Хабари рӯз

Чаро ҷаҳон мехоҳад бар мардуми Афғонистон ин режими террористӣ ва партобшуда аз асри 8-ро таҳмил кунад?

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири вебсайти "Сангар"

Дар панҷумин нишасти Формати Маскав кишварҳои мухталиф аз Осиёи Марказӣ ва фароминтақа иштирок карда буданд. Ҳама кишварҳо, ба ҷуз аз Тоҷикистон, равишҳои нарму созишкоронаро дар баробари зулму истибдоди толибонӣ дар пеш гирифтанд ва бо иттихози сиёсатҳои инъитофпазирона, нишон доданд, ки ҳозиранд то барои манофеъи худашон, бо режими террористии Толибон, тафоҳум кунанд.

 Тоҷикистон натанҳо кишваре дар Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳон аст, ки то акнун ба таври сареҳ ҳузури Толибон дар қудратро як таҳдиди ҷиддии минтақаиву ҷаҳонӣ дониста ва хоҳони тағйири ин режим ва эҷоди ҳукумати ҳамашумул гардидааст. Ин кишвар, танҳо давлатест, ки барои таъмини ҳуқуқи мардуми Афғонистон, ки имрӯз бори дигар мавриди зулму ситам қарор гирифтаанд, талошу мубориза мекунад. Чунончи дар нишасти Формати Маскав, ин кишвар, баъзе аз мӯҳтавиёти қатъномаеро, ки кишварҳои иштироккунанда содир карданд, қабул накарда ва адами тавофуқашро бо он эълом намуд.

 Дар шароити феълӣ, дар ҳоле ки минтақаву дунё нисбат ба сарнавишту вазъияти мардуми Афғонистон, бахусус ғайрипаштунҳо ва ҳам паштунҳои зиддитолиби ин кишвар, бетафовутӣ ихтиёр кардаанд, Тоҷикистон ба унвони кишвари дӯсту бародар ва ҳамсояи неки Афғонистон, вазъияти феълиро матлуб надониста ва аз вазъияти вахими ҳуқуқибашарӣ, нақзи густурдаи ҳуқуқи ғайрпаштунҳо, қочоқи маводи мухаддир, тақвияти ҳастаҳои террористие, ки дар ҳимояти Толибон қарор доранд, изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе ба ин фикранд, ки Тоҷикистон фақат барои манофеъи тоҷикҳои Афғонистон фикр мекунад; Аммо таърихи Афғонистон, бахусус Муқовамати Аввал собит кардааст, ки сиёсатҳои ин ҳамсояи нек, ба нафъи тамоми мардуми Афғонистон тамом шудааст.

Дар ҳоле, ки соири кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар талоши тафоҳуму таомул бо Толибонанд, то манофеъи иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятиашон таъмин шавад, Тоҷикистон, бо тафҳими ҳисси неки ҳамтабориву ҳаммазҳабӣ ва ҳамсоядории писандида, дар талоши ҳимоят аз тамоми мардуми Афғонистон будааст.

Ҳамсояҳои дигари Афғонистон дар Осиёи Марказӣ то ба ҳол ба ин дарк нарасидаанд, ки Толибон тағйир наёфтаанд ва ҳеҷ гоҳ тағйир нахоҳанд ёфт, балки дар сар на танҳо ҳавои тағйир додан ва ҳамсони Афғонистон кардани Осиёи Марказӣ, ҳатто тамоми олами исломро доранд. Ҳол кор ба ҷое расида, ки онҳо ҳатто Арабистони Саудиро таҳдид мекунанд. Дар як калом, агар имрӯз онҳо ба Толибон намерасанд, фардо Толибон ба онҳо хоҳанд расид.

Аз сӯи дигар, ин савол низ халқ мешавад, ки оё мубориза бо ҳаюлое ба номи терроризм, ки дар раъси он Толибон қарор дорад, танҳо масъулияти Тоҷикистону мардуми Афғонистон аст ё минтақаву ҷаҳон ҳам бояд масъулияте дошта бошанд? Ин террористҳои бераҳм дар Афғонистон бар марду зан таҷовуз мекунанд, сарбозону афсарони ҳукумати пешинро мавриди тирборон қарор медиҳанду ба дор мекашанд ва дари мактабҳоро ба рӯи духтарон бастаанд. Фардо хоҳем дид, ки дар кишварҳои ҳамсоя низ чунин хоҳанд кард! Аммо он замон дер мешавад...

