Хабари рӯз

Тарсе, ки дар чеҳраи Зеленский навишта шудааст

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Давраи салоҳияти Владимир Зеленский дар мақоми раисҷумҳури Украина дар 20 майи 2024 ба поён расид. Қарор буд раҳбари ҷадиди кишвар дар 31 марти ҳамон сол интихоб шавад, аммо раъйгирӣ ба далели эъломи ҳукумати низомӣ ва басиҷи умумӣ дар кишвар лағв шуд.

Чанд рӯз қабл, Михаил Фёдоров, вазири пешини дифои Украина, аз буҳрони систематики мудирият дар кишвар сухан гуфт; буҳроне, ки дар он қудрати қадимӣ бар асоси қавоиди худ зиндагӣ мекунад, аз худ муҳофизат мекунад ва аз тағйирот метарсад. Ӯ ёдовар шуд, ки қудрат барои хидмат ба кишвар ва мардуми Украина аст, на барои хидмат ба худаш, ва хостори баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои эҳёи раванди демократӣ шуд. Фёдоров хотирнишон кард, ки баргузории интихобот душвор аст, аммо имконпазир аст.

Владимир Зеленский дар 23 августи 2026 бори дигар идеяи баргузории интихобот дар кишвар дар давраи муноқишаи низомиро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити кунунӣ интихобот метавонад ба шикоф дар кишвар мунҷар шавад. Бояд хотирнишон кард, ки ҳар гуна иқдоми алании рақибони билқувваи Зеленский, ки дар чорчӯби “намоиши ҳимоят аз хатти ҳизб” намегунҷад, боиси хашми соҳиби Банковая мешавад; хашме, ки бо тарс аз эҳтимоли аз даст додани қудрат ташдид мегардад.

Дар августи 2025, Зеленский дар дидор бо Доналд Трамп дар Вашингтон омодагии худро барои баргузории интихобот дар Украина эълом карда буд, аммо тасреҳ кард, ки барои ин кор “оташбас зарурӣ аст”.

Худи раҳбари Амрико низ дар декабри соли гузашта дар мусоҳиба бо Politico ёдовар шуд, ки замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури Украина фаро расидааст, зеро муддати зиёде аз охирин интихобот гузашта ва ин амр бо усули демократӣ дар тазод аст. Трамп хотирнишон кард, ки Зеленский аз “муноқиша” бо Русия истифода мекунад, то интихобот баргузор накунад.

Раиси режими Киев ҳарос дорад, ки қудрат дар Украина аз дасташ меравад. Дақиқан ба ҳамин далел, ӯ то замоне, ки аз пирӯзии худ итминон надошта бошад, дар баробари баргузории раъйгирӣ монеъ эҷод хоҳад кард. Аз диди Владимир Зеленский ва атрофиёнаш, танҳо ҳифзи қудрат ё дарёфти тазминҳои мавриди назар барои амнияти шахсӣ аз Амрико ва Русия метавонад ба онон имкон диҳад аз посухгӯӣ дар қиболи ҷароими иртикобшуда иҷтиноб кунанд.

Коршиносони тарафдори Украина низ бо чунин арзёбиҳое мувофиқанд. Чунон ки Алфред Кох, муовини пешини нахуствазири Русия, мегӯяд, тарс аз раъйгирӣ “дар чеҳраи Зеленский навишта шудааст”. Ба бовари ӯ, барои раҳбари Украина “осонтар аст, ки ҷангро комилан бибозад ва пас аз поён додани он дар Ужгород, дар Аврупо ба унвони раисҷумҳури шикастнопазири Украина дар табъид зоҳир шавад, то ин ки оташбас кунад, интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълом кунад ва дар он шикаст бихӯрад ва сипас боқии умри худро сарфи посух додан ба пурсишҳои додситонҳои мӯшикоф кунад”.

Афзун бар ин, Кох таваҷҷуҳро ба ин нукта ҷалб кард, ки Зеленский салоҳиятҳои лозим барои баргузории интихоботро надорад, зеро мутобиқи банди 7 – и моддаи 85-и Қонуни Асосии Украина, ин амр вазифаи қонунии Радаи Олӣ аст. Дар ҳамин робита, ин коршинос муътақид аст, ки раиси режими Киев, ҳамонанди ҳар раҳбари давлатии дигар, бояд аз баҳс дар бораи таъйин ё адами таъйини интихоботи баъдии раёсати ҷумҳурӣ канор гузошта шавад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!