Мусоҳибаи вежа бо Абдулалии Фоиқ, яке аз муҷриён ва муассисони “Иёлоти Муттаҳидаи Хуросон”
Мусоҳиб: Фирдавси Низом
Чанде қабл як гурӯҳи низомии дигар ба номи “Размандагони Хуросон” эълони мавҷудият кард. Аммо оқои Фоиқ мегӯяд, ин гурӯҳи низомӣ артиши “Иёлоти Муттаҳидаи Хуросон” аст ва бахши низомии як давлати соя аст, ки қаламрави Хуросон - Афғонистони кунуниро дар бар мегирад. Дар ин бора, ки оқои Абдулалӣ Фоиқ кист ва “Иёлоти Муттаҳидаи Хуросон” чист, аз забони худи ӯ мехонем:
- Ман Абулалии Фоиқ, аз Панҷашерам, тоҷикам, форсизабонам ва хуросониам. Мактабро дар Шаҳри Куҳнаи Кобул хонда, мадрасаи Абуҳанифаро хатм кардам. Баъдан раҳсипори Либия шудам. Дар Либия коршиносии “лисонс”-и худро дар даросоти исломӣ ва забони арабӣ гирифтам. Риштаи ман дин буда, исломшинос ҳастам. Даҳ пораи Қуръони Шарифро ҳифз кардаам. Соли 2001 аз Триполи, пойтахти Либия ба Лондон омада, кору таҳсилро идома додам. Соли 2007 ба Донишгоҳи Кингстон дохил шуда, коршиносии дуюмамро аз ин донишгоҳ гирифтам. Коршиносии аршад (мостарӣ)-ам дар риштаи сиёсат аз Донишгоҳи Лондон аст. Соли гузашта (2021) Донишгоҳи Окфордро дар бахши корофаринӣ ба итмом расонидам. Қарор буд, имсол ба Донишгоҳи Ҳарвард (Harvard) дохил шавам ва қабул ҳам шуда будам. Аммо омадани Толибон ба қудрати Хуросон, маро водор кард, ки тамоми нақшаҳои зиндагиамро тағйир диҳам. “Иёлоти Муттаҳидаи Хуросон”-ро бо тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳои Хуросон эҷод кардем.
- “Иёлоти Муттаҳидаи Хуросон” чист ва размандгонаш барои чӣ аҳдофи меҷанганд?
- Мо ҳукумати таъбидро сохтем бо номи “Иёлоти Муттаҳидаи Хуросон”, ки размандагони мо бахши низомии ин ҳукумат ҳастанд. Дар Хуросон барои таъмини адолат аз ду гузина бояд кор гирифт: ҳам қалам ва ҳам туфанг. Чун мо 21 сол корҳои маданӣ, фарҳангсолорӣ, девонсолорӣ, зеҳниятсозию калишасозӣ кардем, шӯрбахтона, он натиҷа надод. Як табори хеле ваҳшӣ, бо номи Толибон Кобулро дар панҷ рӯз тасоҳуб карданд. Агар мо хоста бошем, ки мардумсолориро дар Хуросон пиёда кунем, он бо зӯри туфанг хоҳад омад. Мо барномаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайрро танзим кардаем. Дар баробари инҳо бахши низомӣ ва истихборотии худро дар чор устони Хуросон эҷод карда, корҳои амалиро шуруъ намудем.
- То ҳол чӣ фаъолият низоми анҷом додаед?
- Бахши низомии “Иёлоти Муттаҳидаи Хуросон” дақиқан барои пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эҷод шудааст. Мо аз онҳо ҳастем, онҳо аз мо. Бале, як ҳамла доштем. Замоне, ки ин таборгароҳо, тамаддунгурезҳо, китобсӯзҳо ва ин ваҳшиҳои қарн аз ҳафт раҳгузар дохили Панҷшер шуданд, размандагони мо аз пушти онҳо файрҳои ҳавоӣ карданд, то онҳоро ба шакли равонӣ тарсонида, барои онҳо нишон диҳанд, ки мо вуҷуд дорем.
- Барои ҷанг муҳимот ва имконот лозим аст. Размандони шумо аз куҷо икмол мешаванд?