Дар ҳоле ки, асосан ин кор бояд тавассути созмонҳои байналмилалии дифоъ аз амнияти ҷаҳонӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи башар, бахусус Созмони Милали Муттаҳид сурат гирад, вазъияту таҷрибаи ду соли гузашта нишон дод, ки мардуми Афғонистон бо вуҷуди фишори густурда аз ҷониби режими террористу террористпарвари Толибон ва пуштибонони хориҷиашон, ҳомие ҷуз давлати дӯсту бародари Тоҷикистон надорад.

Ҳамон туре, ки таҷриба шудааст, Душанбе дар талоши эҷоди иҷмоъи байналмилалӣ ва бузург барои коҳиши фишор болои мардуми Афғонистон ва муаррифии моҳияти воқеии Толибон аст. Дарвоқеъ, ба назар мерасад, талоши аслии ин кишвар, ташкили давлате бо иштироки мардумони ғайрипаштун дар баданаи қудрат дар Афғонистон аст. Чунончи, ин кишвар мизбони чандин ҳамоиш бо ширкати созмонҳои мухолифи Толибон буда ва дар ҷаласоти байналмилалӣ низ аз вазъияти мавҷуди Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки Толибон бо Покистону Эрон - ду пуштибони худ чӣ карданду мекунанд – ҳоло бузугтарин таҳдиди ба амнияти онҳо Толибон аст. Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ пуштибони Толибону терроризм набуда, балки мавқифи ахири он дар Формати Маскав нишон медиҳад, ки танҳо кишвари минтақа, ки ба дарки воқеӣ аз моҳияти режими террористии Толибон ва хатари он ба минтақаву ҷаҳон расидааст, Тоҷикистон буда, давлатҳои дигар, бо ҳисси хому кӯтоҳнигарӣ ва ё шояд ҳам тарс, бо таъмину ҳифзи равобити расмӣ бо Толибон, тамоюл нишон медиҳанд.

Аз ин хотир, кишварҳои минтақа ба ҷуз аз Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам мутаваҷҷеҳи ин иштибоҳи роҳбурдӣ нашуда ва танҳо масоили иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии худро дар садр қарор медиҳанд. Дар ҳоле, ки натоиҷу паёмадҳои дарозмуддати ин иштибоҳи роҳбурдӣ, тақвияти терроризм ва боз гузоштани дарвозаҳо ба рӯи террористонест, ки ният доранд, оташи терроризмро дар дохили марзҳои Осиёи Марказӣ, шӯълавар созанд. Пас Тоҷикистон на фақат барои худ ва Афғонистон, балки барои ояндаи Осиёи Марказӣ ҳам фикр мекунад?

Мардуми озодихоҳи Афғонистон ин фидокориҳои кишвари дӯст - Тоҷикистонро фаромӯш намекунад. Ба дигар кишвар бояд бирасад, ки мардуми Афғонистон ҳам инсонанд, мехоҳанд дар як ҷомеаи озоду бидуни зулми асрисангӣ ва таассуби диниву қавмӣ, монанди дигар кишварҳои ҳамсояву ҷаҳон зиндагӣ кунанд. Онҳо ҳам мехоҳанд, ки духтаронашон мактаб бихонанд, занонашон кор кунанд ва дар ниҳоят, саргардону дар ба дар дар кишварҳои ҷаҳон нагардида, дар ватани худ зиндагӣ кунанд. Пас чаро ҷаҳон мехоҳад бар мардуми Афғонистон ин ин муллоҳои мутаассиби партобшуда аз асри 8-ро таҳмил мекунад?


Дин

Тероризм

19-июн-2025 By admin

“Минтақаи беж”-и Тоҷикистон…

Акнун режими Киев низ ба сайди муҳоҷирини корӣ иқдом кардааст.

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!