Хабари рӯз

Афғонистон дар ҳоли табдил шудан ба як манбаъи бесуботӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия аст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияти миллӣ ва геополитика

Русия бояд бидонад, ки Толибон як унсури қобили эътимод нестанд ва ин фуқдони эътимод чолаи бузурги амниятиро дар сурати такрори иштибоҳоти гузашта ба вуҷуд хоҳад овард. Толибон ба сурати мутлақ як унсури зидди манофеъи Русия аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ имкони мантиқии иттиҳоди стратегӣ ва ҳамкории мутақобил миёни Русияву Толибон, ки як унсури муҳимми амният дар минтақа маҳсуб мешаванд, вуҷуд надорад.

Ба тозагӣ Русия эълом кардааст, ки дар нишасти ояндаи “Формати Маскав”, ки меҳвари асосии баҳсҳои онро мавзӯъоти Афғонистон шакл медиҳад, аз Толибон даъват кардааст. Дар ҳоле ки дар соли гузашта аз гурӯҳи Толибон барои ширкат дар ин нишаст даъват нашуда буд. Нишасти Маскав, ки то ҳоло чаҳор давра баргузор шуда, намоёнгари диплумосии фаъъоли Русия дар қиболи масоили Афғонистон аст. Аммо русҳо алорағми шинохти моҳияти Толибон дар талошанд, то фурсати бештар барои таъқиби сиёсатҳои бадили Толибонро пайдо кунанд.

Ба хубӣ маълум аст, ки Толибон бистарсози терроризм дар минтақа аст ва ин гурӯҳро замоне метавон хубтар шинохт, ки ба расмият шинохта шавад. Бо ба расмиятшиносии ин гурӯҳ замина барои расмиятбахшии терроризм дар минтақа мусоид хоҳад шуд. Терроризме, ки дар ният дорад, то ҷуғрофияи васеъеро барои аҳдофи бузургтари қудратҳои бузург дар хидмати онҳо қарор диҳад.

Бо ин вуҷуд, Маскав бояд чолишҳои мавҷуд дар Афғонистони таҳти контрули Толибонро ҷиддӣ баррасӣ кунад. Ба ин ҳисоб, бароварди Маскав бояд санҷиши чолишҳои адидаи геополитикӣ бошад. Дар ҳоли ҳозир, Федератсияи Русия бо ду чолиши умда дар Афғонистон мувоҷеҳ аст: аввал эҳёи назми баҳамрехтаи геополитикии назми навини ҷаҳонӣ ба раҳбарии Амрико, ки Афғонистон дар меҳвари он дар Осиё қарор дошт, дувум, зудудани тамоми пояҳои фикрии ин назме, ки Амрико бист соли тамом ба асоси он сиёсатҳои худро дар Осиё устувор дошта буд.

Назми геополитикие, ки аз таҳнишинҳои ҳузури Шӯравӣ дар минтақа боқӣ монда буд, комилан нобуд шуд. Амрико бо ҳамкории кишварҳои Покистон, дарёи Сиёҳу Хазар, моварои Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва ҳатто Русия, тавонист ин назмро аз байн бибарад. Илова бар ин, ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида боиси афзоиши нуфузи сиёсӣ ва идеологии ин кишвар дар минтақа шудааст, ки боис шуд то нигарониҳое дар Русия, Чин ва Эрон баъдҳо ба вуҷуд биёяд.

Дар воқеъ, истиқрори нерӯҳо дар Афғонистону Ироқ, Иёлоти Муттаҳидаро ба қудрати бартар дар Авруосиё табдил кард. Русия бо дарки ин мавзӯъ, имрӯз дар набуди Амрико дар Афғонистон ва минтақа нигарониҳое дорад. Ин нигарониҳо маълули ҳузури бистсолаи Амрико дар минтақа аст. Рушди ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷудоиталабӣ, тундравии мазҳабӣ ва терроризми чандмиллиятӣ, шохисҳои аслии ин нигаронии амниятӣ ва стротижики Русияро дар минтақа рақам мезананд. Ба яқин, ки Толибон наметавонанд ин нигарониҳои Маскавро рафъ кунад ва на ҳам тавоноии онро дорад.

