Нависанда: Сурайё Баҳо, мунаққид ва нависанда
Дар рӯзҳои ахир, нахуствазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу, бори дигар бо лаҳни ҳушдордиҳандае эълом кард: “Мо иҷоза нахоҳем дод, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад.”
Ин сухан, ҳаммонандм садҳо ҳушдору таҳдиди пешин, ба зоҳир аз мавзеъи дифоъ аз амнияти Исроил баён мешавад. Аммо пушти ин вожаҳои пуртумтароқ, як пурсиши бунёдин нуҳуфтааст, ки виҷдони ҳар инсони огоҳро ба чолиш мекашад:
Чӣ замоне Эрон ба Исроил муроҷиа карда, ки барои барнома ҳастаӣ ё таъмини амнияти миллиаш иҷоза бигирад?
Ва аслан Исроил аз кӣ ва чӣ касе иҷоза хоста ва ин ҳақро пайдо карда, ки Фаластинро нобуд кунад, кӯдакону занонашро қатли ом кунад ва хонаҳоро бо партоби ҳазорон тон бомба аз замину ҳаво бар сари мардумаш фурӯ резад?
Эрон, фориғ аз мувофиқат ё мухолифатҳо бо низоми ҳоким бар он, як кишвари мустақил ва узви Созмон Милал аст. Бар асоси усули ҳуқуқи байналмилал, ҳар кишвар ҳақ дорад дар маҳдудаи ҷуғрофияи сиёсии худ, дар бора энержӣ, амният ва сиёсатҳои дифоъӣ тасмим бигирад. Ин ҳақ, як “лутф” нест, ки Исроил ё Амрико ато кунад, балки асли бунёди назми ҷаҳонӣ аст: ҳаққи ҳокимияти миллӣ.
Ё ин суол пеш меояд, ки чаро силоҳи ҳастаӣ барои Исроил муҷоз аст, аммо барои дигарон мамнуъ?
Дар ҳоле ки Исроил худ дорои садҳо кулоҳаки ҳастаӣ дар маркази Димон аст ва ҳеҷ гоҳ ба паймони NPT напайваста, Эрон ҳатто барои истифодаи сулҳомез аз энержии ҳастаӣ низ таҳти таҳдиду фишор қарор дорад. Ин чӣ “назме” аст, ки дар он як кишвар худро “қозӣ ва муҷрӣ” барои соири миллатҳо медонад?
Ҳол агар суоли асли ин бошад, ки хатари аслӣ дар Ховари Миёна Эрон аст ё Исроил, пас посух маълум аст...
Ховари Миёна даҳаҳост, ки гирифтори таниш, ҷанг ва бесуботӣ аст. Бахше бузург аз ин буҳрон ба ҳузури Исроил дар қалби минтақа бозмегардад. Агар рӯзе ба ҷои идомаи ишғоли сарзамини Фаластин, Исроил бо ҳимояти Амрико ба минтақае амну камҷамъият дар худи Амрико мунтақил мешуд, масалан, дар иёлатҳое чун Монтана ё Ваёминг, чӣ басо на танҳо сулҳ ба Ховари Миёна бозмегашт, балки исроилиҳо низ бидуни тарс аз ҳамла, дар амнияту рифоҳ зиндагӣ мекарданд ва дигар Ховари Миёна ба хотири Исроил дар оташи ҷанг намесӯхт.
Яҳудиён дорои сармояи бузурги фикрӣ, илмӣ ва фарҳангианд, ки дар дили як ҷомеаи озод ва бедушман метавонанд барои башарият судмандтар бошанд то дар муҳосираи низомӣ ва тарс.
Ин андеша шояд дар сиёсати имрӯз ғайривоқеӣ ба назар бирасад, аммо аз дидгоҳи фалсафаи инсонӣ, гоме ба сӯи сулҳи воқеӣ аст: сулҳе на бо девору бомба, балки бо фаҳм, ҷобаҷоии довталабона ва раҳоӣ аз мантиқи душманӣ. Сулҳи воқеӣ, на бо марз, балки бо зеҳн оғоз мешавад.
Шояд идеяи интиқоли Исроил ба хориҷ аз Ховари Миёна, дар дунёи сиёсатзадаи имрӯз ғайривоқеӣ ба назар бирасад. Аммо фалсафаи он воқеӣ аст: то замоне, ки қудрат бар пояи зӯру ишғол бошад, душманӣ поён нахоҳад ёфт.
Ҷаҳон ниёзманди шаҳомати тафаккури ҷадид аст. Ниёзманди он аст, ки нажодпарастӣ, ишғол ва бартариталабиҳо раҳо шаванд ва инсонӣ биандешад, ки хаста аз ҷанг аст.
Ва чӣ касе медонад? Кӣ замонати инро медиҳад, ки Исроил оянда дорад? Дар асри гузашта бо зӯри Амрико омаданд, қаламрави як давлати дигарро ғасб карданд ва сохтанд давлату сарнавишт. Аммо бо ҳеҷ ҳамсояе сари созиш надоштанд, ҳеҷ талош накарданд, ки ҷузъи минтақа бошанд, балки талошашон ин буд, ки “Исроили бузург” бунёд кунанд, яъне хостанд мардуми бумиро ҷузъи худ созанд.
Ҳол суоли аслӣ ин аст, ки агар Исроил аз пуштибонии Амрико маҳрум шавад, сарнавишташ чӣ хоҳад шуд? Амрико худ аз он тарафи уқёнус омада, дар ин манотиқ қулдурӣ мекунад ва мебинем, ки даврони гегемонияаш ҳам ба поён мерасад. Аҷаб нест, рӯзе тамоми пойгоҳҳояшоро дар Ховари Миёна бубандаду биравад. Он замон исроилиҳо, ки ягон ҳамсояи дӯст надоранд ва ҳамаро озор додаанд, чӣ хоҳанд кард?
Аз ин хотир, шояд рӯзе таърихнигорони оянда бинависанд, ки сулҳ ба Ховари Миёна, на бо ҷанг, балки бо муҳоҷирати довталабонаи яҳудиён омад...