Дар пайи зилзилаҳои шадиди вилояти Ҳирот ҳудуди 2 ҳазору 500 нафар ҷонҳои худро аз даст дода, беш аз 3 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд. Бархе деҳот дар шаҳристони Зиндаҷон комилан тахриб шуда, Созмони Милал теъдоди манозили тахрибшударо беш аз 3 330 ҳисоб карда, 2 137 хонаи дигар низ ҷиддан зарар дидаанд.
Нависанда: Рустами Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Он чӣ ман дар тасовири вайронаҳои зилзилаи Ҳирот мебинам, се чиз аст:
1 - Тавсеанаёфтагии иқтисодӣ: хонаҳои гилӣ, бебунёду ғайримеъёрӣ, мардумони жӯлидаву жандапӯш ва рустоҳои дурафтодаву фоқиди ибтидоитарин имконоти зиндагӣ;
2 - Тавсеанаёфтагии фарҳангӣ - тамаддунӣ. Ман дар ҳеҷ тасвире нишонаҳое аз тавсеаи фарҳангӣ-тамаддуниро надидам. Шояд ташхиси тавсеанаёфтагии фарҳангӣ-тамаддунӣ ҷои суол дошта бошад ва ҳар кас аз диди худ таърифе аз ин навъ тавсеанаёфтагӣ дошта бошанд. Аммо ишораи ман ба гуфтори бозмондагони ҳодиса аст. Дар суҳбатҳои аксари онон метавон тавсеанаёфтагии фарҳангиро мушоҳида кард. Онон аксаран балову ҳодисаро кори Худову натиҷаи маъсияти худ медонанду тасаввуре, ки аз зиндагиву ҳодиса доранд, тасаввури инсони пешомодерн аст. Ҳеҷ кадоми онон ба давлат минҳайси муқассири ин ҳодиса ва пайомадҳои он ишора намекунанд ва созмоннаёфтагии зиндагии худро низ иллати пурталафот будани ҳамчу ҳодисот намедонанд.
3 - Фуқдони давлат. Дар ин ҳодиса ғиёбати давлат дар се арса ба мушоҳида мерасад: як, ғиёбати давлат дар арсаи гуфтумонӣ, ки ҳамоно таърифу таҳдиди ҳодисаву чорчӯббандии мушаххаси авлавиятҳову эъломи возеҳи ниёзмандиҳост; ду, ғиёбати давлат дар арсаи амалиёти наҷот, ки дар набуди мошинраву гурӯҳҳои чобуку мутахассиси наҷоти қобил эътимод; ва се, ғиёбати давлат дар арсаи дилҷӯиву дилдорӣ аз бозмондагон ва додани итминон ба касоне, ки бекасу бесарпаноҳ шудаанд.
Ҳоло ин як баҳси тӯлонӣ хоҳад буд. Ин ки бедавлатӣ боиси тавсеанаёфтагии иқтисодиву фарҳангӣ шуда ё баръакс. Дар улуми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин бора баҳсҳои зиёде сурат гирифтааст .
Ба назар мерасад, ки дар Афғонистон бедавлатӣ омили муассир дар тавсеанаёфтагии иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст. Мо натавонистем як давлати мудерну муфиду мудир эҷод кунем.
Маъмулан паштунҳо муқассири ин вазъият дониста мешаванд. Паштунҳо наздик ба се қарн аст, ки иддаои давлатсозӣ доранд, аммо қодир ба анҷоми ин кор нашудаанд. Онон аммо ба дигарон низ фурсати давлатсозиро намедиҳанд. На коҳ мехӯранд, на охурро раҳо мекунанд. Ба далоили зиёде зарфияти давлатсозӣ дар паштунҳо хеле поин аст. Онон ҳирси кофӣ барои давлатдорӣ доранд ва аз илзомоти он, аммо фақат қувваи қаҳрияву коргирӣ аз хушунати урёнро дар ихтиёр доранд.
Аммо оё ғайрипаштунҳо дар ин замина тақсире надоранд? Ба назари ман доранд. Ғайрипаштунҳо бо гӯшагирӣ, тарс, гурез, фуқдони тафаккури сиёсии маътуф ба қудрат, таърихзадагӣ, маданиятзадагӣ ва мисоили дигаре аз ин қабил, аз пардохтан ба масъалаи давлатсозӣ туфра рафта ва ба истилоҳ, бо баҳонаҳои мухталиф аз саҳна канор рафта, майдонро ба паштунҳо раҳо кардаанд. Ғайрипаштунҳо ба мушорикат дар давлати мавриди назари паштунҳо фикр мекунанд ва на давлати мавриди назари худашон. Тоза дар сатҳи гуфтамоне навъияти давлати мавриди назари паштунҳо мавриди шакку тардид қарор гирифта, аммо барномаи амалиётиву низомии муқтазии он то кунун дар миёни ғайрипаштунҳо бо вузуҳу ҷиддият матраҳ нашудааст. Ин иттифоқ, ки наёфтад, мо соҳиби давлате коромад нахоҳем шуд. Ман умед дорам, ки Муқовимати Дувум дар баробари ҳокимияти ҷаббору золими паштунӣ дар заминаи таҳаввулоти торихии давлатсозро пешзаминаи хубе бошад.