Иёлоти Муттаҳида дар талош аст низоми амниятии минтақаии мавҷуд дар Осиёи Марказиро барҳам зада, кореро кунад, ки дар Афғонистон кард
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири “Сангар”
Амрико як сол пеш дар ҷанги Афғонистон шикаст хӯрд. Иёлоти Муттаҳида бо дарки ин мавзӯъ ва фирор аз як кишвари шикастнопазир, саъй кард ҳар коре анҷом диҳад, то ин фурсатро барои худ боқӣ бигузорад, то нуфузи худро бар Афғонистон ва кишварҳои ҳаммарз бо он ҳифз кунад. Ба ҳамин манзур буд, ки амрикоиҳо тонҳо силоҳро барои Толибон гузоштанд ва бахше аз ҳавопаймоҳои худро ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистон бурданд. Дар натиҷа Толибон аслиҳа дарёфт карданд, аммо ҳисобҳои молии онҳо масдуд шуд ва ба ҳамин далел мушкилоти иқтисодӣ ташдид мешавад ва зиндагии мардуми Афғонистон ҳар рӯз бештар ғайри қобили таҳаммул мешавад.
Оё амрикоиҳо метавонистанд силоҳҳои худро берун баранд, то ба дасти Толибон нарасанд ё ҳадди ақал муҳиммотро мунфаҷир кунанд ва таҷҳизотро аз кор бароранд? Албатта, метавонистанд, аммо ин ҷузъи барномаҳояшон набуд. Вазифаи Иёлоти Муттаҳида эҷоди як мардуми ба шиддат мусаллаҳ, аммо гуруснаи Афғонистон ба раҳбарии созмонҳои террористӣ буд.
Пешбинии таҳаввулоти баъдӣ кори душворе нест. Аввал, ҳарҷу марҷи дохилӣ дар Афғонистон ба вуҷуд меояд, гурӯҳҳои мухталиф вориди даргирӣ мешаванд ва барои ҳақ доштан ҳадди ақал ба манобеъе, ки барои ҳама кофӣ нест, мубориза мекунанд. Сипас нерӯҳои ифротии бекор ба думболи зиндагии беҳтар дар кишварҳои ҳамсоя хоҳанд шитофт.
Таҳдиди террористии мавҷуд барои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути коршиносони амниятӣ дар ҳама сатҳҳо баён мешавад. Бахусус, дар бораи таҳдидҳо ба Тоҷикистон, ки тӯлонитарин марз, он ҳам тариқи кӯҳистонот бо Афғонистонро дорад, гуфта мешавад. Аммо дастуруламали мубориза бо ин хатар барои Тоҷикистон бисёр содда аст - тақвияти марзҳои ин кишвар, тақвияти таомул бо кишварҳои минтақа дар сатҳи хадамоти вежа, тақвияти тавони размии нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳамкории низомӣ дар чорчӯби Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ (СПАҶ-ОДКБ). Дар ин сурат, ҳеҷ созмони террористӣ ё ҳеҷ нерӯи дигаре ҷуръати ҳамлаи мусаллаҳона ба кишвареро анҷом диҳад, ки артиши омӯзишдида ва бахше аз сохтори, монанди СПАҶ, созмонест, ки ба сароҳат эълом кардааст, ҳамла ба ҳар як аз кишварҳои узви ин созмон ҳамла ба ҳама кишварҳои узви он аст. Тасаввури ҷанги тамомайёр байни Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва як созмон ва ҳатто созмонҳои террористӣ, назири Толибон, Алқоида, ДОИШ ва созмонҳои хурду резаи ҳамкори онҳо душвор аст. Бештар шабеҳи тирандозӣ дар хонаи тирандозӣ хоҳад буд, ҷое, ки аҳдоф ҳамон террористҳо хоҳанд буд.
