Хабари рӯз

Афғонистон ҳам истисно нест.

Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Бо маъзарат аз дӯстон ва мухотабони огоҳ ва бовиҷдон, он чиро ки имрӯз менависам, нарм ва таъорӯфӣ нест. Ин бор ночорам каме сахт, сареҳ ва бепарда бинависам; чунки дарди ҷомеаи мо бо ҷумлаҳои хеле адабӣ ва мулоим дармон намешавад.

Ҳамаи мо дар ҷараён ҳастем, ки аз чанде бад-ин сӯ дар расонаҳои миллӣ ва байналмилалӣ, мавзӯи ҷинояте, ки як сармоядори амрикоӣ ба номи Ҷефри Эпштейн муртакиб шуда, ки ҳоло ин сагсифати инсоннамо худкушикарда, бар сари забонҳост; рӯйдоде, ки дорои абъоди густардаи инсонӣ ва ҳуқуқибашарӣ буда ва афкори умумиро башиддат муттаассир сохтааст.

Бар бунёди гузоришҳо ва таҳлилҳои мунташиршуда, ин моҷаро сирфан ба амалиёти як фард маҳдуд намешавад. Гуфта мешавад, шуморе аз чеҳраҳои соҳибқудрат ва соҳибсарват, ба гунаи мустақим ё ғайримустақим бо ин парванда дар пайванд будаанд; масоиле, ки нишон медиҳад решаҳои чунин фоҷиаҳо метавонад фаротар аз як шахс ва дар бистари сохторҳои қудрат ва нуфуз қобили баррасӣ бошад.

Ин гуна рӯйдодҳо, мутаассифона, дар таърихи сиёсат ва сармоя бесобиқа нест; ҷое, ки гоҳе нуфузу сарват, заминаи сӯистифода ва нодида гирифтани арзишҳои инсониро фароҳам месозад. Баррасии ин маворид нишон медиҳад, ки заъфи назорат, ҳамдастии пинҳон ва набуди шаффофият метавонад бистари такрори чунин фоҷиаҳоро муҳайё кунад.

Ҳавлноктар аз он шумори зиёде аз духтарони зери синни қонунӣ қурбонии сӯистифода шудаанд; мавзӯе, ки виҷдони ҳар инсони озодаро муттаассир месозад ва зарурати расидагии ҷиддӣ ва бетарафонаро барҷаста мекунад. Дар канори буъди отифии ин фоҷиа таваҷҷуҳ ба абъоди ҳуқуқӣ ва сохтории он низ аҳамияти асосӣ дорад.

Бо ин ҳама, маҳдуд сохтани ин масъала ба як кишвар нигоҳи комиле нахоҳад буд. Агар бо сидқ, шуҷоат ва шаффофият, мавориди мушобеҳ дар соири кишварҳо, аз ҷумла дар сарзамини мо Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор гирад, бе тардид воқеиятҳои талх, аммо рӯшангаре ошкор хоҳад шуд, ки метавонад заминасози ислоҳоти бунёдӣ гардад.

Таҷрибаи таърих нишон додааст, ки пинҳонкорӣ, сукут ва мулоҳизакорӣ дар баробари соҳибони қудрат, на танҳо монеъи ҳалли мушкил намешавад, балки заминаи такрори онро фароҳам месозад. Аз ин рӯ, замони он расидааст, ки ин гуна парвандаҳо бидуни табъиз, бидуни мулоҳизаи қудрату сарват ва бар асоси усули адолату қонун мавриди расидагӣ қарор гирад; то гоме ҳарчанд кӯчак, аммо муассир дар ҷиҳати дифоъ аз қурбониён ва тақвияти эътимоди умумӣ бардошта шавад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!