Ба гуфтаи фармондеҳи низомии Ҷабҳаи муқовимат, раҳбарони Толибон, созмони мамнуъа дар Русия, дархостҳои Маскавро ҷиддӣ намегиранд.
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии сиёсатшиносони Русия, хабарнигори “Независимая газета”
Генерал Амирӣ, ки ағлаб ба унвони "ҳадафи шумораи як" барои режими Кобул шинохта мешавад, дар Панҷшер аст. Акс аз Холид Амирӣ
Толибон, Давлати исломӣ (ҳар ду мамнуъ дар Русия) ва дигар созмонҳои террористӣ дар Афғонистон дар ояндаи наздик таҳдиде воқеӣ барои кишварҳои минтақа хоҳанд буд. Дар ин бора генерал Холид Амирӣ, фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Андрей Серенко, сутуннависи “Независимая газета” изҳор дошт. Генерал Амирӣ то августи 2021 фармондеҳии воҳидҳои нерӯҳои вежа (камонду)-и Афғонистонро бар ӯҳда дошт ва бо ҷангиёни Толибон ва ДОИШ дар вилоёти мухталифи Афғонистон меҷангид. Имрӯз Холид Амирии 36-сола дар Панҷшер ба сар мебарад ва дар он ҷо амалиёти ҷангии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро алайҳи Толибон раҳбарӣ мекунад. Ин гуфтугӯ бо “Независимая газета” аввалин мусоҳибаи фармондеҳ Амирӣ бо хабарнигорони хориҷӣ аст.
– Оқои генерал, режими Толибон беш аз як солу ним аст, ки бар Афғонистон мусаллат аст. Натоиҷи ин моҳҳои ҳукумати Толибонро чигуна арзёбӣ мекунед? Толибон чӣ дастовардҳое доштааст?
- Толибон дар як солу ними тасаллут бар Афғонистон ҳеҷ дастоварде надоштааст. Аз назари иқтисодӣ, аз 35 миллион нафар дар Афғонистон, тибқи омори созмонҳои байналмилалии башардӯстона, 28 миллион нафар зери хатти фақр ҳастанд ва ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд. Таҳдидоти амниятӣ дар ҳоли афзоиш аст ва Афғонистон танҳо барои террористҳои байналмилалӣ ба макони амн табдил шудааст. Аз назари сиёсӣ, мардуми Афғонистон тавассути як гурӯҳи қавмии хос идора мешаванд ва соири ақвом аз тамоми сохторҳои сиёсӣ маҳрум ҳастанд. Дар даруни Толибон низ байни Толибони Қандаҳор ва Толибони Ҳаққонӣ ихтилоф вуҷуд дорад. Ва ҳар рӯз шикофи ин тазодҳо амиқтар мешавад.
Дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳанӯз ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият нашинохтааст ва бархе аз кишварҳои исломӣ, монанди Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Туркия ҳатто сафоратҳои худро дар Кобул баста ва дипломатҳои худро аз Афғонистон ихроҷ карданд.
Афғонистон ба тадриҷ дар ҳоли мунзавӣ шудан аст. Сатҳи беэътимодӣ дар миёни Толибон дар ҳоли афзоиш аст.
Бад-ин тартиб, бо таваҷҷуҳ ба далоили фавқ ба ин натиҷа мерасем, ки гурӯҳи террористии Толибон натавонист қобилиятҳо ва шоистагиҳои худро барои машрӯъият бахшидан ба худ дар сатҳи дохилӣ ва байналмилалӣ нишон диҳад.
- Ба назари Шумо аҳдофи Толибон чист?
- Толибон як гурӯҳи ифротии ниёбатӣ, қавмӣ ва хашини саркаш аст, ки дар пӯшиши дин амалан барои таъмини манофеъи бегона ба қавмгароӣ ва ҳазфи дигарон пардохтааст. Аз ҷумлаи ин аҳдоф метавон ба иҷрои сиёсати қавмии худхоҳона, иҷрои сиёсати мазҳабии хос, ҳимоят аз гурӯҳҳои террористии хориҷӣ, ҷазби сармоягузорӣ аз минтақа ва анбошти сарват, саркӯби қиёмҳои маҳаллӣ ва норизоиятиҳои иҷтимоӣ, ҳазфи ҷазоири худмухтори маҳаллӣ ишора кард.
- Чаро мардуми Афғонистон бо режими Толибон оштӣ карданд?
- Ман бо чунин формулбандии мавзӯъ мувофиқ нестам, афғонҳо ҳаргиз бо Толибон оштӣ накардаанд. Норизоиятӣ дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ қобили мушоҳида аст. Мардуми Афғонистон дар ҳоли ҳозир гаравгони Толибон ҳастанд.
