Хабари рӯз

“Сангар”: Ин ки ин матн ба Ҷумъа Фотеҳ, фармондеҳи Толибон дар Дарвозҳо тааллуқ дорад ё хайр, мо таъйид намекунем, аммо ҳақиқатҳое, ки дар он баён шудаанд, ҷойи баҳс надоранд.

Ирсолшуда аз манобеъи хос

Паёми нигаҳбонони қалъаҳои шомихи Дарвозҳо:

Хитоб ба бародарони сангаршикану азизи бадахшонӣ, ҳар як бародар: Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, Мавлавӣ Амонуддин Мансур, Мавлавӣ Шамсуддин Шариатӣ, Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф ва соири қумондонҳо ва муҷоҳидони ватандӯст, мардони сангарнишин, уламои киром ва ҷавонони шуҷои Бадахшон!

Тайи панҷ соли ҳокимияти истибдодии такқавмӣ, такзабонӣ ва такҷинсиятии як қабила, дидед, ки аз дин ва шариат ҳамчун абзори таҳкими султаи қавмӣ истифода шуд, аз боварҳои динӣ, сидоқати мо ва эътиқодоти шаръии ҷавонони ҳамсангари мову шумо истифодаи носолим сурат гирифт ва заминаи таҷовузи бегонагонро ба Бадахшон мусоид сохт ва мардуми моро ба чолишҳои мутааддид дучор ва норозӣ сохт.

Ҳоло мехоҳанд муҷоҳидини Бадахшонро алайҳи якдигар истиъмол кунанд ва бо куштани ҷавонони ғайюри Бадахшон, ба таҷовуз ва чаповули хоинонаи худ бештар идома диҳанд.

Инҷониб Ҷумъахон Фотеҳ, садои кӯҳҳои Помир ва даштҳои тахрибшудаи Бадахшонро мешунавам, ки дар банди зулм ва истибдоди ғосибони мутаассиби қабила меноланд.

Рӯдҳои хурӯшони Бадахшонро мебинам, ки аз хуни бегуноҳон сурх ва обҳои онҳо аз ҳафриёти золимонаи аъмоли Нурзаӣ гилолуд шудааст.

Ман муҳити зисти ватани худро мебинам, ки бемуҳобо тахриб мешавад.

Ман бародари ҳамсангари шумо, фарзанди ҳамин хокам; хоке, ки таърих, фарҳанг ва шарафи мо ва аҷдоди моро дар сина дорад.

Имрӯз аз шумо, на ба унвони як фармондеҳ, балки ба унвони як бадахшии боиззат ва як ҳамсангари ватандӯсту масъул, мехоҳам ва истимдод металабам.

Оё барои ин ҷангидем ва ҷиҳод кардем, ки маъодини зархези Бадахшон ба яғмо биравад, чаповул шавад ва сарваташ ба ҷайби нурзайҳои бегона (нурзайиҳо – қавме, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон аз он баромадааст – “Сангар”) сарозер шавад ва мардуми мо аз фақру бекорӣ ҳозир ба фурӯши духтарони маъсуми худ гарданд?

Оё барои ин ҷиҳод кардем, ки киштзорҳоямонро зери тракторҳои ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ ва мафияи Нурзайи қочоқбар (Башири Нурзай, қочоқбари маъруфи ҷаҳон, ки тиҷорати тиллову маводи мухаддирро дар Афғонистон контрол мекунад ва ҳамқавми раҳбари Толибон аст – “Сангар”) поймол кунанд ва чарогоҳҳо ва киштзорҳои мо зери суми шутурон ва гӯсфандони кӯчиҳо нобуд шавад?

Оё барои ин мубориза кардем, ки дар идороти вилояти мо касоне ҳокимият кунанд, ки ба забон ва фарҳанги мо ноошно бошанд?

Оё ин инсофу ғайрат аст, ки дар Ҳилманд кишти кӯкнор равнақ дошта бошад ва ҳарими хонаҳои мардуми мо дар Аргу, Даройим ва Хош мавриди таҷовузи бегонагон ба номи ҷустуҷӯи кишти тарёк қарор бигирад ва ба навомиси мо беҳурматӣ сурат гирад?

