Хабари рӯз

Як нафар аз мутаарризини душман, ки колое ба ранги нахудӣ дошт, пешпеши дигарон медавид ва ман ҳам бо бисёр диққат ҷариву ҷавак карда, ҳамон нафари тааррузиро ҳадаф қарор додам, ки хушбахтона, мармиам ба ҳадаф асобат кард ва душман аз пой даромад ва мутабоқӣ, ки мутаваҷҷеҳ шуданд, таҳти таҳдид қарор доранд, ҷо ба ҷо худро сатри хифо (пинҳон) намуданд.

Нависанда: Тоҳо Панҷшерӣ, қароргоҳи Пешғӯр (Панҷшер), махсус барои “Сангар”

Баъд аз ин ки мо ба саломат аз ҳуҷуми аввали террористҳо ҷони солим ба дар бурдем, муддатеро гоҳ дар хонаи худ ва аксар авқот дар хонаҳои ақориби наздик ва дӯстон сипарӣ мекардем. Ҳар рӯз мушкилот бештар аз рӯзи қабл мешуд. Яке мегуфт, душман ҷоятро ташхис карда, дигаре занг мезад, ки душман тасмим дорад дастгират кунад. Хулоса, ҳар шаб ва ҳар рӯз дар дилҳураву ҳарос будем. Болои ҳеҷ касе намешуд эътимод бикунӣ, то ин ки боз тасмим гирифтем, бо як теъдод аз дӯстон дубора аз як масири амн тарафи куҳ боло шавем, то мабодо кадом рӯз душман ғофилгирамон кунад ва муфт асир шавем.

Аз роҳи минтақаи Ачамон баромадем ба кӯҳ, чун қароргоҳҳои қаблиамон зери контроли душман буданд. Мешуд, ки дубора дар ҷоҳои собиқ қароргоҳ эъмор намоем. Бо саъйю талош аз тарафи шаб мерафтем ба ҷустуҷӯи маводҳое, ки пинҳон карда будем. Гарчанде аксарияти мутлақи он ба дасти душман афтида буд, бо он ҳам як теъдодаш, ки дуртар буданд, аз зери сангу хок мекашидем ва дар пуштамон ба тарафи қароргоҳи ҷадидамон, ки дар мавқеияти Ҳелнов буд, интиқол медодем. То ин ки ин харчҳо ҳам рафта-рафта тамом шуд, як моҳи мутавотир аз чойи сабзи куҳӣ бо талхон истифода кардем.

Дар ин замон муовини қароргоҳ, ки феълан фармондеҳи умумии қароргоҳи Пешғури Хоруро ба ӯҳда дорад, ҳамроҳи омири ҳавзаи даҳи болои Хору Муҳаммадшокир дар қароргоҳи фармондеҳ Тӯраббос дар қисмати болои Манҷадор ба номи Оғили Анбоҳ буд, мавқеият доштанд. Баъд аз гузашти чандин рӯз муовини қароргоҳ ҳамроҳи Шокир дар қароргоҳи мо омаданд. Чун мо хӯрока надоштем, тамом карда будем, як теъдод аз дӯстон тасмим гирифтанд, то барои икмолот ба деҳот поин шавем, шояд битавонем андаке худро икмол намоем.

Ман, Шокир ва як теъдоди дигар, ки тақрибан 8 нафар мешудем, поин шудем ба деҳот. Вазъиятро, ки мутолиа намудем, дидем ҳама роҳҳои мувосилотӣ аз деҳ ба куҳро душман масдуд карда ва аз тарафи шаб ба масире, ки мо бояд икмолот кунем, камин мегиранд. Чанд рӯзро дар деҳот мондем, ки Ҳоҷӣ Муҳаммад Қотеъ, яке аз саргуруҳони қароргоҳ ҳам аз кӯҳ поин шуд. Чанд рӯз нагузашта буд, ки ҷосусон ва худфурӯхтагони минтақа аз ҳузури мо дар қария хабар шуданд ва ба душман гузориш доданд. Ҳар рӯз душман дар садади гирифториамон буд. Соҳа барои мо тангтар шуда рафт. Боз бидуни аъоша ва абота (хӯроку дигар заруриёт) ҳар кадоми мо бо миқдоре талхон ба кӯҳ баромадем. Ин бор бо бисёр мушкилоти зиёд рӯбарӯ будем аз набуди аъоша то сармои кӯҳ.

