Хабари рӯз

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар мувоҷиҳа бо талошҳое чандпаҳлу ва мармузе, ки талош барои ташкили ҳукумати фарогир хонда мешавад, чӣ рӯйкардеро дар пеш хоҳад гирифт?

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар

Ҷабҳаи муқовимат дар вазъияте қарор гирифта, ки тайи бист соли давраи ҷумҳурият чанд бор раҳбарони сиёсии мунтасаб ба ҷараёни муқовимат дар он қарор гирифта буданд.

Дар бист соли гузашта раҳбарони мунтасаб ба ҷараёни муқовимат, дар мувоҷиҳа бо чунин вазъияте ба ду даста тақсим мешуданд. Иддае таҳти унвони маслиҳатгароӣ ва воқеъгароӣ вориди эътилоф ва таомул бидуни пешшарт бо ҷараёни ҳоким мешуданд ва иддае таҳти унвони усулгароӣ ва арзишгароӣ аз ҳар навъ таомул дурӣ карда ва гӯшаи узлат мегузиданд. Ҳоло бояд раҳбари муқовимат аз таҷориби гузашта ба дурустӣ омӯхта бошад ва роҳкори маъқулеро дар пеш гирад. Ин роҳкор метавонад як роҳкори талфиқӣ бошад. Ба ин маъно, ки бо пазириши асли гуфтугӯ ва тафоҳум, рӯйи усул ва арзишҳои асосии Ҷабҳаи муқовимат таъкид сурат гирад. Агар аҳдофи асосии ҷабҳа аз тариқи тафоҳум ва гуфтугӯ бо тазминҳои мустаҳками байналмилалӣ ва минтақаӣ қобили ҳусул бошад, чӣ беҳтар, аммо ҳар гоҳ гуфтугӯҳо ба натоиҷи қобили таваққуъ раҳнамун нагардад, берун шудан аз раванди музокира як гузинаи муносиб хоҳад буд.

 Маъқул аст, ки раҳбарии ҷабҳа як тарҳи сулҳи фишурда ё дар воқеъ як нақшаи роҳро барои эҷоди як низоми воқеъан мушорикатӣ дар оянда барои кишвар пешкаш кунад. Тарҳ метавонад ба шарҳи зер бошад:

1 - Толибон нерӯҳои низомии худро аз ҳавзаи муқовимат (Панҷшер, Парвон, Кописо, Бағлон, Кундуз, Тахор, Бадахшон ва...) хориҷ кунад. Нерӯҳои муқовимат амнияти ин манотиқро таъмин хоҳанд кард. Дар манотиқи дигарӣ (вилоятҳои марказӣ, шимол ва ғарби кишвар), ки мардум мухолифи ҳузури Толибон ҳастанд низ ин ҳукм қобили иҷро аст. Мардуми ҳар вилоят метавонанд худ амниятро таъмин кунанд.

2 - Дар шаҳрҳои бузург (Кобул, Ҳирот, Мазор, Кандаҳор, Нангарҳор ва...) нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони Милал мустақар шуда ва дар ҳамкорӣ бо горнизонҳои шаҳрӣ, ки аз сӯи ҳукумати муваққат муташаккил аз низомиёни маслакӣ ва бетараф, ташкил хоҳад шуд, амнияти шаҳрҳо то як замони мушаххас таъмин шавад ва аз вуруди ҷангҷӯёни тарафайн ба шаҳрҳо ҷилавгирӣ шавад.

3 - Ҳукумати муваққат (дасти кам барои ду сол) муташаккил аз нерӯҳои сиёсии ду тараф (Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон) ва таркибе аз нерӯҳои мутахассиси бетараф ташкил шавад, ки вазоифи муайншуда дар қарордоди сулҳро иҷро кунад.

4 - Тадвини Қонуни Асосии ҷадид бо тамаркуз ба асли адолати иҷтимоӣ, тамаркуззудоӣ аз қудрат, интихобот ва тазмини адами таҷовузи гурӯҳҳои мутахосими қавмӣ ба қаламрави якдигар ва... Аз вазоифи ҳукумати муваққат аст, ки таҳти назорати нозирони байналмилалӣ ва дар тафоҳум бо тарафайни ҷанг вазоифи худро анҷом диҳад.

5 - Дар поёни ҳукумати муваққат, қонуни асосии ҷадид тасвиб ва пас аз эҷоди ниҳодҳои қонунӣ ва демократӣ, ҳукумати ҷадид бар асоси интихобот рӯйи кор омада ва сипас тарафайни ҷанг ба гунаи ҳамзамон таҳти назари Созмони Милал ва ҳукумати бетараф ва қонунӣ аслиҳаи худро замин гузошта ва вазъият ба ҳолати одӣ баргардад.

Возеҳ аст, ки Толибон чунин тарҳеро нахоҳанд пазируфт. Онон чунин хостеро ғайриамалӣ ва хаёлпардозона хоҳанд хонд. Аммо Ҷабҳаи муқовимат роҳи дигаре надорад. Ғайр аз ин роҳ, ҳар роҳи дигаре дар заминаи тафоҳум ва таомул бо Толибон ба маънои пазириши султаи Толибон ва ба истилоҳ, таслим шудан ба ин гурӯҳ аст. Гурӯҳе, ки ҳатто агар соддалавҳона ба тааҳҳудоташ эътимод шавад, тавони ҳифозат аз таслимиҳоро низ надорад. Камо ин ки таслим шудани Ҷабҳаи муқовимат ба Толибон роҳҳали асосии буҳрони музмини сиёсӣ-қавмии Афғонистон низ нест.

Дар ин миён нақши ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои қудратманд ҳоизи аҳамият аст. Агар онон болои Толибон фишори лозимро ворид кунанд, тарҳи мазкур мантиқӣ ва амалӣ ва як роҳи асосӣ барои поёни доимии буҳрон ва ҷанг дар кишвар аст. Дар ғайри ин сурат, Ҷабҳаи муқовимат ногузир аст, ки барои амалӣ шудани ин нақша биҷангад ва бо басиҷи тамомии зарфиятҳои низомӣ ва сиёсии зидди Толибон ин гурӯҳро водор ба тамкин кунад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!