Эрон, Чин, Русия ва Ҳиндустон оё боз иҷозаи бозгашти Амрико ба Афғонистонро хоҳанд дод?
Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар
Даъват накардани огоҳонаи Толибон дар нишастҳои минтақаии Формати Маскав, Ереван ва Остона ва ба идомаи он калла ба калла кардани пинҳони Мулло Яъқуб ва Аҳмад Масъуд дар Маскав (шояд ба қасди пешгирӣ ва хунсо кардани талошҳои Амрико), нишонаи равшане аз нигаронии Русия аз авзоъи Афғонистон ва тарс аз қувват гирифтани дубораи имкони ҳузури Амрико ба шеваи хашинтар ва музиёнатари он дар Афғонистон аст. Русия, Чин ва Эрон, ки бо кӯшишҳои бисёр, Амрикоро ба тарки Афғонистон водор намуданд, намехоҳанд он кишварро бо ҳар шакл ва шамоили дигаре бори дигар дар минтақа ва дар Афғонистон бубинанд.
Таҷаммӯъи девонавор лашкарҳои даҳҳазорнафарии Бадрӣ ва Умарии Толибон дар шимоли Афғонистон, ки худ метавонад ба маркази тарбият ва таҷаммӯъи террористон ва бистару тахтаи хези муносиб барои соири гурӯҳҳои террористӣ ба Осиёи Миёна, Русия ва Чин, мубаддал шаванд, манбаъи бузурги нигаронии Русияву Чин ва далели равшани тавлид беэътимодии ин кишварҳо нисбат ба Толибон ба ҳисоб меояд. Ин таҷаммӯъ ва ташаккули беравияи лашкарҳои ҷангӣ ва интиҳорӣ дар шимоли Афғонистон, ҳеҷ маъное ба ҷуз нияти хасмонаи интиқоли ҷанг ба шимоли Афғонистон, саркӯби ақвоми мухолифи Толибон ва пас аз он интиқоли ҳаводиси террористӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна, Русия ва Чин, наметавонад дошта бошад.
Дуруст ба ҳамин далел аст, ки тамоми раҳбарони созмони минтақаии Паймони амнияти ҷамъӣ, аз ҷумла Владимир Путин, раҳбари қудратманди Русия бо садои расо мегӯянд: "Бо ба қудрат расидани Толибон, хатари нуфузи терроризм ва ифротгароии исломӣ аз Афғонистон ба қаламравҳои кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ рӯз ба рӯз зиёдтар шуда ва ба манбаъи бузурги нигарониҳои мо мубаддал шудааст, ки мо ба шиддат алайҳи он мубориза хоҳем кард." Ва дуруст ба ҳамин далел аст, ки раисҷумҳури Русия бо фосила гирифтани нарм аз Толибон, ба сароҳат мегӯяд, ки: "Ташкили як давлати фарогири муташаккил аз ҳама қавмҳо дар Афғонистон дар авлавияти Русия қарор дошта ва мо як лаҳза ҳам хатари нуфузи созмонҳои террористми исломии мухталиф аз Афғонистон ба қаламрави кишварҳои Созмони паймони амнияти ҷамъиро аз назар дур нахоҳем дошт."
Онон тайи ин муддат ҳамчунон ба хубӣ дарк намудаанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико агар аз як сӯ маккорона Афғонистонро шаҳр ва макони таркшуда тавассути Худо медонад, аз сӯи дигар, бо таслим кардани ҳазорон навъи таҷҳизот ва васоити модерни низомӣ ба арзиши ҳашт миллиард доллар ба бунёдгаротарин гурӯҳи террористии исломӣ ва ҳоло ҳам бо мутамаркиз кардани ҳазорон ҷангҷӯи ниёбатиаш дар шимоли Афғонистон, мехоҳад ин макони таркшуда аз сӯи Худоро бори дигар ба ҷаҳаннами сӯзонтар аз пеш барои мардумони шимоли Афғонистон ва ҳамсояҳои он мубаддал созад.
Аммо ин ки оё Амрикои гурехта аз майдони ҷанг, ки замоне бо ҳузури 130 ҳазор сарбоз дар Афғонистон ҳарфи аввалро мезад, битавонад бо ҳамон тавони қаблӣ сарнавишти ҷангу сулҳ дар минтақаро дар даст бигирад, зери пурсиши бузург қарор дорад. Ва ин ки оё қудратҳои бузурги минтақаие, чун Эрон, Чин, Русия ва Ҳиндустон, ба ҳарифи гурехта аз майдон, боз иҷозаи чунон ҳузури қудратмандро бидиҳанд, ҳам пурсиши муҳимме аст, ки посухи дуруст ба он, шонси ҳузури қудратманди дубораи Амрико ва идомаи ҳокимияти террористии сарбозон ниёбатиашро ба ҳадди ақал коҳиш медиҳад.
Қудратҳои минтақаӣ ҳар бор дар ҳар ҷамъомаде, бахусус конфронси Формати Маскав ба Толибон ва ҳомиёни амрикоиашон ба сароҳат ҳоле кардаанд, ки набояд аз хатти сурх убур намоянд, варна ҳамон дарси ибратеро, ки дар Сурия ва Ироқ ба ДОИШ додаанд, дар Афғонистон ба Толибон ҳам хоҳанд дод.