- Аз манзаргоҳи таърихӣ мардуми мо ҳам аз нигоҳи зеҳнӣ ва ҳам шаклӣ мусаллаҳ ҳастанд. Шумо дар ҳар хонаи хуросонӣ ҳадди ақал як силоҳ пайдо карда метавонед. Бадбахтона, ин табиист, ки мебоист ба ҷои он китоб мебуду қалам. Яъне ҳар хуросонӣ як туфанг дорад. Мо аз ин ҷиҳат ҳеҷ мушкил надорем. Лозим шавад бо арзонтарин қимат силоҳу муҳимот мехарем. Ҳатто аз худи Толибон. Мемонад интиқоли силоҳ, ки каме мушкил аст. Чун Толибон ҳама ҷоро дар назорат доранд. Истихбороти мо додаҳои ҳушмандро ҷамъоварӣ карда, шароити интиқолро муҳайё месозад. Хубтарин коре, ки анҷом додем, ин бахши истихбороти мост, ки бисёр ҳушманд ва дақиқ кор мекунад. Бидуни коркардҳои истихборотӣ мо кореро анҷом намедиҳем.
Размандагони мо комилан афроди низомӣ ва таҷрибадор ҳастанд. Террори аъзои баландмақоми низомӣ ва мулкии Толибон ҳадафи асосӣ аст, пасон шабехунҳои шабона ба қароргоҳҳои онҳо. Ҳамчунин паҳн намудани шабномаҳо аз тариқи масоҷид ва мадорис бахши дигари фаъолияти размандагони Иёлоти Муттаҳидаи Хуросон аст. Бояд бигӯям, ки ба ҷалбу ҷазби ҷосусҳо миёни Толибон талошҳои зиёд мекунем. То ҳол натиҷаҳои бисёр хубе дорем.
Аз нигоҳи афроди маслакӣ ҳам ҳеҷ гуна камбудӣ нест. Садҳову ҳазорҳо афроди коркуштаи низомиро аз тамоми дунё номнавис кардаем, ки омода ба ҷанг ҳастанд. Ҳазорҳои дигар тамос гирифта, ташнаи рафтан ба Хуросон ва ситонидани қассос аз толибони ваҳшӣ мебошанд. Ҳатто касоне ҳам мегӯянд, ки мо ҳам силоҳу ҳам кафани худро мехарем, фақат барои мо даҳлез боз кунед. Мо даҳлезро, ки боз кардем, мардуми Хуросон ҳисоби худро хоҳанд ёфт. Ба зудӣ шумо шоҳиди таҳаввулоти мусбате хоҳед буд. Умедворам, бо нишон додани натиҷаи хуби низомӣ кишварҳои ҳамсояи Хуросон бо мо ҳамкорӣ хоҳанд кард.
- Гуфтед: “Мо аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва онҳо аз мо”. Пас, чаро фаъолияти низомии худро мустақилона бо ном ва парчами дигар оғоз кардед?
- Мо як ҳаракат, ҳизб ва ҷунбиш нестем. Иёлоти Мутаҳидаи Хуросон як давлати миллӣ аст. Мо 135 саҳифа дастурнома ё Қонуни Асосӣ дорем, ки тамоми шохисҳои як давлати мудернро тадвин карда, ба матн даровардем. Ҳар ҷабҳае, ки дар дохили Хуросон бо Толибон меҷангад, қалби мо аст. Мо метавонем бо ҳамаи онҳо ҳамкорӣ кунем. Агар мутаваҷҷеҳ шуда бошед, дар дирафши худ парчами муқовиматро дар раъс қарор додаем. Мо аз муқовимати миллӣ ҳаргиз ҷудо набудем ва нестем. Шахсан ман бародари калонамро дар муқовимат аз даст додаам ва даҳҳо хешу ақрабои дигарамро ҳам. Аз нигоҳи сиёсӣ ва барномаҳои роҳбурдии стратегӣ мо набояд тамоми тухмҳои худро дар як сабад бигузорем. Таври намуна, замоне, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ба шаҳодат расид, давлаташ, суруди миллиаш ва ҳама ормонҳояш рафт. Тамоми дору надори мактабашро фурӯхтанд, чун Аҳмадшоҳ Масъуди дигар набуд ва бозтавлидашро таксир накарданд. Ба ин далел, ҷабаҳоте, ки дар нукоти гуногуни Хуросон шудаанд, ба манфиат аст, танҳо лозим аст, ки ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дошта бошанд.
Дар баъзе аз маворид дидгоҳҳои мо низ фарқ мекунад. Масалан, мо давлатеро бо номи Афғонистон намешиносем ва таҳмили ҳувияти “афғон” ба ҳама ақвомро қабул надорем. Роҳи мо ва нақшаи роҳи мо комилан воруна аст. Тамоми хостаҳои мушаххас ва хутути қирмизӣ дақиқанд. Аз хутути қирмизии мо убур ҳеҷ имкон надорад. Мо чор хостаи умда дорем:
1 - Забони мо порсӣ аст, на на дарӣ.