Оё ин адолати исломӣ аст, ки духтарони Бадахшон, тибқи русум ва фарҳанги ғайришаръии қабилавӣ, аз ҳаққи омӯзиш, таҳсил ва кор маҳрум шаванд ва писаронамонро ба мадорисе бифиристанд, ки ҷуз марг ва интиҳор чизе ба онон намеомӯзанд, то ҳокимияти истибдодии худро бештар мустаҳкам созанд?

Не, ҳаргиз не! Ин не ислом аст, не шариат аст, не адолат ва не амонат!

Бародаронам!

Шумо, ки аз табори тоҷик ва аз насли қаҳрамонони Бадахшон ҳастед, барои озодӣ, барои шараф, иззат ва боварҳои динии худатон размидаед, бидонед, ки ҳокимияти Қандаҳор ба шумо ҳам эътимод надорад ва муддате ҳамчун пешмарг ва василаи таблиғ аз шумо истифода мекунад.

Шуморо ҳамчун муслиҳ барои музокира фиристодаанд, то бо истифода аз таҷрибаи аҷдоди ғаддорашон маро таслим ва нобуд кунанд, муҷоҳидини моро халъи силоҳ кунанд ва Дарвозҳоро ғасб кунанд.

Ҷаноби Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат!

Шумо ва муҷоҳидини шуморо ба сафи муқаддам фиристодаанд, то ба хуни худ ва мардуми Бадахшон ранг бибахшед ва хуни ҷавонони бадахширо фидои истибдоди қабила созед, аммо замоне ки ман саркӯб шавам, ки ин орзуро ба хок хоҳанд бурд, фардо навбати шумо ва ҳамсангарони шумо хоҳад буд.

Агар имрӯз ман халъи силоҳ шавам, фардо шуморо ҳам халъи силоҳ мекунанд, шуморо ҳам ба ҷурми доштани пойгоҳи иҷтимоӣ дар Бадахшон таҳаммул намекунанд. Ба баҳонаҳое бадном ва маҳкум мекунанд ва мавқеъ ва номатонро аз таърихи ин сарзамин пок месозанд.

Агар имрӯз бо бародарони Дарвозии худ барои дифои Бадахшон барнахезед, фардо барои дифоъ аз худ ва мардуми худ ҳам дер хоҳад буд.

Биёед, ба истибдоди қабила, не бигӯем!

Бадахшон ватани мост; маҳди тамаддун ва гаҳвораи шуҷоати мост. Ин хок барои мо амонат аст; дар баробари насли ҷавон масъул ҳастем.

Ман аз шумо мехоҳам, ки силоҳҳои худро ба сӯи бародарони Дарвозӣ ва Бадахшонӣ нишона нагиред. Ба сафуфи мардуми худ бипайвандед. Даст дар дасти ман бигузоред, то ин ҳокимияти золимонаи қабилавиро бишканем. Биёед нишон диҳем, ки Бадахшон ҳаргиз зери бори зиллат намеравад. Биёед бо ваҳдати худ таърихро дубора бинависем.

Акнун лаҳзаи тасмим аст. Агар бо ин паём мувофиқат кунед, бидонед, ки Худо бо мазлумон аст, таърих ва мардум бо мост ва наслҳои оянда номи шуморо бо ифтихор ба забон хоҳанд овард.

Аз марг ва аз даст додани вазифаҳои рамзӣ натарсед, аз зиллату беҳурматӣ ва хор шудани бадахшониҳо битарсед! Аз заҷҷаи ятимон ва бевазанон ва духтарони маъсум битарсед.

Биёед ба нидои мардум, хун ва хоки Бадахшон посух диҳем ва шарафи Бадахшонро бозгардонем.

Ватан, тамаддун, фарҳанг ва ояндаи мо ва авлоди мо дар гарави тасмими имрӯзи шумост.

Бародаронам, вақти он расидааст, ки бедор шавем. Мунтазири тасмими ватандӯстона, масъулона ва шуҷоонаи шумо ҳастам.

Ҳамсангаратон

Алҳоҷ Ҷумъа (Фотеҳ)

9 муҳаррамулҳарам 1448 ҳиҷрӣ

24 июни 2026


Дин

Тероризм

02-авг-2026 By admin

Муқовимат на танҳо…

Набардҳои ахир дар вилояти Бадахшон нишон медиҳад, ки бо фишори пайвас

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!