Тарҳҳои ақвоми ғайритоҷики Афғонистон ҳама тавтиаи зидди тоҷиконанд.
Нависанда: Абдунносир Нурзод Тоҷик, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
“Ҳавзаи форсизабон”, “ҳувияти муштараки порсиён”, “Ҷумҳурии демократии Ҳазористон” ва “Туркистони Ҷанубӣ” ба мо ҳеҷ рабте надорад ва наметавонад инъикоскунандаи хостҳо, матолиботи барҳақ ва доъияи таърихии халқи бузурги тоҷик бошад.
Ин истилоҳот бештар аз он ки ба нафъи мо тоҷикҳо бошад, баръакс моро ҳезуми оташи бозии қудрат дар баробари паштунҳо месозад.
Албатта, иқтидори тоҷикона ва сарфарозии халқи бузурги тоҷик дар баробари ҳар гуна тавтиаи сиёҳи паштунӣ, зарди ҳазористонӣ ва рангобаранги туркистонхоҳонаи бархеҳо, ки умдатан дар бистари тоҷикситезӣ сурат мегирад, ҳадафи аслии мо аст.
Ин як доъияи таърихӣ аст ва масъулияти ҳар тоҷики мӯъмин, мутааҳҳид ва таслимнопазир дар баробари иқдомоти зиддитоҷикона хоҳад буд.
Ба ҳамин далел аст, ки нигоранда борҳо нисбат ба нияти сӯи бархе аз чеҳраҳо, ҷараёнҳо ва ҳалқаҳои мармуз ва тафриқаандоз, ки дар садади мутафарриқ сохтани халқи бузурги тоҷик таҳти унвонҳое чун “ҳавзаи форсизабон”, “федерализм” ва мафоҳими мушобеҳ ҳастанд, ҳушдор додаам.
Ин мавзеъ сирфан як бардошти шахсӣ ё ношӣ аз уқдаҳои фардӣ ва зеҳниятҳои эҳсосӣ нест, балки реша дар таҷрибаҳои айнӣ ва мустақим дар даруни ҳамин ҷараёнҳо дорад.
Шахсан аз наздик шоҳиди амалкард, аҳдоф ва самтгириҳои ин ҳалқаҳо будаам ва ба ҳамин далел нисбат ба барномаи хатарноке, ки дар ростои маҳв ва истиҳолаи ҳувияти тоҷикона дунбол мешавад, огоҳӣ ёфтаам.
Аз ҳалқаҳои чанднафарае, ки таҳти унвони “ҷунбиш” фаъолият мекунанд, то таҳаррукоти мармуз ва уқдамандонае, ки умдатан дар ростои манофеи ғайритоҷикҳо амал менамоянд, ва низ изҳорназарҳои бархе ҳувиятбохтагони, ба истилоҳ, тоҷик, ки бар мавҷи ҳассосиятҳои мавҷуд дар ҷомеаи тоҷик савор шудаанд, ҳамагӣ дар чорчӯби як назарияи мушаххас қобили таҳлиланд.
Бар бунёди ин таҳлил, тоҷик як ҳувияти воқеӣ, таърихӣ ва ғайриинтизоӣ аст, ки бо мафоҳими сохтагӣ, уқдамандона ва тавтиаомезе чун “ҳавзаи форсизабон”, “ҷумҳуриятҳои худсохта ва ҷаълӣ” ва ҷуғрофиёҳои душманонае таҳти номи “Туркистони Ҷанубӣ” ва “Ҷумҳурии демократии Ҳазористон” қобили ҷамъ нест.
Дар айни ҳол, нигоранда амиқан мӯътақид ба муборизаи амалӣ, сарсахтона ва созишнопазир алайҳи фошизми қавмии паштунӣ аст; хоҳ ин фошизм дар қолаби подшоҳӣ зоҳир шавад, хоҳ дар пӯшиши ҷумҳурият, аморат ё ҳар ҳаракати муғризонаи дигари зиддитоҷикона.
Аз ҳамин манзар, муборизаи амалӣ, роҳбурдӣ ва ақлонӣ алайҳи ҳар навъ ҳаракати зиддитоҷикона ва дар баробари тамоми душманони халқи тоҷик, як зарурати фаврӣ ва иҷтинобнопазир ба шумор меравад.
Дар ҳамин бистар, чунонки аз назарияҳо ва мавозеъи ин ҷунбишҳои чанднафара ва ҷумҳуриҳои хаёлӣ ва уқдамандона бармеояд, ҳеҷ чизе фаротар аз навъе хусумати пинҳон нисбат ба тоҷикҳо қобили истинбот нест.
Ҳатто дар мавзеъгириҳои расмӣ ва ғайрирасмии ин ҳалқаҳо низ камтар метавон нишоне аз дифоъ аз ҳувияти тоҷикона, иқтидори сиёсии тоҷикон ё ҳамбастагӣ бо халқи бузурги тоҷик ёфт.