Хулоса, тибқи маъмул, ки аз гузаштагон ба мардуми Хору мерос монда, аҳолии қария баъд аз иҷоза гирифтан аз Толибон барои поккории ҷуйи Хоҷаи Калон омодагӣ гирифтанд. Дақиқан авоили моҳи сунбулаи соли 1401 рӯзи шанбе ё якшанбе буд, ки мардуми маҳал барои тармими ҷуй мисли ҳар сол ба кӯҳ омаданд. Аммо имсол милаи ҷуй мисли солҳои қабл набуд (дар гузашта милаи ҷӯй аз милаи Наврӯз ҳеҷ фарқе намекард). Толибон аввал ба касе иҷоза намедоданд. Баъд ки иҷозаи поккории ҷуйро доданд, теъдоди нафарро мушаххас намуданд, ки аз ин теъдод бештар набояд ба кӯҳ биравад. Дар зимн дар ду тарафи ҷӯй, ба истилоҳ, худашон амният гирифта буданд, ки мабодо касе аз муқовиматиҳо дар байни мардуми маҳал якҷо шавад ва ё аз ин мардум бо муқовимат якҷо шаванд. Ҳамин буд, ки бо мухобира намудани Ҳоҷӣ соҳиб Идимуҳаммад Ториқ, фармондеҳи қароргоҳи Пешғур аз ҷараён огоҳ шудем. Ҳоҷӣ соҳиб Ториқ гуфт, мутаваҷҷеҳ бошед, ки фардо рӯзи поккории ҷуй аст, тадобири худро бигиред. Вай гуфт: “Толибон ҳамеша мардуми мулкиро сипар қарор медиҳанд, мабодо бо истифода аз мардуми мулкӣ ба истиқомати қароргоҳи шумо, ки дар интиҳои ҷуй қарор дорад, биёянд ва қароргоҳатон ифшо шавад”.

Мо ҳам асри як рӯзи қабл аз омадани мардум ба ҷуй ҳама аҷноси қароргоҳи худро, аз қабили фаршу хайма ва як теъдод зарфҳоро зери анбори сангҳо ва хок мадфун кардем. Агар аҳёнан душман биёяд, ҳич асареро набояд бубинад.

Қароргоҳи мо ҷое буд, ки аз тарафи рӯз дар хайма мебудем ва шабро дуртар аз хайма дар байни сангҳо ва буттаҳо мехобидем. Баъд аз намози субҳ шурӯъ ба ҷамъ кардани қароргоҳи худ намудем. Соат 7 – и субҳ буд, ки кори мо тамом шуд ва худи мо тасмим гирифтем бо фосилае тақрибан дукилометрии пушти ҷуй дар байни сангҳо худро махфӣ мекунем, мардум, ки кори худро тамом карду рафт, дубора меоем ва қароргоҳи худро ҷӯр мекунем.

Ҳамин тур, қумондон Шоҳназар ҳамроҳи Шокир ва Абдулмаҷид худро дар ҷое, ки аз тарафи шаб мехобидем ва болотар аз хайма буд, расонданд. Ман ва муовини қароргоҳи Пешғур Ғулом Дастагир Набизода ва як нафари дигар ба номи Садриддин дар як баландии кӯчаке ҷиҳати тарассуд мондем. Ва мардуми маҳал ҷуқа-ҷуқа (гурӯҳ – гурӯҳ) аз деҳот меомаданд.