Афғонистон дар ин миён, ба маркази сиқл (ҷазб)-и ин нигарониҳо, баъд аз хуруҷи Амрико мубаддал шудааст. Ҳузури Толибон дар қудрат ва ҳампаймонии онҳо бо бист гурӯҳи террористи байналамилалие, ки амнияти минтақаву тамоми ҷаҳонро таҳдид мекунанд, атфи таваҷҷуҳи сиёсатҳои амниятии Русия дар Афғонистон аст. Агарчи Русия бо Толибон миёнаи хубе доштааст ва камокон бо иртибототи истихборотӣ хоста аз манофеъ ва атбоъи худ дар Афғонистон муҳофизат кунад, аммо воқеиятҳои дарунии Афғонистон ва чолишҳои Толибон дар контрули гурӯҳҳои террористии хориҷии ҳампаймонашон, ки мусталзими тазмини қавӣ мабнӣ бар адами таҳдиди манофеъи Русия дар Афғонистону минтақа бошад, паёми талхи дигаре дорад.

Русия дар ибтидои ҳузури Амрико дар Афғонистон, чароғи сабз нишон дод ва камокон ба ин ҳузур заминаҳои ҳимояти луҷистикӣ ва амниятиро низ фароҳам овард, аммо бо гузашти замон ва тақобул бо Амрико дар дигар нуқоти ҷаҳон, ин сиёсат тағйири моҳиятӣ ёфт ва нияти русҳо дар баробари амрикоиҳо тағйир ёфт.

Русҳо бо таъмиқи равобити худ бо Толибон хостанд кам-кам аз ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон кам кунанд ва роҳҳое барои хуруҷи Амрико боз гузоштанд. Амрико аз Афғонистон берун шуд ва русҳову чиниҳо ба ҳадафи стратегии худ расиданд. Ҳол ҳам чиниҳо ва ҳам русҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки як Афғонистони орӣ аз Амрико, он ҳам баъд аз бист соли ҳузури низомӣ боқимондае ҷуз як Афғонистони дар ҳоли фурӯ рафтан дар ҳарҷу марҷ нест. Алқоида, ки ҳамалоти 11 сентябрро тартиб дода буд, ба суръат шикаст хӯрд, аммо Толибон, ки ба онҳо паноҳгоҳ дода буд, ҳамчунон қудратмандтарин нерӯ дар кишваранд ва зоҳиран ба зудӣ ба як давлати мавриди ҳимояти Амрико дар Кобул мубаддал хоҳанд шуд.

Ончи ҳатто бештар боиси нигаронист, ҳузури рӯзафзуни ифротгароён зери номи ДОИШ ва соири гурӯҳҳоест, ки пас аз хуруҷи Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ҳамсоягони Афғонистонро бо чунин мушкилоте рӯ ба рӯ кардааст. Зеро амрикоиҳо назми бавуҷудовардаи геополитикиро, ки худ зомини он буданд, бо хуруҷи ғайри қобили пешбиниашон, ба ҳам рехтанд ва омили аслии нобасомонии амниятиро, ки Толибон ва ҳампаймононшон буданд, бо миллиардҳо доллар таҷҳизоти низомӣ, фотеҳи майдон сохтанд.

Русҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки дигар наметавон ҳамонанди қабл бо Толибон вориди як таомули тактикӣ шуд ва манофеъи худро ҳифз кард. Ҳоло Толибон бо дар ихтиёр доштани як қудрати сиёсӣ дар Афғонистон соҳиби ин кишвар шудаанд. Бояд ин таомул ба як сиёсати асосии мубтанӣ бар чашмандози стратегӣ рух бадал кунад, то ҳам битавонад манофеъи русҳоро дар дарозмуддат таъмин кунад ва ҳам тазмине бошад барои як Афғонистон орӣ аз хатар барои Русия. Он ҳам дар давраи пас аз ҳузури амрикоиҳо дар минтақа.

Русҳо бо дарки ин муҳим, талош доранд, ин сиёсатро бештар илмӣ созанд ва тамоми дастури корашон, баррасии ҳамаҷонибаи Афғонистони пасоамрико, он ҳам дар гарави гурӯҳи ифротие, монанди Толибон ва муттаҳидони террористашон аст.

Афғонистони пасоамрико, Афғонистони лонаи амн барои террористоне аст, ки танҳо ҳадафи баъдии онҳо, ба чолиш кашидани амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ на, бал ҷанубу ғарби Осиё ҳамчунон хоҳад буд.

