Хабари рӯз

“Бачаи дагарвол Дӯстмуҳаммад дигар чӣ мехоҳад?”

Нависанда: Генерал Бобаҷон Зоҳид, яке аз фармондеҳони ҳирфаии ҳукумати коммунистӣ ва сипас Давлати исломии Афғонистон

Бисту панҷ сол аз шаҳодати Омир Соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуди бузург, Қаҳрамони миллии кишвар гузашт.

Солҳои муқовимат ва пеш аз он, яке аз пурифтихортарин давраҳои зиндагии ман ба шумор меравад. Аз он солҳо хотироти бисёре дар зеҳн дорам; хотироте, ки ҳар кадом бахше аз таърихи талх ва пурифтихори муқовимати мардуми мост. Имрӯз мехоҳам аз ин фурсат истифода карда, яке аз хотирот ва муколимоти худро бо Омир Соҳиб бо шумо шарик созам.

Хуб ба ёд дорам; ҷавзои соли 1376 буд. Сафаҳоти шимол дар пайи як силсила ихтилофот миёни раҳбарии Ҷунбиши Миллӣ, дучори шикаст шуд. Шаҳри Мазори Шариф ва бахшҳои васеъе аз сафаҳоти шимол суқут кард.

Банда дар он замон бо ҳудуди сад нафар аз персонал, ки бештарашон аз Багром буданд, дар тунели Соланг, Гарарии Аввал ва Уланг мустақар будем.

Аз тариқи мухобира ба мо иттилоъ дода шуд, ки дар қароргоҳи Соланг ҷаласаи изтирорӣ баргузор мешавад ва ман низ бояд дар он ҷаласа иштирок кунам.

Замоне ки бо як бодигард ва ронанда ба маҳалли ҷаласа расидам, беш аз панҷоҳ тан аз қумандонон ва саргурӯпҳои Парвон, ба шумули масъулини ҷабҳа, дар ҷаласа ҳузур доштанд.

Аз зикри номи ҳамаи касоне, ки дар он таҳаввулоти шимоли кишвар ва Соланг нақш доштанд, ба далели рафоқат ва шинохти шахсӣ, худдорӣ мекунам; умедворам касе аз ин мавзӯъ озурда нашавад.

Ба ҳар сурат, ман бидуни иттилои дақиқ аз таҳаввулоти ҷабҳа дар он ҷаласа ҳузур ёфта будам.

Ногаҳон масъули мухобира, Абдуллоҳ аз Панҷшер, вориди ҷаласа шуд ва гуфт:

“Ҷамшед, масъули мухобираи Омир Соҳиб, мегӯяд Омир Соҳиб мехоҳад дар мавриди таҳаввулот ва тағйироти ахир бо аъзои ин маҷлис суҳбат кунад”.

Аммо ҳеҷ кас ҳозир нашуд бо Омир Соҳиб суҳбат кунад.

Яке гуфт:

“Бачаи Дагарвол Дӯстмуҳаммад дигар чӣ мехоҳад?”

Яке дигар аз фармондеҳони ҷамъиятӣ гуфт:

“Ма дигар ҳеҷ ҷамъиятӣ нестум”.

Яке дигар пакули худро аз сар бардошт ва гуфт:

“Ин чармак дигар ба дард намехӯрад; мо дигар ба номи касе болои худ омир надорем”.

Фазои ҷаласа комилан муташанниҷ шуда буд.

Билохира Абдуллоҳ, масъули мухобира, гуфт:

“Генерал Соҳиб Бобоҷон ҳам ин ҷо ҳузур дорад”.

Дар ҳамон лаҳза мухобираро ба ман доданд. Ҳамаи ҳозирон бо ишора ба ман гуфтанд:

“Худат як коре бикун”.

Номи шабакаи мухобираии Омир Соҳиб «Холид» буд ва аз ман дар он замон «Марказ» (албатта, дар сатҳи қитъаи худи мо). Омир Соҳиб номи шабакаи мухобираии маро намедонист.

Вақте иртибот барқарор шуд, гуфт:

“Генерал, мешунавӣ?”

Гуфтам:

“Холид, мешунавам”.

Омир Соҳиб гуфт:

“Вазъияти Соланг хароб аст. Як теъдод муомила кардаанд. Оҷил бирав ва тунели Солангро масдуд кун”.

Гуфтам:

“Омир Соҳиб, гапро гирифтам. Ин ҷо ҳамаи бародарон, қумандон соҳибҳо ва муҷоҳидин ҳузур доранд. Ҳама гапро шуниданд; ҳатман иҷроот мекунем”.

Ин мавзӯъ ду бор аз тарафи Омир Соҳиб такрор ва таъкид шуд ва ман низ ҳамон посухи қаблии худро такрор кардам.

Омир Соҳиб асабонӣ шуд. Танини садояш баландтар шуд ва гуфт:

“Генерали гаранг! Муомила сурат гирифта. Оҷил ҳамон чизеро, ки гуфтам, иқдом кун”.

Дар он лаҳза ногузир мухобираро қатъ кардам. Тоза аз тариқи ҳамон муколима бо Омир Соҳиб аз як воқеияти талх ва як амали анҷомшуда бохабар шуда будем.

Чанд дақиқа ҳамон ҷо мондем. Сипас ба баҳонаи вузӯ гирифтан аз ҷаласа берун шудам.

Яке аз саргуруҳҳои Соланг маро ба гӯшае бурд ва дар ҳаракати махфиёнаам ба тарафи тунел бо ман ҳамкорӣ кард; номашро ба далоили амниятӣ дар ин ҷо намеоварам.

Абдуллоҳ, масъули мухобира, ки дар он замон дафтараш дар минтақае ба номи Қалатаки Соланг буд, низ бо худ ба тарафи тунел бурдам.

Мо тавонистем пешравии Толибонро барои чанд рӯз мутаваққиф кунем ва амалиёти инсидоди тунели Солангро бо муваффақият ба анҷом бирасонем. Бад-ин тартиб, аз иттисоли нерӯҳои Толибон ҷилавгирӣ кардем. Бо инсидоди тунел, муқовимат бори дигар ҷон гирифт ва фурсати тозае барои созмондиҳӣ ва идомаи муқовимат фароҳам шуд.

Аз ҳаводис ва хотироти пас аз инсидоди тунели Соланг низ достонҳои бисёр дорам, аммо бимонад барои фурсати дигар.

П.Н: Пас аз ҳодисаи Соланг, Омир Соҳиб номи шабакаи мухобираии маро “Фарҳод” гузошт; чун мегуфт:

“Мисли Фарҳод, ки кӯҳро канд”.


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!