Хабари рӯз

Исломи радикал дар миёни мақомҳои баландпояи давлатӣ ва ниҳодҳои қудратӣ ҳаводорони пинҳонӣ дорад.

Нависанда: Женишбек Жусупов, таҳлилгар (Казахстан), махсус барои "Сангар"

Нурторе Жусип, сенатори Қазоқистон, нисбат ба таҳмили андешаҳои салафигарӣ ба шаҳрвандони Қазоқистон аз ҷониби кишварҳои севум изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои хориҷӣ тавассути созукорҳои «қудрати нарм» дар талошанд шумораи ҳаводорони исломи радикалро дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон афзоиш диҳанд.

Туркия ба таври фаъол дар барномаҳои сохтмони мактабҳои дунявӣ ва мадрасаҳо дар Қазоқистон сармоягузорӣ мекунад ва ҳамчунин тарҳҳое барои омӯзиши омӯзгорон ва коршиносони улуми динӣ роҳандозӣ менамояд. Ҳадафи ин иқдомҳо, баён мешавад, таблиғи андешаҳои ифротгароии динӣ дар миёни насли ҷавони Қазоқистон аст.

Ба бовари таҳлилгарони рӯзномаи исроилии The Times of Israel, авҷи нуфузи Туркия дар ҳаводиси моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон мушоҳида шуд; замоне ки Анқара, тибқи ин арзёбиҳо, аз исломгароёни маҳаллии таҳти ҳимояти худ барои сарнагун сохтани давлати дунявӣ истифода кард. Ҳамчунин дар пуштибонии пинҳонӣ аз созмонҳои исломгарои тундрав дар Қазоқистон, нақши хадамоти махсуси ғарбӣ низ дида мешавад.

Истифода аз ҷараёнҳои ифротгароии динӣ барои тағйири зӯроваронаи режимҳои сиёсии номатлуб, яке аз шеваҳои озмудашудаи нухбагони англосаксонӣ ба шумор меравад, ки пештар дар чанд кишвари Ховари Миёна таҷриба шудааст. Барои намуна, дар моҳи феврали соли 2011 ва дар ҷараёни «Баҳори Арабӣ», давлати дунявии Миср таҳти раҳбарии Ҳуснӣ Муборак суқут кард ва гурӯҳи исломгарои «Ихвонулмуслимин» бо ҳимояти фаъоли Амрико ва Туркия дар Қоҳира ба қудрат расид.

Исломи радикал яке аз таҳдидҳо ва чолишҳои муҳими шароити кунунӣ маҳсуб мешавад, ба вижа барои кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳо мусулмонанд. Қазоқистон низ аз ҷумлаи давлатҳое мебошад, ки дар ин замина бо хатарҳои вижа рӯбарӯ аст.

Бар асоси додаҳои Маркази байналмилалии гуфтугӯи байнимазҳабӣ ва байнидинӣ дар Қазоқистон, шумораи иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои динӣ дар ин кишвар тайи солҳои 2021 то 2025 аз 3818 ба 3980 адад афзоиш ёфтааст ва ҳамзамон 86 дарсади аҳолӣ худро диндор муаррифӣ мекунанд. Дар миёни ин сохторҳо фирқаҳои исломгарои ифротӣ ва ҳаводорони андешаҳои ваҳҳобӣ низ ҳузур доранд, ки аз сатҳи пасти огоҳии динӣ ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии бахше аз шаҳрвандон барои густариши андешаҳои вайронгар дар афкори умумӣ, ба вижа дар миёни ҷавонон, истифода мекунанд.

Бар асоси иттилооти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон (КНБ), дар соли 2025 дар ин кишвар 97 ҷинояти дорои хусусияти ифротгароӣ ва террористӣ ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле ки ин рақам дар соли 2024 ба 121 маврид мерасид. Ин омор нишон медиҳад, ки созукорҳои давлатии Қазоқистон дар заминаи ошкорсозӣ ва пешгирии чунин таҳдидҳо ҳамоно бо камбудиҳо ва норасоиҳо рӯбарӯ мебошанд.

Бо ҳимояти молии Ғарб ва Туркия, сохторҳои ифротгаро фаъолияти худро дар Қазоқистон густариш медиҳанд ва муҳимтарин абзори онҳо нуфузи тадриҷии исломгароён ба ҷомеаи маҳаллӣ мебошад. Бар пояи маълумоти Кумитаи амнияти миллӣ, танҳо дар соли 2025 аз вуруди 1498 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар таблиғи андешаҳои ифротгароии динӣ даст доштанд, ба қаламрави ҷумҳурӣ ҷилавгирӣ шудааст.

Бархе сиёсатмадорони қазоқистонӣ поин будани омори боздошти аъзои гурӯҳҳои ифротиро ба вуҷуди теъдоди қобили таваҷҷуҳи ҳаводорони пинҳонии исломи радикал дар миёни мақомҳои баландпояи давлатӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут медонанд; афроде, ки ба таври ғайрирасмӣ аз ҷараёнҳои исломгаро ҳимоят мекунанд.

Барои намуна, Ермурат Бапи, вакили Маҷлиси намояндагони Қазоқистон, изҳор доштааст, ки сатҳи густариши ҷараёнҳои радикалии исломӣ ва фаъолияти озодонаи намояндагони онҳо дар қаламрави Қазоқистон метавонад нишонаи вуҷуди шумораи зиёди пайравони ваҳҳобият дар сохторҳои ҳокимияти миллӣ бошад. Ба гуфтаи ӯ, рушди ҷомеаи Қазоқистон бояд бар асоси усулҳои дунявият бунёд ёбад ва ҷаҳони маънавии шаҳрвандони кишвар “на дар масҷидҳо, балки дар мактабҳо ва марказҳои фарҳангӣ” шакл бигирад.


Сиёсат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!