- Ба ҷуз Панҷшер ва Андароб, то ба имрӯз ҳеҷ нишонае аз муқовимат дар баробари Толибон дида намешавад. Гурӯҳҳое аз ҷанговарони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳузур доранд. Имрӯз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар кадом вазъ аст?
- Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳар рӯз дар гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ва ҷуғрофиёии ҷомиа дар ҳоли густариш аст. Дар соли 2023 шоҳиди муқовимати мусаллаҳона дар баробари Толибон дар вилоёти мухталифи Афғонистон хоҳед буд.
- Чӣ касе аз Шумо ҳимоят мекунад?
- Мардуми одӣ аз муқовимати миллӣ ҳимоят мекунанд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре аз он ҳимоят накардааст, зеро таомул (-и ин кишварҳо) бо Толибон далели адами ҳимоят аз муқовимат аст. Аммо ин вазъият ба зудӣ тағйир хоҳад кард.
- Чашмандози Ҷабҳаи муқовиматро чигуна арзёбӣ мекунед? Чӣ аҳдоферо барои худ дар назар мегирад?
- Ҷабҳа мехоҳад як низоми сиёсии ғайримутамаркиз дар Афғонистон эҷод кунад. Он ба танҳоӣ намеҷангад, балки бо ҳамкории қабоил ва гурӯҳҳои иҷтимоии ҷойгузини Толибон меҷангад. Аҳдофи ҷабҳа раҳоии Афғонистон аз шарри Толибон ва соири террористҳои байналмилалӣ, эҷоди як давлати ғайримутамаркизи фарогири мубтанӣ бар иродаи мардум аст, давлате, ки дар он ҳама ақвом монанди хешовандон ва зери як сақф зиндагӣ кунанд, аз ҳуқуқи баробар ва фурсати зиндагӣ дар ҳамоҳангӣ бо якдигар ва бо ҷаҳон бархурдор бошанд.
- Имрӯз сӯҳбатҳои зиёде дар мавриди хатари эҳёи "Давлати исломӣ" (ДОИШ - мамнуъа дар Русия) дар Афғонистон вуҷуд дорад. Ба назари Шумо, ин таҳдид чӣ қадар ҷиддӣ аст? ДОИШ дар Афғонистон чист ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон чӣ эҳсосе нисбат ба ДОИШ дорад?
- Толибон аз назари идеология ва навъи рафтори ифротӣ ҳеҷ тафовуте бо ДОИШ ва соири террористҳо надоранд. Имрӯз, ДОИШ дар Афғонистон дар ҳоли густариш ва қудратмандтар шудан таҳти ҳокимияти Толибон беш аз ҳар замони дигаре аст.
ДОИШ тайи ҳафт соли гузашта фарозу нишебҳои зиёдеро дар Афғонистон таҷриба карда ва акнун дар ҳоли густариш аст. ДОИШ дорои қудрати фаъол ва билқувва барои ба даст овардани қудрат аст. Яке аз авомиле, ки ДОИШ-ро қавӣ мекунад, таниши Толибон бо Покистон аст. Ин гурӯҳи террористии хориҷӣ аз ин нигарон аст, ки фикр мекунад, Толибон мумкин аст бо покистониҳо муомила кунанд. Ба ҳамин далел аст, ки онҳо алоқаманд ба пайвастани ҷонибдорони ҷадид ба ДОИШ ҳастанд ва фақри физоянда дар ҷомеаи Афғонистон боиси қавитар шудани ДОИШ мешавад.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ фарқе байни ДОИШ, Толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ қоил нест, зеро ҳамаи онҳо на танҳо барои Афғонистон, балки барои минтақа ва ҷаҳон дар ояндаи наздик таҳдиде ҷиддӣ ҳастанд.
- Покистон чӣ нақше дар тақвияти режими Толибон ифо кард? Нуфузи ташкилоти покистонӣ, сервисҳои махфии Исломобод имрӯз бар қудрати Толибон дар Афғонистон чӣ қадар қавӣ аст?
- Нақши Покистон дар ҳимоят аз Толибон бисёр машҳуд аст ва вежагиҳои бисёре дорад. Бисёре аз аъзои баландпояи Толибон, бавежа Шабакаи Ҳаққонӣ (мамнуъ дар Русия) ва Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи Толибон, волиён ва мақомоти амниятии Толибон бо Созмони истихборотии Покистон муртабит ҳастанд. Охирин иттилоот нишон медиҳад, ки Покистон аз раҳбарии Толибон ва аъзои аршади Толибон ҳимоят мекунад, ки гузинаҳои таомул бо ҷомеаи ҷаҳониро нодида мегиранд.
