Оё имкон дорад, ки "Иморати исломӣ"-и Толибон ба ҳафт кишвари хурд таҷзия шавад?
Нависанда: Андрей Серенко
Манбаъ: канали телеграми “Андрей Серенко”
Ахиран шоеъот ё овозаҳо дар мавриди тағйири эҳтимолии низоми идорӣ-сиёсии Афғонистон дубора ба гардиш даромадаанд. Ин шоеъот бар тезиси “барчида шудани бебаҳс ва қарибулвуқуъи бисоти режими кунунии Толибон ва бозгашти Амрико” ба Афғонистон такя мезананд.
Аҷиб аст, ки мавҷи ин овозаҳо ба мурури замон бо ташдиди дипломатияи Амрико дар ҷиҳати Афғонистон, ба вежа бо сафари силсиладори Том Вест, намояндаи вежаи раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар умури Афғонистон, ба теъдоде аз кишварҳо ҳамзамон шуд. Зимни ин сафар вай бо муҳоҷирони сиёсии Афғонистон, раҳбарони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ва тоҷирони афғон дидор кард.
Шоеъот ҳокӣ аз он аст, ки режими Толибон ба таври бебозгашт ба самти варшикастагии ниҳоии худ ҳаракат мекунад, ки мунҷар ба ҷанги дохилии байни гурӯҳҳои Толибон ва нобудии системаи феълии "Иморати исломӣ" хоҳад шуд. Як омили муҳим дар ин раванд, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аст, ки муборизаи мусаллаҳонаи нисбатан муваффақеро алайҳи хунтаи Толибон анҷом медиҳад.
Дар остонаи давраи ҷадиди ошуфтагиҳо дар Афғонистон, дипломатҳои амрикоӣ фаъолтар шудаанд, ки ба гуфтаи овозасозон, “бозгашти Амрико ба Афғонистон”-ро омода мекунанд. Бо ин ҳол, ин як бозгашти низомӣ нест, балки як бозгашти сиёсӣ хоҳад буд, ки бо ҷустуҷӯи “роҳҳалҳои ҷадид барои ҳаллу фасли буҳрони Афғонистон” ҳамроҳ хоҳад буд.
Яке аз ин роҳҳалҳо мумкин аст табдили Афғонистон ба як давлати федерал ё ҳатто конфедерал бошад, ки аз ҳафт “аёлат” (мини аёлат ё давлати хурд) ташкил хоҳад шуд. Фарз бар ин аст, ки ин "давлатҳо" дар ду хатт - қавмӣ ва ҳудудӣ эҷод хоҳанд шуд. Дар ин сурат, тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва албатта, паштунҳои Афғонистон “давлати аввалия”-и худро дарёфт хоҳанд кард (ахирӣ ҳадди ақал ду “давлат” - барои дурониҳо ва ғилзоиҳо тақсим хоҳад шуд).
Шоеасозон бар ин боваранд, ки чунин табдилёбии Афғонистон на танҳо гурӯҳҳои қавмии мухталифро дар тарафҳои мухталифи "ринг" – и Афғонистон, ки ихтилофҳои байни онҳо дар давраи тасаллути Толибон дубора ташдид шуд, қарор хоҳад дод, балки имкони "ҳимоят"-и воқеии кишварҳои мухталифи минтақа аз ин ё он “давлат”-и Афғонистонро низ фароҳам хоҳад сохт.
Ҳоло ба сахтӣ метавон гуфт, ки ин шоеъот чӣ қадар сиҳат доранд. Бадеҳӣ аст, ки вазъияти Афғонистон барои гароишҳои марказгароӣ муносиб нест. Поксозии қавмие, ки тавассути Толибон дар шимоли Афғонистон анҷом мешавад, танҳо тамоюли тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбакҳоро барои дӯрӣ аз паштунҳо афзоиш медиҳад.
Пас аз хурӯҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ ба раҳбарии Амрико, кишварҳои минтақа барои эҷоди субот дар Афғонистон нотавон буданд. Дархости "дӯстӣ бо Амрико" ҳанӯз дар миёни ҳама гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Толибон бисёр қавӣ аст.
Ин амр боис мешавад, ки Вашингтон ҳамчунон як маркази авлавияти аввали нуфуз дар вазъияти Афғонистон бошад. Ва агар Иёлоти Муттаҳида тасмим бигирад, ки “Иморати исломӣ”- ро, ки ба унвони як давлати муассир шикаст хӯрдааст, ба “Иёлоти муттаҳидаи Афғонистон” (USAF) табдил кунад, баъид аст, ки имрӯз касе битавонад ба таври ҷиддӣ монеъи ин барнома шавад.