Раҳбари Ҷабҳаи озодӣ итминон дорад, ки муқовимат дар баробари режими террористӣ дар Кобул дар ҳоли афзоиш аст.
Нависанда: Андрей Серенко, хабарнигори "Независимая газета"
Манбаъ: Независимая газета (Русия)
Толибон (як созмони террористии мамнуъа дар Федератсияи Русия) дар вазъияти ҷанг бо мардуми Афғонистон қарор дорад ва ин амр муқовимати мусаллаҳона дар баробари режими онҳоро машрӯъ мекунад. Генерал Ёсин Зиё, раҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Андрей Серенко, сутуннависи “НГ”, чунин изҳори назар кард.
Дар канори Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд, Ҷабҳаи озодӣ нерӯи пешрав дар ҷунбиши муқовиматест, ки имрӯз дар Афғонистон дар баробари Толибон ва соири гурӯҳҳои террористие, ки амнияти минтақаро таҳдид мекунанд, дар ҳоли зуҳур аст.
Генерал Ёсин Зиё волии пешини вилояти Тахор, муовини раёсати амнияти миллӣ ва раиси ситоди кулли Артиши миллии Афғонистон буд. Имрӯз размандагони Ҷабҳаи озодии генерал Зиё муассиртарин амалиётро алайҳи Толибон дар шаҳрҳои Афғонистон, аз ҷумла Кобул ва Қандаҳор анҷом медиҳанд.
Генерал Ёсин Зиё, раҳбари Ҷабҳаи озодии Афғонистон бо мо арзёбиҳои худ дар мавриди вазъи сиёсӣ дар Афғонистонро ба миён гузошт.
- Ҷаноби генерал, вазъияти кунунии иқтисодӣ ва сиёсӣ-иҷтимоии Афғонистонро чӣ гуна арзёбӣ намуда ва паёмадҳои ду соли ҳукумати Толибон чист?
- Чигунагии авзоъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон дар зери ишғоли Толибонро бо муроҷиа бо фактҳои мавҷуд, ки бахши зиёди он мунъакискунандаи сиёсатҳои эъмолии идораи номашруъи Толибон аст, ба хубӣ метавон дарк кард. Толибон тамоми тааҳҳудоти байналмилалии Афғонистон, аз ҷумла узвият дар конвенсиюнҳои мӯътабари ҳуқуқибашарӣ ба сурати мушаххас конвенсиюни ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро нодида гирифта, аҳзоби сиёсиро мунҳал ва ҳокимияти қонунро дар нутфа хунсо намудаанд, занони Афғонистонро дар як қалам аз саҳнаи сиёсӣ-иҷтимоии ҷомеа маҳв кардаанд, мансубини ҳукумати пешинро ба гунаи ваҳшиёна мавриди куштор, таъқиб, шиканҷа ва озор қарор додаанд, манобеъи табиии Афғонистонро ба ҳароҷ гузоштаанд, зери унвони молиёт аз мардуме, ки тавонои пардохти нафақаи шабу рӯзи худро надоранд, аххозӣ мекунанд, дар байни ақвоми Афғонистон таассубу табъиз раво доштаанд, мардумони бумиро кӯчи иҷборӣ медиҳанд, муҳокимаи саҳроӣ бахше аз рӯйкардӣ рӯзонаашон аст, ҳарими хусусии мардумро аз байн бурдаанд, сиёсатҳои эъмолии режими номашрӯъи Толибон аст, бо ин вазъият чӣ гуна метавон авзоъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистонро баён кард? Хулоса ин ки Афғонистони зери султаи Толибон аз диди иқтисодӣ ва сиёсӣ дар бадтарин вазъияти мумкин қарор дорад, гузоришҳои ахири ниҳодҳои байналмилалӣ дар бораи вазъияти башарии Афғонистон такондиҳанда аст, Афғонистон шадидан вобаста ба кӯмакҳои башардӯстона ҷаҳонӣ шудааст. Ба ривояти масъулони Созмони Милали Муттаҳид 34 миллион инсон Афғонистон дар фақри зиндагӣ мекунанд, дар ҳоле, ки ҷамъияти кулли Афғонистон ҳудуди 40 миллион тон баровард мешавад, аз ҳамин нуқта шумо вазъияти иқтисодии Афғонистони зери султаи Толибонро дарк карда метавонед. Аз диди сиёсӣ иморати толибонии Кобул як режими мутлақулинон, тундраву мустабид аст, ки бархӯрди ин режим бо ҳуқуқу озодиҳои занон, омӯзиш ва саркӯби ваҳшиёнаи мухолифон ва ҳатто шаҳрвандони одӣ аз хусусиёти боризи ин режим аст. Толибон Афғонистонро ба лонаи амни ҳаросафганон, дӯзахи тамомаёр ва зиндони бузурге ба шаҳрвандони он бадал карда ва чеҳраи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ мағшуш ва мунзавӣ сохтааст.
- Бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон дар чӣ нуҳуфта? Чӣ касе ё чӣ чизе дар ин амр нақш доштааст?
- Бозгашти дубораи Толибон ба қудрати сиёсиро метавон дар ду бахш ба баррасӣ гирифт. Нахуст, буъди таърихии масъала ва ё чигунагии шаклгири органикии давлат дар чорчӯби қаламрави мавҷуди Афғонистон ва чигунагии робитаи ин ниҳод бо мардум дар ростои намояндагӣ аз онон. Афғонистон шояд яке аз маҳдуд кишварҳои ҷаҳон бошад, ки ҳеҷ гоҳ ба суботи сиёсӣ нарасида ва низомҳои сиёсӣ яке пайи дигар дар ин кишвар сарнагун шудааст. Шумо медонед, ки Толибон барои бори дувум қудратро ишғол карданд ва ба ҳамин тартиб ҳар гоҳ таърихи сиёсии Афғонистонро таъқиб кунем, дида мешавад, ки нобасомонӣ ва даст ба даст шудани қудрат ба шакли драматик ва хушунатбор, ҷузъи суннати сиёсии ин кишвар будааст. Кӯтоҳ агар баён кунам, омадани Толибон дар саҳнаи қудрат, албатта, бо қайди номашруъияти он як масъалаи тоза нест. Толибон буданд ва рафтанд, ҳоло дубора омаданд ва қатъан сарнагун хоҳанд шуд ва ин фарогард, мутаассифона, сарнавишти маҳтуми давлатдорӣ дар Афғонистон будааст. Яъне назми сиёсии пасотолибон низ ҳар гоҳ бихоҳад то, ба қавли маъруф, либоси чиркини гузаштаро бар тан кунад, ҳамчунон маҳкум ба сарнагунӣ хоҳад буд. Аз диди ман, далели умда ва таҳдоби сарнагунии низомҳо дар Афғонистон нуҳуфта дар ҳамин нукта аст.
Далели дувум, ки дар муқоиса ба мавриди аввал, ки баён шуд дар аҳамияти дараҷаи дувум қарор дорад, нуҳуфта дар муносиботи минтиқаӣ ва сархӯрдагии ҷаҳони Ғарб аз нокомиҳо ва нотавониҳои даврони ҷумҳурият дорад. Гурӯҳи Толибон дар 20 соли гузашта бо ҳимояти мустақими шуморе аз кишварҳо ва созмонҳои истихборотӣ алайҳи давлат, назми сиёсии навпо ва таҷрибаи пур аз озмуну хатои демократия ҷангиданд. Фақр, ноогоҳӣ ва муносиботи фарҳангӣ ва иҷтимоии ду сӯи марзи Дюранд, заминаҳои сарбозгирии онон аз табақоти нодору ҳошиянишинро бо сӯъистифода аз боварҳову эътиқодоти мазҳабии мардум фароҳам кард. Билохира, дар як муомилаи пинҳонӣ кишварро ишғол карданд ва акнун ҳам мо режими Толибонро бо ҳеҷ навъи сохтори эъмоли ҳокимияти машрӯъ ҳамхон намебинем, балки аз диди мо як гурӯҳи террористии ниёбатӣ аст, ки корбурди истилоҳоте, монанди давлат, ҳукумат ва низом дар пайванд бо ин гурӯҳ аслан мавзӯияте надорад.