Истихбороти Покистон ба унвони холиқи Толибон акнун мушовирони покистонӣ дар аксари вазоратхонаҳои соҳавӣ ва иқтисодии Афғонистон дорад ва вазири хориҷаи Покистон ба унвони вазири умури хориҷаи Толибон дар нишастҳои байналмилалӣ амал мекунад.
- Сиёсати Русия дар қиболи Афғонистонро чигуна арзёбӣ мекунед? Мавозеъи сиёсии Маскав имрӯз дар Кобул чист?
- Маскав ва бахусус намояндаи вежаи Русия дар умури Афғонистон, Замир Кобулов, дар талош ҳастанд то аз суқути Толибон ба дасти Ғарб ва бавежа Амрико ҷилавгирӣ кунанд. Маскав аз Толибон мехоҳад, ки бо ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористии Осиёи Марказӣ муқобила кунад, аммо манобеъи иттилоотӣ мегӯянд, ки Толибон хостаҳои Маскавро ҷиддӣ намегиранд, зеро Толибон ба пуле ниёз доранд, ки Маскав қодир ба таъмини он нест. Толибон тавассути Ғарб таҳрим шудааст, аммо Маскав коре наметавонад барои Толибон анҷом диҳад. Толибон эълом карданд, ки Маскав дар натиҷаи ҷанг дар Украина дар хатари инзивои байналмилалӣ қарор дорад, бинобарин намехоҳанд бо як кишвари мунзавӣ тиҷорат кунанд.
Маскав то кунун беш аз ҳама бар эҷоди як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул дар Кобул аз ҳисоби тамоми ақвом дар Афғонистон таъкид карда ва чандин нишасти минтақаӣ ва байналмилалӣ барои ҳалли мушкили Афғонистон баргузор кардааст. Аммо маълум шуд, ки ин амр дар тағйири вазъияти дохилии Афғонистон ва ҷалби ризояти худи Русия бетаъсир будааст.
- Имрӯз сӯҳбатҳои зиёде дар мавриди эҳтимоли бозгашти Амрико ба Афғонистон вуҷуд дорад. Оё фикр мекунед иттиҳоди Вашингтон ва режими Толибон мумкин аст?
- Беш аз ду сол аз иттиҳоди Толибон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бо имзои асноди пинҳони тавофуқномаи Доҳа (дар поёни феврали 2020) оғоз шуд, мегузарад. Ба гуфтаи Залмай Халилзод ва Том Вест (намояндаҳои вежаи собиқ ва феълии Иёлоти муттаҳида барои Афғонистон - "НГ"), Амрико ҳамеша дар мавриди ҳамкорӣ бо Толибон сӯҳбат кардааст. Аммо ба назар мерасад мавзӯъи ба расмият шинохтани Толибон то поёни давраи раёсатиҷумҳурии Ҷозеф Байден дар дастури кори Вашингтон қарор нагирифтааст. Агар Толибон ба занону духтарон иҷозаи кор ва таҳсил бидиҳад, як давлати фарогир ташкил диҳад, мавзеъи худро дар қиболи гурӯҳҳои террористии хориҷӣ мушаххас кунад ва ба ҳуқуқи башар эҳтиром бигузорад, он гоҳ чашмандози иттиҳоди қавитар байни Толибон ва Иёлоти Муттаҳида бисёр ҷиддӣ аст. Ва ба ҳар ҳол, Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ ҷойгузини дигаре надорад. Дар ғайри ин сурат таҳаммули шароите, ки ин гурӯҳ пеш меоварад, барои Амрико душвор хоҳад буд.
- Чин дар ҳоли нишон додани тамоюли худ барои ҳамкорӣ бо давлати Толибон аст. Чандин қарордоди иқтисодӣ байни Пекин ва Толибон имзо шудааст. Ба назари Шумо, ин қарордодҳо то чӣ ҳад қобили иҷро ҳастанд? Чашмандози фаъолиятҳои Чин дар Афғонистонро чигуна арзёбӣ мекунед?
