Чаро барои Толибон муҳим аст, ки Ҷабҳаи муқовиматро нобуд кунад?
Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия
Режими Толибон аз чанд ҳафта ба ин сӯ нерӯҳои худро аз вилоёти ҷанубии Афғонистон ба Панҷшер ва Андароб, ҷое, ки пойгоҳҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ ("ҷиноҳи размӣ") – и Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мустақаранд, интиқол медиҳад. Шакке нест, ки Толибон дар соли 2023 худро барои як амалиёти бузург барои "ҳалли ниҳоии мушкили Ҷабҳаи муқовимати миллӣ" омода мекунанд.
Чаро нобудии гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшеру Андароб барои Толибон аҳамият дорад?
1 - Ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пирӯзии Толибонро ноқис мекунад. Агарчи режими "муллоҳои хашмгин" пас аз 15 августи 2021 тақрибан тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти контрол дорад, гурӯҳҳои ҷангии мухолифини мусаллаҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшеру Андароб боқӣ мондаанд, ки Толибон ҳанӯз наметавонанд ба нобудии онҳо муваффақ шаванд. Ин боис мешавад режими онҳо натанҳо аз назари қонун, балки аз назари зӯр низ комилан машрӯъ набошад.
2 - Гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ онро аз дигар гурӯҳҳои опозисиони Афғонистон, ки дар табъид ба сар мебаранд ва наметавонанд ба доштани "ҷиноҳи размӣ" дар дохили Афғонистон мубоҳот кунанд, фарқ мекунонанд. Барои Толибон муҳим аст, ки ҳар гуна нишонае аз ҳузури мухолифон (ба вежа мухолифони мусаллаҳ) дар кишварро аз байн бубаранд ва аз ин тариқ ба афкори умуми Афғонистон ва ҷаҳон расонанд, ки ҷойгузине барои режими Толибон дар дохили Афғонистон вуҷуд надорад.
3 - Агарчи гурӯҳҳои мусаллаҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшеру Андароб имрӯз ба таври қобили таваҷҷуҳе дар аҳдофи низомӣ-сиёсии худ маҳдуд ҳастанд, бо ин вуҷуд, онҳо чорчӯберо барои истиқрори билқувваи як ҷунбиши мусаллаҳонаи бузургтар ва дар миқёсе васеътар нишон медиҳанд ("Иттиҳоди Шимол 2.0"). Агар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз хориҷи кишвар ҳимояти қобили эътимоде дарёфт кунад (ва ин мустасно нест) ё вазъияти сиёсӣ дар дохили Афғонистон ба таври чашмгире тағйир ёбад (масалан, таҳти таъсири даргириҳои дохилии Толибон), он гоҳ Муқовимати Панҷшер-Андароб ба суръат ба як воқеияти бебаҳс, нерӯе, ки қодир ба контроли манотиқи бузург (ҳадди ақал чандин вилоят) – и Шимоли Афғонистон аст, табдил хоҳад шуд.
4 - Режими Толибон, ки дар сатҳи байнулмилалӣ ба унвони як созмони террористӣ шинохта шудааст, ҳеҷ ҷойгузини ғайритеррористиро дар дохили Афғонистон намепазирад. Барои Толибон, ҳамон ДОИШ аз назари сиёсӣ душмани бисёр камтаре нисбат ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст. “Муллоҳои хашмгин” дӯст доранд, ки гузина (алтернатива)-ҳои сиёсӣ дар дохили Афғонистон дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ “ё Толибон ё Доъиш” ба назар бирасанд, аммо на “Толибон ё Ҷабҳаи муқовимати миллӣ”. Дар мавриди аввал, Толибон ба унвони ҷойгузине барои ДОИШ, метавонад рӯи эътирофи сиёсӣ ҳисоб кунад. Дар мавриди дувум, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҷойгузине барои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бошад.
5 - Раҳбарон ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ахиран ба таври ғайрирасмӣ ва комилан фаъол бо намояндагони кишварҳои ҷаҳону минтақа (аз ҷумла Русия) тамос гирифтаанд. Фақат метавон ҳадс зад, ки дар ҷараёни ин иртибот чӣ мавзӯъоте мавриди баҳс қарор мегирад. Албатта, ин наметавонад Толибон ва муттаҳидони онҳоро аз табдил ёфтани Муқовимати Панҷшер-Андароб ба проекти бузургтар ва қавитар дар дохили Афғонистон бим надиҳад. Бино бар ин, ҳазфи "ҷиноҳи низомӣ"-и Ҷабҳаи муқовимати миллӣ барои режими Толибон дар авлавият қарор мегирад, то ҳеҷ кас васваса ва фурсати бозӣ алайҳи Толибон ё бидуни Толибон дар "Бозии бузург"-и Афғонистонро надошта бошад. Набудани гузина барои Толибон, кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҷаҳониро аз даҳлези фурсатҳои андак дар Афғонистон маҳрум мекунад ва онҳоро маҷбур месозад то бо ҳар гуна шеваҳо ва усули Толибон дар созмондеҳии зиндагии сиёсӣ-иҷтимоӣ дар кишвар канор биёянд.