Раҳбарии Тоҷикистон, ки ба амнияти кишвари худ фикр мекунад, дақиқан ҳамон кореро анҷом медиҳад, ки дар боло навишта шудааст - тақвияти артиши худ ва тавсеаи ҳамкори дар СПАҶ. Аммо Амрико Амрикое, ки ҳаст, намебуд, агар бесару садо тақвияти тавони дифоъи кишварҳои Осиёи Марказиро аз он сӯи уқёнус тамошо мекард. Ҷои тааҷҷуб нест, ки онҳо амдан ин ҳама силоҳро ба Толибон вогузар карданд, то тавонанд сари ҳамсояҳои худ зӯрнамоӣ кунанд (он гуна ки аз танишҳои марзӣ бо Эрону Покистон ва мушакандозиҳо ба қаламравҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон бармеояд) ва ҳам ба ҳифзи ҳарҷу марҷ дар Афғонистон кӯмак намуданд.
Амрико дар ҳоли ҳозир бо тамоми тавон талош мекунад то сохтори амнияти минтақаии эҷодшуда дар Осиёи Марказиро аз байн бибарад. Ҳадафи аслии Иёлоти Муттаҳида дар ин марҳала тақсими аъзои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ аст то ин созмон заиф шавад ва натавонад ба унвони як механизми воҳид амал кунад. Вашингтон бо тамоми қувва дар талош аст то кишварҳои Осиёи Марказиро ба зарари манофеъи онҳо аз Федератсияи Русия ҷудо кунад. Рӯёрӯии Русия ва Украина бо таҳрик ва ҳимояти Амрико беҳтарин гузина барои ин кор аст.
Билофосила пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, Иёлоти Муттаҳида ба шиддат талошҳои сиёсати хориҷии худро дар Осиёи Марказӣ афзоиш дод. Тарокуми тамосҳои дипломатики Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои минтақа афзоиш ёфтааст, ҷое, ки чандин мақоми баландпояи амрикоӣ аз вазоратӣ умур хориҷа, Агентии тавсеаи байналмилалӣ ва фармондеҳии марказии Амрико боздид кардаанд. Дар моҳи август, размоиши фармондеҳӣ ва ситодии "Ҳамкории минтақаӣ-2022" дар Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамзамон, дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ, Доналд Лу, сафири собиқи ин кишвар дар Қазоқистон ва ҳамчунин генерал Майкл Курилла, раиси фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостанд, ки тарафи Ғарбро дар ҳимоят аз Украина бигиранд.
Вашингтон омодасозии теъдоде аз мувофиқатномаҳои ҳамкории ҷадид бо кишварҳои минтақа, ба вежа бо Қирғизистонро шурӯъ кард. Амрикоиҳо аз кӯмакҳои молии изофӣ ба созмонҳо ва расонаҳои ғайридавлатии тарафдори Ғарб ва аз густариши барномаҳои амниятии худ дар минтақа хабар доданд.
Тамоюли Кохи Сафед барои тақвияти ҳузури худ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир, дар чорчӯби рӯёрӯии рӯзафзуни ҷаҳонӣ бо Русияро наметавон ҷуз ба унвони талоше барои даргир кардани Русия бо муттаҳидонаш, аз ҷумла бо мушорикати ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар таҳримҳои зидди Русия талаққӣ кард. Аммо тасаввури ин ки чӣ паёмадҳои иқтисодии манфӣ пас аз ин иттифоқ хоҳад афтод, душвор нест, зеро иқтисоди Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шиддат ба ҳам муртабит ҳастанд. Чунин сенарияе аз тавсеаи вақоеъ ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида барои ҳеҷ кас суде надорад. Бар ҳама афроди оқил бадеҳӣ аст, ки дар шароит кунунӣ, Созмони Ҳамкории Шангхай ва Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё муассиртарин нақшро дар таъмини амнияти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ифо мекунанд. Идғоми кишварҳои узв ин созмонҳо ба ҳар ширкаткунанда иҷоза медиҳад то суботи иқтисоди худ ва ҳамчунин таҷҳизоти фаннӣ ва илмиро афзоиш диҳад.
Пас аз таҳлили вазъияти кунунӣ, мехоҳам аз ҳомилон асли арзишҳои демократик як савол бипурсам: агар як даргирии мусаллаҳонаи ҷиддӣ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рух диҳад, оё шумо он гуна ки соли 2021 аз Афғонистон фирор карда будед, ба он сӯи уқёнус меравед? Метавонед посух надиҳед, зеро посух возеҳ аст: ин хона хонаи шумо нест ва ин ҳамсояҳо ҳамсояи шумо нестанд...