Шахсе гуфта буд, чӣ тавр машҳур шавам? Гуфтанд, бирав, дар масҷид касофат кун.
Нависанда: доктор Фазлманаллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон
Ибни Ҷавзӣ, яке аз донишмандони ҷаҳони ислом, китобе дорад ба унвони “Ахбори аҳмақону ғофилон”. Дар он ҳикояте омадааст: “Рӯзе аҳмақу ғофил дар сафаре бо ҳам ҳамроҳ шуданд. Ғофил ба аҳмақ гуфт: “Биё, ки баъзе таманниёт дошта бошем”. Аҳмақ гуфт: “Ман умед дорам, ки як рама гӯсфанд дошта бошам ва аз лабаниёт (маводи ширӣ)-и он манфиат бибарам”. Ғофил гуфт: “Ман умед дорам, ки як маҷмӯае аз гургҳо дошта бошам, ки барои хӯрдани гӯсфандҳоят ирсол кунам ва аз он лаззат бибарам”.
Ҳарду бо ҳам қаҳр шуданд ва бо ҳам ҷанг карданд. Дар ниҳоят файсала карданд, ки ҳар шахсе, ки аввал бо онҳо дар ин роҳ муқобил шуд, он шахс байни мо қазоват кунад. Шайхе, ки бо худ кӯзаи асалро ҳамл мекард, бо онон муқобил шуд ва аҳмақу ғофил моҷароро ҳикоят намуданд. Шайх аз шиддати ҳамоқати онҳо тааҷҷуб кард ва асалро рӯйи замин рехта, гуфт: “Худованд хуни манро чунин бирезонад, агар шумо аҳмақ набошед”.
Бо таассуф бояд гуфт, ки бархеҳо баъд аз гузашти 30 сол то ҳанӯз дар ҳамоқат ғарқанд ва ҳамон таманниёти собиқаро бар сар мепарваронанд. Боз ҳам умед доранд, ки молику соҳиби тахту бахти раёсатҷумҳури Афғонистон шаванд, монанди гургҳои даранда бидуни тамизи дӯсту душман бо мушакҳои кӯри худ ба мардуми оммаи Кобул ҳамлавар шаванд.
Оқои Гулбиддин Ҳикматёр дар як мусоҳибаи худ бо “Тулӯъ нюз” гуфт, ин ки мегӯянд, дар ҷангҳои Кобул шаст ҳазор нафар кушта шудааст, ҳақиқат надорад. Вай гуфт: “Фақат шаш ҳазор нафар кушта шудааст”.
Амин Карим, мушовири Ҳикматёр, ҳатто ин арқоми раҳбари худро дар ҳамин “Тулӯъ Нюз” такзиб кард ва гуфт: “Тибқи омори дақиқ, ки дар тӯли панҷ соли ҷанг аз шифохонаҳо ва ҷодаҳои Кобулро дастрас кардам ва худ ҳузури физикӣ доштам, теъдоди кушташудаҳои ҷангҳои дохилӣ дар Кобул, фикс се ҳазор нафар будааст, на кам ва на зиёд”. Яъне ин оқо дар тӯли ин панҷ сол 24 соат омори кушташудагон дар ҷангҳои Кобулро ҷамъоварӣ кардааст.
Хуб, бидуни санади духтури тибби адлӣ, билфарз, шаст ҳазор на, ба гуфтаи Ҳикматёр шаш ҳазор ва ё ба гуфтаи аҳмақи дигар се ҳазор ҳам бошад, оё ин арқом андак аст? Оё қатли ин адад барои инҳо ҷоиз буд? Ҷолиб ин ки ҳанӯз ҳам, ки ҳанӯз аст, ташнагии ҳамин ғофилон аз рехтондани хуни ҳазорҳо инсон ишбоъ нашудааст!
Оқои Амин Карим дар ин рӯзҳо фитна ва дурӯғи дигареро доман задааст ва он тӯҳмати бузург ба устод Раббонӣ аст, ки гӯё ҳини мулоқот бо эшон гуфтааст, “баъди 250 сол аз ҳукми паштунҳо раҳо ёфтем”. Мо бо устод Раббонӣ мухолиф будем ва ё ҳастем, аммо ихтилофот ҳеҷ гоҳ боиси он нашуд, ки аз ҳама хутути қирмизи ахлоқиёти исломӣ ва инсонӣ убур кунем.
