Хабари рӯз

Ташкили Лашкари Фотимиён шоҳбайти стратегияи ҷангҳои асимметрии Эрон буд.

Муаллиф: Убайд Нурӣ, расонаи “Котиб”

Ташаккули Лашкари Фотимиёнро наметавон танҳо ба як рӯйдоди низомӣ маҳдуд кард. Пайдоиши ин гурӯҳ натиҷаи бархӯрди печидаи ниёзҳои геополитикии Эрон, стратегияи ҷангҳои прокси ва вазъи осебпазири иҷтимоиву иқтисодии муҳоҷирони афғонистонӣ буд. Барои дарки он ки чаро ва чӣ гуна ин сохтор ба вуҷуд омад, бояд онро аз дидгоҳҳои стратегӣ, ҷомеашинохтӣ ва тактикӣ таҳлил кард.

Бо оғози буҳрони Сурия ва ба хатар афтодани ҳукумати Башор Асад дар солҳои 2012 ва 2013, стратегияи минтақавии Эрон тақозо мекард, ки аз суқути муҳимтарин муттаҳиди арабии худ ҷилавгирӣ кунад. Бо вуҷуди ин, фиристодани густурдаи нерӯҳои расмии артиш ё Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба Сурия бо ду монеаи бузург рӯ ба рӯ мешуд:

Арзиши сиёсӣ ва дипломатӣ: ҳузури расмии низомӣ метавонист ба рӯёрӯии мустақим бо қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ оварда расонад.

Афкори умумии дохилӣ: ҷомеаи Эрон талафоти зиёди нерӯҳои расмии низомиро дар як ҷанги хориҷӣ қабул намекард.

Дар ин марҳила, доктринаи нерӯҳои Қудси Сипоҳ — яъне истифода аз нерӯҳои прокси (вакилӣ) — фаъол шуд. Аммо бар хилофи Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки сохтори маҳаллӣ дошт, Эрон дар Сурия ба нерӯи пиёдагарди арзон, дастрас ва омодаи ҷанг ниёз дошт, то холигии ба вуҷудомада дар натиҷаи заъиф шудани артиши фарсудаи Сурияро пур кунад.

Дар ҳамин ҷо таваҷҷуҳ ба сӯи як зарфияти бузург дар дохили марзҳои Эрон равона шуд: ҷомеаи чандмиллионии муҳоҷирони афғонистонӣ.

Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон, бахусус ҳазораҳои шиъа, даҳсолаҳо дар ҳошияи ҷомеа зиндагӣ мекарданд. Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ барои табдил додани ин ҷомеа ба як артиши муассир маҷмӯи омилҳои “ҷалбкунанда” ва “ронанда”-ро ба кор гирифт:

Ҳувиятбахшӣ ва идеология: Муҳоҷироне, ки дар Эрон ҳувияти ҳошиявӣ доштанд, ногаҳон бо пайвастан ба ин гурӯҳ ва таҳти унвони “муҳофизони ҳарам” ҳувияти қаҳрамонӣ ва муқаддас пайдо мекарданд. Дифоъ аз маконҳои муқаддаси шиъаён дар баробари гурӯҳҳои такфирӣ як омили пурқудрати эътиқодӣ буд, ки метавонист ҳатто бисёриҳоро комилан ихтиёрӣ ва бар асоси эътиқоди устувор ба майдони ҷанг бикашонад.

Фишанги иқтисодӣ ва иқомат: Барои бахши бузурги муҳоҷирони бидуни санад, ки ҳамеша бо тарси ихроҷ (депортатсия), коргарии каммузд ва маҳрумият аз ҳуқуқҳои ибтидоии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ буданд, ваъдаи гирифтани маоши долларӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба даст овардани иқомати қонунӣ ва шаҳрвандӣ барои худ ва хонаводаашон, як имкони нодир барои тағйири мақоми иҷтимоӣ ва раҳоӣ аз буҳрони бебунёдӣ ва беҳувиятӣ ба ҳисоб мерафт.

Фишорҳои систематикӣ: Дар баробари ихтиёриён, таҳлилгарон ба истифодаи фишорҳои маҷбурӣ ва систематикӣ низ ишора мекунанд; ҳолатҳое, ки боздоштшудагон барои убури ғайриқонунии марз ё муттаҳамони ҷиноятҳои хурд дар назди интихоби ихроҷ/зиндон ё фиристодан ба Сурия қарор мегирифтанд.

Лоиҳаи Фотимиён хеле ҳисобшуда оғоз ёфт. Дар ибтидо аз зарфияти фармондеҳони собиқадори афғонистонӣ, ба мисли Алиризо Таввасулӣ, ки таҷрибаи ҷанг дар канори Эрон — дар ҷанги ҳаштсола бо Ироқ — ё мубориза бо Толибонро доштанд, ҳамчун ҳастаи марказӣ истифода шуд.

Стратегияи Сипоҳ ин буд, ки ба ин гурӯҳ чеҳраи комилан “афғонистонӣ” диҳад, то истиқлолияти зоҳирии он ҳифз шавад, аммо таъминоти логистикӣ, омӯзиш, силоҳ ва фармондеҳии олӣ мустақиман таҳти назорати Нерӯҳои Қудс қарор дошта бошад.

Самаранокӣ ва шуҷоати ин нерӯҳо дар набардҳои партизанӣ ва шаҳрӣ, дар баробари талафотпазирии баланди онҳо — яъне бетарафии нисбии афкори умумии Эрон нисбат ба кушта шудани муҳоҷирон дар муқоиса бо шаҳрвандони Эрон — боис шуд, ки ин лоиҳа ба суръат аз як бригадаи хурд ба як лашкари даҳҳо ҳазорнафара густариш ёбад. Онҳо ба «хатшиканҳои» асосӣ дар сахттарин ҷабҳаҳои Сурия табдил ёфтанд ва ба ҳамин далел низ дар миёни нерӯҳои ҳомии Башор Асад аз ҳама бештар талафот доданд.

Ташкили Лашкари Фотимиён шоҳбайти стратегияи ҷангҳои асимметрии Эрон буд. Ҷумҳурии Исломӣ тавонист бо камтарин хароҷоти дипломатӣ ва бо истифода аз буриши “шӯри мазҳабӣ” ва “ниёзҳои маишӣ”-и як ақаллияти дар ҳошия қарордошта, яке аз муассиртарин нерӯҳои низомии бурунмарзии худро ба вуҷуд оварад. Гурӯҳе, ки ҳарчанд дар ибтидо барои буҳрони Сурия таъсис ёфта буд, имрӯз ҳамчун як нерӯи низомии баргузида ва тағйирёбандаи доимии геополитикӣ дар ихтиёри Теҳрон қарор дорад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!