Хабари рӯз

Истихбороти Иёлоти Муттаҳида чӣ дурнамое барои муқовимати мусаллаҳонаи Афғонистон мебинад?

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия), манбаъ: “Независимая газета”

Ба далели оянда ва дурнамои номушаххаси режими Кобул, Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли тадоруки як нерӯи низомӣ-сиёсии ҷадид аст.

Ахиран дар Вашингтон Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон (ҶМА), як ҳаракати низомӣ-сиёсии ҷадиди муҳоҷирони афғон эъломи мавҷудият кард. Раҳбари он, генерал-лейтнанти собиқи артиши Афғонистон, Саид Самӣ Содот, аз қасди худ, аз ҷумла бо абзорҳои мусаллаҳона, барои сарнагунии Толибон (як созмони террористии мамнуъа дар Федератсияи Русия) хабар дод. Бо таваҷҷуҳ ба равобити деринаву наздики генерал Содот бо созмонҳои истихборотии Иёлоти Муттаҳида, шакке нест, ки проекти ҶМА бо ҳимояти истихбороти Амрико эҷод мешавад ва гоми муҳиме барои Вашингтон дар "Бозии бузург"-и ҷорӣ дар Афғонистон аст.

Генерал Содот дар маросими ифтитоҳи дафтари сиёсии Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон дар пойтахти Амрико гуфт, ки сарбозони собиқи артиши Афғонистон ва аъзои нерӯҳои амниятӣ (пулис, истихборот)-и ҳукумати ҷумҳурии пешини Афғонистон узви он хоҳанд буд. Самӣ Содот теъдоди дақиқи ҳаводоронашро ном намебарад. Ба гуфтаи вай, ҶМА ҳамзамон як ҷунбиши сиёсиву низомӣ аст: “Мо як ҷунбиши сиёсӣ эҷод кардаем ва мехоҳем дар сурати имкон аз тариқи музокироти мусоламатомез дар ташкили давлати ҷадиди Афғонистон мушорикат кунем. Бигзор, Толибон дар интихобот ширкат кунад, аммо агар монеъи баргузории интихоботи озод шавад, гузинаи охири мо муборизаи мусаллаҳона хоҳад буд.”

Бо қазоват аз изҳороти раҳбари ҶМА, ин ҷунбиш дар вокуниш ба авомили мутааддиде дар зиндагии имрӯзи Афғонистон эҷод мешавад, ки созандагону дастандаркорони проекти ҷадиди низомӣ-сиёсии онро манфӣ арзёбӣ мекунанд. Ҳамон тур, ки аз матни баёнияи ироашудаи Ҷабҳаи Муттаҳид бармеояд, дар ду соли ҳукумати Толибон Афғонистон “ба пойгоҳи терроризми байнулмилалӣ табдил шудааст, хатари контроли комили Чин бар манобеъи табиии кишвар вуҷуд дорад ва бузургтарин буҳрони башарӣ дар таърихи Афғонистон дар ҳоли буруз кардан аст. Раҳбарону ҳомиёни ҶМА қасд доранд бо ин таҳдидот аз тариқи дигаргунии режими Толибон - чӣ аз тариқи абзорҳои сиёсӣ ё низомӣ - муқобила кунанд. Генерал Самӣ Содот ошкоро "омодагии худро барои пайвастан ба муборизаи мусаллаҳона алайҳи Толибон" эълом кард.

Қобили зикр аст, ки муаррифии Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон дар Вашингтон дуруст дар лаҳзае рух дод, ки намояндагони Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин муттаҳидони бритониёии онҳо, худдории худро аз ҳимояти ҳар гуна проекти муқовимати мусаллаҳона дар муқобили режими Толибон таъйид карданд. Ҳамон тур, ки аз фаъолияти дипломатҳо ва афсарони истихборотии амрикоӣ бармеояд, Вашингтон имрӯз рӯи “тағйири сулҳомез”-и режими Толибон аз тариқи рӯи кор омадани гурӯҳҳои “миёнарав”-и ин гурӯҳ дар Афғонистон, ки омодаи музокирот дар мавриди як давлати эътилофӣ бо чандин гурӯҳ аз муҳоҷирони сиёсии мутааҳҳид ба равобити созанда бо Ғарб ҳастанд, шартбандӣ кардааст.

