Хабари рӯз

Омир соҳиб, ман кардинате, ки додам, пояшро имзо ҳам кардам, вале тайёраҳои шумо ҷойе, ки душманро ҳадаф қарор диҳад, корвони нерӯҳои маршал Дӯстумро мавриди ҳамла қарор додааст.

Нависанда: Ҳаниф Ризоӣ, собиқ сухангӯи сипоҳи 209 - “Шоҳин”-и вазорати дифоъи Афғонистон

Соли гузашта дақиқан як моҳ ё 20 рӯз қабл аз ин таърих (12 август), таҳоҷуми террористҳои толиб болои марокизи вилоятҳо ва шаҳристонҳои Шимол ба гунаи бепешина афзоиш ёфт ва пешравиҳои Толибон аз ҳар истиқомат шурӯъ шуд. Албатта, ин пешравиҳо ношӣ аз қудрати толибҳо набуд, балки камкорӣ дар суфуфи низом ва одамҳои бекифояте, ки аз ҷониби Ғанӣ ва Муҳиб нав ба нав таъйин мешуд, омили ин ақибгарди сареъи нерӯҳои қувваҳои мусаллаҳ буд.

Замоне, ки таҳоҷуми Толибон болои вилояти Сарипул, Ҷузҷон ва шаҳристонҳои Балх шиддат ёфт, ҷабҳаҳои нерӯҳои дифоъӣ ва амниятӣ бо ҳимояти хезишҳои мардумӣ низ тақвият шуд. Ташкилоти ҷабҳаи зиддитолиб бо ҳузури довталабонаи мардум шакл гирифт. Хутути ҷанг тақвият ва душман дар баъзе соҳот маҷбур ба ақибнишинӣ шуд. Барои сомон додан ба навъияти ҷанг ва коҳиши фишорҳо, мансабдорони ҷангии артиш ва Алӣ Сарвар Ҳазора ба ду вилоят ва шаҳристонҳое, ки бештарин фишорҳо болояшон мутамаркиз буд, эъзом шуд.

Генерал Ёсин "Садод", раиси аркони сипоҳи “Шоҳин” дар вилояти Сарипул эъзом шуд, дагарвол Зокир Ҳусайн Мазлумёр ба шаҳристони Ҷаҳоркент ба кӯмаки Салима Мазорӣ ва нерӯҳои мустақар дар он ҷо рафт. Генерал Муниб Амирӣ, қумондони ливои севуми урдуи миллӣ бо теъдоде аз қумондонони ливои марбутааш ва қумондонони қароргоҳи сипоҳ ба шаҳристонҳои Чимтол, Кишандеҳ ва Деҳдодии Балх эъзом шуд. Ва Алӣ Сарвар Ҳазора бо теъдоде аз афроди таҳти амраш ба ёрии хезишҳои мардумии вобаста ба маршал Дӯстум ва ливои дувуми сипоҳи 209 – и “Шоҳин” ба вилояти Ҷузҷон рафтанд.

Ҷангҳои бисёр фарсоишӣ дар вилоятҳои Сарипулу Ҷузҷон ва шаҳристонҳои Чаҳоркент, Чаҳорбулак ва Чимтол ҷараён дошт. Гурӯҳи Толибон бо басиҷи ифротиюни паштун аз ҷануб, ӯзбекҳои толибхоҳ аз шимол ва ҳамкории террористҳои хориҷӣ, умдатан покистонӣ ва ӯзбекистонӣ, ниҳояти қуввати худро ба харҷ медод, ки то яке аз ин вилоятҳо ва шаҳристонҳои ҳамҷвор бо шаҳри Мазори Шарифро суқут диҳад.

Тибқи маълумоте, ки шахсан аз хутути ҷабҳа мегирифтам, гурӯҳи Толибон дар ҷараёни шабонарӯз ва фосилаҳои ним соат ҳамалоти худро созмондеҳӣ мекард ва бо муқовимати урдуи миллӣ ва хезишҳои мардумӣ шикаст мехӯрд. Тайи бист рӯз ё як моҳ ҳар бор, ки толибҳо болои мавозеъи нерӯҳои дифоъӣ ва хезишҳои мардумӣ ҳамла карданд, бо шикаст мувоҷеҳ шуданд.

 Шояд саволе бароятон матраҳ шавад, ки чаро ин ҳама қувват ба якборагӣ аз ҳама ҷо фурӯ пошид ва ангезаи муқовимат дар баробари Толибон фурӯкаш ва дар ниҳоят мунҷар ба суқути вилоятҳои Ҷузҷону Сарипул шуд?