- Чин ва Толибон шарики табиӣ нестанд. Чин зарфияти посухгӯӣ ба ниёзҳои Толибонро надорад. Толибон аз Чин ба ду сурат истифода мекунанд. Аввалан, Толибон наздикии худро ба Чин нишон медиҳанд ва аз ин корт алайҳи Ғарб истифода мекунанд - барои фишор бар Ғарб. Дувум, онҳо қарордодҳои иқтисодӣ бо Чин имзо карданд, то даромадҳои дохилии худро афзоиш диҳанд. Чин дар талош аст то роҳи Амрикоро дар Афғонистон думбол кунад, аммо Толибон таҳти фишори Ғарб, он тур, ки Чин интизор дошт, рафтор накард. Толибон ба дархости Чин барои маҳори гурӯҳи уйғури Туркистони Шарқӣ посухе надоданд. Толибон ҳамчунин ба дархости Чин дар масъалаи истирдоди бархе аз раҳбарони Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ (ETIM, мамнуъа дар Русия) худро такон надоданд.
Ба далели адами худкифоии иқтисодӣ, Толибон алоқаманд ба равобит бо теъдоди зиёде аз кишварҳо ҳастанд, ки ба онҳо дар бахши иқтисодӣ кӯмак кунанд ё метавонанд кӯмак кунанд. Бо дарки ин мавзӯъ, Чин бо Толибон тавофуқоте анҷом додааст, бидуни ин ки проектҳои амалӣ дошта бошад, балки барои “қатъи дасти дигарон”, онҳоро аз ин имтиёз маҳрум кардааст. Ҳеҷ як аз проектҳои мунъақидшуда бо Чин ба далели мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон дар амал қобили иҷро нест.
- Пешбинии шумо аз ояндаи режими Толибон чист? Ҳукумати онҳо дар Афғонистон то кай идома хоҳад дошт?
- Толибон Афғонистонро ба инзиво кашондааст. Толибон бо шеваҳои ифротии мазҳабӣ ва қавмӣ бар мардуми Афғонистон ҳукумат мекунанд ва худи мардуми Афғонистон ҳам акнун дар бадтарин шароити иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ба сар мебаранд. Ҳеҷ кишваре ҳозир нест Толибонро ба расмият бишносад. Ҳар рӯз, ки мегузарад, бар мизони ноамнӣ ва ҳузури террористҳои байналмилалӣ, монанди Аймон ал-Завоҳирӣ дар Афғонистон афзуда мешавад ва кишварҳои минтақа дар маърази таҳдиди ҷиддӣ қарор мегиранд. Ман дурнамои бисёр каме барои ҳукумати тӯлонимуддати Толибон дар Афғонистон мебинам.
- Чанд ҳафтаи дигар, яъне баҳори оянда, чӣ хабарҳое аз Афғонистон метавонем дошта бошем? Оё Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои муборизаи мусаллаҳонаи тӯлонӣ бо Толибон омода аст? Оё мусолиҳа байни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон имконпазир аст ва агар чунин аст, бо чӣ шароите?
- Бояд мунтазири ахборе аз ташдиди ҷанги чирикӣ дар Афғонистон ва ҳамалоти размандагони муқовимат ба шаҳрҳои бузург бошем. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бахше аз ҷанги оянда алайҳи Толибон хоҳад буд, на кулли ҷанг.
Ба назар намерасад, ки Толибон тарафдори рӯйкарди сиёсӣ дар қиболи ҳаллу фасли буҳрони Афғонистон ва музокироти сулҳ дар Афғонистон бошанд.
Ба далели даргириҳои дохилии Толибон, ки то кунун пинҳон будааст, Афғонистон мунзавитар ва бесуботтар хоҳад буд. Акнун даргириҳои дохилӣ байни Толибон аланӣ хоҳад шуд.
Кишварҳои минтақа аз таомул ва ҳамкорӣ бо Толибон ноумедтар хоҳанд шуд.
Ин имкон вуҷуд дорад, ки намояндагони Артиши миллӣ ва нерӯҳои амниятии собиқи Афғонистон барои анҷоми вазоифи худ бо даъвати бархе аз толибон ба Кобул бозгарданд, аммо ин бештар талоше барои ҳалли масъалаи қавмӣ аст то ёфтани роҳҳале барои поён додан ба ҷанг. Дар Афғонистон бидуни ташкили як ҳукумати ҷомеъи сиёсӣ ва қавмӣ дар кишвар, эҷоди як артиши муассир бо таркибе аз намояндагони чанд насли ноҳамгун ғайримумкин аст.
Ба назар мерасад рӯйкарди комиссияи тамоси Толибон бо бархе аз шахсиятҳои давраи ҷумҳурӣ низ шикаст хӯрдааст, зеро даъватшудагони Толибон наметавонанд мушкили бунбасти буҳрони амниятӣ ва адами машрӯъияти Толибонро ҳал кунанд.