- Тазоҳуроти густурда алайҳи диктатории Толибон дар Афғонистон вуҷуд надорад. Оё ин бад-он маъност, ки афғонҳо ҳукумати Толибонро пазируфтаанд ё ҳатто аз он ҳимоят кардаанд?
- Тазоҳурот як ҳаракати маданӣ-сиёсии мусолиматомез аст, ки дар баробари низомҳои посухгӯ, ҳадди ақал посухгӯ ба қонун, иттихоз мешавад. Толиб як ҷараёни террористиест, ки ҳеҷ гуна илзомияте нисбат ба ҳокимияти қонун надорад ва ҳар гуна ҳаракат дар мухолифат бо сиёсатҳои даҳшатафканонаи худро бо оташ посух медиҳад. Машрӯъияти муқовимати мусаллаҳона дар баробари Толибон нуҳуфта дар ҳамин амр, яъне адами тамкини толиб нисбат ба хостҳои барҳақи мардуми Афғонистон аст. Ҷараёне, ки ҳокимияти сиёсиро бо абзори хушунатомез ғасб карда ба чизе ҷуз хушунат ва қувваи қаҳрия тамкин нахоҳад кард. Баёни ин, ки ҳеҷ гуна тазоҳурот ва ё ҳаракате дар баробари Толибон вуҷуд надорад, бо воқеиятҳои мавҷуд дар Афғонистон ҳамхонӣ надорад. Мо шоҳид ҳастем, ки аз нахустин рӯзҳои ишғоли қудрати сиёсӣ тавассути Толибон, занон дар чанд шаҳри кишвар дар баробари ин ҷараёни террористӣ таҳаррукоти мусолиматомези маданиро ба роҳ андохтанд, аммо посухи Толибон чӣ буд? Зиндон, шиканҷа, ихтитоф ва нопадидсозии иҷборӣ. Ба ёд дошта бошед, ки Афғонистон як ҷомеаи суннатӣ аст ва дар чунин ҷомеа даст бурдан ба обрӯ ва иззати мардум як масъалаи одӣ нест.
Толибон бо бархӯрди саркӯбгарона ва бешармона бо занони Афғонистон дар канори намоён сохтани воқеияти вуҷудии худ дар ҳақиқат фотиҳаи хешро низ хондаанд. Посухи кӯтоҳ ба ин пурсиш ин аст, ки далели адами мавҷудияти тазоҳуроти маданӣ дар баробари Толибон сиришти ваҳшӣ ва террористии Толибон аст, ки албатта, муқовимати мусаллаҳона ҷои чунон ҳаракотро дар Афғонистон пур кардааст.
Дар як калом, на хайр; Ҷомеаи Афғонистон лабрез аз ангезаи истодагӣ ва эътироз алайҳи режими хунхор ва ҷинояткори Толибон аст. Аз он ҷое, ки таслимии Афғонистон ба террористони толиб ба масобаи як иттифоқи ногаҳонӣ ва ғайри қобили интизори мардум кишвари моро дар як шоки равонӣ қарор додааст. Шояд бархеҳо аз берун ин гуна тасаввур кунанд, ки эътирозе алайҳи Толибон вуҷуд надорад. Аммо ҳимояти ошкору пинҳони мардум аз гурӯҳҳои муқовимат, ба вежа Ҷабҳаи озодии Афғонистон, эътирозоти густурдаи занон ва духтарон дар дохилу хориҷи кишвар ва адами мақбулияти миллӣ ва байналмилалии Толибон далоили возеҳу равшан аз адами пазириши ин гурӯҳ ва режими террористии ононро ироа медиҳад. Аслан ман фикр мекунам, ки чунин бардоште на бо таърих, на бо ҷуғрофия ва на ҳам муносиботи иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон ҳамхонӣ надорад, ки мо тасаввур кунем мардум дар Афғонистон аз ин гурӯҳ ҳимоят кунанд.