Бале, дақиқан чанд рӯз қабл аз суқути ин вилоятҳо Ғанӣ ба шимол омад ва бо чеҳраҳои барҷастаи Шимол дидор дошт. Дар ин чеҳраҳои барҷаста танҳо тақозое, ки аз Ғанӣ карданд, таҷҳизи нерӯҳояшон барои дифоъ аз марокизи вилоёт ва калоншаҳрҳои шимол буд, вале Ғанӣ бидуни андаке тааммул ва ин ки хезишҳои мардумӣ чӣ нақше дар дифоъ аз марокизи шаҳрҳо дорад, оби сарде рӯйи сари бузургони шимол рехт. Вай ба сароҳат эълом кард, ки ҳеҷ ташакули ҷудо аз нерӯҳои дифоъӣ ва амниятӣ мавриди ҳимоятам нест ва мухолифи ҷабҳаҳо ва малишаҳои мусаллаҳи ғайримасъули мардумӣ ҳастам. Тамоми вилоятҳои шимол ҳам, ки суқут кунад, ин ташкилоти мардумиро таҷҳиз намекунам. Нерӯҳои дифоъӣ - амниятии мо тавони дифоъ аз шаҳрҳоро дорад.

Шурӯъи суқути вилоятҳои шимол пас аз омадани Ғанӣ дар Балх зада шуд. Хезишҳои мардумӣ дар вилояти Сарипул ақиб нишастанд ва нерӯҳои урдуи миллӣ, пулис ва амният якшаба аз ҳам пошид ва замингир шуд.

Албатта, дар ин фурӯпошӣ нақши расонаҳо бисёр барҷаста ва ғайриқобили инкор буд. Таблиғоти расонаҳо ба ҳадде густурда буд, ки ман шахсан ба ҳайси сухангӯи қулурдуи 209 – и “Шоҳин” ба яқин расидам, ки дигар фазои расонаӣ қобили контрол нест.

Хулоса, Сарипул суқут кард. Бахши умдае аз нерӯҳои мустақар дар Сарипул бо тамоми имконот ба Толибон таслим шуд ва бахши дигар шабона тавассути чархболҳои ливои 777 – и қувваҳои ҳавоӣ ба Ҷузҷон мунтақил шуд. Дигар рӯҳияе барои мудофеъа ва муқовимат миёни нерӯҳои амниятӣ ва дифоъӣ боқӣ намонда буд. Танҳо хезишҳои мардумӣ таҳти фармондеҳии Ёрмуҳаммад Дӯстум дар Ҷузҷон сарсахтона дифоъ мекард, ки Алӣ Сарвар Ҳазора ҳам яке аз фармондеҳони ҷабҳаи мардумии вобаста ба Дӯстум дар баробари Толибон дар Ҷузҷон буд.

Нерӯҳои мустақар дар Ҷузҷон ҳам ба гунаи ҷиддӣ дар муҳосира қарор дошт. Танҳо чанд ҷойи маҳдудро дар ихтиёр дошт, ки пас аз суқути вилояти Сарипул ҳар дам дар таҳдиди суқут буд. Шиддати ҷанг дар Ҷузҷон ҳар лаҳза афзоиш дошт. Бо ин ҳол, ҳеҷ ҳимояе ҳам аз сӯи сипоҳи “Шоҳин” намешуд. На кӯмаки ҳавоӣ вуҷуд дошт, на заминӣ ва на лужистикӣ. Далелаш ҳам возеҳ буд. Давлати марказӣ тасмим гирифта буд, ки пас аз суқути Сарипул вилоёти Форёб ва Ҷузҷон ҳам тахлия ва хатти дифоъӣ дар ҳумаҳои шаҳри Балх андохта шавад. Рӯйи ин асос ҳеҷ навъ кӯмаке дар Ҷузҷон нашуд.

Нерӯҳое, ки дар Ҷузҷон боқӣ монда буд, теъдоде ба шумули Ёрмуҳаммад Дӯстум, тавассути қувваҳои ҳавоӣ тахлия шуд, вале Алӣ Сарвар Ҳазора, Ғулом Аббос "Қотеъ", қумондони баталёни аввали Урдуи миллӣ ва чандтои дигар аз қумондонони урду ва хезишҳои мардумӣ бо як ҳазор нафар аз афродашон аз Ҷузҷон заминӣ ба тарафи Балх ҳаракат карданд. Бо ин ки медонист тамоми масирҳои мунтаҳӣ ба Балх дар ихтиёри душман аст, эҳтимоли ин ки замингир шавад ва талафот диҳад, хатар бисёр боло буд, вале бо он ҳама риск кардан иҷоза надоданд, ки имконоти ҷангӣ ва васоиташон дар ихтиёри Толибон қарор бигирад.

Вақте ин нерӯҳо аз Ҷузҷон ҳаракат карданд, ман иртиботи мустақим бо баъзе қумондонони Урдуи миллӣ ва шахси Алӣ Сарвар Ҳазора доштам. Инҳо аз Ҷузҷон то минтақаи Боргоҳи шаҳристони Чимтол ҷанг карданд, дили душманро дариданд ва пеш омаданд.

