Хабари рӯз

Роҳбурди Русия дар Афғонистон чист?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия гуфтааст, кишвараш иҷоза намедиҳад, ки Амрико пойгоҳи низомии Багромро дубора дар контрол гирад. Аз сӯи дигар, вай аз Толибон ва Покистон мехоҳад, ки дар мубориза бо терроризм ҳамкорӣ кунанд. Дар айни замон,  Кобулов нигаронии худро аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон изҳор кардааст.

Ин изҳорот нишондиҳандаи як бозии чандқабата ва печидаи Русия дар Афғонистон аст. Шояд ба назар бирасад, ки русҳо дар майдони Афғонистон сардаргум ҳастанд. Аммо таҳлилҳои амиқ нишон медиҳанд, ки роҳбурди Русия дар Афғонистон на ношӣ аз заъфи иттилоотӣ аст ва на ҳосили сардаргумӣ, балки бозтоби як бозии печида, чандқабата ва ҳисобшуда дар сатҳи минтақавӣ ва фароминтақавӣ аст. Маскав огоҳона дар масире ҳаракат мекунад, ки барои дигар бозигарон мубҳам, мутазод ва ҳатто иғфолкунанда ба назар бирасад, аммо дарвоқеъ ин ибҳом бахше аз тарроҳии роҳбурдии он аст. Таомули ҳамзамон бо Толибон ва Покистон дар чаҳорчӯби мубориза бо терроризм, беш аз он ки нишонаи як интихоби сода бошад, баёнгари такяи тактикӣ бар бозигарони ғайриқобили эътимод барои ҳифзи ишрофи иттилоотӣ ва ҳузури муассир дар майдони Афғонистон аст.

Дар маркази ин рӯйкард, ҳифзи “ҳавлии стратегӣ”-и Русия дар Осиёи Марказӣ қарор дорад; ҳавзае, ки дар доктринаи амнияти Авруосиё ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Русия бо барҷастасозии таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистон таҳти ҳокимияти Толибон, дарвоқеъ заминаро барои тақвияти ҳузури амниятии худ дар Осиёи Марказӣ фароҳам месозад ва ин ҳузурро тавҷеҳ мекунад. Ин бузургнамои таҳдид, на танҳо вокунише ба хатароти воқеӣ, балки бахше аз як роҳбурди фаъол барои тасбити нуфузи минтақаӣ аст.

Русия бо баҳрагирӣ аз равобити печида миёни Толибон, Покистон ва Иёлоти Муттаҳида, фазои манёврии худро густариш медиҳад. Ин кишвар ба хубӣ огоҳ аст, ки равобит миёни ин бозигарон ҳамвора бо беэътимодӣ, шикоф ва рақобат ҳамроҳ будааст ва дақиқан аз ҳамин нуқоти заъф барои пешбурди аҳдофи амалиётии худ истифода мекунад. Бар хилофи даврони ҷанги сард, сиёсати хориҷии Русия имрӯз камтар идеологӣ ва бамаротиб прагматикӣ ва инъитофпазиртар аст; ба гунае, ки ба ҷои такя бар иттиҳодҳои собит, бар иттифоқҳои муваққат ва манофеи муқтаӣ тамаркуз дорад.

Дар ин чорчӯб, Маскав сенарияҳои мухталифро ҳамзамон дар назар дорад. Агар Покистон дар идомаи масир ба самти бозигарони дигар майл кунад ё Толибон таҳти фишорҳои берунӣ тағйири рафтор диҳад, Русия набояд ғофилгир шавад. Ба ҳамин далел, ҳифзи робита бо Толибон барои Русия бештар як зарурати иттилоотӣ ва тактикӣ аст, то як интихоби стратегии дарозмуддат. Толибон на шарики ниҳоӣ, балки яке аз абзорҳои муваққат дар як бозии печидатар аст; ҳамон ‌гуна ки барои дигар қудратҳо низ чунин нақш дорад.

Русия дар ин бозӣ аз тарҳи мавзӯъоте монанди пойгоҳи Багром низ ба сурати ҳадафманд истифода мекунад. Матраҳсозии ин масъала, ҳатто бидуни нишонаҳои қатъӣ аз иқдоми Амрико, навъе “шоки иттилоотӣ” эҷод мекунад, ки метавонад вокуниши бозигарони мухталифро барангезад ва дар айни ҳол, заминасоз барои эҷоди як сипари дифоӣ дар баробари сенарияҳои эҳтимолӣ бошад. Ин рӯйкард бахше аз як бозии иттилоотии пешдастона аст, ки ҳадафи он хариди замон, афзоиши ҳассосияти минтақаӣ ва ҷилавгирӣ аз ғофилгирӣ аст.

Дар ин миён, он чӣ дар зоҳир ба унвони таноқуз дар сиёсатҳои Русия дида мешавад, дарвоқеъ абзоре барои мудирияти ҳамзамони чандин риск ва фурсат аст. Маскав на ба дунболи пирӯзии комил дар Афғонистон аст ва на хостори суботи мутлақ дар ин кишвар, балки ҳадафи аслии он ҷилавгирӣ аз шаклгирии як назми босуботе таҳти нуфузи рақибоне чун Амрико аст. Аз нигоҳи Русия, як Афғонистони бесубот аммо қобили контрол, мазоёи чандваҷҳа дорад: тавҷеҳи ҳузури амниятӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳифзи каналҳои иттилоотии фаъол, интиқоли ҳазинаҳои буҳрон ба дигарон ва ҷилавгирӣ аз тасбити нуфузи қудратҳои рақиб.

Дар ниҳоят, роҳбурди Русия бар ин асл устувор аст, ки дар майдони Афғонистон набояд танҳо монд. Ҳузури ҳамзамони бозигарони мутааддид, ба сурати мубҳам ва рақобатӣ барои Маскав қобили таҳаммултар ва ҳатто матлубтар аз як саҳнаи холӣ аст, ки дар он як қудрат битавонад бидуни музоҳимат дасти болоро бигирад. Аз ин манзар, Русия тарҷеҳ медиҳад бозии печида, пурҳазина ва чандҷониба идома ёбад, то ин ки шоҳиди як назми сода аммо ба нафъи рақибонаш бошад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!