Чаро Масъуд ҳамоно истихбороти хориҷӣ ва муздурони афғонии онҳоро ором намегузорад?
Нависанда: Баҳор Чӯпон, рӯзноманигор (Афғонистон)
Пешгуфтори “Сангар”: Теъдоде дербоз дар шабакаҳои иҷтимоии Афғонистон ба тахриби шахсияти Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, зӯр мезананд, ки яке ба номи Руҳ Яъқубӣ, як “рӯзноманигор” ё шояд омили нуфузии истихбороти Инглису Амрико аст. Вай бо овардани собиқ кормандони СиАйЭй ва ЭмАй6 ба суҳбат талош мекунад, корномаҳои Масъудро таҳти суол қарор диҳад. Дар бораи кистиву чистии Масъуд 50 сол ба ин сӯ шахсияту расонаҳои ҷаҳон навиштанду менависанд ва башарият огоҳ аст, ки ӯ як шахсияти истисноӣ дар таърихи Афғонистон аст. Ин ки истихбороти хориҷӣ аз ӯ хотири хуш надоранд, он ҳам ба ин хотир аст, ки Масъуд барномаҳои онҳоро дар Афғонистону минтақа барбод дод. Онҳо бо қурбонӣ додани афроди худ ва харҷи триллионҳо доллар натавонистанд дар Афғонистон муваффақ шаванд. Таблиғоте, ки ҳоло ба дасти “муздурони афғонӣ”-и хеш ба роҳ андохтаанд, ин ҳамоно тарс аз он аст, ки ӯ дигарбора барнагардад. Аммо ӯ боз бармегардад ва онҳоро дигарбора шикаст хоҳад дод. Руҳи Масъуд бо руҳи Афғонистон дар ҳам танида, ҷовидонӣ шудааст ва онро касе тахриб карда наметавонад.
“Сангар” аз рӯзноманигори тавонои Афғонистон Баҳори Чӯпон хост, ки нигоҳи худро ба ин мавзуъ баён кунад:
- Ҷавоне ба номи Руҳ Яъқубӣ, ки гардонандаи подкаст ва канали YouTube аст ва бо шуморе аз мақомоти пешини низомӣ, иттилоотӣ ва сиёсии Амрико ва Бритониё подкаст сабт мекунад ва гуфтугӯҳои расонаӣ анҷом медиҳад ва дар бозтоби бархе аз завоёи пинҳон, ривоятҳои камтар шунидашуда ва баррасии чароии бисёре аз рӯйдодҳои сиёсӣ ва амниятӣ нақши фаъол дорад, бешубҳа кори арзишманде анҷом медиҳад. Бо ин ҳол, ҳамонанди ҳар кори расонаӣ ва пажӯҳишии дигар, фаъолияти ӯ низ аз хато ва лағзиш масун нест.
Ба назар мерасад, ки Яъқубӣ гоҳе истинод ба собиқаи кории як фард дар созмонҳое монанди CIA ё дигар ниҳодҳои иттилоотии ғарбиро ба танҳоӣ ҳамчун далели кофӣ барои пазируфтани дурустӣ ва саҳеҳияти суханони ӯ талаққӣ мекунад ё ба гунае сухан мегӯяд, ки ин тарзи талаққиро ба мухотаб талқин кунад.
Ҳол он ки чунин бардошт ҳатман бо воқеиятҳои кори иттилоотӣ созгор нест. Дар сохторҳои амниятӣ ва иттилоотӣ, иттилоот ба сурати табақабандишуда ва бар асоси асли “ниёз ба донистан” тавзеъ мешавад. Аз ин рӯ, ҳатто афсарони аршад ва кормандони бособиқа низ маъмулан ба ҳамаи абъоди як парванда, амалиёт ё тасмими сиёсӣ дастрасӣ надоранд ва огоҳии онҳо аксаран маҳдуд ба ҳавзаи маъмурият ва масъулияти худи онҳост.
Афзун бар ин, дар дунёи иттилоот ва ҷосусӣ, сукут низ ба андозаи сухан гуфтан маъно ва коркард дорад. Бисёре аз маъмурони иттилоотӣ, ҳатто пас аз бознишастагӣ, дар бораи рӯйдодҳо, парвандаҳо ва афроде, ки замоне бо онҳо сарукор доштаанд, сухан намегӯянд; магар он ки ангеза, маслиҳат ё ҳадафе дар миён бошад. Ин ҳадаф метавонад шахсӣ, сиёсӣ, созмонӣ, таблиғотӣ ё ҳатто бахше аз як бозии печидатар ва мураккабтари иттилоотӣ бошад.
Аз ҳамин рӯ, ҳар гоҳ як мақоми собиқи иттилоотӣ дар расонаҳо зоҳир мешавад, аснод ё ривоятҳоеро фош мекунад ё дар бораи мавзӯи ҳассосе сухан мегӯяд, эҳтиёт ва нигоҳи интиқодӣ зарур аст. Пеш аз он ки суханони ӯ ба унвони ҳақиқати ниҳоӣ пазируфта шавад, бояд чанд пурсиши асосӣ матраҳ гардад: чаро ин фард акнун тасмим гирифтааст сухан бигӯяд? Чаро ин иттилоотро дар ин мақтаи замонӣ мунташир мекунад? Чӣ чизеро ошкор мекунад ва чӣ чизҳоеро ногуфта мегузорад? Ва муҳимтар аз ҳама, аз ин афшогарӣ чӣ суд ё ҳадаферо дунбол мекунад?
