Хабари рӯз

Аввал бояд ҳунари канор омадан бо худро омӯхт, баъдан бо дигаронро.

Нависанда: Маҳмуд Сайқал, дипломат, собиқ намояндаи Афғонистон дар Созмони Милал

Ин рӯзҳо боз ҳам дар урдугоҳи мухолифи толиб мешунавем, ки дар сиёсат дӯсту душмани доимӣ вуҷуд надорад ва бояд амалгаро бошему бо воқеиятҳо кор кунем. Намунаҳои зиёди ҳаммисдоқи ин мақула вуҷуд дорад; охиринаш рафоқати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Аҳмад Алшаръ, раисҷумҳури Сурия, узви асбақи Алқоида аст.

Ба ҳамин тартиб, дида мешавад, ки низомиёни Покистон бо сохтаҳои худашон, яъне Толибон даргир шуда ва аз мардумони одӣ қурбонӣ мегиранд. Хориҷ кардани Толибон аз мадори Покистону истифода аз он алайҳи Покистон, барои Ҳинд як шоҳкор аст. Вале хости ниҳоии Покистону Ҳинд дар Афғонистон чист? Манофеъи мо?! Трамп, Алшаръ, Шарифу Муди лоақал аз иҷмоъи дохилии ҷиноҳҳои бузурги сиёсии кишварҳояшон сар баланд карда ва барои манофеъи онҳо, бо посухгуии нисбӣ дар баробари қонуну низом, дар арсаи амалгароии сиёсӣ додуситад ва задубанд доранд.

Дар кишвари мо, ки қонуну низом ва иҷмоъи сиёсӣ фурӯ пошида, муҳим ин аст бипурсем, ки амалгароӣ бо кадом сиёсат? Ва надоштани дӯсту душмани доимӣ барои чӣ? Агар мавзеи худи мо равшан ва ҷамъ набошад, аслан моро ба амалгароиву дӯстиву душманӣ бо дигарон чӣ ғараз! Ҳатто чаро бо мавқифи дарунии пошон бо толиб суҳбат кунем? Магар пайомади шуми ҳамчу тамосҳо ва суҳбатҳоро дар охири ҷумҳурият надидем?!

Дар шароити кунунӣ, дар ҳоле ки кампи мухолифи толиб ҳанӯз ҳам, муттаассифона, аз инсиҷоми лозим бархурдор нест, авлавияти мо чист? Ё чӣ бояд бошад? Дохил шудан дар амалгароии равобити хориҷӣ ё ҷамъ кардани мавзеи дарунӣ? Ақли салим ҳукм мекунад, ки аввал бояд дар сиёсати дохилӣ худро ҷамъ кунем; тарҳи муштараки худро ба асоси манофеи калони мардуму кишвар барои бурунрафт аз буҳронҳои бузурги башарӣ, сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ношӣ аз ҳокимияти истибдодии Толибон мушаххас созем, баъдан муттакӣ ба он дохили амалгароии равобити хориҷӣ шавем. Дар ғайри он натоиҷи таъомулоти хориҷии парогандаи кампи мухолифи толиб ҳамон аст, ки мебинем!

Ҷойи шак нест, ки барои зинда нигаҳ доштани мавзӯи Афғонистон, ба вижа дарде, ки занону духтарони ватан мекашанд, дар ҷаҳони пурмашғалаи имрӯз бояд то ҳадди имкон бо масъулини тарози аввали кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии марбута аз наздик дид. Вале изофа аз завоҳири ин диду боздидҳо (оптикс) ва нолидан аз толиб, дар посух ба ин ки ба сифати мардуми Афғонистон чӣ тарҳи муштараке барои бурунрафт аз буҳронҳои чандлоя дорем, посухи мо чист?

Дар паҳлуи он, оё калла ба калла шуданҳои инфиродӣ ва баъзан ҳам чанднафараи сиёсиюн бо агентҳои шабакаҳои истихборотии минтақа ва ҷаҳон дар ақиби дарҳои бастаи утоқҳои ҳуталҳову ресторанҳо, ба асоси бозии мост ё дар ҳавошии бозиҳои онҳо? Бо кадом машрӯъият ин мулоқотҳо сурат мегираду иродаи мардуми Афғонистон дар муҳтавиёти он чӣ нақш дорад? Ин гуна таъомулоти берунӣ бидуни як механизми посухгуӣ ба мардум, шояд хостҳои шахсӣ ва гуруҳиро дар татовуқ бо бозиҳои дигарон бароварда созад, вале фазои беэътимодии даруниро бештар доман зада ва опозисионро пошонтар месозад.

Ҷойи шак нест, ки буҳрони Афғонистон дар паҳлуи решаҳои дохилӣ решаҳои амиқи берунӣ дорад, вале роҳҳали воқеии он аз расидагӣ ба кори дарунӣ оғоз мегардад, на маъкуси ону таърихи кишвари мо низ гувоҳи ин аст. Аввал бояд ҳунари канор омадану сохтан бо худро омӯхт, баъдан бо дигарон, дар ғайри он амалгароӣ ва дӯстиву душманӣ дар равобити хориҷӣ фоҷеъабор хоҳад буд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!