Ба тарафи охири ҷуй ҷое, ки мо будем, бо дурбин тарассуд доштем. Ногаҳон мутаваҷҷеҳ шудем, ки дар байни чанд нафар мардуми маҳал афроди мусаллаҳи Толибон ба масофае тақрибан 300 метр поинтар аз мо бо суръати бисёр зиёд ба тарафи мо меоянд. Қумондон Дастагир гуфт, душман аз мардуми мулкӣ истифода карда меояд, мову шумо бояд худро боло бикашем. Вай гуфт: “Набояд моро бубинанд, агар бубинанд, даргирӣ сурат мегирад. Мумкин мардуми мулкӣ талаф шавад”.

Ба аҷала баромадем дар ҷое ки қумандон Шокир ва Шоҳназаршон буданд. Ҳамин ҷо расида будем, ки душман дар мавқеияти қароргоҳи мо расид. Мо талоши ниҳоӣ кардем, то ба хотири мардуми мулкӣ набояд даргир шавем. Душманро тарассуд доштем. Дидем, ки Толибон ба истиқомате, ки мо ҳастем, рӯбарӯ бар мавозеъи мо меоянд. Дигар чорае надоштем ба ҷуз ҷанг ва аввалин андохтро Абдулмаҷид ба тарафи душман намуд.

Ба ҳамин рақам соати 10 - и қабл аз зӯҳр буд, ки ҷанги мо оғоз шуд. Арозӣ комилан ба нафъи душман буд. Ҷиноҳи ақибаии мо кутали саъбулубур буд. Маҷбур будем, муқовимат кунем. Дар ниҳояти талош нагузоштем душман аз ҳамон ҷои аввалӣ як қадам ҷилав биёяд. Лаҳза ба лаҳза тимҳои кӯмакии душман яке пайи дигар дар ҳоли афзоиш буд. Тақрибан 300 нафар душман ба ҷони мо шаш нафар омада буд. Худованд (ҷ) чунон қувват ва тавоноӣ барои мо ато карда буд, ки 300 нафар террорист ҷуръати пеш омаданро надоштанд.

Ҷанг хеле шадид буд. Аз ҳар хел силоҳ душман истифода мекард. Мо ҳам, ки ба ҷуз силоҳи Калашников ва як мил карабини панҷтира дигар аслиҳае надоштем, андохтҳои душманро бепосух нагузоштем. Дар байни задухӯрдҳои шадид муовини қароргоҳ захми сатҳӣ бардошт. Ин мавқеъ буд, ки ба ҷуз Абдулмаҷид ва Садриддин, ки худро болотар аз мо кашида буданд, мо дигарон пушти як санги бузург дар як мавқеият мавзеъ гирифта будем. Душман ҳам бо тасбит намудани мавқеияти дақиқи мо як ҳалқаи муҳосираи бузургро ҷиҳати зинда гирифтории мо ташкил дод. Се ҷиноҳи моро комилан масдуд кард. Фақат як истиқомат пушти сари мо монда буд, ки он ҳам роҳи кӯтали хеле саъбулубур буд. Хулоса, ин даргирии мо то фаро расидани шаб бояд идома медошт ва чунин ҳам шуд, чун ба ғайр аз ин ки дар торикии шаб худро аз ҳалқаи муҳосираи душман берун мекардем, дигар чора надоштем.

Ба ҳамин рақам гоҳ оташи душман болои мо чунон афзун мешуд, ки беш аз ҳазорон гулӯлаи силоҳи хафиф сари мо мерехт ва дар лобалои силоҳи хафифи ПиКо, Калашников ва силоҳҳои амрикоӣ, RPG низ истифода мешуд, ки хушбахтона, аз чандин файри RPG – и душман ба мо осеб нарасид.

Ман ки шариди оташам ба истиқомати чапи санг буд, бояд монеъи пешравии душман мешудам. Як лаҳза мутаваҷҷеҳ шудам, ки чанд нафар душман ба масири шариди оташи ман бо фосилаи хеле дур, ки тақрибан 600 метр меомад, бо суръат кӯшиш доранд, ки бояд худро дар истиқомати пушти сари мо бирасонанд. Ман бақия дӯстонро хабар кардам ва гуфтам, шумо тарафи ростро мутаваҷҷеҳ бошед, ман инҳоро намемонам пеш биёянд. Як нафар аз мутаарризини душман, ки колое ба ранги нахудӣ дошт, пешпеши дигарон медавид ва ман ҳам бо бисёр диққат ҷариву ҷавак (нишонгирӣ) карда, ҳамон нафари тааррузиро ҳадаф қарор додам, ки хушбахтона, мармиам ба ҳадаф асобат кард ва душман аз пой даромад ва мутабоқӣ, ки мутаваҷҷеҳ шуданд, таҳти таҳдид қарор доранд, ҷо ба ҷо худро сатри хифо (пинҳон) намуданд. То ҳангоми фирор ва расидани торикии шаб ман нагузоштам, ки дигар як қадам аз ҷои худ пешравӣ кунанд.