2 - Номи кишвар бояд Хуросон бошад, на Афғонистон
3 - Ҳувияти мо хуросонӣ аст, на афғон. Афғон яке аз таборҳоест, ки дар Хуросон рушд кардааст. Мо афғони хуросонӣ, тоҷики хуросонӣ, ӯзбеки хуросонӣ ҳастем.
4 - Мо бояд аз манзаргоҳи иқтисодӣ Хуросонро Сингапур бисозем. Дар ин маврид тарҳу барномаи возеҳ дорем.
- Аз нафъи гуногунии ҷаҳбаҳо гуфтед, вале чаро то ҳол ҳамоҳангӣ миёни онҳо нест? Ҳатто мо шоҳиди ихтилофоти онҳо ҳастем.
- Гапи Ҷабҳаи муқовимат ҷудост. Ин ҷабҳаи ҳузурист ва амалан дар муқобили Толибон меҷангад. Аммо, мутаассифона, баъзе ҷабҳаҳои дигар барои барҳам задани тавозуни қудрат эҷод шуда, мехоҳанд, агар дар оянда бо Толибон кадом муомилае сурат мегирад, барои худ ҷое созанд. Бештарашон маншур надорад, роҳи онҳо номаълум аст, хутути сурхашон ҳам дақиқ нест. Ҳамин далел аст, ки майдони ҷангу мубориза бо толиб рушд накард. Мегӯянд, мо ваҳдати миллӣ мехоҳем. Дар ҳоле, ки мо ҳиҷ гоҳ миллат набудаем. Аз манзарҳои ҷурғофиёӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ ҳаргиз яке набудаем. Қаҳрамонҳои ақвом доиман гуногун буда, яъне ҳар қавме барои худ қаҳрамон дорад, ки ақвоми дигар онҳоро қабул надоранд. Чун раванди давлатсозӣ як раванди мурчаӣ ва тасалсулӣ аст, ки аз поён ба боло сурат мегирад, на баръакс. Вале доиман талош шуда, аз боло ба поён оварда шавад ва мехостанду мехоҳанд, то ҳамаро маҷбур бародар созанд. Дар кулл, тафовутҳо хеле зиёданд. Мутлақан ҷанг дар Хуросон ҷанги қавмист. Ҷанги паштунҳо бо ғайрипаштунҳо. Падарони мо инро нагуфтанду сиёсат карданд. Чун одамҳои дилсӯзу сиёсатшинос набудаанд. Ҳар амири паштун омада, бағоват кардааст. Бубинед, дар асри 19 Амир Абдураҳмонхон, дар қарни 20 - Ҳошимхон ва дар қарни 21 - Мулло Умар қатли ом карданд. Яъне мо се қарн мавриди истисмор будем, аммо хомӯш. Натиҷааш дигар бармало шудааст. Замони хомушӣ гузаштааст. Насли нав дигар ҳаргиз таҳаммул нахоҳанд кард. Ин воқеиятҳо бояд дар фаъолияти ҷабҳа возеҳ карда шавад.
- Қавму таборгароӣ воқеияти Афғонистон буд ва бо омадани Толибон возеҳтар шуда, мухолифатҳо ба ҳадди ниҳоӣ расидааст. Дар паҳлуи ин паштунҳо низ воқеияти ин кишваранд. Бо ин мавқеи шадиде, ки нисбат ба паштунҳо гирифтаед, фикр намекунед, ки мубориза бо Толибон ва афкори онҳо бисёр сахту сангин хоҳад шуд?
- Аз нигоҳи осебшиносии иштибоҳӣ ва равони умумӣ мардуми мо, яъне ғайри табори афғон аз нигоҳи зеҳниятӣ таҷзия шудем. Мепизарем ё не, ин ҳақиқати талх аст. Чун аз муллои масҷид то сиёсатбозони мо дар ин бора чизе ба мо нагуфтанд. Онҳо фақат гуфтанд, мо як бародар ҳастем, вале аз тариқи ин бародарбозӣ мо саллохӣ шудему ба мушкилистону корвонсароӣ табдил шудем. Мо як раҳкори воруна тарсим кардем, ки мардуми худро дигар бозӣ надиҳем ва дар ин ҷода хеле сареҳу ҷиддием. Ба ин далел, роҳи мо мутафовиттар аст, вале мо бо ҳеҷ таборе дар Хуросон мушкил надорем. Баръакс, афғонҳо беш аз 270 сол бо мо мушкил доштанд.
