Арабистони Саудӣ аз таҷовузи Қирғизистон ба Тоҷикистон мутталеъ шуд
Манбаъ: “Риёз Дейли” (Riyadh Daily), Арабистони Саудӣ
Акрам Каримӣ, сафири Тоҷикистон дар Риёз гуфт, ки Арабистони Саудӣ дар мавриди таҷовузи Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани афроди зиёде, аз ҷумла кӯдакон шуд, мутталеъ шудааст. Каримӣ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе гуфт, Тоҷикистон тамоми иқдомоти таҷовузкоронаи Қирғизистонро, ки афроди бегуноҳ ва амволи онҳоро дар имтидоди марзи ду кишвар ҳадаф қарор додааст, қатъан маҳкум мекунад.
Каримӣ гуфт, ахиран дидоре бо Валид ал-Хураҷӣ, муовини вазири умури хориҷаи Арабистон доштааст, ки дар он вай “вазъияти кунунии даргирии Тоҷикистону Қирғизистонро, ки 14 сентябр ба думболи гулӯлаборони ногаҳонӣ тавассути воҳидҳои низомии неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бидуни ҳеҷ далеле оғоз шуд”, тавзеҳ додааст. Вай хотирнишон кард, ки аз таҷовузи бидуни сабабу баҳонаи Бишкек ба таври комил ба тарафи Саудӣ иттилоърасонӣ шудааст.
Каримӣ, ки баёнияи муфассали Сироҷуддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистонро дар бораи ин таҷовуз мунташир кард, гуфт: “Тоҷикистон Арабистони Саудиро муҳимтарин шарики худ дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақаӣ медонад ва моил ба тақвияти ҳамкориҳо бо ин кишвар дар ҳама сатҳҳо ва заминаҳо ба хотири манофеъи ду ҷониб аст". Вай афзуд, Тоҷикистон ахиран бо қарори худ аз 26 октябри 2021, муофияти визаи вуруд барои шаҳрвандони Арабистони Саудиро дар назар гирифтааст, ки аз аввали январи 2022 ба иҷро даромад.
Ин фиристода ҳамчунин ба ходими Ҳарамайни Шарифайн Малик Салмон ибни Абдулазиз, валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон ва ҳама мардуми подшоҳии Саудӣ ба муносибати Рӯзи миллии Арабистон табрику орзуи хайр кард.
Вай бо ишора ба баёнияи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди ин даргирӣ, гуфт, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо нигаронии шадид мавориди озор, фишор, табъиз ва озору азияти шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои бумии Қирғизистонро дар рӯзҳои ахир мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Дар 14 сентябри 2022, мақомоти маҳаллии ноҳияи Қадамҷой дар вилояти Бодканди Қирғизистон, нуқтаҳои савдо/мағозаҳои тоҷикҳои бумии сокин дар ин ноҳияро бастанд. Шаҳрвандони қирғизистоние, ки аз манотиқи марзӣ тахлия шуда буданд, ба таври ҳадафманд дар хонаҳои тоҷикҳои бумӣ дар ноҳияи Қадамҷой мустақар шуданд.
Дар ин баёния омадааст, ки 14 сентябр, соати 7:15-и субҳ воҳидҳои низомии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бидуни ҳеҷ далеле шурӯъ ба гулӯлаборони посгоҳи марзии Кехи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон карданд. Дар ҷараёни ин иқдоми таҷовузкоронаи бидуни далел, тарафи Қирғизистон аз хумпора (миномёт), мусалсал (пулемёт) ва дигар силоҳҳои сабук истифода кард.
“Дар натиҷаи гулӯлаборон ду тан аз нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кушта шуданд. Ҳамзамон, тарафи Қирғизистон нерӯҳо ва таҷҳизоти сангини бештареро ба манотиқи марзӣ мунтақил кард, ки боис шуд тарафи Тоҷикистон ба оташ посух диҳад”, - омадааст дар баёния. Дар ҳамон рӯз ҳудуди соати 14:10 билофосила пас аз эъломи оташбас, нерӯҳои низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои гурӯҳӣ ба шаҳракҳои Лангар ва Сари Бозор ва ҳамчунин сохтмони мактаби шумораи 47 – и ҷамоати Чоркӯҳ ҳамла карданд. Дар ин баёния омадааст, ки дар натиҷаи он мактабхонҳо ва муаллимони ин муассисаи омӯзишӣ захмӣ шудаанд.
