Хабари рӯз

"Доғ"-и сафари Аҳмад Масъуд ба Маскав аз дилҳои парешони Толибон ҳанӯз дур нашудааст.

Нависанда: Ғафс Ҷонбоз, дипломати собиқи Афғонистон (Русия)

Оё Толибон дар иҷлоси Қазон иштирок хоҳанд намуд?!

Андрей Руденко, муовини вазорит умури хориҷаи Федератсияи Русия, ҳини гуфтугӯ бо хабарнигорон дар ҳошияи "Гирдиҳамоии иқтисодии Машриқ - 2023" дар Владивосток гуфт:

"Маскав таваққӯъ дорад, ки намояндагони мақомоти Афғонистон* дар гирдиҳамоии анқариби "Формати машваратии Маскав роҷеъ ба Афғонистон" иштирок хоҳанд намуд."

Руденко дар идома: "Дар кулл, ҳама иштироккунандагони "Формати Маскав" таъйид намуда ва қасд доранд дар иҷлос пешрави формат ҳузур ёбанд ва рӯйи масоили Афғонистон баҳс намоянд. Мо умедвор ҳастем, ки намояндагони ҳокимият кунунии Афғонистон низ иштирок хоҳанд кард."

Ба қавли Руденко, Маскав нишасти анқарибро "марҳалаи дигаре дар масири давоми табодули афкор дар бора он ки ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои узви Формати Маскав кадом иқдомотро барои таъмини суботи умумӣ метавонанд рӯи даст гиранд, мавриди баҳс қарор хоҳанд дод."

Вазорати хориҷаи Русия қаблан, ба таърихи аввали август хабар дода буд, ки гирдиҳамоии тозаи "Формати машваратии Маскав роҷеъ ба Афғонистон" дар назар аст ба таърихи 29 сентябри соли ҷорӣ (2023) дар шаҳри Қазон (маркази Ҷумҳурии Тотористон - Русия) баргузор гардад.

Замир Кобулов, намояндаи хоси раисҷумҳури Русия барои Афғонистон ва раиси Департаменти дувуми Осиёи вазорати хориҷаи Русия барномаи гирдиҳамоии Қазонро ба шарҳи зайл баён дошта буд:

- ташкили ҳукумати фарогир (мавзӯъи марказӣ);

- мубориза бо терроризм ва

- муҷодила бо ҷароими муртабит ба маводи мухаддир.

Замир Кобулов он гоҳ, бидуни изҳори шакку шубҳа таъйид намуда буд, ки ҳайати Толибон ҷиҳати иштирок дар иҷлоси формат ба Русия меояд. Даъватномаи расмӣ барои иштирок дар иҷлоси формат чанд моҳ қабл тавассути Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул, ба Мулло Муттақӣ супурда шуда буд. Муттақӣ он гоҳ зоҳиран мухолифате бо иштироки Толибон дар иҷлоси Қазон иброз надошта буд.

Дар ин миён, муносиботи сиёсӣ миёни Толибону Маскав пас аз сафари Аҳмад Масъуд ба Маскав ва мулоқоти ӯ бо яке аз вукалои таъсиргузори Думаи давлатии Русия Сергей Миронов дигаргун гардида, иддае аз расонаҳои наздик ба Толибон ҳатто аз тирагии муносибот ва бурузи фазои беэътимодӣ байни тарафайн ёдовар шудаанд. Маълумоти дастдошта ҳокист, ки сафари ногаҳонии Аҳмад Масъуд ба Русия, саркардаҳои гурӯҳи Толибонро дар раддаҳои фавқонӣ ба шиддат исёнӣ ва ҷазаботӣ сохта ва дар миёнашон ғавғо барпо намудааст. Толибон зоҳиран таваққӯъи ҳамчу ҳаракатеро аз Маскав надошта ва онро ҳаракате дар ҷиҳати таъмини равобит бо нерӯҳои мухталифи сиёсии Афғонистон дар хориҷ ва талош барои имтиноъ аз ҳамкории стратегӣ бо режими толибонӣ номиданд.

Алорағми он ки вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия билофосила пас аз сафари Аҳмад Масъуд ба Маскав, эъломияи муфассалеро дар робита ба авзоъ ироа дошт, ва ҳатто тарафдорони Аҳмад Масъудро “ба истилоҳ Ҷабҳаи муқовамати миллӣ" хонд ва бар мавзеъгирии расмии қаблии Маскав таъкид намуд, лекин "доғ"-и сафари Аҳмад Масъуд аз дилҳои парешони Толибон ҳанӯз дур нашудааст.

Тавре ки маълум мешавад, Толибон дар рӯшноии ҳаводис ва таомулоти ахир, аз ҷумла, даъвати муҷаддад аз Аҳмад Масъуд барои иштирок дар мизи мудаввар роҷеъ ба Афғонистон, ки қарор аст дар пойизи имсол дар Маскав доир гардад, то кунун тасмими ниҳоии худро мабнӣ бар иштирок ё имтиноъ аз иштирок дар иҷлоси Формати Маскав ва махсусан ин ки бо кадом барнома ва тақозо ба Қазон бираванд, иттихоз ннмудааст.

*Ҳадаф гурӯҳи Толибон аст.


Дин

Тероризм

19-июл-2025 By admin

Саҳюнизм ва толибонизм…

Мӯсо ва Муҳаммад зинда мебуданд, Исроил ва Толибонро лаънат мекарданд

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!