Аврупо ва Амрико дар "қора сиёҳ" ҷои худро ба Русия ва Чин медиҳанд.
Нависанда: Амир Асғарӣ, махсус барои “Сангар” (Олмон)
ДАР АКС: Евгений Пригожин, раиси ширкати низомии хусусии Вагнер, меҳмони иҷлоси "Русия-Африқо". Нерӯҳои Вагнер дар теъдоде аз кишварҳои африқоӣ - Судон, Малӣ, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Мозамбик, Буркина Фасо ва Мадагаскар мустақаранд.
Кишварҳои африқоӣ дар ҳоли касби истиқлол аз кишварҳои ғарбӣ ҳастанд. Наберагони бардадорон ба намояндагӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли аз даст додани нуфуз худ дар ин қора мебошанд, диктатории Ғарб дар ҳоли табдил шудан ба чизе аз гузашта аст. Ояндаи Африқо бо шарикони ҷадидест, ки барои озодиву адолат арзиш қоил ҳастанд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дувумин конфронси байнулмилалии парлумонии “Русия ва Африқо” , ки баҳор имсол баргузор шуд, гуфт, Русия ва кишварҳои африқоӣ аз меъёрҳои ахлоқӣ ва усули иҷтимоии суннатӣ барои мардум мо ҳимоят мекунанд ва бо идеологияи нави истеъмории таҳмилшуда аз берун мухолифат мекунанд. Ба гуфтаи вай, Русия қасд дорад ба эҷоди мушорикати стратегӣ бо дӯстони африқоӣ идома диҳад, ки ба шаклгирии дастури кори ҷаҳонӣ ва тақвияти равобити байнидавлатии одилона ва баробар кӯмак хоҳад кард.
Равобити Русияву Африқо имрӯз дар ҳоли рушд аст, ҳамкорӣ дар ҳама заминаҳо тақвият мешавад. Ин танҳо манофеъи иқтисодӣ нест, ки онҳоро маҷбур ба иқдоми муштарак карда, балки шароити печидаи байнулмилалӣ низ нақши бориз дорад.
Масоили ғизоӣ ба вежа хеле мубрам шудааст. Ҳатто "муомилаи ғалла" ба ҳалли мушкил кӯмаке накард. Пеш аз ин, Африқо як чаҳоруми ғаллаи Украинаро дарёфт мекард ва имсол барояш танҳо се дарсад расид. Бештар маҳсулоти ғалларо Аврупо аз худ мекунад.
Ин ҷо ҳимояти Русия кумак мекунад, ки бар хилофи таҳримҳо қораи Африқоро бо ғизо, пору ва сӯхт таъмин карда ва мекунад. Танҳо дар соли гузашта, Русия 12 миллион тон ғалла ба Африқо таҳвил додааст, имсол ин рақам болотар хоҳад буд. Ҳамон тур, ки раҳбари Русия ахиран хотирнишон кард, арзаи маводи ғизоӣ ба фақиртарин кишварҳои Африқо, ҳатто пас аз анҷоми "муомилаи ғалла" мутаваққиф нахоҳад шуд. Ҳама ниёзмандон ғаллаи русиро ба сурати ройгон дарёфт хоҳанд кард.
Илова бар ин, Русия омодаи ҳимоят аз соҳаи кишоварзии шарикони африқоӣ аст - арзаи ройгони нуриҳои минералии фосфор, калий ва азот дар ҳол баррасӣ аст.
Ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои дигар низ дар ҳоли фаъол шудан аст. Танҳо дар моҳи март, Нигерия тавонист як севуми ҳаҷми содироти бензини Русияро харидорӣ кунад. Пеш аз ин, Аврупо дарёфткунандаи аслии сӯхти худравҳои Русия буд.
Русия барои коҳиши бори иқтисодии кишварҳои африқоӣ, қарзи худро ба маблағи 20 миллиард доллар ҳазф кард. Чунин иқдомоте бояд ба тақвияти иқтисоди Африқо ва суботи бозорҳо кӯмак кунад. Русия ба шарикони қавӣ ва мустақили африқоӣ ниёз дорад, ки равобити мутақобили босуботро ҳифз кунанд.
Дар поёни июл, шаҳри Санкт-Петербурги Русия мизбони дувумин иҷлоси сарон, маҷмаъи иқтисодӣ ва башардӯстонаи “Русия-Африқо” хоҳад буд, ки интизор меравад натиҷаи он имзои як баёнияи роҳбурдӣ бошад. Ин бардори равобити Русия ва қораи Африқоро барои солҳои оянда таъйин хоҳад кард. Асоси чунин ҳамкорӣ аз қабл гузошта шудааст.
Макки Саллу, раисҷумҳури Сенегал дар дидор бо президенти Русия гуфт: - Владимири азиз. Шумо ҳамеша ба Африқо таваҷҷуҳ доштед ва ҳар замон, ки нигарониҳои худро ба шумо мегуфтем, ҳамеша ба ҳарфи мо гӯш медодед. Ин нишондиҳандаи сатҳи хуби равобити Русия ва Африқо аст. Ин равобит пас аз аввалин иҷлоси сарон беҳтар шуд. Ба зудӣ дувумин нишасти Русия ва Африқоро дар Санкт-Петербург баргузор хоҳем кард.
Осумонӣ Азалӣ, раиси Иттиҳодияи Африқо афзуд, имрӯз ин буҳрон (Украина) вуҷуд дорад ва натанҳо бар ду кишвар дӯсти славянӣ, балки бар қораи Африқои мо низ таъсир мегузорад.
- Ин буҳрон мушкилоти бесобиқае дар заминаи амнияти ғизоӣ ва энержӣ эҷод кард ва мо тасмим гирифтем дар ин лаҳза ба унвони як ҳайати намояндаи қораи Африқо ба кишвари шумо биёем ва аз ин тариқ мехостем дӯстии худро ба шумо нишон диҳем, ки ҳамеша Русия ва Африқоро ба ҳам муттасил кардааст.
Марши бузурги тиҷориву башардӯстонаи Русия ба “қораи сиёҳ” пас аз буҳрони Украина – авҷи ихтилофҳояш бо Амрикову Ғарби ҷамъӣ – сурат мегирад. Қабл аз ин намояндаи дигари “блоки шарқӣ” – Чин - бо қарзу сармоягузориҳои бузургаш дар баробари Амрикову кишварҳои Аврупо, ки асрҳо ба ин сӯ Африқоро таҳти истеъмори худ қарор дода буданд, вориди саҳна шуда буд.
Африқо аз асри 17 ба ин сӯ таҳти истеъмори кишварҳои Аврупо ва сипас Амрико қарор дошт ва то замоне як корхонаи тавлиди ғуломон ё нерӯи беҳуқуқу бепул барои саноати империализм ба шумор мерафт ва сарватҳояш бидуни он ки барои рафъи фақру нодорӣ ва гуруснагии мардумаш истифода шаванд, ба арзиши ночиз дар хидмати иқтисодҳои бузурги Ғарб қарор гирифта буданд. Имрӯзҳо, ки бинои гегемонияи чаҳорсадсолаи империализм дар симои Аврупову Амрико дар ҳоли хароб шудан аст, барои Африқо як равзанаи умед пайдо шудааст ва он ҳам озодӣ пас аз садҳо соли истеъмор аст. Тавре мегӯянд, чизе дар ин дунё ҷовидона нест, аз ҷумла истеъмор.