Ба таври хулоса, акнун Афғонистон дар ҳоли табдил шудан ба як манбаъи бесуботӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия аст. Бо вуҷуди тамоми ҷанбаҳои дигари он, тай ду даҳаи гузашта, ҳузури амрикоиҳо нерӯҳои радикали ифротӣ дар Афғонистонро маҳор карда натавонист ва боис нашуд то иқтидори мақомот дар Кобул тақвият шавад, аммо ин раванди рӯ ба афзоиши ифротгароӣ дар Афғонистон, пас аз хуруҷи Амрико аз ин кишвар бисёр сареъ хоҳад шуд. Дар натиҷа, гурӯҳҳои ифротии фаромарзӣ, монанди ДОИШ, ҷунбишҳои исломии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Қафқоз, арабҳо ва чечениҳо, озодии амали бештаре хоҳанд дошт ва ба эҳтимоли зиёд Афғонистонро ба пойгоҳе барои бесубот кардани Осиёи Миёна табдил хоҳанд кард. Ин асли қазия дар хусуси ба қудрат расонидани Толибон дар Афғонистон аст.

Таҳдиди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муҳити амниятии Русия метавонад занги хатаре барои кулли минтақа бошад. Русия ин масъаларо дарк кардааст ва талош мекунад аввал аз тариқи таомул бо Толибон ин мавзӯъро ҳал кунад, аммо ба ҳеҷ сурат аз омодагиҳои лозими низомӣ дар марзҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистон ғофил нест ва дар ҷануб таомули сиёсӣ бо Толибон, гузинаҳои низомии дифоъӣ ва таҳоҷумиро ҷиҳати дафъи ҳар хел хатари ношӣ аз таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистонро рӯйи миз дорад ва авзоъро бо диққат зери назар мегирад. Ба илова, бо гузашти солҳо аз ҳузури Амрико Афғонистон ба як тавлидкунандаи умдаи маводи мухаддир табдил шудааст, ки бо убур аз Осиёи Миёна ба бозори аслии худ, яъне Русия мерасад.

Пас аз хуруҷи Амрико баид аст тағйире дар ин вазъият эҷод шавад. Маводи мухаддир, ҳамонанди терроризм мушкили амниятиро барои муҳити амниятии кулли минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд овардааст. Дар ҳоле ки Русия солҳо аст дар баробари он мубориза мекунад ва талош мекунад, то аз эътиёди миллионҳо ҷавони рус дар ин талаи хатарнок ҷилавгирӣ кунад.

Толибон ба андозаи кофӣ қудратманд нестанд, ки битавонанд қудрати худро дар саросари кишвар тасбит кунанд ва тазминҳои лозими амниятиро барои Русия ва соири ҳамсоягон бидиҳанд. Яъне, Толибон бо вуҷуди моҳияти террористиашон, ба воқеияти талх мубаддал шудаанд, ки наметавон аз ин воқеият ғофил буд.

Аз назари Русия ва Осиёи Миёна, Толибон боиси мушкил нахоҳад шуд, модоме, ки дар даруни марзҳои Афғонистон фаъолият кунад, ба ифротгароёни байналмилалӣ паноҳ надиҳанд ва ба қочоқи маводи мухаддир рӯй наёваранд. Дар ҳоле, ки воқеиятҳои аслӣ чизи дигареро нишон медиҳанд. Бунёди аслии тағзияи иқтисодӣ ва молии Толибон, маводи мухаддир аст ва ҳампаймонии онҳо бо соири гурӯҳҳои террорист, асоси сохтори ҷангии онҳоро шакл медиҳад. Пас чӣ гуна мумкин аст Толибон битавонанд барои ризояти хотири Русия ва соири ҳамсоягони Афғонистон, ин ду манбаъи иқтисодӣ ва низомии худро аз байн бибаранд, он ҳам дар ҳолате, ки таҳдидҳои зиёди амниятӣ ва низомӣ дар ҷанби таҳдидҳои сиёсӣ, ҳокимияти Толибонро нишона гирифта ва ҳар дам мумкин аст ин таҳдидҳо ба чолишҳои умда фарорӯи режимашон мубаддал шавад.

