиб пайдо шудааст, дар ҳоле ки пеш аз суқут кулли толиб аз бист то ҳаштод ҳазор нафар беш набуд.
Иттилооти восила ба мо мерасонанд, ки 4 ҳазор толиб танҳо дар як муддати замони муайян аз Вардак ва 6 ҳазор толиб аз Ғазнӣ асноди ҷаълии толибонӣ гирифтаанд.
Пурсиш ин аст, ки чӣ гуна ҳоло ба таври куллӣ теъдоди 150 ҳазор варақи толибӣ танҳо аз Вардак сохта ва содир шудааст? Оё Вардак ин қадар зарфиятро дорад ё аз вилоёти дигар ба он ҷо меоянд ва санади толибӣ мегиранд?
Аз сӯи дигар, сериёли ҳазору як шаби зулмати толибонӣ дар Кобул поёне надорад. Толибон шабонгоҳ хонаҳои мардумро дуздӣ мекунанд. Дар бисту чаҳор соати гузашта ҳаддиақаллӣ дар се хона дар соҳоти Хайрхона ба баҳонаи талошӣ дохил шудаанд ва тило, пули нақд ва ҳатто телевизиорҳои мардумро дуздидаанд.
Дар як иттилои дигар, Толибон шабонгоҳ ба хонаи як доктари машҳури Афғонистон, ки чиҳил сол бидуни музд дар хидмати мардум буд, даромада, ҳама дору надорашро бурдаанд.
Чунин аст, ки мардум бояд қиём кунанд ва ба по хезанд, чуноне, ки Халилӣ имрӯз дар як баёнияе ахтор дод, то Толибон зулмашон болои мардуми ҳазораро поён бубахшанд ва дар ғайри он қиёми мусаллаҳона бар зиддашон шурӯъ мешавад. Беҳтарин замони қиём ҳамин акнун аст.