- Муқовимат дар баробари режими Толибон дар Афғонистон чист? Нақши Ҷабҳаи озодии Афғонистон дар ин муқовимат чӣ хоҳад буд? Чӣ касе аз шумо ҳимоят мекунад, дар муборизаи худ ба чӣ касоне такя мекунед?
- Муқовимат дар баробари режими Толибон дар Афғонистонро барои мухотибони русӣ ба сурати кӯтоҳ чунин метавонам баён кунам. Муқовимати мо дар баробари Толибон дақиқан ҳамон корест, ки мардуми Русия дар баробари нозиҳо дар Ленинград (Санкт-Петербург) анҷом доданд. Ҷабҳаи озодӣ дар соли 2023 ҳамон кореро дар баробари нозиҳои толиб анҷом медиҳад, ки шумо дар соли 1941 дар баробари нозиҳои Олмон анҷом додед. Оё барои анҷоми чунин коре ниёз ба муҷаввизи кадом кишваре вуҷуд дорад?
Русҳо барои ҳифозат аз модар-ватанашон дар баробари нозиҳо аз кӣ иҷоза гирифта буданд? Кадом кишвар аз онон ҳимоят мекард? Масъалаи мо дақиқан ҳамин аст. Мо дар баробари як Аҳриман, ки ҳеҷ тафовуте бо нозиҳо надорад, аз ватан ва мардуми худ дифоъ мекунем ва барои модар-ватани худ меразмем. Ҳар кишвар, ниҳод ва ҷараёне, ки бидуни қайду шарт аз як муборизаи озодихоҳона дар баробари таваҳҳуш, барбарият, ифротият ва терроризми толибонӣ ҳимоят кунад, мавриди истиқболи мо аст, аммо нуктаи аслӣ дар ин ҳарф он аст, ки мо ҳар хел ҳамкориро бидуни кӯчактарин вобастагӣ пазиро ҳастем. Мо вобаста ба ҳеҷ кишвару ҷараёне на ҳастем ва на хоҳем буд, зеро барои озодии кишвар ва мардум худ меразмем. Дунё мукаллафияти ахлоқӣ барои ҳимоят аз мо ва муборизаи озодибахши мардуми мо алайҳи иморати хушунатбори толибонӣ дорад. Ин мубориза дар ҳар сурати мумкин идома хоҳад ёфт. Иҷоза диҳед то дари посухро бо сухани маъруфи Қаҳрамони миллии Афғонистон шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд тамом кунам: “Мо хоҳони ҳамкорӣ бо ҳама ҳастем, аммо ҳеҷ гуна вобастагиро намепазирем”.
Истодагӣ дар баробари Толибон, ҷиддитарин ниёзи имрӯзи Афғонистон ва ягона гузинаи машрӯъ ва маънодор барои барчидани бисоти иморати толибонӣ аз ин сарзамин аст. Мо ҳамонанди тамоми кишварҳо ва миллатҳои озоду мураффаҳ ҳаққи зиндагӣ ва бархӯрдорӣ аз назми сиёсии машрӯъ ва мабнӣ бар қонуну мутаносиб ба хостҳову ниёзҳои мардум ва ҷомеаи мо дорем. Толибон на танҳо, ки монеъи бузурге бар сари роҳи расидани мо ба ин ҳадафи бузург, аммо айнӣ ва дастёфти мардуми моанд, балки амалан Афғонистонро дар қарни 21 ба асри ҳаҷар (санг) баргардондаанд. Ин вазъият ба ҳеҷ инсони озода ва огоҳе қобили қабул нест. Поён додан ба султаи Толибон, супурдани қудрат ба масобаи амонати мардум ба худи мардум, барқарории низоми сиёсии мубтанӣ бар хосту иродаи мардум мантиқи вуҷуди Ҷабҳаи озодии Афғонистон ва муборизаи озодибахши он аст. Мо дар ин роҳи душвору дароз ба ирода, огоҳӣ ва шуури рушдёфта ва пӯёи мардумамон такя кардаем. Мо эътирози нуҳуфта дар матни ҷомеаамон алайҳи Толибон ва толибонизмро ба феълият дармеоварем.