Ҳар бор, ки ба Алӣ Сарвар Ҳазора занг мезадам, садоҳои шиллик ба сурати давомдор шунида мешуд ва Алӣ Сарвар бо хунсардӣ ва рӯҳияи боло нерӯҳои таҳти амрашро ҷиҳат медод. Он рӯз ин нерӯҳо 19 камини сахти душманро бидуни ин ки талафоти ҷиддӣ бидиҳанд, шикастанд ва ҳаволии соатҳои яку ним ило 2 баъд аз зӯҳр худ ва васоите, ки дар ихтиёр доштандро ба шаҳристони Чимтол, ки дар чанд километрии сипоҳи “Шоҳин” қарор дошт, расонданд.

Охирин камини душманро ҳам дар минтақаи Боргоҳи Чимтол дарҳам шикастанд ва убур карданд ба истиқомати Пули Имом Бакрӣ, ки хатти дифоъии шаҳри Мазор буд.

Ҳаволии соати 2 баъд аз зӯҳр ба чанд то аз дӯстонам занг задам ва ҳама хушҳол буд, ки каминҳои душманро муталошӣ карда ва ба саломат аз соҳаи хатар убур кардем. Хостам ба фармондеҳ Алӣ Сарвар Ҳазора ҳам занг бизанам ва аҳволашро бипурсам, аммо ҳар қадар шуморагирӣ кардам, телефонаш рух нашуд. Ба дастёраш тамос гирифтам ҳам рух нашуд, бо худ гуфтам шояд шорж (нерӯи телефон) тамом карда бошад.

Аз савқу идора (ситоди фармондеҳии ҷанг) маълумот гирифтам. Бароям гуфтанд, ки қатор убур карда, ду бол тайёраи “Супер Токано” ба соҳа эъзом шуда, то қаторро ҳимоят кунад ва як ҳадафро ҳам мавриди ҳамла қарор дода, ки талафот ҳам дорад, ҷузъиёти талафотро дар ҳоли ҷамъоварӣ ҳастем ва ба шумо хоҳем гуфт.

Хаёлам роҳат шуд. Мутмаъин шудам, ки қатор аз соҳа убур карда, чун ман сухангӯи сипоҳ будам, бояд ҳар лаҳза ба суолҳои расонаҳо посух медодам. Кӯшиш мекардам ба тамоми органҳо муроҷеа кунам, иттилоот бигирам, то маълумотам тоза бошад. Чанд бор ба савқу идораи сипоҳ занг задам, касе посухе дуруст бароям надод. Ногузир ба раиси амнияти миллии Балх занг задам ва ҷӯёи ҷузъиёти ҳамлаи ҳавоӣ дар Чимтол шудам. Раиси амнияти миллӣ хабари баде бароям дод, ки он хабари кушта шудани Алӣ Сарвар Ҳазора ва ҳамроҳонаш буд.

Барояш гуфтам, ҷаноби раис, магар шумо кардинат надода будед? Чӣ тавр имкон дорад, ки ба ҷои душман корвони дӯст мавриди ҳамла қарор гирифта бошад? Раиси амнияти миллӣ кӯтоҳ ва возеҳ гуфт, ин суолро бояд аз қумондони сипоҳатон бипурсӣ. Омир соҳиб, ман кардинате, ки додам, пояшро имзо ҳам кардам, вале тайёраҳои шумо ҷойе, ки душманро ҳадаф қарор диҳад, корвони нерӯҳои маршал Дӯстумро мавриди ҳамла қарор додааст.

Қумондони сипоҳ дар он замон Хонуллоҳ Шуҷоъ (дар акс) буд.

Як нуктаро қобили ёдоварӣ медонам, ки ман ба унвони сухангӯи қулурдуи 209 – и “Шоҳин”, дар мавриди кушта шудани Алӣ Сарвар Ҳазора бо ҳеҷ расонае мусоҳиба накардам, аммо чанд лаҳза баъд аз кушта шудани эшон дидам, ки расонаҳо аз қавли мақомоти сипоҳ навиштааст, ки Алӣ Сарвар Ҳазора, яке аз фармондеҳони Ҷунбиши миллӣ дар камини Толибон кушта шуд. Ҳоло ин мақом чӣ касе буда, Худо медонад. Алӣ Сарвар Ҳазораро Толибон натавонист бикушад, вале ба дастури Хоналлоҳ Шуҷоъ, қумондони сипоҳи 209 – и “Шоҳин” ноҷавонмардона кушта шуд.

Ин буд моҷарои кушта шудани Алӣ Сарвар Ҳазора!


Дин

Тероризм

19-июл-2025 By admin

Саҳюнизм ва толибонизм…

Мӯсо ва Муҳаммад зинда мебуданд, Исроил ва Толибонро лаънат мекарданд

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!