Ҷанги Украина домани Афғонистон/Хуросонро мегирад
Нависанда: Ҳафиз Мансур, сиёсатмадор ва нависанда, аз раҳбарони ҳизби Ҷамъияти исломӣ ва Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон
Русия ба оҳистагӣ, аммо пайваста ба сӯи Киев, маркази Украина, наздик мешавад. Мусоидатҳои Ғарб он гуна, ки фикр мешуд, натавонист ҷилави пешравии Русияро сад намояд, ҳарчанд ин пешравиро кунд сохтааст. Аврупо умеди худро барои бақои Украина аз даст дода ва ин танҳо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост, ки барои ҳифз ва тақвияти Украина талош меварзад.
Бар пояи бархе аз гузоришҳо, шуморе аз кишварҳои аврупоӣ махфиёна дар садади таъмини равобит бо Русия баромадаанд ва аз он кишвар хостори масуният шудаанд. Дар чунин вазъияте танҳо гузинае, ки дар муқобили Амрико қарор дорад, гушудани ҷабҳаи ҷадид дар шарқи қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ аст, яъне дар Осиёи Марказӣ!
Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи амниятӣ аз “муттаҳидони наздик”-и Русия шумурда мешаванд ва он кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ омодаи пазириши таҳдид дар он қаламрав намебошад. Аз ҳамин рӯст, ки дар ҳоли ҳозир Русия ду лашкари муҷаҳҳаз дар Осиёи Марказӣ дорад, ки вазифаи он таъмини амният ва рафъи таҳдидҳо аз берун мебошад.
Мақомоти олирутбаи низомӣ ва амниятии Русия аз муддатҳо қабл мутаваҷҷеҳи ин хатар будаанд ва дар тозатарин маврид аз вуҷуди гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон/Хуросон изҳори нигаронӣ карданд ва вазири дифои кишвари Русия як бори дигар аз вуҷуди таҳдид аз ҷониби Афғонистон/Хуросон сухан ронд.
Ҳамзамон бо ин нигарониҳо, ширкати нафтии Делта, мутааллиқ ба Арабистони Саудӣ, қарордоде бо гурӯҳи Толибон дар ҳавзаи ғарби Афғонистон ақд кард ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тамоюли худро барои эҷоди хатти дувуми тунели Соланг, ки шимоли ин кишварро ба ҷануби он васл месозад, иброз дошт.
Чунин қарордодҳое ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад сирф дорои ҷанбаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ буда бошад, ба вижа ин ки ҳама медонанд, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ идораи Толибон ба далели адами расмияти байналмилалӣ салоҳияти ақди қарордодҳоро надорад. Лизо, ин амр як амалияи амниятӣ пиндошта мешавад, ки дар он пеш аз он ки пойи сармоягузорон шарик буда бошад, идораҳои истихборотӣ саҳмдори он мебошанд.
Вақте ҳузури оқои Халилзод дар чунин муомилоте ба мушоҳида мерасад, эҳтимоли амниятӣ будани ин муомиларо афзоиш мебахшад, зеро собиқаи кории Залмай Халилзод ба чунин амре гувоҳӣ медиҳад.
Гуфта шудааст, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мехоҳад бо тақвият ва таҳрики гурӯҳҳои ифротӣ дар Афғонистон/Хуросон ҷабҳаи ҷадиде дар баробари Русия дар Осиёи Марказӣ бигушояд. Масорифи молии онро Арабистон тадорук дида ва Покистон, ки собиқаи чунин аъмолеро дар корнома дорад, ба унвони муҷрӣ дар назар гирифта шудааст. Пурсиш ин аст, ки чунин барномае бо тавофуқи Таҳрики Толибон сурат мегирад ё дар мухолифат бо онҳо?
Амрико фикр мекунад, 40 миллион доллари ҳафтавори он кишвар, ки дар дастраси Толибон қарор мегирад, метавонад Таҳрики Толибонро ром намуда ва шомили ин барнома созад. Агар Таҳрики Толибон аз худ мувофиқат нишон диҳанд, фаъолияти Таҳрики Толибони Покистон (ТТP) хафа мешавад ва он гурӯҳ мусоидатҳои бештаре аз Ғарб дарёфт хоҳад кард, дар муқобил бо мухолифат ва хусумати ҳамсояҳо рӯбарӯ хоҳад гардид. Аммо дар сурати мухолифат, нахуст бояд идораи Толибон барчида шавад, то заминаи бештар барои тақвият ва таҷҳизи гурӯҳҳои ифротии мутааллиқ ба ҷумҳуриятҳои Осиёи Миёна мусоид гардад.
Дар чунин вазъияте Русия беш аз ду гузина дар ихтиёр надорад. Гузинаи нахуст ин ки Таҳрики Толибони Афғонистон/Хуросонро қонеъ созад, то ҷилави ҷангҷӯёни беруниро сад намояд ва нагузорад аз сарзамини Афғонистон/Хуросон таҳдиде мутаваҷҷеҳи Осиёи Марказӣ гардад. Аммо бо чӣ абзор ва тавоне Русия ба ин ҳадаф ноил хоҳад омад? Оё бадили 40 миллион доллари Амрикоро ба Толибон фароҳам карда метавонад? Оё манофеъе, ки муттаҳидони Ғарб ба Толибон ваъда додаанд, аз ҷониби Русия ҳам таъмин шуда метавонад?
Гузинаи дувум ин аст, ки Русия роҳи басарфатарро баргузинад ва гурӯҳҳои мухолифи Толибонро дар шимоли кишвар ҳимоят бидорад, то шимоли Афғонистон/Хуросонро дар контроли худ дароваранд ва ҳисоре ғайриқобили нуфуз ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ шакл гирад.
Ин гузина низ ба танҳоӣ аз тавони Русия берун хоҳад буд. Эҷоди чунин садде эҷоб медорад, то Русия муттаҳидони минтақаии худ монанди Чин ва Эронро низ ҳамоҳанг намуда ва ба сурати муштарак дар пайи иҷрои ин барнома бароянд.
Дар чунин сурате, гурӯҳҳои мухолифи Толибон, ки то кунун аз як ҳомии пур ва поқурс маҳрум будаанд, шонси сар баланд кардан меёбанд, бо ин қайд, ки тақобули ду қудрати ҷаҳонӣ — Амрико ва муттаҳидонаш аз як сӯ, Русия ва ҳампаймононаш аз сӯи дигар — Афғонистон/Хуросонро як бори дигар ба майдони зӯрозмоӣ бадал хоҳад кард ва дар фарҷом хатари чандпорча шудани ин сарзаминро афзоиш хоҳад бахшид.