Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Нишасти ахири Давос дар Швейтсария шоҳиди рухдоди камсобиқа дар арсаи дипломатияи ҷаҳонӣ буд; ҷое ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо имзои маншури ниҳоди тоза ба номи “Шӯрои сулҳ” кӯшид чаҳорчӯбаи ҷадид барои мудирияти муноқишаҳо ва пайгирии равандҳои сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кунад.
Ин иқдом аз ҳамон ибтидо вокунишҳо ва пурсишҳои густардаеро дар миёни давлатҳо, таҳлилгарон ва ниҳодҳои байналмилалӣ барангехт, бавижа аз он ҷиҳат ки бархе онро талоше барои ба чолиш кашидани нақши суннатии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ карданд.
Ба гуфтаи Доналд Трамп, Шӯрои сулҳ ба манзури назорат бар татбиқи тарҳи сулҳи пешниҳодии ӯ дар иртибот бо Ғазза эҷод шудааст. Трамп, ки шахсан раҳбарии ин шӯроро бар уҳда дорад, эълон кардааст, ки аз шумори зиёди раҳбарони ҷаҳон барои пайвастан ба ин ибтикор даъват карда ва то кунун 59 кишвар ба ин раванд мулҳақ шудаанд. Ҳарчанд феҳристи комили ин кишварҳо ба сурати расмӣ мунташир нашудааст, аммо бар асоси маълумоти мавҷуд, кишварҳои шохисе, ки маншури Шӯрои сулҳро имзо карда ё узвияти худро эълон намудаанд, шомили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Арабистони Саудӣ, Туркия, Миср, Урдун, Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Баҳрайн, Покистон, Индонезия, Марокаш, Маҷористон, Озарбойҷон ва шуморе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҳамсӯ бо Вашингтон мебошанд.
Таркиби ин кишварҳо нишон медиҳад, ки Шӯрои сулҳ умдатан бар меҳвари давлатҳои Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва бархе кишварҳое шакл гирифтааст, ки равобити наздики сиёсӣ ва амниятӣ бо Иёлоти Муттаҳида доранд. Дар муқобил, адами ҳузури қудратҳои муҳими аврупоӣ монанди Фаронса, Олмон ва кишварҳои скандинавӣ, ҳамчунин ғоиб будани бархе бозигарони бузурги низоми байналмилал, баёнгари он аст, ки ин ибтикор ҳанӯз аз иҷмоъи фарогири ҷаҳонӣ бархурдор нест ва бо тардидҳои ҷиддӣ рӯбарӯ мебошад.
Аз манзари ҳуқуқи байналмилал, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ниҳодест, ки бар пояи Оинномаи Милали Муттаҳид шакл гирифта ва танҳо марҷаъи дорои салоҳияти қонунӣ барои садури қатъномаҳои илзомовар, татбиқи таҳримҳо ва иҷозаи истифода аз нерӯи низомӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Дар муқобил, Шӯрои сулҳи Трамп фоқиди чунин пуштибонии ҳуқуқӣ аст ва на дар чорчӯбаи расмии Созмони Милал таъриф мешавад ва на аз ихтиёроти илзомовари ҳуқуқӣ бархурдор аст. Аз ҳамин рӯ, ин шӯро наметавонад ба сурати расмӣ ҷойгузини Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шавад.
Бо ин ҳол, таъсири воқеии Шӯрои сулҳро бояд пеш аз ҳар чиз дар ҳавзаи сиёсӣ ва дипломатӣ ҷустуҷӯ кард. Ин шӯро метавонад ба унвони як созукори мавозӣ барои гуфтугӯ, ҳамоҳангии сиёсӣ ва назорат бар равандҳои сулҳ амал кунад; бавижа дар буҳронҳое монанди Ғазза, ки Шӯрои амният ба далели ихтилоф миёни аъзои доимӣ ё истифода аз ҳаққи вето дучори бунбаст шудааст. Аз ин манзар, Шӯрои сулҳ мекӯшад худро ба унвони ниҳоде сареътар ва амалитар муаррифӣ кунад, ҳарчанд ин суръат ҳатман ба маънои машрӯъият ё мақбулияти ҷаҳонӣ нест.
Мунтақидони ин ибтикор ҳушдор медиҳанд, ки эҷоди чунин сохторҳо, бидуни иҷмоъи густардаи байналмилалӣ, метавонад ба тазъиф шудани низоми чандҷонибаи мубтанӣ бар Созмони Милал мунҷар шавад. Ҳаракат ба сӯи шӯроҳо ва созукорҳои мавозӣ, хатари чандпорагии низоми амнияти ҷаҳониро афзоиш медиҳад. Илова бар ин, тамаркузи раҳбарии Шӯрои сулҳ дар дасти як раҳбари мушаххаси сиёсӣ, ин нигарониро тақвият мекунад, ки тасмимгириҳо бештар аз он ки мубтанӣ бар иҷмоъи ҷаҳонӣ бошанд, таҳти таъсири манофеъ ва авлавиятҳои якҷониба қарор мегиранд.
Дар муқобил ҷонибдорони Шӯрои сулҳ бар ин боваранд, ки нуқси Шӯрои амният дар ҳалли бархе буҳронҳои бузург, аз ҷумла буҳрони Ғазза, заминасози шаклгирии ибтикороти ҷадид шудааст. Аз нигоҳи онон, ин шӯро метавонад фазои тозае барои мушорикати кишварҳое фароҳам кунад, ки эҳсос мекунанд дар сохторҳои суннатии байналмилалӣ нақш ва нуфузи кофӣ надоранд. Агар Шӯрои сулҳ битавонад дар назорат бар татбиқи тарҳи сулҳи Ғазза ё коҳиши таниш дар бархе муноқишаҳои минтақаӣ нақши маҳсусе ифо кунад, мумкин аст батадриҷ ҷойгоҳи амалӣ, ҳарчанд ғайрирасмӣ, дар муодилоти дипломатии ҷаҳонӣ ба даст оварад.
Дар ҷамъбандӣ метавон гуфт, ки Шӯрои сулҳи Доналд Трамп бештар аз он ки ҷойгузини воқеӣ барои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бошад, нишонаи равшани норизоияти афзоянда аз вазъияти кунунии низоми байналмилалӣ аст. Ин шӯро дар кӯтоҳмуддат тавони салби ҷойгоҳи ҳуқуқии Шӯрои амниятро надорад, аммо дар сатҳи сиёсӣ метавонад ба абзоре барои эъмоли нуфуз, ибтикори амал ва пайгирии аҳдофи хоси Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ҳамсӯи он табдил шавад.
Ояндаи Шӯрои сулҳ ба мизони муваффақияти амалии он дар парвандаҳое монанди Ғазза, густариш ё маҳдуд мондани доираи аъзо ва чигунагии ҳамкорӣ бо ниҳодҳои расмии байналмилалӣ вобаста хоҳад буд. Он чи мусаллам аст, шаклгирии чунин борде нишон медиҳад, ки ҷаҳон дар ҳоли вуруд ба марҳалаи тозае аз рақобат бар сари таърифи сулҳ, амният ва созукорҳои тасмимгирии ҷаҳонӣ қарор дорад; ин чолишҳо метавонанд фазои ҷаҳонро ба гунае бисозанд, ки ҳар кас ҳар чӣ дилхоҳаш бошад анҷом диҳад.