Ба ҳамин далел аст, ки амрикоиҳо ва муттаҳидони онҳо аз ҳимояти ду гурӯҳи пешрави муқовимати мусаллаҳонаи Афғонистон - Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон (ҶММА)-и Аҳмад Масъуд ва Ҷабҳаи озодӣ (ҶОА)-и Афғонистони генерал Ёсин Зиё худдорӣ мекунанд. Акнун фақат размандагони ин ду ҷабҳа, бо дараҷоти асарбахши мутафовит, дар дохили Афғонистон мусаллаҳона бо Толибон дасту панҷа нарм мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бо худдорӣ аз ҳимояти Аҳмад Масъуд ва генерал Ёсин Зиё, Вашингтон шурӯъ ба эҷоди проекти қудратии худ барои Афғонистон кард, ки ҳимоят аз он, монанди ҶММА ва ҶОА, бояд аз артиш, пулис, нерӯҳои вежа, сарбозону афсарони истихборотии собиқи Афғонистон таркиб ёфта бошад. Бадеҳист, ки ин ба чанд далоил бармегардад.

Аввалан, алорағми ду соли ҳузури режими Толибон дар Афғонистон, қудрат ва давоми он ба таври фазояндае аз сӯи нозирони хориҷӣ ва худи афғонҳо, аз ҷумла бархе аз раҳбарони Толибон, мавриди тардид қарор мегирад. Ба ин тартиб, ахиран Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилаи Толибон ва раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ”-и мамнуъа дар Федератсияи Русия, аланан зарурати иттихози тадобиреро барои густариши ҳимояти умумӣ аз режими “Иморати исломӣ” эълом кард, зеро дар ғайри ин сурат наметавон аз пойдории он мутмаин буд. Намояндагони Федератсияи Русия борҳо дар мавриди мушкилоти ҷиддии Толибон дар оянда сӯҳбат кардаанд, ки агар масири сиёсии худро тағйир надиҳанд, иттифоқ хоҳад афтод. Коршиносони амрикоӣ, ки дар заминаи дипломатияи пушти парда бо Кобул мушорикат доранд, дидгоҳи мушобеҳе доранд.

Яке аз сиёсатмадорони афғон дар табъид дар мавриди эҷоди проекти ҶМА гуфт: “Режими Толибон мумкин аст ба ҳамон шакли ғайримунтазирае, ки ба вуҷуд омад, суқут кунад ва дар ҳоли ҳозир омодагиҳои барои ин амр, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳида шурӯъ шудааст”.

Сониян, дар муқобили равандҳои номатлуб дар миёни Толибон, ҶММА ва ҶОА мавозеъи худро ҳифз мекунанд. Бале, то ин замон фаъолиятҳои ин ду гурӯҳи аслии муқовимати мусаллаҳонаи Афғонистон вежагии густурдае пайдо накард, ки дар дараҷаи аввал ба далели камбуди пуштибонии хориҷӣ аст. Бо ин ҳол, сафари расмии ахири Аҳмад Масъуд ба Москва, фаъолияти вай дар масирҳои эрониву аврупоӣ ва ҳамчунин дидорҳои ғайрирасмии намояндагони генерал Ёсин Зиё бо мақомоти аршади русӣ, далеле барои ин тасаввур аст, ки ҶММА ва ҶОА мумкин аст ба зудӣ дӯстони қавие дар минтақа пайдо кунанд. Ин ҳол ба навъи худ дар пасзаминаи равандҳои буҳронӣ дар низоми султаи Толибон, метавонад ба тағйироти сареъ ва ғайримунтазира дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии Афғонистон мунҷар шавад.

Бадеҳист, ки Вашингтон ба омода шудан барои тағйироти эҳтимолӣ шурӯъ мекунад ва аз ҷумла ба тамосҳои раҳбарони муқовимати Афғонистон ва Маскав вокуниш нишон медиҳад. Роҳандозии проекти худ бо ҳадафи ба даст гирифтани ибтикори амал дар ҷомеаи муқовимати мусаллаҳи Афғонистон яке аз ин иқдомот аст.

Ҷабҳаи генерал Содот, ки тавассути амрикоиҳо эҷод шудааст, ё бояд ҷабҳаҳои Масъуд ва генерал Зиёро, ки таҳти контроли Вашингтон нестанд, тазъиф кунаду ақиб биронад, ё онҳоро таҳти амри худ даровард. Дар ҳар сурат, кишварҳои минтақа аз бисёрии фурсатҳо барои бозии мустақил дар арсаи сиёсати қудрат дар Афғонистон маҳрум хоҳанд шуд - бозоре, ки истихбороти Иёлоти Муттаҳида қасд доранд бо кӯмаки дастёрони деринаи худ ба раҳбарии генерал Содот тасаллут пайдо кунанд.


Дин

Тероризм

19-июн-2025 By admin

“Минтақаи беж”-и Тоҷикистон…

Акнун режими Киев низ ба сайди муҳоҷирини корӣ иқдом кардааст.

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!