Дар Қуръони карим дар робита ба қазоват кардан дар мавриди мухолиф Худованди мутаол чунин мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳамвора барои худо қиём кунед ва аз рӯйи адолат, гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо ҷамъияте, шуморо ба гуноҳ ва тарки адолат накашонад. Адолат пеша кунед, ки ба парҳезгорӣ наздиктар аст”.
Ин шогирди мадрасаи ҳақиқии нифоқ якбора бори дигар фитнаи хобидаро бедор сохт. Дар ҳадиси шариф мегӯяд: “Лаънати худованд бар он кас, ки фитнаи хобидаро бедор намояд”.
Ибтидо бояд ишора кард, ки оқои Амин ном дар он замон дар ҷойгоҳ ва мақоме қарор надошт, ки бо мулоқоти устод Раббонӣ, раиси давлати Афғонистони вақт мушараф гардад. На кадом сифати расмие дошт ва на аз кадом адреси матраҳ муаррифӣ гардида буд, ҳатто аз ҷониби Ҳизби исломӣ. Дар чавкоти Ҳизби исломӣ ҳам матраҳ набуд.
Амин чӣ вақт дар саҳнаи матбуотӣ ва сиёсӣ матраҳ шуд? Аввалин мартаба Амин Карим дар саҳнаи сиёсат ва матбуот дар соли 2014 ҳини интихоботи раёсатҷумҳурӣ аз тарафи инҷониб, ки масъули матбуотии тими интихоботии инжинер Қутбуддин Ҳилол, номзади раёсатҷумҳурӣ, будам, ба ҳайси яке аз сухангӯёни тими мазкур ба расонаҳо муаррифӣ гардид. Баъд аз он бар асари бозиҳои истихборотии эшон дар прусаи сулҳи номаймуни Ҳизби исломӣ ва ҳукумати Ғанӣ арзи вуҷуд дар саҳнаи сиёсат ва матбуот намуд, яъне, ки қаблан номбурда як шахси маҷҳулулҳувият буд.
Саволи дигар ин ки Амин Карим бо парокандани ин гуна дурӯғҳо, бахусус дар ин мақтаи замонӣ дар фикри чӣ аст? Дар ҷавоб бояд гуфт, аз нигоҳи мутолиаи афкор агар дақиқ баррасӣ шавад, эшон дар фикри зуҳур ва ҳузури нақши сиёсӣ буда ва аст. Дар замони ҳукумати Ғанӣ хеле талош ба харҷ дод, то шаҳрволи Кобул шавад, аммо баъд аз саъйу талоши мазбуҳона мушовири Рӯло Ғанӣ шуд. Чанд вақте давом накард, ки Ғанӣ ба асоси баъзе аз фаъолиятҳои машкук ва равобити ӯ бо АйЭсАй (ISI) хеле таҳқиромез эшонро маъзул сохт.
Баъд аз таҳаввулоти ахир эшон гоҳе худро мушовири вазири хориҷа Мавлави Муттақӣ ба муаррифӣ мегирад ва гоҳе ҳам худро мушовири намояндаи Милали Муттаҳид дар Афғонистон мехонад, яъне ташна ва гуруснаи шӯҳрату қудрат аст. Бо ин дурӯғҳои шохдор ва фитнаангез мехоҳад қалбҳо ва таваҷҷуҳи як қишри муайянро ба худ маътуф бидорад.
Ин оқо ҳатто ба Ҳизби Исломӣ ва Гулбиддин Ҳикматёр ҳам мутааҳҳид нест, агарчи тамсил мекунад. дар чандин маҷлис гуфтааст, ки Ҳизби Исломӣ як ҳизби хонаводагӣ аст, яъне ҳизби домодҳо ва шаҳзодаҳо аст.
Хулосаи матлаб, имрӯз ба фазли технология аъмол ва афъоли машбуҳ ва машкуки Амин Карим сабти таърих аст ва ҳеҷ гоҳ ниёти шумаш нахоҳад таҳаққуқ ёбад. Дар ахир ҳамон мақула дар шаъни эшон сидқ мекунад, ки шахсе гуфта буд, чӣ тавр машҳур шавам? Гуфтанд, бирав, дар масҷид касофат кун.