Аммо русҳо, пешбиниҳое дар ин хусус доштаанд. Ҳам Русия ва ҳам кишварҳои Осиёи Миёна манобеъи кофӣ барои маҳори таҳдидоти низомӣ ва террористии эҳтимолӣ аз дохили хоки Афғонистонро доранд. Ин манобеъ шомили нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мешаванд, ки ҳар ду кишвари ҳаммарз бо Афғонистон ҳастанд. Пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон ва минтақаи низомии марказии Русия, ки мақарри аслии он дар Екетеринбург аст, идораи ин минтақаро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин нерӯҳои мусаллаҳ ва зерсохтҳои Қазоқистонро набояд фаромӯш кард. Ҳамоҳангии ин иқдомот метавонад дар чорчӯби Созмони паймони амнияти ҷамъе, ки шомили Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мешавад ва ё дар сатҳи равобити дуҷониба анҷом шавад, қобили эътибор ва иттикои аслӣ аст. Ҳамчунин, талоше ҷараён дорад то ҳамкорӣ бо Туркманистон, ки дорои марзи тӯлонӣ бо Афғонистон аст, сурат гирад.

Дар ин миён, сервисҳои иттилоотии Русия бо кишварҳои Осиёи Миёна, ки марзи муштарак бо Афғонистон доранд ва эҳтимоли нуфузи террористҳо аз хоки онҳо ба тарафи Русия вуҷуд дорад, бояд нақши муҳимтаре дошта бошанд. Вазифаи онҳо бояд бад-ин тартиб бошад: ҷилавгирӣ аз нуфузи ифротгароён (аз ҷумла касоне, ки вонамуд мекунанд паноҳанда ҳастанд) аз Афғонистон ба Осиёи Миёна ва аз он ҷо ба Русия, саркӯби густариши идологияи ифротгароёна, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки аз тариқи он таъмини молии терроризм сурат мегирад, ҷилавгирӣ аз ҳамалоти террористӣ ва ғайра. Аҳамияти ҳамоҳангии сервисҳои иттилоотие дар чорчӯби Созмони паймони амнияти ҷамъӣ камтар аз ҳамоҳангии низомӣ нест. Дабирони шӯрои амнияти миллии кишварҳои узв ва кормандони онҳо бояд доиман бо якдигар дар тамос бошанд, шояд дар қолаби вижае, ки ба таври вежа ба мушкилоти марбут ба Афғонистон ихтисос дорад.

Вахомати авзоъ дар Афғонистон табдил ба озмуни ҷиддӣ барои Созмон паймони амнияти ҷамъӣ (ОДКБ) хоҳад шуд, ки бояд собит кунад ин созмон метавонад зомини амнияти минтақа бошад. Метавон бо тамриноти муштараки ҷадид, ҳамоҳангии амнияти беҳтар ва ба иштирок гузоштани иттилооти ин созмонро эҳё кард.

Контроли марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо Афғонистон бисёр муҳим аст, ба ҳар ҳол, ин аввалин хатти дифоъии Осиёи Миёна ва Русия аст. Муваффақияти сиёсати Русия дар Афғонистон ба дарки сареъ аз вазъияти ба суръат дар ҳоли тағйир бастагӣ хоҳад дошт. Бархе заминаҳо дар ин робита вуҷуд дорад, аммо бояд бештар тавсеа пайдо кунанд. Русҳо сахт талош мекунанд то дар ҷанби иқдомоти сиёсӣ омодагиҳои низомиро низ мадди назар дошта бошанд. Бино бар ин, русҳо ба хубӣ огоҳанд, ки барои кор ниёз аст. Иқдомот ва таҳаррукоти низомӣ – амниятӣ ҳамоҳанг бо талошҳои сиёсӣ бошад. Зеро барои ин сиёсат, дар воқеъ, асли тавозун дар ҳар ду сиёсатро ба вуҷуд оварда ва ба русҳо дасти бозтаре дар хусуси пайгирии қазоёи Афғонистонро хоҳад дод. Аммо агар ин бор русҳо иштибоҳ кунанд ва рӯйи корти Толибон ва ҳампаймонони онҳо ҳисоб боз кунанд, дучори иштибоҳи роҳбурдӣ хоҳад шуд ва амнияташ хоҳ-махоҳ бо хатароти ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!