Пас аз 17 март – интихоботи раисҷумҳури Русия чӣ иттифоқ хоҳад афтод?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Пас аз интихоботи Русия, мумкин Владимир Путин тағйироти зиёдеро дар ниҳодҳои ҳукуматии Русия ба вуҷуд оварад, ки ба таври хос шомили тими иқтисодӣ ва дастгоҳи сиёсати хориҷӣ хоҳад шуд.
Вай чанде пеш дар як суханронӣ ба гунаи равшан аз корҳои иқтисодии либералҳо бар меҳвари вазорати дороӣ ва Банки Марказӣ интиқод кард.
Ҳукумати Русия гом ба гом ба иқтисоди даврони Сталин бармегардад, ки дар даҳаи 1930 Русияро аз кишвари ақибафтодаи кишоварзӣ ба яке аз қудратҳои матраҳи санъатӣ мубаддал сохт. Сиёсати иқтисодии Сталин ба ҳеҷ ваҷҳ марксистӣ набуд ва бештар ба масири хосе ҳаракат кард, ки аз ҳимояти густурдаи Амрико таҳти раҳбарии Рузвелт бархурдор буд. Он замон Амрико мувофиқат намуд то фабрикаҳои варшикастаи амрикоиро, ки дар натиҷаи буҳрони бузурги иқтисодӣ аз кор афтода буданд, ба Русия дар изои ҷазби ҳазорон коршинос ба фурӯш бирасонад. Русия, ки пул барои хариди онҳо надошт, аз захоири бузурги тилои даврони Шоҳи Сафед истифода кард ва дар натиҷа дар ду барномаи панҷсолаи иқтисодӣ, санъатисозии бепешинаро дар таърихи башарӣ бо рушди хеле баланди иқтисодӣ сабт намуд. Он сиёсат пас аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ то марг ё кушта шудани Сталин идома ёфт ва пас аз тасаллути тротскистҳо таҳти раҳбарии Хрушев, аз шигифтангезӣ бозмонд, ки оғози поёни Шӯравиро рақам зад.
Акнун Путин ба он барномаҳо бармегардад ва бо васфи 18 ҳазору 700 таҳрими бепешинаи кишварҳои ғарбӣ, тавонист рушди 3-дарсадии иқтисодиро дар соли 2023, мутобиқи додаҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Блумберг рақам занад, ки дар соли 2024 шохиси рушди он бештар мегардад.
Иқтисоди сталинӣ талфиқ аз иқтисоди хусусӣ ва давлатӣ буд, ки Чин пас аз Ден Сяопин онро амалӣ кард ва мӯъҷиза офарид.
Русия ба он мудел бармегардад ва ҳатто бахше аз назарияи лениниро дар масоили муҳим бармегардонад. Ҳадафи он эҷоди модели дилчасб барои ҷаҳон дар баробари низоми сармоядории либерал аст. Идеологияи Русия бар меҳвари адолатхоҳии ортодоксӣ бо меъёрҳои ахлоқии муҳофизакоронаи динии ортодокс ва ислом мебошад.
Назарияи ҷадидро ба бурун бояд вазорати хориҷа тамсил кунад.
Вазорати хориҷаи Русияи пасошӯравӣ башиддат тасвия ва афроди мутамоил ба Амрико дар он ҳузури густурда доштаанд. Замир Кобулов яке аз онҳо будааст, ки ман дар гузашта ба он пардохтаам.
Аммо аз қароин чунин бармеояд, ки мумкин Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар тими оянда ҳузур надошта бошад. Далели он хеле содда аст. Дар ин авохир мавзеъгириҳои вай дар робита ба ҷуғрофияе ба номи Афғонистон ба сӯи дидгоҳҳои Николай Патрушев, раиси Шӯрои амнияти Русия тағйири ногаҳонӣ намуд, ки башиддат зидди Толибон аст.
Чунон ба назар мерасад, ки Лавров ба ҳайси дипломат собиқа дорад, мехоҳад дар тими ояндаи Путин ҷое барояш дошта бошад. Аммо Путин барои густариш ба бурун, ниёз ба чеҳраҳои ҷавони натсионалисти зиддиғарбӣ дорад ва Сергей Лавров наметавонад чунон шахсияте барои сиёсатҳои хориҷии таҳоҷумӣ бошад. Ӯ иштибоҳҳои зиёде анҷом додааст, ки охирини он ба мавзӯъи ҷазоири Танби Бузург ва Кӯчаки Эрон бармегардад.
Ҳамчунон дар масоили Афғонистон, сиёсати хориҷии Русияро тавассути намояндаи хоси Русия, яъне Замир Кобулов, ки дар бизнесҳои нафтӣ бо Толибон даст дорад, бо думболаравии Амрико то ба ҳол идома додааст, ки дар таноқуз бо нигоҳи Путин ба масоили қавмӣ, аз ҷумла аксарият будани порсизабонон аст.
Агар Сергей Лавров пас аз интихоботи раёсатиҷумҳурӣ дар кобинаи хоси Путин, ки шомили вазири дифоъ, вазири хориҷа, раисҳои идораҳои истихборотӣ ва раиси Шӯрои амният мебошанд, ҳузур надошта бошад, он гоҳ имкони тасвияи густурда дар кадри вазорати хориҷаи Русияро бояд интизор дошт, ки Замир Кобулов низ дар ҷамъи онҳо хоҳад буд.
Ӯ ду ҳомӣ, яке Сергей Лавров, вазири хориҷа ва дигар Алишер Усмонов, миллиардери ӯзбеки русӣ дорад ва ҷойгоҳи онҳо дар системи ҷадиди ояндаи Русия мутазалзил хоҳад буд.
Толибон дер ё зуд ҳомиёнашонро дар Маскав аз даст хоҳанд дод. Онҳо бахше аз барномаи бритониёии Амрикоанд, ки барои бесуботии Осиёи Миёна маъмурият доранд!