Баҳсе, ки Афғонистонро ба буҳрони қавмӣ кашондааст
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Тероризми марбут ба ҳеҷ қавму забон нест, террорист, яъне ваҳшату даҳшатафкан.
Аммо бармегардем ба ҳодисаи ахири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки Раҳмонуллоҳ Лаканвол анҷом дод. Як теъдод онро ҳувияти қавмӣ медиҳанд, дар ҳоле ки чунин нест. Аз тарафи дигар, муддате мешавад, ки ҷавоне ба номи Самим Ёвар ҳамеша дар расонаҳо ҳозир мешавад ва мегӯяд, ки “ман афғон нестам”. Рӯзи гузашта Амруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷумҳури пешин, маъракаи дигареро оғоз карда, ки “ман афғон ҳастам”. Ин ки ин мардум аз ин ҳарфу корҳо чӣ самарае мегиранд, мавриди баҳси ман нест.
Аммо ман мехоҳам дар ин таҳлил ин ҷумалоту калимотро ба баҳс бигирам, ки сарнавишти Афғонистонро ба чолиш кашидааст.
Таҳлилро аз ин ду вожа - “афғон” ё “афғонистонӣ”.
Нигоҳи илмӣ, таърихӣ ва иҷтимоӣ ба як баҳси ҳассоси ҳувиятӣ манро водошт то дақиқтар ва бетарафонатар суҳбат намоям.
Дар солҳои ахир баҳс дар мавриди корбурди вожаҳои “афғон” ва “афғонистонӣ”, ҳатто баъзеҳо “хуросонӣ” дар миёни мардуми Афғонистон ба яке аз мавзӯъоти пурчолишу ҳассоси ҳувиятӣ табдил шудааст. Гуруҳе аз шаҳрвандони кишвар худро “афғон” меноманд, дар ҳоле ки бархе дигар тарҷеҳ медиҳанд худро “афғонистонӣ” бихонанд. Ин ихтилофи зоҳиран забонӣ, дарвоқеъ бозтобе аз як масаълаи амиқтари таърихӣ, қавмӣ ва ҳувиятӣ аст.
Он чӣ ки ман мехоҳам дар ин ҷо бо шумо шарик бисозам.
А) - Решаи вожаи “афғон”
Дар манобеъи торихии куҳан вожаи “афғон” умдатан ба қавми паштун итлоқ мешуд. Дар китобҳои таърихӣ, монанди “Таърихномаи Ҳирот” ё “Бобурнома” низ ин корбурд дида мешавад. Аммо дар қуруни ахир, бавижа бо шаклгирии давлати модерн дар Афғонистон, ин вожа аз як ҳувияти қавмӣ ба як ҳувияти миллӣ иртиқо ёфт. Дар Қонуни Асосии Афғонистон низ “афғон” барои ҳамаи атбоъи кишвар ба кор рафтааст.
Б) - Вожаи “афғонистонӣ” аз куҷо омадааст?
Аз дидгоҳи забонӣ, афзудани пасванди “ӣ” барои ишора ба шаҳрванди як кишвар (монанди эронӣ, покистонӣ, тоҷикӣ, амрикоӣ, инглисӣ ва ғайра) амре роиҷ дар забони форсӣ ва соири забонҳои ҷаҳон аст. Ба ҳамин далел, шуморе аз шаҳрвандони кишвар барои парҳез аз нисбат додани ҳувияти қавмии паштунӣ ба худ, вожаи “афғонистонӣ” ва “хуросонӣ”-ро тарҷеҳ медиҳанд. Онон бар ин боваранд, ки ин вожа баёнгари ҳамаи ақвоми кишвар ба сурати баробар аст.
В) - Ҳассосияти ҳувиятӣ ва далели ихтилоф
Дар ҷомеаи чандқавмиятии Афғонистон забон, қавмият ва ҳувият ҳамвора аз авомили пуртаниш будаанд. Бисёре аз ғайрипаштунҳо бо корбурди “афғон” ба унвони ҳувияти миллӣ мушкил доранд, чаро ки онро ҳамсанг бо қавми паштун медонанд. Ин гуруҳҳо нигаронанд, ки ин вожа ҳувияти онҳоро ҳазф ё маҳв мекунад. Дар муқобил бархе дигар бар ин боваранд, ки афғон дар бистари миллӣ як вожаи фарогир шуда ва набояд ба маънои қавмии он бозгардонда шавад.
Д) - Ҳоло мехоҳам аз назари ҳуқуқӣ хизмати шумо арз намоям.
Дар асноди расмии давлати Афғонистон, аз ҷумла паспорт, шиноснома ва соири мадорик, вожаи “афғон” барои шаҳрванд ба кор меравад. Дар сатҳи байналмилалӣ низ созмонҳои ҷаҳонӣ атбоъи ин кишварро “афғон” меноманд. Тағйири расмии ин ном ниёзманди бознигарии Қонуни Асосӣ ва тавофуқи миллӣ дар байни ҳама ақвом аст.
Е) - Роҳе ба сӯи тафоҳум
Роҳи ҳали ин чолиш на дар ҳазфи яке ва тасбити дигарӣ, балки дар гуфтугӯи фарогири миллӣ наҳуфта аст. Бояд фазое фароҳам шавад то ҳамаи ақвоми Афғонистон эҳсоси таъаллуқу дида шудан дошта бошанд. То замоне, ки беадолатӣ, табъизу бартариталабии қавмӣ вуҷуд дошта бошад, вожаҳо бори таниш хоҳанд дошту пуртаништар хоҳад шуд.
Ҷамъбандӣ
Баҳси “афғон” ё “афғонистонӣ” танҳо як ихтилофи забонӣ нест, балки бозтобе аз як дарди таърихӣ, эҳсоси нодида гирифта шудан ва буҳрони ҳувияти миллӣ аст. Мо ба унвони мардуме бо решаҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ ниёз дорем то ба ҷои ихтилоф бар сари вожаҳо, ба самти сохтани як ҳувияти миллии фарогир, одилона ва муҳтарам барои ҳамаи ақвом ҳаракат кунем. Танҳо дар ин сурат аст, ки “афғон” ё “афғонистонӣ” будан, дигар мояи ҷудоӣ нахоҳад буд, балки намоди ваҳдату сарбаландии муштарак хоҳад шуд. Дар ғайри он бо идомаи ин вазъият буҳрони қавмӣ ва забонӣ Афғонистонро ба тарафе хоҳад бурд, ки авоқиби хеле баде хоҳад дошт.