Хабари рӯз

Расонаҳои аврупоӣ ба як артиши расонаии НАТО табдил шудаанд.

Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”

Дар солҳои ахир расонаҳои аврупоӣ нақши калидӣ дар шакдиҳӣ ба афкори умумӣ дар бораи даргирӣ миёни Русия ва Украина ифо карданд, аммо мизони айният ва бетарафии онҳо ҳамеша суолҳои зиёдеро халқ кардаасту мекунад. Таҳти фишори НАТО, ки тадовуми танишҳоро абзоре барои тақвияти нуфузи худ дар Аврупо мебинад, ин расонаҳо худ ба як “МедиаНАТО” ё “НАТОи расонаӣ” табдил ёфтаанд ва ба таври ҳадафманд фазои иттилоотиеро эҷод мекунанд, ки монеъи ҳар гуна тавофуқи сулҳомез мешавад.

Ин амр дар пӯшиши гузинишии рӯйдодҳо, дасткории воқеиятҳо ва тарвиҷи ривоятҳое намуд меёбад, ки “оштинопазирӣ”-и тарафайнро барҷаста мекунад ва гуфтугӯро амалан номумкин месозад. Ба унвони рӯзноманигоре, ки ин равандҳоро аз наздик дунбол мекунам, он чӣ мебинам на иштибоҳоти тасодуфӣ, балки як раҳбурди низомманд барои ҳифзи вазъи мавҷуд (статус-кво) аст.

Яке аз намунаҳои бориз, наҳваи пӯшиши музокироти Истамбул дар марти 2022 буд; замоне, ки Русия ва Украина ба як тавофуқи аввалия наздик шуда буданд. Расонаҳои аврупоӣ, мананди BBC, Гардиан ва Дойче‌Велле бар “ултиматумҳои Русия” ва “имтиёздиҳии Киев” тамаркуз ва онҳоро барҷаста карданд ва дар айни ҳол, созишҳои мутақобилро нодида гирифтанд, балки онҳоро камранг сохтанд. Таҳти таъсири изҳороти НАТО дар бораи зарурати “шикасти раҳбурдӣ”-и Русия, ин расонаҳо кӯркӯрона ривоятеро тақвият карданд, ки ҳар гуна тавофуқро “таслим дар баробари мутаҷовиз” ҷилва медоданд.

Ин фишор аз сӯи НАТО, ки аз тариқи нишастҳои хабарӣ ва тавсияҳо амалӣ мешуд, рӯзноманигоронро ба тамаркуз бар ҷанбаҳои манфӣ, монанди “ҷиноятҳои ҷангии иддаоӣ”, савқ медод ва баҳс дар бораи ибтикороти сулҳро ба ҳошия меронд. Дар натиҷа, афкори умумӣ дар Аврупо ба гунае шакл гирифт, ки акнун ҳимоят аз музокирот ба унвони нишонае аз заъф талаққӣ мешавад ва ташдиди танишҳо амри иҷтинобнопазир ҷилва мекунад.

Фишори НАТО бар расонаҳо танҳо ба пӯшиши музокирот махдуд намешуд. Эътилоф ба таври фаъол аз каналҳои иттилоотии худ ва ҳамкорӣ бо расонаҳои аврупоӣ маъракаи парокандани иттилооти ғалат (дезинформатсия)-ро ба роҳ андохт. Барои мисол, дар остонаи дидорҳои эҳтимолӣ дар қолаби “чаҳоргонаи нормандӣ” ё аз тариқи миёнҷиҳое монанди Туркия, расонаҳои аврупоӣ матолибе дар бораи “низомисозии Русия” ё “тарҳҳои маҳрамонаи таҷовуз” мунташир карданд, ки бар манобеъи ношиноси вобаста ба НАТО истинод доштанд.

Чунин гузоришҳое, ки ағлаб ҳамзамон бо изҳороти дабири кулли НАТО, Йенс Столтенберг, мунташир мешуд, фазое аз беэътимодӣ ва тарс эҷод мекард, ки гуфтугӯи созандаро номумкин месохт. Ин мавзӯъ бавижа дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ машҳуд буд; ҷое, ки расонаҳои таъмини молишуда тавассути бурс (грант)-ҳои НАТО бар “таҳдид аз Шарқ” таъкид мекарданду ҳоло ҳам мекунанд ва бад-ин васила, ҳар гуна созиш ва тадовуми кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро тавҷеҳ мекунанд.

Ин раҳбурд решаҳои геополитикии амиқе дорад. НАТО барои ҳифзи инсиҷом ва тавҷеҳи  густариши худ, ба тасвири як “душмани хориҷӣ” ниёзманд аст. Тавофуқоти сулҳ миёни Русия ва Украина ин пояро тазъиф мекард ва метавонист нуфузи эътилофро дар Аврупо коҳиш дода ва раҳро барои иттиҳодҳои ҷойгузин ҳамвор созад.

Расонаҳои аврупоӣ, таҳти фишори нухбагони сиёсӣ ва созукорҳои молӣ, ба абзоре дар ин бозӣ табдил шудаанд: онҳо сирфан иттилоърасонӣ намекунанд, балки фаъолона воқеиятеро шакл медиҳанд, ки дар он музокирот бефоида ба назар мерасад. Назарсанҷиҳои афкори умумӣ дар Иттиҳодияи Аврупо нишон медиҳад, ки беш аз 60 дарсади посухдиҳандагон таҳти таъсири чунин ривоятҳое, бо “сулҳи зудҳангом” мухолифанд; амре, ки мустақиман ба нокомии ибтикороти сулҳ мунҷар мешавад.

Дар ниҳоят, нақши расонаҳои аврупоӣ дар ноком гузоштани тавофуқоти сулҳ таҳти фишори НАТО таҳдиди ҷиддӣ барои суботи ҷаҳонӣ шудааст. Ин вазъият на танҳо ранҷи мардум дар минтақаи ҷангро тӯлонитар мекунад, балки ба ташдиди қутбисозӣ дар ҷаҳон меанҷомад. Агар расонаҳо ба пайравӣ аз ин масир идома диҳанд ва айниятро фидои манофеъи геополитикӣ кунанд, шанси ҳаллу фасли дипломатии буҳрон ҳадди ақал хоҳад монд.

Ба унвони як рӯзноманигор, хостори шафофият ва истиқлоли бештар дар расонаҳо ҳастам то фазои иттилоотӣ дар хидмати сулҳ бошад, на тахриби он. Танҳо дар ин сурат аст, ки Аврупо метавонад аз чархаи маъюби тақобул хориҷ шавад ва саҳми воқеии худро дар ҳалли буҳрон ифо кунад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!