Хабари рӯз

“Афғонҳо ними Қуръонро қабул доранд ва ними дигарро на”

Нависанда: доктори Фариди Юнус, устоди бознишастаи башаршиносии Ховари Миёна ва мутолиъоту фалсафаи исломӣ, раиси Конуни андешаи Афғонистон, узви Шӯрои машваратии “Сангар”

Номи Афғонистон то қабл аз 1801 милодӣ Хуросон будааст (таҳқиқоти ҷаноби доктори Сайид Махдуми Раҳин). Пас номи феълии Афғонистон як номи истеъморӣ аст, ки инро қаблан ман дар мазмуни “нақшаи истиъмории мо” навишта будам.

Забоншиносони машҳури Афғонистон дариро рад мекунанду забони форсӣ барояшон забони минтақа аст, ки дар забоншиносӣ Lingua Franca номида мешавад. Яъне забони аксарият дар минтақа форсӣ аст бо лаҳҷаҳои мутафовит. Забони пашту забони расмии кишвар дар Қонуни Асосии 1964 ба расмият шинохта шуд ва қабл аз он забони як қавми хос, ки паштунҳо бошад, буд, на аз ҳамаи миллат, пас таҳмили забони пашту бар соири ақвоми ғайриахлоқӣ ва ғайримаданӣ аст.

Нақшаи Афғонистонро истеъмор бурида, хомкук карда ва дӯхта аст. Ин тӯтаи замин, ки ба ном Афғонистон аст, сохтагӣ асту мероси истеъмор аст.

Дар Афғонистон 23 қавм аст, на як қавм ё ду қавм ё се қавм (мутолиоти марҳум Муҳаммадӣ дар китоби “Ман афғон нестам”).

Дар Афғонистои чандин мазҳаб асту мазоҳиби ғайриисломӣ, монанди мазҳаби ҳинду ва сикҳ ҳаст, ки ҳама дар тамаддуни он сарзамин нақш доштанд. Ва дар хилқати бародари мо ҳастанд.

Дар замони Нодирхон, падари Зоҳиршоҳ ба сурати амалӣ паштунсозии Афғонистон сари даст гирифта шуд ва ин масъалаи забон, ҳувияту фарҳанги дигар ақвомро шадид садама расонид.

Паштунҳо аксарашон ба ин бовар ҳастанд, ки Афғонистон моли онҳосту ояи муборака, ки ақвом барои шинохти ҳамдигар аст ва барои тафаввуқталабӣ нест, қабул надоранд ва гуфтаи машҳур, ки “афғонҳо ними Қуръонро қабул доранд ва ними дигарро надоранд”, дуруст аст.

Мутолиъот нишон медиҳад, ки ҳаракати толиб як ҳаракати қавмӣ ва қабилаист, на исломӣ.

Занон дар таърихи сарзамин нақши бориз бозӣ кардаанду имрӯз аз ҳамаи ҳуқуқ маҳрум ҳастанд ва мазҳабиюн аксаран чун худ қавмӣ ҳастанд, хомӯш ҳастанд.

Дар Афғонистони ҳеҷ чиз миллӣ нест. Вожаи миллӣ барои кишваре монанди Афғонистон музҳик аст.

Дар Афғонистони ваҷҳи муштарак миёни мардум вуҷуд надорад.

Қавм ваҷҳи муштарак нест.

Мазҳаб ваҷҳи муштарак нест.

Забон ваҷҳи муштарак нест.

Ваҷҳи муштараки Афғонистон ислом аст, ки 99 дарсад мусулмон ҳастанд ва як дарсад, ки мусулмон нест, дар хилқати бародару хоҳари мо ҳастанд, зеро мо ҳама авлоди одам ҳастем.

Пас роҳи чора чист?

Аввал роҳҳал усули шаҳрвандӣ аст, ки ҳамаи ақвому мазоҳибу ҳамаи мардум, зану мард бидуни табъиз дар муқобили қонун ҳуқуқи мусовӣ дошта бошанд.

Дувум забонҳои форсӣ, пашту ва ӯзбекӣ забонҳои расмии кишвар шинохта шавад.

Афғонистон як низоми сиёсии ғайримутамарказ ё нимафедералии исломӣ дошта бошад, то мардум худашан дар сарнавишти сиёсияшон саҳм гиранду Қонуни Асосии исломии федералӣ, ки дар шарафи такмил аст ва ба мардум пешкаш мешавад, татбиқ шавад.

Дар масъалаи номи Афғонистон бояд як ҳамапурсӣ шавад ва агар Хуросон, ё Бактриёно раъйи аксариятро гирифт ба Созмони Милали Муттаҳид расман пешниҳод шавад, то ном ҳам тағйир кунад то ҷавобгӯи ҳуқуқии ҳамаи афроди кишвар бошад, на танҳо аз як қавм. Воҳиди пулӣ ҳам бояд тағйир кунад.

Ҳар гуруҳе, ки метавонад як низоми одилро рӯи кор биоварад, ки ҳамаи мардум эҳсоси амният ва осоиш кунанд, бояд ҳимоя ва пуштибонӣ шавад.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!