- Баръакс, паштунҳо шуморо ба қавмгароӣ ва ангехтани низоъи қавмӣ дар ҷомеа гунаҳгор мекунанд...
- Бубинед, Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам аз нигоҳи ақидаи динӣ ва ҳам аз назари нубуғи сиёсиву низомӣ бемонанд буд. Пуре буд, ки дигар зода нахоҳад шуд. Ин марди бузург нақд мешавад, кӯлобию аҷири рус гуфта мешавад. Ҳазор туҳматро ба ӯ мезананд. Вақте, ки инҳо Аҳмадшоҳи Масъудро намепазиранд, ба Паёмабар (с) туҳмат бастанд, пас мо кистем? Вақте шумо либоси чиркини афғониро аз худ дур кардед, шумо душмани онҳо ҳастед. 270 сол инҳо ҳукумат карданд, омада, мегӯем, ки бояд барои сад сол сукут кунанд, пӯзиш бихоҳанд ва ғаромат бипардозанд.
- Пас, чӣ мекунед, ки ақвом гирди ҳам оянд ва Афғонистон ё ҳамон Хуросон дар ҷуғрофиёи феълӣ ҳифз шавад?
- Масъалаи таборгароӣ ба маразу сабки зиндагӣ дар миёни афғонҳо табдил шудааст. Чаро феминист, технократ, муллову охунд ва толиби афғон дидгоҳашон дидгоҳи афғонволӣ аст? Барои бақои афғонизм онҳо бо ҳар тариқе намехоҳанд, салобату қударти сиёсиро аз даст бидиҳанд. Вале чизе, ки бисёр бароямон муҳим аст, мо якумин сол мешавад, озодиҳои худро аз раҳбарони қулобиамон гирифтем. Яъне афғонизм дар пушти ин роҳбарони хоин пинҳон шуда буд. Маҳз ҳамин раҳбарҳои пушолӣ мегуфтанд, ки мо бародарему ваҳдати миллӣ дорем. Чун инҳо доду ситади иқтисодӣ ва арқомӣ, ҳатто пайвандҳои оилавӣ доштанд, вале баҳояшро кулли ғайрипаштунҳо мепардохтанд. Вақте Толибон омаданд, ҳамаашон фирорӣ шуданд. Акнун дар Ҳиндукуш фақат бачаҳои фақир ва деҳқон меҷанганд.
Ҳоло беҳтарин роҳи маъқул конфедератсия ва федерол аст. Ин барои худи паштунҳо низ хуб аст, яъне пайравони Мулло Умар бо ҳамин афкори гандидаашон метавонанд, дар ҷануб ҳукумат дошта бошанд. Як табори кӯчак дигар наметавонад, болои ҳамагӣ ҳукумат дошта бошад. Ин табор медонад, ки насли нав дигар сар фуруд намеорад. Онҳо дигар раҳбар надоранд. Худашон ё раҳбар ҳастанд ё раҳбаргуна меандешанд.
- Федералӣ кардани Афғонистон як чизест, ки аз ҷониби бархе қувваҳои зиддитолиб садо медиҳад. Ҳатто бархе ғайрипаштунҳое, ки чанд сол қабл мухолифи федерализм буданд, аз федерализм мегӯянд. Ба фикри шумо, паштунҳои зиддитолиб ҳам аз “Иёлоти Мутаҳиддаи Хуросон” пуштибонӣ мекунанд?
- Баҳсу гуфтумони мо набояд дигар дар сари афғонҳо бошад. Ин қавм садсолҳо ҳукумат карданд. Ҳоло дигар роҳ надоранд. Тамоми тамаркузамон болои таборҳои ғайри афғон бошад, мисли нуристониҳо, пашаиҳо, балучҳо ва монанди инҳо, зеро онҳо қарнҳо зери ситами афғонизм қарор доштанд. Маҳмуди Тарзӣ ду падидаро овард: яке дариро дар муқобили форсӣ гузошт, дигаре паштуро дар муқобили афғон, яъне тамоми ақвомро ҷабран афғон ва тамоми миллият ва кабилаҳоро паштун сохт.
Ҳоло мо падидаи огоҳидиҳиро пеш гирифтаем. Вақте мо мардумро огоҳ сохтем, дигар ниёз нест, ки ба дасти онҳо туфанг диҳем, худ роҳи худро пайдо мекунанд ва конфедератсия ё федеролизм сохта мешавад.