То ин ки шаб торик шуд, як тасмими ҷамъе гирифта, як-як нафар худро ба ақиб кашидем. Дигарон рафтанд, ман охирин нафар будам, ки худро кашидам. Дар масири роҳ дар торикӣ бо муовини қароргоҳ, ки аз ман чанд лаҳза пеш ҳаракат карда буд, сар хӯрдам. Дар ин лаҳза оташи душман бештар аз пеш шадид шуд, ки ҳатто мо натавонистем як қадам ҷилав биравем. Ба муовини қароргоҳ гуфтам, худро пушти санг ситри хифо кун, ки ҳамлаи ниҳоии душман ҷиҳати тасхири мавозеъи қаблии мост, то кам шудани оташи душман бояд беҳаракат бошем. Чунин кардем ва оташи душман андаке кам шуд. Дубора ба роҳамон идома додем. Бо аҷала худро аз масири ҳамин кӯтали душворгузар кашидем боло ва душман ҳам ҳамин масирро андохтҳои пароганда мекард.

Бо истифода аз сангҳои бузург худро пинҳон карда, то як қисмат рафтем, ки мавзеъамонро душман гирифт. Бо садои баланд мегуфтанд, ки муҳосира ҳастед, коратон хатм аст, таслим шавед. Бехабар аз ин ки чирикҳо қаблан худро аз соҳа берун кардаанд.

Бо кӯталҳо ва кӯҳҳои душворгузар худро ба як ҷойе расондем, ки фосилаи зиёд ба мавқеияти даргириамон дошт. Дақиқан соат дуи шаб буд, ки дар роҳ равон будем ва ногаҳон як равшании бисёр қавӣ пайдо шуд. Мутаваҷҷеҳ ба осмон шудем, ки фишанг аз ҳаво ба тарафи мавқеияти ҷангии мо партоб шуд. Ба маҳзи хомӯш шудани равшании фишанг садои хумпора ба гӯши мо расид, ки ҷойи қаблӣ ва ҳамон масиреро, ки мо худро берун кашида будем, бамборд (бомбаборон) карданд. Ин кори душман ба хотири додани талафоташон дар ин ҷанг буд. Ба теъдоди 12 нафар террорист дар ҷараёни даргирии даҳсоатаи мо кушта шуда буд ва ба чирикҳои мо ҳеҷ осебе нарасида буд.

Чун мо хеле фосила доштем, дигар думболаш нагаштем, ки куҷоро бамборд кард ва медонистем, ки чирикҳои дигар ҳам худро қабл аз мо аз соҳа берун кашидаанд.

Тасмими мо ин буд, ки бояд ба қароргоҳи фармондеҳ Тӯраббос тарафи кӯҳи Хушкагашт биравем. Саранҷом соати 8-и субҳ буд, ки ба қароргоҳи қумандон Тӯраббос расидем ва дар он ҷо муддати як моҳро сипарӣ кардем. Дар тӯли ин як моҳ ду маротиба ба кӯмаки чирикҳои қароргоҳи Шоба дар ҷанг иштирок намудем...

Муқовимат дар Ҳиндукуш идома дорад. Зинда бод муқовимат!

29 ноябри 2022, Панҷшер.


Дин

Тероризм

19-июл-2025 By admin

Саҳюнизм ва толибонизм…

Мӯсо ва Муҳаммад зинда мебуданд, Исроил ва Толибонро лаънат мекарданд

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!