Нависанда: доктор Фарид Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии фарҳангии Ховари Миёна ва фалсафаи исломӣ, муассис ва мубтакири демократияи исломӣ (Калифорния, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), узви Шӯрои машваратии “Сангар”
Далоили зиёд метавонад ироа шавад ва аммо умдатарини онҳо рӯҳияи қавмгароӣ ва қавмпарастӣ аст, ки намехоҳанд тасаллути қавмӣ аз байн биравад. Ва ин рӯҳия мардумро ақибмонда сохтааст, зеро ба пешниёзҳои демократия ҷомеаи қавмӣ ҳаргиз фикр намекунад. Шояд бизнесу тиҷорат кунанд ва аммо бо маҳдудиятҳои фикрӣ ва қавмӣ. Антитези маданиятгароӣ қавмгароӣ аст. Яъне то мардум аз ҳолати қавмӣ ва қабилаӣ берун нашаванд, на демократия кор мекунад ва на мардуми ғайримаданӣ муваффақ мешаванд.
Беҳтар аст пешниёзи демократияро бидонем. Пешниёзи демократия 1) санъат ва сармоя аст, ки Афғонистон надорад, 2) озодии фикрӣ аст, ки Афғонистон надорад. Дар ҷаҳони имрӯз озоди ақл + сармоя = демократия.
Чаро сармоя?
Сармоя боис мешавад то кор халқ шавад ва вақте кор халқ шуд, мардум озодона аз як нуқта ба нуқтаи дигар барои корёбӣ кӯч мекунанд. Кору сармоя ӯро маҷбур месозад то ҳар ҷо, ки кор аст, ҳамон сӯ равад ва ин боис мешавад то ҳувияти шахс бо кору тавлид мудғам шавад ва шахс зиёдтар ба кору даромади худ фикр мекунад, на қавми худаш. Ва вақте ки шахс кор кард ва худаш соҳиби сармоя шуд, ин ҷост, ки бо озодии ақл аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунад ва раванди демократия оҳиста-оҳиста равнақ пайдо мекунад.
Савол кунем, ки чаро имрӯз як шахс шадид пушти масъалаи ҳувият исрор мекунад? Барои ин ки бекор аст ва соҳиби сармоя нест. Замоне, ки мардум масруф шуданду кор карданд ва соҳиби сармоя шуданд, дар садади ҳувияти милливу адолатхоҳӣ мешаванд, монанди Олмон ё Амрико.
Ҳоло дар Амрико ҳеҷ муҳим нест, ки ту аз кадом қавму мазҳаб ҳастӣ то вақте ки фурсати зиндагисозиро дошта бошӣ ва як луқма нони ҳалол сари суфра бигузорӣ. Мардум ду соат ронандагӣ мекунанд ё тавассути қатор ба кор мераванд, то зиндагӣ бисозанд. Дар ин шароит ӯ дар қисса ин нест, ки аз кадом қавму мазҳаб аст, магар тавлид. Бале, вақте хона бармегардад, шояд ҳис кунад, ки кӣ аст ва ҳувият то андозае барояш маънӣ пайдо мекунад ва магар дар сурате як гурӯҳ ҳувияти бузургро ташкил диҳанд, ки он ҳам барои посдории ҳуқуқи маданӣ аст. Дар Амрико бузургтарин ширкатҳо раисони ҳиндиуласл дорад, хусусан дар риштаи расонаҳои маҷозӣ. Ҳувияти ӯро шуғлу кор ва қуввати тавлиди ӯ сохтааст.
Барои мутолиот бештар лутфан ба китоби “Ҳувият” – и Френсис Фукуяма муроҷеа кунед.