Бино бар ин, ин пурсиш ба миён меояд, ки чӣ гуна метавон ба шиорҳои миёнтиҳӣ, муғризона ва уқдамандонае, ки дар қолаби мафоҳиме чун ҳамбастагии порсиён, ҳавзаи форсизабон, федерализм ва ановини мушобеҳ матраҳ мешаванд, эътимод кард?
Чунонки дар дидгоҳҳои ин ҷараёнҳо мушоҳида мешавад, талоши густарда ва ҳисобшудае сурат мегирад, то забони форсӣ ба унвони меҳвари аслии ҳувияти сиёсӣ ва пули иртиботӣ миёни тоҷикҳо ва ғайритоҷикҳо муаррифӣ гардад.
Аммо воқеият он аст, ки бахши бузурге аз манофеи сиёсии тоҷикҳо сирфан аз забон ношӣ намешавад. Тоҷикҳо ба унвони як ҷомеаи сиёсӣ ва қавмӣ, дорои матолиботи мушаххас ва вижае дар ҳавзаи қудрат, иштироки сиёсӣ, намояндагӣ ва саҳми одилона дар сохтори ҳокимият ҳастанд; матолиботе, ки ин ҷараёнҳо амалан аз ҳамбастагӣ бо он ҳарос доранд ва аз пардохтан ба он иҷтиноб мекунанд.
Ба ҳамин далел, дар ҳеҷ санад, барнома ё тарҳи мудавване, ки аз сӯи ин ҷараёнҳои зиддитоҷик тадвин шуда бошад, наметавон нишони равшане аз дифоъ аз ҳуқуқи сиёсӣ ва ҳувиятии тоҷикон ёфт.
Дар муқобил, талошҳои созмонёфтае мушоҳида мешавад, ки нишон медиҳад таъкиди ифротӣ бар мафоҳиме чун “порсизабонон”, “ҳавзаи форсизабон”, “федерализм” ва ҳамроҳии беиқайду шарт бо тарҳҳое назири “Ҷумҳурии демократии Ҳазористон”, дар амал метавонад ба камранг шудани ҳувияти сиёсии тоҷикҳо бианҷомад.
Хушбахтона, ин гуна тавтиаҳо то имрӯз то ҳадди зиёде ноком мондаанд, аммо ҳанӯз ҳам шумори андаке аз, ба истилоҳ, тоҷикҳо фиреби ин бозиро хӯрда, бо он ҳамроҳӣ мекунанд.
Нигоранда шахсан шоҳид будаам, ки дар фазои баҳсҳои расмии ин ҳалқаҳо на танҳо барои ҳувияти тоҷик ва синхияти таърихии он ҷойгоҳе қоил нестанд, балки мафҳуми тоҷикро сирфан маҳсули як қарни ахир муаррифӣ мекунанд ва муддаӣ ҳастанд, ки ин ҳувият пас аз Садриддин Айнӣ шакл гирифтааст.
Дар айни ҳол, ба шакле моҳирона ва ҳисобшуда мекӯшанд забони форсиро ягона унсури пайванддиҳанда муаррифӣ кунанд; забоне, ки моликияти таърихӣ ва тамаддунии он беш аз ҳар қавми дигаре ба тоҷикон тааллуқ дорад.
Бо ин вуҷуд, дар арсаи амал ва дар пардохтан ба масоили ҳувиятӣ, таваҷҷуҳи вижае ба ҳувиятҳои ғайритоҷик, аз ҷумла ҳувиятҳои ҳазора ва турктабор маътуф медоранд, барои онҳо масъул таъйин мекунанд ва дар масири барҷастасозии ҳадафманди онҳо гом бармедоранд.
Бинобар ин, ин пурсиш комилан машрӯъ аст, ки тоҷикҳо бо чунин дидгоҳ ва рӯйкард чӣ ваҷҳи муштараке метавонанд дошта бошанд?
Бо ин ҳама, хушиқболии ҷомеаи тоҷик дар он будааст, ки моҳияти воқеии ин ҳалқаҳои мармуз ва душмани манофеи халқи тоҷик, ба мурури замон ва аз хилоли мавзеъгириҳои муғризона, уқдамандона ва оганда аз кинаи бархе аносири ғайритоҷик, ошкор шудааст.
Ҳамин амр сабаб гардидааст, то халқи бузурги тоҷик, ки аз зарфияти баланди ҳукмронӣ ва иқтидори сиёсӣ бархӯрдор аст, нисбат ба бунёдҳои аслии ин тарҳҳо огоҳии бештаре пайдо кунад ва вокуниши мутаносиберо, ки имрӯз дар фазои тоҷикандешона қобили мушоҳида аст, аз худ нишон диҳад.
Бо вуҷуди ин, ин тавтиаҳои печида ва уқдамандона ҳамчунон дар ашколи мухталиф ва бо шеваҳои мутанаввеъ идома доранд ва қурбониёни аслии он низ шуморе аз тоҷикони фиребхӯрда ҳастанд.
Умед он меравад, ки ин афрод ҳарчи зудтар ба ҳувият ва асолати хеш бозгарданд ва нисбат ба воқеиятҳои урёне, ки алайҳи тоҷикҳо дар ҷараён аст, огоҳӣ пайдо кунанд.






