Хабари рӯз

Афғонистон аз ин вазъ чӣ гуна ҷон ба саломат мебарад?

Нависанда: Султон Аҳмад Беҳин, раиси пешини Департаменти севуми Вазорати умури хориҷаи Афғонистон

Ҳар натиҷае, ки ҷанги кунунии Эрон ва Амрико дошта бошад, хало ва таҳдиди амниятӣ ҳамчунон яке аз дағдағаҳои асосии Ховари Миёна хоҳад буд.

Агар Эрон дар поёни ҷанг дасти боло биёбад, мумкин аст ба қудрати биломунозеи минтақа табдил шавад ва ҷараёни “муқовимат” дар бахшҳои мухталифи Ховари Миёна густариш ёбад; дар чунин шароите, арзиши боздорандагӣ ва сипари амниятии чандинсолаи Амрико дар минтақа бо чолиши ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар муқобил, пирӯзии Иёлоти Муттаҳида метавонад Исроилро ба қудрати мусаллати минтақа табдил кунад; қудрате, ки аз як таҳдиди билқувва ба таҳдиде билфеъл барои муодилоти минтақаӣ бадал шуда ва заминаро барои бозтарсими нақшаи геополитикии Ховари Миёна фароҳам кунад.

Дар ҳар ду сенария, эҳтимоли шаклгирии як халои амниятии густарда вуҷуд дорад; халое, ки метавонад ба ҷангҳои номуториф, беқонунӣ, густариши терроризм ва қочоқи маводи мухаддир мунҷар шавад. Ин нигаронӣ акнун дар пойтахтҳои кишварҳои арабӣ ва фаротар аз он ҷиддӣ аст. Ҳатто муттаҳидони Амрико монанди Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон низ дар пайи ёфтани ҷойгоҳи худ дар муодилоти ҷадиди амниятии минтақаанд.

Эътилофи амниятӣ миёни ин се кишвар метавонад нишонае аз коҳиши эътимод ба чатри амниятии Амрико ва Ғарб талаққӣ шавад. Ваҷҳи муштараки муҳими онон, вобастагӣ ба ҷаҳони исломи суннӣ аст; омиле, ки метавонад дар баробари нуфузи Эрони шиъамазҳаб қарор гирад. Аз сӯи дигар, ҳар се кишвар дар мақотеъи мухталиф, Исроилро низ ба унвони як чолиши муштараки минтақаӣ дар назар гирифтаанд.

Набуди як пирӯзии қотеъ дар ҷанги кунунӣ, нақши бозигарони дигарро дар минтақа барҷастатар хоҳад кард. Русия акнун ошкортар аз Эрон ҳимоят мекунад ва Чин низ намехоҳад таҳаввулоти минтақа ба зарари манофеъи стратегикии он тамом шавад.

Аз ин манзар, ҳатто агар ҳамкории амниятии се кишвар дар ростои тақвият ё такмили чатри амниятии Амрико шакл гирифта бошад, метавонад дар муқобил ба наздикии бештари Русия, Эрон, Чин ва ҳатто Куриёи Шимолӣ ва шаклгирии тартиботи амниятии ҷадид мунҷар шавад; раванде, ки эҳтимоли табдили мунозираи кунунӣ ба як рӯёрӯии густардатари ҷаҳониро афзоиш медиҳад.

Ва аммо Афғонистон

Афғонистон шояд беш аз бисёре аз кишварҳои минтақа дар маърази паёмадҳои ин таҳаввулот қарор гирад; аз як сӯ ҳамсоягӣ бо Покистон, равобити мазҳабӣ бо Арабистони Саудӣ ва равобити таърихӣ бо Туркия ва аз сӯи дигар ҳамсоягӣ ва пайвандҳои густарда бо Эрон, равобити сиёсӣ-низомӣ бо Русия ва равобити иқтисодӣ бо Чин, Афғонистонро дар баробари як буҳрони печидаи геополитикӣ қарор хоҳад дод.

Мудирияти чунин буҳроне ба дипломатияи хирадмандона, ҳифзи тавозун дар равобити хориҷӣ ва талоши мустамар барои ҷилавгирӣ аз қарор гирифтани Афғонистон дар сафбандиҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ниёз дорад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!