Таҷрибаи таърихӣ низ нишон додааст, ки ифшогарони иттилоотӣ, маъмурони собиқи амниятӣ ва ҳатто сиёсатмадорони бознишаста ҳамеша сирфан барои равшан сохтани ҳақиқат сухан намегӯянд. Гоҳе ривояти онҳо бахше аз рақобатҳои дарунсохторӣ, тасвияҳисобҳои сиёсӣ, ҷанги ривоятҳо ё талош барои самтдиҳӣ ба афкори умумӣ аст. Ба ҳамин далел, эътибори як иддао бояд бар пояи шавоҳид, асноди мустақил ва имкони ростиозмоии он санҷида шавад, на сирфан бар асоси унвони шуғлӣ ё собиқаи созмонии гӯянда.
Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки як афсари иттилоотии коркушта маъмулан беҳтар аз ҳар фарди дигаре медонад, ки чӣ гуна мухотаби худро мудирият кунад. Ин эҳтимолро наметавон нодида гирифт, ки фарди мусоҳибашаванда аз муддатҳо пеш тасмим гирифта бошад чӣ чизеро бигӯяд, чӣ чизеро пинҳон кунад ва аз чӣ бистаре барои интиқоли паёми худ истифода намояд.
Дар чунин вазъият мумкин аст барнома ё расонае, ки гумон мекунад ибтикори амалро дар даст дорад, дарвоқеъ худ ба абзоре барои интиқоли паёме табдил шуда бошад, ки аз пеш тарроҳӣ ва ҳадафгузорӣ шудааст. Яъне ҳеҷ аз имкон дур нест, ки Яъқубӣ бо ин тасаввур, ки фалон ҷосуси пешинро шикор карда ва овардааст пушти микрофон ва пеши дурбин, аммо дарвоқеъ худ шикор шуда бошад.
Руҳ Яъқубӣ, ки аз мақомоти пешини иттилоотӣ, низомӣ ва сиёсии Амрико ва Бритониё ба гунае ёд мекунад, ки гӯё бо онҳо равобити наздик ва мубтанӣ бар эътимоди мутақобил дорад, бешак аз таърихчаи равобит миёни созмонҳои иттилоотӣ ва расонаҳо низ огоҳ аст. Эшон эҳтимолан медонанд, ки истифода аз рӯзноманигорон, расонаҳо ва чеҳраҳои мӯътабар барои пешбурди аҳдофи сиёсӣ, таблиғотӣ ва ҳатто иттилоотӣ падидае тоза ё истисноӣ нест.
Имрӯз аснод ва таҳқиқоти таърихӣ нишон додаанд, ки созмони CIA дар давраи Ҷанги Сард, ҳамонанди бисёре аз дастгоҳҳои дигари иттилоотӣ, дар мавориде аз зарфияти расонаҳо ва рӯзноманигорон барои таъсиргузорӣ бар афкори умумӣ ва пешбурди аҳдофи сиёсии худ баҳра гирифтааст. Дар сӯи дигар, КГБ-и Шӯравӣ ва ҳамчунин созмони иттилоотии Олмони Шарқӣ (Штази) низ собиқае тӯлонӣ дар нуфуз, ҳидоят ва истифода аз расонаҳо ва аҳли матбуот барои аҳдофи сиёсӣ, иттилоотӣ ва ҳатто низомӣ доштаанд.
Бинобар ин, касе ки бо афсарони иттилоотӣ ва маъмурони собиқи ин дастгоҳҳо гуфтугӯ мекунад, беш аз ҳар каси дигар бояд бидонад, ки дар дунёи иттилоот, эътимод ҷойгузини ростиозмоӣ намешавад. Собиқаи шуғлии як мақоми иттилоотӣ метавонад ба суханони ӯ аҳамият бибахшад, аммо ба танҳоӣ замони саҳеҳият, бетарафӣ ё комил будани ривояти ӯ нест. Ба ҳамин далел, ҳар ривояти иттилоотӣ бояд на бар асоси эътибори гӯянда, балки бар пояи шавоҳид, асноди мустақил ва имкони баррасӣ ва ростӣозмоии он санҷида шавад.
Бинобар ин, шакгароии рӯшманд ва пурсишгарии интиқодӣ на нишонаи бадбинӣ, балки лозимаи бархӯрди оқилона бо ривоятҳои иттилоотӣ ва амниятӣ аст; ба вижа замоне ки ин ривоятҳо аз сӯи афроде матраҳ мешаванд, ки солҳо дар ҳирфае фаъолият кардаанд, ки асоси он бар мудирияти иттилоот, таъсиргузорӣ бар идроки мухотабон ва пешбурди аҳдофи мушаххас устувор будааст.






