Хабари рӯз

ЁДДОШТИ САНГАР: агар Козимии Қумӣ, намояндаи вежаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон, воқеан Ҷабҳаи муқовимат ба фармондеҳии Аҳмад Масъудро дар назар дорад, натанҳо ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва бунёнгузори он Аҳмадшоҳ Масъуд бо ворисаш Аҳмад Масъуд, балки ба таърих, фарҳанг, забон ва адабиёти форсӣ - тоҷикӣ тавҳин мекунад.

Нависанда: Ямон Ҳикмат

Ин ҳарфҳо агарчи таассуфбор аст, аммо ду пул ҳам намеарзад. Ҳарфҳои оқои Козимии Қумӣ, намояндаи вежаи раисҷумҳур (и Эрон) дар умури Афғонистонро мегӯям, ки дар бораи Ҷабҳа муқовимат дар муқобили Толибон гуфтааст: "Амрико маҷмӯаеро таҳти унвони Ҷабҳа муқовимат созмонедеҳӣ мекунад, ки дурӯғ аст, яъне ба исми муқовимат ба думболи эҷоди ошӯбҳои дохилӣ аст".

Ошӯби дохилӣ яъне чӣ? Ошӯб дар муқобили назм қарор мегирад. Оё Толибон тавониста дар Афғонистон назми иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ эҷод кунад, ки мухолифони онҳоро ошӯбгар мехонед? Ин назми Толибони феълӣ оё мавриди қабул ва ҳимояти шумост?

Акнун ҳама медонанд, ки Толибон душмани мардуми кишвари Афғонистон аст, Аҳмад Масъуд ва соири муборизоне, ки таҳти унвони Ҷабҳаи муқовимат, алайҳи Толибон меҷанганд, ормони бузург доранд, ки он кишварро аз дасти ифротгароӣ ва тасаллути тамомиятхоҳии қавмӣ фарҳанге, ки дар даҳаҳои гузашта шакл гирифта наҷот диҳанд. Як бахши ин амр, кӯмак ба забон ва адабиёти форсии дарӣ аст.

Оқои Козимии Қумӣ хоста, тибқи маъмули соири азизон, чеҳраи зиддиамрикоӣ ба худаш бигирад ва ҳай бигӯяд, Амрико дар Афғонистон шикаст хӯрд ва дигар касе ба Амрико эътимод надорад. Хуб, ин ҳарфи дурусте аст, аммо чаро мегӯед, Ҷабҳа муқовиматро Амрико созмондеҳӣ мекунад?

Бояд ба эшон гуфт, аввалан, Ҷабҳаи муқовимат бисёр қадимӣ ва решадортар аз он аст, ки шумо бихоҳед бо тамғаи амрикоӣ муттаҳамаш кунед. Аҳмадшоҳ Масъуд касе буд, ки дар даҳаи 70 хуршедӣ, Муқовимати Аввалро алайҳи Толибон шакл дод. Акнун ҳам байрақи Муқовимати Дувумро фарзандаш Аҳмад Масъуд бардоштааст. Табиӣ аст, ки ҳар ҳаракати эътирозӣ эродот ва мушкилоте дошта бошад, аммо асли он бар як ҷӯшиш ва хости мардумӣ шакл гирифтааст, бинобарин, наметавон онро ин гуна муттаҳам кард.

Дуввуман, ҳар кишваре, ки ба муқовиматгарон алайҳи дажхимони толиб кӯмак кунад, феълан қобили эҳтиром аст. Ба он ҷавононе, ки дар Панҷшеру Андароб ва Тахору Кобул ва ҷоҳои дигар бо ҷони худ ва камтарин тасҳилоти низомӣ, алайҳи Толибон меҷанганд бояд аз ҳар тариқе кӯмак расонд.

Севвуман, ба қавл кобулиҳо, набояд "бе халта файр (шиллик)" кард. Доштани як мушовири дуруст ва ҳисобӣ метавонад аз бурузи чунин хатоҳое ҷилавгирӣ кунад. Чаро, ки агар нодониста ин ҳирфҳо зада мешавад, ҷойи таассуф дорад. Агар ҳам воқеан чунин боварӣ доранд, ки боз ҳам мояи бечорагист. Бояд аз эшон пурсид воқеан чӣ лузуме дорад, ки ҳамнаво бо Толибон, Ҷабҳа муқовимати мардумиро ингуна амрикоӣ бихонед?

Ҷабҳаи муқовимат, ҷабҳаи истодагӣ муқобили толиб аст, душмани шовинизм аст, душмани душманони забони форсии дарӣ аст. Бояд аз ҳар даричае, ки мешавад ба онҳо кӯмак кард.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!