- Ҳукумати Толибон то чӣ замоне дар Афғонистон идома хоҳад дошт?
- Ҳарчанд посухи ин пурсиши шумо дар бахши аввали саволи дувум қисман дода шудааст, аммо инҷо низ мехоҳам изофа кунам, ки режими толиб маҳкум ба сарнагунӣ аст. Низомҳои сиёсии қивом ва суботи худро дар нахустин рӯзҳои шаклгирии худ рақам мезананд. Толиб дар овони ғасби қудрати сиёсӣ дар 15 августи 2021 бо мухолифати қотеъ бо иродаи мардуми Афғонистон поёни кори худро рақам зад. Шумо чӣ фикр мекунед оё чанд тан муллои бесаводи бархоста аз мадориси Покистон тавоноии идора ва мудирияти кишваре ба печидагии Афғонистонро хоҳад дошт? Як режиме, ки дорои сифр дараҷаи машрӯъияти дохилӣ ва шинохти байнулмилалӣ аст то чӣ замоне давом хоҳад овард? Иқтисоди дар ҳоли марги Афғонистон то чӣ замоне мӯҳлат идомаи ҳаёт ба толибро хоҳад дод? Вуҷӯҳи нақдии кишварҳои ғарбӣ то чӣ замоне дар кисаи толиб сарозер хоҳад шуд?
Садҳо далел вуҷуд дорад, ки давоми ин режимро номумкин собит месозад, мунтаҳо дар ин васат як масъала арзиши бениҳоят ҳаётӣ дорад ва он ин ки ҷаҳон, бавежа минтақа ба паймонаи тадовуми режими толиб зарар хоҳад кард. Ба ҳар мизоне, ки толиб идома ёбад, дунё ва бавежа минтақаи мо зарар хоҳад кард ва терроризми толибонӣ, ҳаммонанди Ҷануби Осиё ба Осиёи Миёна низ сироят карданӣ аст, биноан, ба асоси як масали маъруфи форсӣ мехоҳам ба дунёву минтақаи мо гӯшзад кунам, ки "ҷилави зарарро аз ҳар ҷое, ки бигиред, фоида аст".
Аз диди мо режими Толибон умри дарозе нахоҳад дошт, мо барои барчидани бисоти наҳси он аз сарзаминамон дар зудтарин замони мумкин мутааҳҳид ва мусаммам ҳастем.
- Аз назари Шумо, режими онҳо дар як ва ё ду соли дигар чигуна хоҳад буд? Моилам пешбинии Шуморо барои пешрафти бештари авзоъ дар Афғонистон бидонам.
- Паёмадҳои хатарноки давоми режими Толибон, авомил ва заминаҳои суқути онро фароҳам хоҳад кард. Авзоъи иқтисодии Афғонистон ба вахомати бештар мегарояд, тадовуми хушунат, табъиз ва таассуби кӯри бунёдҳои иморати толибониро тазъиф мекунад, гурӯҳҳои муқовимат ва наҳзати озодибахш, ба шумули Ҷабҳаи озодӣ қудратмандтар мешаванд, эътироз дар баробари султаву истибдоди толибонӣ урёнтар, густурдатар, мутанаввеътар ва маънодортар мешавад, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа ба моҳияти террористӣ ва тундравонаи иморати толибонии Кобул бештар аз пеш мебаранд ва ба далоили мухталиф роҳе ба ҷуз аз ҳимоят аз доияи озодихоҳӣ ва муқовимати мардуми Афғонистон нахоҳанд дошт. Камо ин ки ба ҳар андоза, ки замон бештар бигузарад, Толибон бо густариши доманаи ҷаҳл, фақр ва ноогоҳӣ дар ҷомеа, заминаҳои сарбозгирӣ ва тадовуми султаи қурунивустоиашонро тақвият хоҳанд кард. Барои ояндаи кишвар ва мардуми мо хатарнок аст ва бояд ҳар чи зудтар ҷилави ин раванди масмум ва хушунатбор гирифта шавад.
