Хабари рӯз

Бо худ гуфтам, кош мо чунин раҳбаре медоштем, ки ин суханонро ба мо мегуфт ва ҷомеаи моро аз хатари хурофотпарастиву бунёдгароӣ наҷот медод.

Нависанда: Яъқуб Ясно, нависанда ва пажӯҳишгар, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар оғози рӯза (моҳи рамазон), суханронии хеле муҳиму таъсиргузоре дошт ва ба мавориди муҳиме, аз ҷумла ба эътидолу миёнаравӣ дар диндорӣ, хатари терроризму бунёдгароӣ, илмгароӣ, оянданигарӣ, нигоҳи дунявӣ дар давлатдорӣ ва ободиву ободсозии бештари Тоҷикистон пардохт.

Ба бардошти ман, суханони Ҷаноби Олӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва шаҳрвандони кишварҳои минтақа, бавежа барои форсизабонону тоҷикон бисёр муфид буд ва бояд ҳар форсизабону тоҷике ба суханони раисҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳ кунад, ки фарзандону аъзои хонаводааш дучори бунёдгароӣ ва хурофотпарастӣ нашавад. Агар диққат кунем, бо таассуф метавон гуфт, мардуми форсизабон ва тоҷикҳои ҷаҳонро хурофапарастиву бунёдгароӣ бештар таҳдид мекунад.

Хушбахтона, кишварҳои арабӣ бо нигоҳи дунявӣ ба сиёсату давлатдорӣ дар пайи ободии кишварҳои худ ҳастанд, аммо дар ҷомеаҳои форсизабону тоҷик, хурофотпарастӣ ва бунёдгароии динӣ бештар равнақ ёфтааст ва хонаводаҳо алоқа доранд фарзандони худро ба мадориси динии бунёдгаро бифиристанд, ки фарзандонашон тавассути он мадориси динӣ шустушӯйи мағзӣ мешаванд ва тундраву худкуш тарбия меёбанд.

Дар байни тоҷикҳои Афғонистон ин гароишро мебинем, ки хонаводаҳо фарзандони худро ба мадориси мазҳабии Покистон мефиристанд ва дар он мадорис бунёдгарову тундрав тарбия мешаванд. Ҷаноб Олӣ раисҷумҳури Тоҷикистон ба хубӣ ишора кард, ки мадориси мазҳабӣ ба фикри зиндагиву сарнавишти фарзандони мо нестанд, фарзандони моро барои худкушиву марг тарбия мекунанд ва ҷомеаро ба сӯи бунёдгароиву хурофотпарастӣ ташвиқ мекунанд ва ин хатаре барои Тоҷикистон аст.

 Агар таваҷҷуҳ кунем, феълан ҷомеаи Афғонистон ғарқ дар бунёдгароии мазҳабӣ шудааст. Бояд ба Афғонистон бингарем ва мутаваҷҷеҳи хатари бунёдгароӣ ва хурофотпарастии мазҳабӣ шавем, ки дар он ҷо духтаронро намегузоранд дарс бихонанд, занонро намегузоранд кор кунанд ва ҳеҷ озодие барои шаҳрвандон вуҷуд надорад.

Шаҳрвандони Тоҷикистон хушбахтанд, ки духтарон дарс мехонанду занон кор мекунанд ва амният дар саросари кишвар барқарор аст ва озодиҳои фардӣ барои занону мардон вуҷуд дорад. Ин хушбахтӣ ва саодат дар Тоҷикистон бинобар тадбир ва давлатдории ҷаноби раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарии давлати Тоҷикистон барқарор аст. Шаҳрвандони тоҷик бояд шукргузори ин хушбахтӣ ва саодат бошанд.

Дар китоби “Гулистон”-и  Саъдӣ достоне аст, ки гуфта шуда, саодатро касе дарку эҳсос мекунад, ки дучори мушкилу муъзале шудааст. Мо афғонистониҳо, ки қурбонии бунёдгароии диниву мазҳабистем ва мушкилро дидаем, хушбахтиву саодати шаҳрвандони Тоҷикистонро метавонем эҳсосу дарк кунем.

 Ҷаноби раисҷумҳури Тоҷикистон бисёр сухани муҳимеро ёдовар шуд, ин ки фақат бо баргузории маросими диниву тоату ибодат наметавон кишварро обод кард. Ободии кишвар бо илму диди дунявӣ ба зиндагӣ ва давлатдорӣ мумкин аст. Диққат ба ин сухани раисҷумҳур ба ҳамаи мо муҳим аст, зеро сиёсӣ шудани дин ва ташкили ҳукумати динӣ, ҷомеаро хурофотпарасту бунёдгаро месозад.

 Дину сиёсат боястӣ аз ҳам ҷудо бошанд ва набояд дину мазҳабро дар арсаи умумӣ овард ва тавассути дин дар зиндагии фардии шаҳрвандон ва дар умури давлатдорӣ мудохила кард. Дин амри фардӣ аст ва ба ақидаи шахсии афрод иртибот дорад ва ҳеҷ фарде наметавонад бардошти динии худро дар байни афроди ҷомеа таблиғ кунад ва афроди ҷомеаро водорад, ки монанди ӯ бардошти диниву мазҳабӣ дошта бошад ва аз ӯ пайравӣ кунад.

Мӯҳтарам раисҷумҳури Тоҷикистон дурӣ аз бунёдгароиву ифротияти мазҳабиро дар илмгароӣ ва оянданигарӣ донист ва таъкид кард, ки дар ҳазораи севум, давлатҳое метавонанд мустаҳкаму барқарор бимонанд, ки ҷавонон дар давлатҳо ба таҳсили илму дониши табиӣ ва илмӣ ташвиқ шаванд ва тахассусу илм дар ҷомеа равнақ пайдо кунад, то афроди боилму тахассус мушкилоти зиндагии ҷомеаро ҳал кунанд.

Воқеият ин аст агар ба илм руҷуъ накунем ва оянданигар набошем, бо хурофотпарастӣ ва бунёдгароии мазҳабиву динӣ ҳеҷ мушкиле ҳал намешавад, балки мушкилоти ҷомеа бо хурофотпарастиву бунёдгароӣ бештар ва ҷомеа, ғарқи бадбахтиву нооромӣ мешавад.

Ман ба унвони як шаҳрванди хориҷие, ки суханони Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро дидам, бо худ гуфтам, мардуми тоҷик дар Тоҷикистон хушбахтанд, ки раҳбарашон бо воқеъгароӣ миллатро роҳнамоӣ мекунад ва мутаваҷҷеҳи сарнавишти мардуми худ аст ва хатарҳое, ки зиндагии мардумро таҳдид мекунанд, ба миллат ҳушдор медиҳад, ки мутаваҷҷеҳи он хатарҳо бошанд. Бо худ гуфтам, кош мо чунин раҳбаре медоштем, ки ин суханонро ба мо мегуфт ва ҷомеаи моро аз хатари хурофотпарастиву бунёдгароӣ наҷот медод.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!