Дар баёния омадааст: “Алорағми тавофуқ бар танишзудоии авзоъ ва хурӯҷи нерӯҳои изофӣ, дар 16 сентябр низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои сангин, посгоҳи марзии “Душанбе”-ро гулӯлаборон карданд”. Ҳамзамон низомиёни Қирғизистон ба манозили аҳолии Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён ва Кулканди шаҳри Исфара ва ҳамчунин Хистеварзу Овчиқалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд.
Дар идомаи ин баёния гуфта мешавад: “Алорағми тавофуқи оташбасе, ки дар сатҳҳои мухталифи мақомоти низомӣ ва ғайринизомии ду кишвар ҳосил шуд ва ҳамчунин бар хилофи ваъдаҳои Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, ки дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Самарқанд дода буд, 16 сентябр низомиёни Қирғизистон боз оташ гушуданд ва сохтмонҳои мактабҳои мутавасситаи шумораи 225 ва 64 – и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро тахриб карданд”.
Бино ба ин санад, дар шомгоҳи ҳамон рӯз, низомиёни Қирғизистон бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, аз худравҳои зиреҳӣ ба самти мошини ёрии таъҷилие, ки дар ҳоли интиқоли ғайринизомиёни маҷрӯҳ дар рустои Чорқишлоқи ҷамоати Зумради шаҳри Исфараи Тоҷикистон буд, шиллик карданд. Бар асоси ин баёния, дар натиҷаи ин ҳамлаи ғайриинсонӣ, панҷ шаҳрванди Тоҷикистон - як духтури ёрии таъҷилӣ ва аъзои як хонавода, аз ҷумла кӯдакони шаш ва панҷсола кушта шуданд.
“Дар 16 сентябр, раисони Комиссияи муштараки байнидавлатӣ дар ҷаласае дар мавриди оташбас аз соати 4-и баъд аз зӯҳр, ки дар протоколи шумораи 41 зикр шудааст, ба тавофуқ расиданд. Бо ин вуҷуд, ҷониби қирғиз аз паҳподи Bayraktar TB2 барои бомбаборони қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор гирифт”, - гуфта мешавад дар баёния.
Ба ин тартиб, дар натиҷаи ҳамлаи паҳпод ба сохтмони мактаби шумораи 8 ҷамоати Овчиқалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 6 ғайринизомии Тоҷикистон ҷон бохтанд. Дар ҷараёни ҳамлаи паҳпод ба масҷиде дар ҷамоати Овчиқалъача, 12 ғайринизомии Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафар аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола захмӣ шуданд. Низомиёни Қирғизистон бомдоди рӯзи 17 сентябр бори дигар бо нақзи оташбас ҷамоати Чоркӯҳ ва бахше аз ҷодаи Чорқишлоқи ҷамоати Чоркӯҳ дар шаҳри Исфараро хумпораборон карданд.
Дар ин баёния омадааст, ки дар ҳамон рӯз, низомиёни қирғиз бо истифода аз системи мушаки партоби чандгона (РСЗО) рустои Тоҷварони ноҳияи Лахши Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. "Дар натиҷаи ин ҳамла чандин ғайринизомӣ, аз ҷумла занон ва кӯдакон захмӣ шуданд ва се сохтмони маскунӣ тахриб шуд. Лозим ба таъкид аст, ки ҳеҷ мавриди даргирӣ дар ин минтақа сабт нашудааст ва тамаркузи нерӯҳо ва абзорҳои тарафи Қирғизистон дар ин минтақа бо дар назар гирифтани печидагии релеф беш аз як ҳафта тӯл мекашад”, - афзуда шудааст дар баёния.
Баёния меафзояд, “дар тӯли рӯз, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз РСЗО се бор ба самти маҳалҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳияи Лахш шиллик карданд. Ба мактаби шумораи 15 – и рустои Тоҷварон ҳамла карданд, ки дар натиҷаи он 3 мактабхон захмӣ шуданд”.
“Дар рӯзҳои ахир, тарафи Қирғизистон бо ҳадафи эҷоди тасвири "мутаҷовиз" дар симои ҳамсояи худ, бидуни дурӣ ҷустан аз дурӯғҳо ва кинояҳои ошкор, ба маъракаи иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон идома медиҳад ва дар натиҷа таниш дар минтақаи марзиро ташдид мекунад”, омадааст дар ин санад. Дар ин баёния, ки шарҳи муфассале аз таҷовузоти бедалели Ҷумҳурии Қирғизистон ироа шудааст, омадааст: “Дар 17 сентябр, раисҷумҳури Қирғизистон дар хитоб ба миллат, аз калимаи “душман” дар робита бо Тоҷикистон истифода кард”.