- Арзёбии Шумо аз музокироти байнулафғонӣ ва натиҷаи он чӣ хоҳад буд? Оё Толибон гуфтугӯи сиёсӣ бо дигар гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон мувофиқат мекунад? Ё Толибон фақат роҳи ҷангро тарҷеҳ медиҳанд?
- Музокира бо толиб маънӣ надорад, зеро толиб ба чизе бештар аз байъат ё ба ибораи дигар таслимӣ қонеъ нест. Таслимӣ ба толиб, яъне даст баста худро таслими ҷаллод кардан аст. Ҳалли масъалаи Афғонистон дар шароити кунунӣ фаротар аз сатҳи тавоноии мардуми Афғонистон аст. Афғонистон ниёзманди мудохилаи ҷиддӣ ва маънидори дунё, бавежа, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст. Шӯрои амният бояд дар Афғонистон мудохилаи башардӯстонаро мавриди мутолиа қарор диҳад. Ягона роҳе, ки ҳамзистӣ дар канори толибро мақдур намоёнда метавонад иборат аз халъи силоҳи умумии Афғонистон тавассути Созмони Милали Муттаҳид, супурдани қудрати сиёсӣ ба тарафи севуми ғайриҷонибдор ва заминасозӣ барои интихобот аст. Ҳар се мавриди ёдшуда дар вуҷуди толиб ғайри қобили ҳусул аст. Толиб ё бояд тан ба мавориди ёдшуда диҳад ва ё бояд сарнагун шуда ва дар нутфа хунсо шавад, ҳамон коре, ки бо нозиҳо дар соли 1945 сурат гирифт. Аз диди Ҷабҳаи озодӣ на танҳо музокира бо толиб, балки интизору таваққӯъи музокира ва мусолиҳа бо толиб хушбоварона ва соддалавҳона аст. Толиб ба ҳеҷ амре ҷуз паҳн сохтани сайтараи сиёҳи худ қонеъ нест. Мо шоҳид ҳастем, ки ҳатто ононе, ки масалан, аз афви умумии Толибон истифода карда ва ба ватан баргаштанд, бо чӣ сарнавиште рӯбарӯ шуданд. Толиб дар ҳақиқат ба бунбасти сиёсату дипломатия расидааст ва ҳама медонем, ки бо расидан ба чунин бунбасте, оғози ҷанг иҷтинобнопазир аст.
Толибон ҳеҷ навъе боварӣ ба музокира ва гуфтугӯ надоранд, чун онҳо дар майдони музокира ва гуфтугӯ чизе ба гуфтан надоранд, онҳо фақат ба зӯру хушунат бовар доранд, ба ҳамин далел дар рӯйкарди муборизоти Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ҳеҷ гуна ҷойгоҳе барои гуфтугӯ ва музокира бо гурӯҳи Толибон вуҷуд надорад.
- Гурӯҳҳои террористие, монанди Давлати исломӣ (вилояти Хуросон) ва Алқоида дар Афғонистон чӣ қадар қавӣ ҳастанд? Чӣ таҳдиде метавонанд барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа эҷод кунанд?
