Аз Олмону Канада ва Туркия ва он ҳам бо навиштан дар Твитер ва Фейсбук, ҳаргиз соҳиби ватанатон нахоҳед шуд. Ҳазор навиштаи ту баробари як шаби сангардории он писаре, ки дар кӯҳҳои Ҳиндукуш ҳузури физикӣ дорад, арзиш надорад.
Нависанда: Баҳора Бухороӣ
- Тоҷикҳо пас аз фармондеҳ Аҳмадшоҳ Масъуд бидуни раҳбар шуданд. Раҳбарони бист соли пасини ин қавм дар Хуросон нодонҳо, шикампарварҳо, мафияҳо, камсаводҳо, беҳадафҳо, дуздҳо ва муомилагарҳо буданд.
- Насли ҷавони тоҷик пуртаваққӯъ ва камкора ба бор омаданд. Зиёд нақд мекунанд, камтар амал менамоянд. Ин насл назорагари авзоъ буданд ва ҳеҷ ҳаракати ҷамъӣ, созмонёфта ва ҳадафмандро барои бақои хеш роҳандозӣ накарданд. Тамоми корҳои намоишӣ ва проектиро анҷом медоданд, на амалӣ ва муштарак. Яъне дар баробари душман натавонистанд дуруст амал намоянд.
- Гароидани насли ҷавони тоҷик ба ифротият ва исломгароии хашин низ яке аз авомили шикасти ин насл гардид. Ин барнома аз сӯи истихобороти кишварҳои берунӣ ва нерӯҳои зидди форсизабонҳо ва туркзабонҳо ба шакли созмонёфта дар манотиқи тоҷику ӯзбекнишин татбиқ мешуд. Ҳизби таҳрир, Ҷамъияти ислоҳ ва даҳҳо ҳизбу гурӯҳи дигари ифротӣ дар миёни ҷавонони тоҷик таблиғи эҷоди ҳукумати исломиро доштанд ва давлати қаблӣ, ки барои ақвоми ғайрипаштун хеле хуб будро куфрӣ медонистанд. Шикасти ҷумҳурият шикасти ақвоми ғайрипаштун буд. Яъне ифротияти мазҳабӣ яке аз авомили андохтани насли тоҷик дар домани малишаҳои Халилзод буд.
- Бист соли гузашта, ҷанг миёни маданият ва бадавият буд. Дар ин ҷанг, бадавиҳо бештар мадориси диниро маркази тарвиҷи тафаккури хеш қарор доданд ва ҳатто ба донишгоҳҳо рахна намуданд. Аммо маданиҳо, ки бештар ҷавонони тоҷик ва ҳазора буданд, расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва кофеҳоро абзори ҷанги хеш дар баробари бадавиҳо интихоб намуда буданд. Яъне маданиҳо дар фазои маҷозӣ ҷанг мекарданд, вале бадавиҳо дар фазои айнӣ ба масофи душман мерафтанд. Маълумдор, ки дар ин ҷанг касоне пирӯз шуданд, ки амалан дар майдон ҳузур доштанд. Ба монанди феълан, ки теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик дар фазои маҷозӣ тарҳи ҳукумати баъдӣ ва тақсими қудрати маҳаллаиро мерезанд, дар ҳоле, ки душман амалан бо туфанг ҳама чизашонро гирифта ва дар майдон ҳузур дорад.
- Насли ҷавони тоҷикро гурӯҳҳои мушаххаси истихборотӣ ва утоқи фикри паштунҳо ба маҳалгароӣ ташвиқ карданд. Ин маҳалгароӣ як офати ҷиддии азҳампошии насли ҷавони тоҷик дар бист соли гузашта маҳсуб мешуд, ки бо таассуф ҳанӯз ҳам сари ақл наомада ва баъзеҳояшон дар ҳамон андешаи пахшшуда аз сӯи бегонагон равон ҳастанд. Маҳалгароӣ боис шуд, ки ин насл натавонанд ба як иҷмоъи сиёсӣ даст пайдо кунанд ва дар баробари душманони хеш бо тамоми абзорҳо ва қувват истодагӣ намоянд. Масалан: акнун 90 дарсади қудрат мутааллиқ ба Қандаҳор аст, аммо як паштун интиқод намекунад. Онҳо танҳо қудрати қавмиро мехоҳанд, на маҳаллиро. Паштунҳо ба меҳвари паштунӣ ҷамъ мешаванд, вале тоҷикҳо ба меҳвари вилоят, шаҳристон ва русто. Ин офати калон барои тоҷикҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст.
Агар чунин пеш биравад, умеде барои оянда ҳам вуҷуд нахоҳад дошт. Масалан: акнун майдони мубориза боз аст. Ҳар касе, ки дар майдон ҳузур дорад, ояндаро ӯ рақам хоҳад зад. Аз Олмону Канада ва Туркия ва он ҳам бо навиштан дар Твитер ва Фейсбук, ҳаргиз соҳиби ватанатон нахоҳед шуд. Ба ҷои навиштанҳои кӯдакона пулро ба нерӯҳои муқовимат равон кунед, ки биҷанганд ва барои шумо ватанатонро озод созанд. Ҳазор навиштаи ту, баробари як шаби сангардории он писаре, ки дар кӯҳҳои Ҳиндукуш ҳузури физикӣ дорад, арзиш надорад. Аз гузашта панд бигиред ва дар майдон ҳузур дошта бошед.
Беҳтарин роҳ ин аст, ки ба меҳвари Аҳмад Масъуд ҷамъ шавед. Барои нерӯҳои муқовимати миллӣ лобигарӣ кунед, пулу имконот равон кунед, ташвиқ ба иттиҳод намоед ва амалан ҳузури худро нишон бидиҳед.
Бо ҳурмат
Апаи шумо
Баҳора Бухороӣ






