Хабари рӯз

Хашми ду миллиард мусулмон ба кадом сӯ – Исроил ё Эрон – равона хоҳад шуд?

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Вазъ дар Ховари Миёна ҳамчунон дар ҳоли таниш аст. Ошкор аст, ки блитс-криг (ҷанги барқосо)-и Амрико ва Исроил алайҳи Эрон шикаст хӯрдааст. Ҷанги тез ва фаврие, ки Трамп ва Нетаняҳу ваъда дода буданд, амалӣ нашуд. Ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба ҳадафҳои стратегӣ ва ғайриинизомӣ, талафот дар миёни мардум ва низомиён, натавонист муқовимати Теҳронро шикаст диҳад. Баръакси интизорҳо, мардуми Эрон ҳамбастагӣ нишон медиҳанд ва Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ низ устуворӣ, хештандорӣ ва қатъият нишон медиҳанд.

Ин ки дар оянда чӣ бояд кард, ҳеҷ кас намедонад. Фазои ноумедӣ ҳатто рӯҳияи сарсахттарин хушбинҳои Ғарбро низ фаро гирифтааст. Дар додани оташи Ховари Миёна осон буд, аммо нигоҳ доштани он душвор, зеро акнун ҷарақаҳои ин оташ худи оташфурӯзҳоро низ месӯзонанд.

Дар миёни нокомиҳои стратегии Амрико ва Исроил, яке аз муҳимтаринҳо адами нияти кишварҳои минтақа барои ширкат дар ҷанг алайҳи Эрон аст. Ташкили иттиҳоди зиддииронӣ аз кишварҳои исломии Халиҷи Форс сурат нагирифт ва бе чунин иттиҳод, дурнамои шикастани муқовимати Теҳрон чандон воқеӣ наменамояд.

Дар чунин фазо, таҳдиди нав пайдо шуд, ки метавонад оташро бештар афрӯзад ва ҷангро аз сатҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба арсаи мазҳабӣ бикашад. Ба гуфтаи манобеъи баъзе хадамоти махфии Ховари Миёна, Исроил омода аст арзишмандтарин мероси мусалмонони ҷаҳон — маъбадҳои қадимии исломиро — қурбон кунад. Гуфта мешавад, Тел-Авив дар ҳоли омодагӣ барои ҳамлаи мушаки ё паҳподӣ ба масҷиди Ал-Ақсо дар Байтулмуқаддас аст.

Нақшаи Исроил хеле сода аст: вайрон кардани ин макони муқаддас ва сипас айбдор кардани Эрон. Бо ин роҳ, Тел-Авив ба ду ҳадаф мерасад: аввал — аз миён бурдани яке аз муқаддастарин масоҷиди ҷаҳони ислом ва дуюм — ба таҳрик овардани мусалмонони ҷаҳон алайҳи мусалмонони Эрон. Ихтилоф дар ҷаҳони ислом ҳамон чизест, ки имрӯз Исроил ва Амрико ба он ниёз доранд.

Масҷиди Ал-Ақсо танҳо як бинои таърихӣ ё зебо нест. Ин масҷид дар Ҳарами Шариф дар шаҳри қадими Байтулмуқаддас ҷойгир аст ва дар канори Маккаву Мадина, яке аз се мавзеъи муқаддас ва мавриди эҳтироми мусалмонони ҷаҳон ба шумор меравад. Тахриби Ал-Ақсо мавҷе аз ғазабу эътирозро ба вуҷуд хоҳад овард, ки минтақаи бузургро — аз Индонезия то Нигерия — фаро мегирад. Саволи асосӣ: ин ғазаб бар зидди кӣ равона хоҳад шуд?

Ҳарами Шариф (Кӯҳи Маъбуд ё Кӯҳи Мория) яке аз ҳассостарин нуқтаҳои ҷаҳон аст ва ҳар ҳодиса дар ин ҷо метавонад захми амиқу пойдор ба вуҷуд орад, захме, ки на танҳо солҳову даҳсолаҳо, балки наслҳо онро эҳсос хоҳанд кард.

Дар масъалаҳои динӣ замони маҳдуд вуҷуд надорад. Ҳамлаи ваҳшиёна ба масҷиди Ал-Ақсо метавонад ҷомеаи исломиро барои замони тӯлонӣ ва шояд садсолаҳо ноором кунад. Дақиқан ин он чизест, ки тарроҳони чунин сенарияи хатарнок дар сар доранд: мусалмононро ба ҷанги тӯлонӣ кашонанд, ҷанге, ки дар он ҳатто набераҳо ва абераҳои онҳо низ хун хоҳанд рехт. Шояд инфиҷори силоҳи ҳастаӣ теъдоде аз одамонро зинда ба ҷой гузорад, аммо тахриби Ал-ақсо кинаеро дар дилҳои одамон хоҳад кошт, ки асрҳо боқӣ хоҳад монд.

Танҳо чизе, ки дар Тел-Авив ба он диққат дода намешавад, акси садои оташи мазҳабист, ки дер ё зуд аз марзҳои ҷаҳони ислом фаротар хоҳад рафт. Агар ҷанги мазҳабие, ки сунъӣ дар Ховари Миёна сар зад, ба андозаи Ҷанги Ҷаҳонии Севум расад, шояд Исроил натавонад худро аз оқибатҳои он ҳифз кунад. Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки дар Ховари Миёна, ҳар оташ ниҳоят ҳамаро фаро мегирад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!