- Гурӯҳҳои террористие, монанди ДОИШ-у Алқоида ва... аз диди фикрӣ ва идеология фарқе бо Толибон надоранд. Ҳардуи ин гурӯҳҳо дар миёни лояҳое аз Толибон тарафдорон ва ҳамфикрони худро доро ҳастанд. Возеҳтарин далел барои ин иддао кушта шудани Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи Алқоида тавассути амрикоиҳост, ки соли гузашта дар қалби Кобул зери султаи Толибон иттифоқ афтод. Аз сӯи дигар, чандин мавриди ҳамла болои таҷаммӯъоти шиаён дар ду соли гузашта сурат гирифта, агарчи дар зоҳир ба ДОИШ нисбат дода шуда, аммо ҳеҷ гуна санад ва мадраке дол бар роҳандозии ин гуна ҳамалоти бузург ва печида тавассути гурӯҳи ДОИШ мунташир нашудааст. Зеро ин гуна амалиётҳо дар сатҳи тактикӣ ва стратегӣ аз гузаштаҳо байни Толибон, ДОИШ, Алқоида ва ҳатто Толибони Покистон ҳамоҳангӣ ва тасҳил мешавад. Ускон ва истиқрори ҳазорон ҷангҷуи ДОИШ ё мустаиди ҷазб шудан ба суфуфи он дар манотиқи шимолии кишвар дар навори марзии Афғонистон ва Осиёи Миёна далели дигаре барои исботи ин муддаост.
- Пас аз хурӯҷ Амрико ва НАТО аз Афғонистон, бархурди афғонҳо бо муттаҳидони собиқашон чӣ гуна аст? Оё эътимод ба Вашингтон ва шарикони аврупоии он боқӣ мондааст? Натоиҷи озмоиш 20-солаи Ғарб дар Афғонистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Дар сиёсат манофеъ таъйинкунанда аст. Эътимод аз навъе, ки муносиботи одии инсонҳо маънӣ дорад, дар олами сиёсат бемаънӣ аст. Возеҳ аст, ки мардуми Афғонистон сархӯрда ва хашмгин ҳастанд, фикр мекунанд, ки бо онон хиёнат сурат гирифтааст, аммо боз ҳам мехоҳам таъкид кунам, ки ин худи мардум аст, ки бо ҳушмандӣ метавонанд манофеъи кишварии худро таъриф ва таъйин кунанд.
Бо ин ҳол, посух ба ин пурсиши Шумо ниёзманди таҳқиқу тадқиқи бештар аст. Аммо ба ихтисор метавон гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, НАТО ва дигар шарикони байнулмилаллӣ раванди пас аз тавофуқоти Бон барои эҷод, тақвият ва таҷҳизи қувои мусаллаҳ ва ҳамчунон ҳукуматдорӣ ва ироаи хадамот ба мардум ҳазинаҳои бузург ва қурбониҳои бешумореро мутаҳаммил шуданд. Ин фароянди бузург ва ҳазинабардор дар як бозаи замонии 20-сола фарозу фурудҳои зиёдеро тай карда ва бо озмуну хатоҳои бешуморе рӯбарӯ шуд. Фасод, нокорагӣ ва фуқдони дӯрнамо барои халқи ояндаи муштарак ва қобили қабул барои тамоми маҷмӯаҳои башарии Афғонистон тавассути сиёсиюни фоқиди дидгоҳи фароянди демократиро ба шикаст мувоҷиҳ кард ва билохира ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо сархӯрдагӣ Афғонистонро тарк кард.
Диду нигоҳи мардуми Афғонистон дар 20 соли гузашта ҳар тавре, ки буд, аммо султаи ҷаҳаннамии гурӯҳ Толибон дар ду соли гузашта ба ин ҳақиқат ишора ва таъкид дорад, ки Афғонистон наметавонад ва набояд аз ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрид шавад ва ҳамчунон ҳаёти хилвати гурӯҳҳои террористӣ ва тундравони идологии байнулмилаллӣ боқӣ бимонад.
Мардум дар ҷустуҷӯи бадил барои иморати толибонӣ дар Афғонистонанд ва мо дар Ҷабҳаи озодӣ дар ростои ҳамин хости ҳамагонии мардуми мо ҳаракат мекунем ва дар садади густариши равобит бо тамомии кишварҳое ҳастем, ки афкори умумӣ ва арзишҳои фарҳангӣ, тамаддунии онон Толибон, толибонизм ва гурӯҳҳои ифротӣ ва хушунатбори ҳамзоду ҳамсинхи ононро бар наметобад.
- Нақши Чинро дар буҳрони Афғонистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё Чин метавонад ҷойгузини Амрико ба унвони ҳомии аслии иқтисодӣ ва шарики сиёсии Афғонистон шавад?
- Мо ба сарнавишти имрӯзу ояндаи кишвар ва мардуми худи мо меандешем. Чин ба унвони як ҳамсояи қудратманд ва сарватманди Афғонистон, метавонад нақши барозанда ва таъйинкунандае дар муносиботи сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар дошта бошад. Аммо аз он ҷое, ки муносибот, ихтилофот ва рӯйкардҳои мутафовити кишварҳои зидахл дар қазоёи Афғонистон дар ним қарни гузашта яке аз авомили буҳрон ва бесуботӣ дар кишвари мо будааст, мо аз тамоми кишварҳои зидахл дар қазоёи Афғонистон таваққӯъ дорем то ба Афғонистон танҳо ба масобаи майдони ҷанг манофеъи сиёсӣ ва иқтисодиашон набинанд, таомул бо гурӯҳи Толибон аз манзари рақобат бо қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, на танҳо ҷафо ба ҳаққи мардуми Афғонистон аст, ки паёмадҳои зиёнборе ба сулҳу суботи минтақаиву ҷаҳонӣ хоҳад дошт.
Кишвари Чин ҳар гоҳ фикр мекунад, ки Толибон бо террористони уйғурӣ тафовути моҳиятӣ ва зотӣ дорад, ин як иштибоҳи маҳз аст. Ҳамчунон, ҳар гуна тавофуқ ва таомул бо Толибон бар сари манобеъи табиии Афғонистон аз ҷониби Чин ва ё ҳар кишвари дигар ба далели адами машрӯъияти Толибон, ғайри қобили қабул аст. Чин ба унвони як кишвари муҳим ва узви Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бояд ба сиёсати суннатии худ, ки иборат аз адами ҳимоят аз тарафҳои даргир ва ё адами мудохилаи низомӣ дар умури соири кишварҳо аст, пайравӣ кунад. Толибон амалан бо мардуми Афғонистон даргири ҷанг ҳастанд ва ҳар гуна ҳимоят аз толиб дар ҳақиқат ҳимоят аз як ҷанги номашруъ алайҳи мардуми фақири Афғонистон аст.
- Нақши Русияро дар Афғонистон имрӯзу оянда чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Нигариши Шумо нисбат ба мавзеъи Маскав дар буҳрони Афғонистон чист? Равобити Русия ва Афғонистонро чӣ гуна мебинед?
- Федератсияи Русия аз муттаҳидони калидии муқовимати Афғонистон дар даврони иморати нахусти толибонӣ буд. Дар 20 соли ҷумҳурият ҳам ба рағми ихтилофоте, ки бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дошт, аз прусаи демократия ва таъмини субот дар Афғонистон ҳимоят карда ва садҳо миллион доллар дар барномаҳои тавсеаии Афғонистон сармоягузорӣ кардааст.
Дар ду соли гузашта аз ба расмиятшиносии иморати Толибон худдорӣ карда ва нишастҳои муҳиммеро дар пайванд бо раванди сиёсӣ ва баррасии таҳаввулоти ҷорӣ дар Афғонистон мизбонӣ кардааст. Мо ба нақши ин кишвар дар ояндаи Афғонистон хушбин ҳастем ва умедворем то мавзеъи суннатӣ ва пойдори хеш дар зиддият бо Толибон ва мавҷи хушунати ношӣ аз тафаккури толибонии мутамоил ба густариш ва нуфуз дар Осиёи Миёна ва муттаҳидони Русияро бозёбӣ ва бозофаринӣ кунад.